ДИН ВА ПОСУХГӮӢ БА НИЁЗҲОИ ИНСОН(1)

Инсон, мавҷуди ноши-нохтае аст, ки аз ӯ бо таъбири «ҷаҳони бузургтар аз ҷаҳони табиат» ёд кардаанд. Аз оғози пайдоиши инсон, яке аз масоиле, ки сахт мавриди таваҷҷӯҳи ӯ буда, масъалаи ниёзҳои инсон ва талош барои бартараф кардани онҳост. Бо таваҷҷӯҳ ба инки имрӯза мактабҳо (низомҳо, сохторҳо)-и гуногуни башарӣ, ҳар як иддаои раҳбарии башариятро доранд, равшан аст агар мактабе натавонад ба саволҳо ва ниёзҳои фикрӣ ва руҳию ҷисмии башар посухи муносиб диҳад, умеди чандоне барои бақо нахоҳад дошт. Ба ин хотир талоши ҳар мактабе бар ин аст, ки ба беҳтарин шакли мумкин, ба ниёзҳои инсони муосир посух диҳад; аммо чун шарти посухи муносиб  шинохти дуруст ва дақиқи инсон  ва ниёзҳои ӯст ва ин шинохт, аз ӯҳдаи макатабҳое, ки зоидаи фикри башарӣ ҳастанд хориҷ аст, лизо бисёре аз таълимоти пешниҳод кардаашон ба шикаст меанҷомад.

   Дар ин миён, нақши дин дар посухгуӣ ба ниёзҳои инсон, бисёр ҳам боаҳамият аст, зеро инсон, махлуқи Ҳақ Таоло аст ва Худованди Мутаол беҳтар аз ҳар мавҷуде, ба сохтори ҷисму ҷони махлуқи худ огоҳӣ дорад ва ниёзҳои ӯро медонад ва роҳи дурусти посухгуӣ ба ин ниёзҳоро баён мефармояд. Бинобар ин, мо мусалмонҳо бовар дорем, ки дини Ислом:  

А) ба ниёзҳои башар (чӣ фардӣ ва чӣ иҷтимоӣ) таваҷҷӯҳ дорад; Б) ба ин ниёзҳо посух додааст; В) беҳтарин посух ва дар воқеъ танҳо посухи дуруст ва дақиқро ба ниёзҳои инсон додааст.

Ниёзҳои инсон

 Ниёзҳои инсонро ба чанд дастаи зер метавон тақсим намуд:

А) Ниёзҳои фикрӣ-ақлонӣ

   Яке аз бӯъдҳо ва гӯшаҳои вуҷуди инсон, бӯъди тафаккур ва тааққул аст, ки инсонро аз дигар чизҳо ҷудо месозад. Бартарии инсон нисбат ба ҷамоду набот ба ин аст, ки инсон, дорои қувваи тафаккур ва тааққул аст ва ба ҳамин сабаб, майл ба андешидан ва тафаккур дорад. Ин бӯъди инсон, аз дер боз мавриди таваҷҷӯҳи андешамандон ва файласуфон буда, то онҷо, ки касоне монанди Афлотун, танҳо ҳамин бӯъди инсонро, ки бӯъди рӯҳӣ ба ҳисоб меояд, пас аз марг боқӣ медонист ва эътиқод доштанд, бақия бӯъдҳои  инсон, пас аз марги бадан нобуд мешаванд.(1)

Бинобар ин, яке аз ниёзҳои рӯҳии инсон, тааққул ва тафаккур аст. Аз ин рӯ, илмдӯстӣ, огоҳиталабӣ ва ҳақиқатҷӯӣ дар инсон, зотӣ ва решаи фитрӣ дорад. Ҳоло, ки яке аз ниёзҳои асосии инсон, ҳақиқатталабӣ аст, чигуна дин (ва махсусан Ислом), инсонро барои бартараф кардани ин ниёз ёрӣ мерасонад?

Ислом бо роҳҳои мухталиф, инсонро ба кашфи розу асрори олам, ташвиқу тарғиб мекунад. Масалан Қуръони  Маҷид дар бораи талаби маърифат ва илм мефармояд: «Бигӯ (эй Муҳаммад), оё доноён бо нодонон баробар ҳастанд? Танҳо хирадмандон ёдовар мешаванд».(2) Дар ривоятҳо низ Набии Мукаррами Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), талаби илму донишро фарз донистаанд:  «Таҳсили илм бар ҳар мусалмоне чӣ зан ва  чӣ мард, воҷиб аст».(3)

Илова бар ин, Қуръони Карим аз як тараф чигунигии офариниши осмонҳо ва замин ва падидаҳои гуногуни оламро баён кардааст ва аз тарафи дигар, инсонро ба мутолиаю тадаббуру тафаккур дар маънои ин оятҳо, фаро хондааст.

 Б)Ниёз ба парастиш                  

     Яке дигар аз ниёзҳои инсон ки дар воқеъ майлу кашише аст, ки дасти офариниш дар вуҷуди ӯ қарор дода, «майл ба парастиш» аст. Аз онҷо, ки «майл ба парастиш» реша дар чигунагии хилқати инсон дорад, дар тамоми инсонҳо мавҷуд аст; аз ин рӯ мебинем, ки ба шаҳодати бостоншиносон ва деринашиносон, «парастиш» дар миёни инсонҳои аввалия ҳам буда аст, ҳар чанд мумкин аст дар ташхиси мисдоқи воқеии маъбуд, ба хато рафта бошанд, вале як ҳолати беқарорӣ ва эҳсоси ниёзмандӣ ба мавҷуди мутаолӣ (воломақом, бартар) дар ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад.

Дар андаруни мани хастадил  надонам кист,

Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост.

Майл ба  парастиш ва розу  ниёз   дар баробари мавҷуди мутаолӣ, ки вуҷуди инсон ва ҳар мавҷуди дигаре аз ӯст ва дар воқеъ, махлуқот, айни вобастагӣ ба ӯ ҳастанд, дар сиришти инсон қарор дода шудааст. Ва агар ба ин майл ва ниёз, дар вақт-вақташ ва дуруст таваҷҷӯҳ нашавад, як ҳолати  нороҳатӣ, изтиробу нигаронӣ ва беҳуввиятӣ ба инсон даст медиҳад ва ӯро беқарор месозад. Танҳо дармони ин изтироб ва нороҳатӣ низ сар ниҳодан бар саҷдаи ниёз ба даргоҳи бениёзи мутлақ аст, ки Қуръони Маҷид ва мутуни динии мо ба зебоӣ, ин масъаларо нишон додаанд:

«Ҳамоно дил, бо ному ёди Худо ором мегирад».(4)

идома дорад… .

пайнавиштаҳо:

  1. Таърихи фалсафа, Фридрих Коплстон, тарҷума: Саид Ҷалолиддини Муҷтабавӣ, Теҳрон: интишороти Суруш, ҷилди1(Юнон ва Рум), с. 241-242.
  2. Сураи Зумар, ояти9.
  3. Наҳҷ-ул-балоға, ҳикмати 80; Даҳ гуфтор, Муртазо Мутаҳҳарӣ, с. 154-189.
  4. Сураи Раъд, ояти 28.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...