Дуоҳои ҳазрати Закариё(а)

 بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

رَبِّ هَبْ لِي مِن لَّدُنْكَ ذُرِّيَّةً طَيِّبَةً إِنَّكَ سَمِيعُ الدُّعَاءِ[1]

Раббӣ ҳаб лӣ мил ладунка зуррийятан тайибатан иннака самиъуд дуо

Парвардигоро! Аз ҷониби худ насли пок ва писандида ба ман ато кун, ки ҳамоно ту шунавандаи дуоӣ.

Закарё каромоти Марям чу дид

Ки дар чашмаш омад аҷибу баид

Ҳаме даст бардошт баҳри дуо

Ба зорӣ ҳамехост ӯ аз Худо

Зи раҳмат Худоё дар ин сарнавишт

Ба ман бахш атфоли некӯсиришт

Ҳамоно ту ҳастӣ самиъуд-дуо

Дуои маро пас иҷобат намо

Паёмҳо

  1. Дархости фарзанд ва насли пок, суннат ва равиши анбиё(а) аст.
  2. Арзиши насл ва фарзандон ба покии онҳо аст.
  3. Дар дуо бояд аз Худованд таҷлил кард.


[1]Оли Имрон 38

Охирин матолиб

Коркарди ақл дар дини Ислом Ақл дар дини Ислом, дар фаҳм ва шинохтани ҳақиқат ва зиндагии худо писанд нақши бисёр ҳаётӣ дорад. Ақл дорои чандин...

Мусулмонони ҳақиқӣ

Паёмбари Аакрам (с) мефармоянд: مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ، كَمَثَلِ الْجَسَدِ إِذَا اشْتَكَى مِنهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الجَسَدِ بِالسَّهَرِوَالْحُمَّى Мусулмонони ҳақиқӣ дар дӯстӣ,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *