ДАР МАҲЗАРИ НУР

«إِنَّ هَـذَا الْقُرْآنَ يِهْدِي لِلَّتِي هِيَ أَقْوَمُ وَيُبَشِّرُ الْمُؤْمِنِينَ

الَّذِينَ يَعْمَلُونَ الصَّالِحَاتِ أَنَّ لَهُمْ أَجْراً كَبِيراً »

  Дар ҳақиқат ин Қуръон (ҷомеаи инсониро) ба пойдортарин ва устувортарин роҳ ва оин  ҳидоят мекунад. Ва ба мӯъминоне, ки ҳамеша амали солеҳ ба ҷо меоваранд башорат медиҳад, ки барои онон дар дунё ва охират подоши бузург аст.

Қуръони нотиқ, имом Алӣ(а) мефармоянд:

  Огоҳ бошед, ки ҳамоно ин Қуръон пандомӯзест, ки фиреб намедиҳад;  ҳидояткунандае  аст, ки гумроҳ намесозад; сухангӯе аст, ки ҳаргиз дурӯғ намегӯяд. Касе бо Қуръон ҳамнишин нашуд, магар он, ки Қуръон бар ӯ афзуд ё аз ӯ  кост.  Дар ҳидояти ӯ афзуд ва аз курдилӣ ва гумроҳиаш кост”.

“Огоҳ бошед, ки касе бо  Қуръон бошад бениёз аст ва агар бе Қуръон бошад ниёзманд хоҳад буд”…

“Ҳамоно Худованди Субҳон касеро ба чизе ҳамчун Қуръон панд надода- аст, чунки Қуръон ресмони устувори Худо ва василаи амниятбахш аст. Дар Қуръон баҳори дил ва чашмаҳои дониш аст. Барои қалб, ҷилодиҳандае ҷуз Қуръон наметавон ёфт, махсусан  дар ҷомеае, ки бедордилон даргузаштаанд ва ғофилон ва ғофилкунандагон ҳузур доранд”.

Таҳияи Қурбоналӣ Сатторӣ

 

 

 

 

 

Охирин матолиб

Номҳои шаҳидони дашти Карбало

  Муқаддима Лозим ба зикр аст, ки номи ҳафтоду ду тане, ки дар ин навиштор омадааст, касоне ҳастанд, ки аз Мадинаи мунавара ҳамроҳи Имом Ҳусайн(рз)...

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони Имом Ҳусайн(рз) аст,...