Дуои фарзанд 2

               بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

رَّبِّ ارْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرًا[1]

Раббирҳамҳумо камо раббаёнӣ сағиро

Парвардигоро! Бар он ду(падару модар) раҳматовар, ҳамонгуна ки маро дар кӯдаки тарбият карданд.

Ҳамеша пару боли лутфу хузӯъ

Бигустар ба даргоҳашон бо хушӯъ

Бикун рӯи худро ба Парвардигор

Бигӯ ин суханро ту бо Кирдигор

Ҳамон сон, ки онҳо дари лутфу ноз

Зи хурдӣ ба рӯям намуданд боз

Ту дар ҳаққи онҳо тараҳҳум намо

Бикун меҳрабонӣ бар эшон раво

Паёмҳо

  1. Фарзанд бояд нисбат ба падару модар ҳам мутавозеъ бошад ва ҳам барояшон аз Худованд раҳмат бихоҳад.
  2. Дуои фарзанд дар ҳаққи падару модар мустаҷоб аст,вагарна Худованд ба дуо дастур намедод.
  3. Дуо ба падару модар фармони Худо ва нишонаи шукргузорӣ аз онон аст.
  4. Дар дуо аз гуфтани “рабб” ғофил нашавем.
  5. Раҳмати илоҳӣ ҷуброни заҳамоти тарбияти падар ва модар  аст. Гуё Худованд ба фарзанд мегӯяд: Ту раҳмти худро дареғ мадор ва аз Худо низ кӯмак бихоҳ, ки адои ҳаққи онон аз тавони ту берун аст.
  6. Гузаштаи худ,талхиҳо ва мушкилоти даврони кӯдакӣ ва хурдсолиро, ки бар волидайн таҳмил шудааст аз ёд набарем.
  7.  Падару модар бояд фарзандонро бар асоси муҳаббат тарбият кунанд.
  8. Инсон бояд аз мураббиёни худ ташаккур ва қадрдонӣ кунад.


[1]Исро 24

Охирин матолиб

Ҳадиси ҳафта

  РасулиХудо (с) фармуданд: وَ هُوَ شَهْرُ الِاسْتِغْفَارِ وَ هُوَ شَهْرُ الصِّيَامِ وَ هُوَ شَهْرُ الدُّعَاءِ Моҳи Рамазон моҳи истиғфор, моҳи рӯза ва моҳи дуо...

Рӯза дар аҳодис ва ривоёт

Ривоят шудааст, ки Расули Акрам (с) фармуданд: “Рӯза мегӯяд: Эй Парвардигори ман, ин шахсро аз хӯрдан, нӯшидан ва ниёзҳои шаҳвонии нафс боздошта будам, имрӯз шафоати...

Нигоҳе ба масъалаи Рӯза

Рӯза яке аз ибодатҳои воло ва барҷаста ба шумор меравад. Дар ин навиштор матолиберо дар бораи ин ибодати муҳим пешкаши шумо мегардонем. Таърифи рӯза он...

Макорими ахлоқ

Қуръони Карим китоби ҳидоят ва роҳнамоии башар ба сӯи қуллаҳои камолу растагорӣ аст