Достони кӯтоҳ аз Абузари Ғифорӣ (рз)

Достони кӯтоҳ аз Абузари Ғифорӣ (рз)

Суфёни Саврӣ мегӯяд: Абузар назди Каъба истод ва гуфт:

Эй мардум! Ман Ҷундаби Ғифорӣ ҳастам, ба сӯи ин бародари носиҳи меҳрубон биштобед!

Пас мардум гирди ӯ ҷамъ шуданд.

Гуфт: Агар яке аз шумо қасди сафар дошта бошад оё тӯша ва колоҳои лозимро бо худ намегирад?

Гуфтанд: Мегирад.

Абузар гуфт: Барои умури бузурги охират ҳаҷ кунед. Дар рӯзи гарм рӯза бигиред, чун дунёи пас аз марг тӯлонӣ аст. Ду ракъат намози шаб ба хотири торикии қабр бихонед. Калимаи хайрро бигӯед ва дар калимаи шар сукут кунед, ба хотири вуқуф дар он рӯзи бузург.

Молатро садақа бидеҳ, то аз сахтии он наҷот ёбӣ. Дунёро ба ду қисм тақсим кун; қисме аз он дар талаби рӯзии ҳалол ва қисми дигар дар талаби охират бош!

Сеюм ин ки ончиро барои ту зиён дорад ва фоидае ба ту намедиҳад, онро тарк кун.

Онгоҳ бо садои баланд гуфт: Эй мардум! Тамаъ ва ҳирсе, ки ба он ҳаргиз намерасед, шуморо аз байн бурдааст.

Охирин матолиб

Намоз

Рӯзи маҳшар, ки ҷонгудоз бувад,  Аввали пурсиш аз намоз бувад. Намоз робитаи мӯъминон бо Худо аст.  Намоз аввалин фармон аст.  Намоз маросими махсусе барои парастиши...

Тавсифи Худо аз забони ҳазрати Алӣ(к)

Он чи дар пеши рӯ доред, тарҷумаи калимоте аст гуҳарбор, аз пешвои яктопарастон, шогирди шоистаи Расули Аъзам(с) ҳазрати Алӣ(к), ки дар ҷавоби шахсе, ки аз...

АҲАММИЯТИ ТАВҲИД ВА ХУДОШИНОСӢ

Марде назди Расули Худо(с) омад ва ба ӯ арз кард: “Ба  ман  донишҳои ғариба ва навпайдоро биомӯз!” Пайғамбар(с) ба ӯ фармуданд: “Бо асоси дониш чӣ...