Далелҳои ҷашни мавлуди Паёмбари Раҳмат(с) 3

… 3. Дидгоҳи олимон

а) Ҳофиз Ҷалолуддини Суютӣ

Ҳофиз Ҷалолуддини Суютӣ рисолае ба унвони “Ҳуснулмақсад фи амалилмавлид” дорад, ки дар он мегӯяд: “Суоле бароям доданд дар бораи мавлуди набавӣ дар моҳи Рабиулаввал, ки ҳукми он аз назари шариат чист? Ҷавоби ман чунин аст: Ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар(с), ки мардум дар он рӯз гирд меоянд ва аз Қуръон ҳар он чӣ муяссар аст, тиловат мекунанд ва ахбори ворида дар оғози беъсат ва он чи аз нишонаҳо ва мӯъҷизотеро, ки дар рӯзи таваллуди он ҷаноб(с) воқеъ шудааст, мехонанд, сипас барояшон таом пешкаш мешавад ва ҳамагон онро тановул менамоянд, чунин аъмоле бидуни зиёдатии чизе дигар, аз навъи бидъати ҳасана аст, ки анҷомдиҳандаи он савоб мебарад, чун дар ин аъмол бузургдошт ва таъзими қадру манзилати ҳазрати Паёмбар(с) ва изҳори хушҳолӣ аз вилодати он ҷаноб(с) нуҳуфта аст”[Алҳовӣ лилфатово, ҳадиси 1189].

б) Аҳмад ибни Муҳаммади Қасталонӣ

Қасталонӣмегӯяд: “Аҳли Ислом ҳамвора дар моҳе, ки ҳазрати Паёмбар(с) дар он таваллуд ёфтааст, гирди ҳам меоянд, валимаҳо ва анвои садақот барои бенавоён медиҳанд, хушҳолӣ менамоянд, қасидаи мавлуди шарифро мехонанд ва он гоҳ аз каромоти он рӯз барояшон фазлу баракоти зиёде зоҳир мешавад… Пас раҳмати Худо бод бар он марде, ки айёми моҳи мавлуди муборакро ид мегирад!”[Қасталонӣ, Алмавоҳибулладуния, ҷ.1, саҳ. 148]

в) Абӯшомаи Мақдисӣ

Мақдисӣ мегӯяд: “Аз некӯтарин бидъатҳои ҳасана, ки дар замони мо одат гардидааст, ҷашни мавлуд аст, ки дар рӯзи таваллуди ҳазрати Паёмбар(с) мӯъминон онро анҷом медиҳанд, ҳадяҳо мебахшанд ва хушҳолӣ мекунанд. Бешак дар ин амал илова бар эҳсон бар фуқаро, навъе изҳори муҳаббат ба ҳазрати Паёмбар(с) нишон дода мешавад”[Мақдисӣ, Сираи Ҳалабӣ, ҷ.1, саҳ. 83-84  ].

г) Ибни Уббод

Ибни Уббоддар «Расоили Кубро»-и хеш мегӯяд: “Аммо дар робита бо ҷашни мавлуд, он чи ба назари ман мерасад ин аст, ки ин рӯз яке аз идҳои мусулмонон ба шумор меравад ва ҳар он чи дар ин рӯз анҷом мешавад аз изҳори хушҳоливу сурур ба сабаби мавлиди мубораки он ҳазрат(с), шамъ рӯшан кардан, зинат намудани хеш ба либосҳои фохир, савор шудан бар зеботарин маркабҳо ва ғайра ҳамагӣ амри мубоҳ буда ва касеро аз анҷоми онҳо манъ карда намешавад”[Ибни Уббод, Алқавлулфасл фи ҳукмилиҳтифол би мавлиди хайриррусул, саҳ. 175].

е) Абдуллоҳи Ҳиравӣ

Шайх Абдуллоҳи Ҳиравӣ маъруф ба «Ҳабашӣ» мегӯяд: “Пас аз он чи гуфтам, рӯшан гардид, ки ҷашн гирифтани мавлуди набавӣ бидъатест ҳасана ва далеле барои инкори он вуҷуд надорад, балки сазовор аст, ки «суннати ҳасана» номида шавад, зеро аз ҷумлаи чизҳое хоҳад буд, ки ин гуфтори Расули Акрам(с) шомили он мешавад: “Ҳар он касе, ки одати некӯе гузорад, барои вай подоши он ва подоши касоне, ки ба он амал кардаанд, хоҳад буд”[Ҳиравӣ, Арравоиҳуззакия, саҳ. 33-34].

Идома дорад…

Охирин матолиб

Номҳои шаҳидони дашти Карбало

  Муқаддима Лозим ба зикр аст, ки номи ҳафтоду ду тане, ки дар ин навиштор омадааст, касоне ҳастанд, ки аз Мадинаи мунавара ҳамроҳи Имом Ҳусайн(рз)...

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони Имом Ҳусайн(рз) аст,...