Қуръон аз нигоҳи имом Алӣ (к)

quran1

quran1Қуръон!

Нурест, ки хомӯш намешавад.

Чароғест, ки дурахшандагии он заволнопазир аст.

Дарёест, ки жарфҳои он дарк нашавад.

Роҳест, ки равандаи он гумроҳ нагардад.

Шӯълаест, ки нури он торик нашавад.

Ҷудокунандаи ҳаққу ботил аст, ки дурахшиши бурҳонаш хомӯш нагардад. 

Биноест, ки сутунҳои он хароб нашавад.

Шифодиҳандаест, ки бемориҳои ваҳшатангезро бизудояд.

Қудратест, ки ёваронаш шикаст надоранд.

Ва ҳаққест, ки ёрикунандагонаш мағлуб нашаванд.

 

Қуръон!

Маъдани имон ва асли он аст.

Чашмаҳои дониш ва дарёҳои улум аст.

Сарчашмаи адолат ва наҳри ҷории адл аст.

Пояҳои Ислом ва сутунҳои маҳками он аст.

Наҳрҳои ҷории зулоли ҳақиқат ва сарзаминҳои он аст.

Дарёест, ки ташнагони он  тамоми  обашро натавонанд кашид.

Чашмаест, ки обаш камӣ надорад.

Маҳалли бардошти обест, ки ҳарчи аз он баргиранд кам намешавад.

Манзилест,  ки мусофирони роҳ онро фаромӯш намекунанд.

Нишонаҳоест, ки равандагон аз он ғафлат намекунанд.

Кӯҳсори зебоест, ки аз он намегузаранд.

Худо Қуръонро

фурӯнишонандаи ташнагии донишмандон,

борони баҳорӣ барои қалби фақеҳон, 

роҳи густарда ва васеъ барои солеҳон гардондааст.

Қуръон! 

Доруест, ки бо он беморӣ вуҷуд надорад.

Нурест, ки бо он торикӣ ёфт намешавад.

Ресмонест, ки риштаҳои он маҳкам аст.

Паноҳгоҳест, ки қуллаи он баланд аст. 

Тавону  қудратест барои касе, ки Қуръонро баргузинад.      

Маҳалли амнест барои ҳар касе, ки вориди он шавад.

Роҳнамоест, ки аз ӯ пайравӣ кунад.

Василаи анҷоми вазифа аст барои касе, ки Қуръонро роҳу расми худ бигардонад.

Бурҳонест барои касе, ки бо он сухан бигӯяд.

Омили пирӯзист барои касе, ки бо он истидлол кунад.

Наҷотдиҳанда аст барои касе, ки ҳофизи он бошад ва ба он амал кунад.

Раҳбари касест, ки онро ба кор гирад.

Нишонаи ҳидоят аст барои касе, ки дар он бингарад.

Сипари нигаҳдоранда аст барои касе, ки бо он худро бипӯшонад.

Дониши касест, ки онро ба хотир бисупорад.

Ҳадиси касест, ки аз он ривоят кунад,

ва фармони касест, ки бо он қазоват кунад. [1]



[1] Наҳҷулбалоға, хутбаи 189

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.