Далелҳои ҷашни мавлуди Паёмбари Раҳмат(с) 2

… в) Муҳим шумурдани Паёмбар(с) ҳаводиси бузурги диниро, ки дар гузашта иттифоқ афтодаанд.

Муслим дар “Саҳеҳ”-и худ аз Ибни Аббос(рз) ривоят мекунад, ки ҳангоме ки Расули Худо(с) ба Мадина ташриф оварданд, диданд, ки яҳуд дар рӯзи Ошӯро рӯза мегиранд. Аз онҳо дар бораи ин корашон пурсиданд. Посух доданд: “Ин рӯз ҳамон рӯзе аст, ки Худо ҳазрати Мӯсо ва Бани Исроилро бар Фиръавн пирӯз гардонид ва мо ба ҷиҳати бузургдошти он, рӯза мегирем”. Пас он ҳазрат фармуд: “Мо ба Мӯсо сазовортарем” ва он гоҳ ба рӯза гирифтан дар ин айём амр фармуд.[Саҳеҳи Муслим, 1130 ва Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.7, саҳ. 215]

Ҳофиз Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ бо ин ҳадис бар машрӯъ будани ҷашни мавлуди Паёмбар(с) истидлол намудааст.

Ҷалолуддини Суютӣ дар “Алҳовӣ лилфатово” аз Ибни Ҳаҷар нақл мекунад: “Пас аз ин ривоят чунин истифода мешавад, ки бандаи мӯъмин дар баробари он чи Худо дар як рӯзи муайяне бар ӯ миннат ниҳад, мисли ин ки неъматеро дар он рӯз бар ӯ ато намояд ва ё балоеро аз сари ӯ бардорад, бояд ҳамасола дар он рӯз ба даргоҳи Худо шукрона намояд… Амали шукрона ба анвои ибодот мисли саҷда, рӯза, садақа ва тиловати Қуръон ҳосил мешавад ва чи неъмате бузургтар аз неъмати ба дунё омадани Паёмбари Раҳмат дар он рӯз аст?!”[Ҷалолуддини Суютӣ, Алҳовӣ лилфатово,ҷ.1, саҳ.196]

Сипас Ибни Ҳаҷар чунин идома медиҳад: “Дар ин рӯз (рӯзи мавлуди Паёмбар(с)) мо бояд амале анҷом диҳем, ки аз он шукрона ба даргоҳи Худо фаҳмида шавад, монанди тиловати Қуръон, таом додан ба ниёзмандон, сурудани мадҳияҳои набавӣ, ба гунае ки дилҳоро ба сӯи амалҳои хайр ва амал барои рӯзи охират таҳрик намояд ва ҳамчунин анҷоми амали мубоҳе, ки хушҳолӣ ба ин рӯзро нишон медиҳад, боке надорад”.

г) Изҳори шукр барои таваллуди Паёмбар(с).

Байҳақӣаз Анас(рз) ривоят мекунад: “Паёмбар(с) баъд аз нубувват ва паёмбарӣ аз худаш ақиқа намуд”[Сунани Байҳақӣ] ва ҳол он ки маъруф аст, ки падарбузургаш “Абдулмуталлиб” дар рӯзи ҳафтуми таваллуди ҳазрати Паёмбар(с) барои ӯ ақиқа намудаааст.

Ҳофиз Ҷалолуддини Суютӣ дар дар ин хусус мегӯяд: “Ақиқа ду бор анҷом намешавад. Пас ин кори ҳазрати Паёмбар(с) ҳамл бар ин мешавад, ки ақиқа барои худ ба ҷиҳати изҳори шукронаи неъмате аст, ки Худо он ҳазратро раҳмате ба сӯи ҷаҳониён овардааст ва ин кор навъе машрӯъият бахшидан барои ҷашни мавлуд барои уммат аст. Бино бар ин барои мо низ мустаҳаб аст, ки дар рӯзи мавлуди ҳазрати Паёмбар(с) гирди ҳам биёем, ниёзмандонро таом диҳем ва аз ин қабил аъмолро, ки моро ба Худо наздик мекунад ва бароямон хушҳолӣ меоварад, анҷом бидиҳем”.[Алҳовӣ лилфатово, ҷ.1, саҳ. 196]

е) Намози Паёмбар(с) дар ҷои таваллуди ҳазрати Исо(а).

Ривоят шуда аст, ки ҳазрати Ҷабраил(а) ба ҳазрати Расул(с) гуфт, ки ду ракъат намоз дар “Байтуллаҳм” бихонад. Сипас гуфт: “Оё медонӣ куҷо намоз хондӣ?” Паёмбари Аъзам(с) гуфт: “Намедонам.” Ҷабраил(а) гуфт: “Дар Байтуллаҳм намоз хондӣ, ҳамонҷое, ки ҳазрати Исо(а) таваллуд шудааст”.

Ин ҳадис дар ривояти Шаддод ибни Авс омада аст, ки Баззоз ва Абӯяъло ва Табаронӣ низ онро нақл кардаанд. Ҳофиз Нуриддин Ҳайсамӣ дар “Маҷмауззавоид” мегӯяд: “Ровиёни ин ҳадис сиқа мебошанд ва ҳофиз Ибни Асқалонӣ дар Фатҳулборӣ (ҷ.7, саҳ. 199) онро нақл карда ва дар бораи он сукут ихтиёр кардааст”[Ҳайсамӣ, Маҷмауззавоид, ҷ.1, саҳ. 47].

Ин ҳадисро имом Суютӣ низ дар “Хасоисулкубро” ба нақл аз Ибни Абиҳотим, Баззоз, Табаронӣ, Ибни Мардавия ва Байҳақӣ комил оварда мегӯяд, ки имом Байҳақӣ онро саҳеҳ дониста аст[Суютӣ, Хасоисулкубро, ҷ.1, саҳ. 158].

ё) Ҷумъа- рӯзи таваллуди ҳазрати Одам(а).

Ба тариқи саҳеҳ аз ҳазрати Паёмбар(с) ривоят шудааст, ки дар бораи фазилати рӯзи ҷумъа чунин фармуданд:

«فیه خُلِقَ آدم»

“Дар ин рӯз ҳазрати Одам(а) офарида шудааст”[Молик, Муваттаъ, ҷ.1, саҳ. 108].

Муслим дар “Саҳеҳ”-и худ пас аз нақли ҳадиси 854 ва Тирмизӣ дар “Сунан” пас аз ҳадиси 488 чунин мегӯянд: ”Ин ҳадис ҳасан ва саҳеҳ аст”.

Агар рӯзи ҷумъа ба сабаби офарида шудани ҳазрати Одам(а) фазилат ёфта бошад, пас фазилати рӯзе, ки дар он ҳазрати Паёмбар(с) таваллуд шудааст ба маротиб болотар аст.

Як саволу ҷавоб

Шояд касе бигӯяд, ки чӣ лозим аст, ки дар як рӯзи хос ва муайян мавлудро ҷашн гирифт?

Ҷавоб медиҳем, ки аввалан Ислом дар бораи иттиҳод ва ҷамъ хеле таъкид кардааст, ки аз ҷумла дар ҳадис мехонем, ки Паёмбари Аъзам(с) мефармояд: ید الله مع الجماعة

“Қудрати Худо ҳамроҳи ҷамоат аст”.[Сунани Тирмизӣ, ҳадиси 1848]

Пас равшан мешавад таъсире, ки аз кори ҷамъӣ ба даст меояд, бештар аз кори танҳоӣ аст.

Сониян дар Ислом рӯи назм таъкиди фаровоне шудааст, ки аз ҷумла чунин мефармояд:

«اوصیکم بتقوی الله و نظم امرکم»

“Шуморо ба тақвои Худо ва ба назми дар корҳоятон супориш мекунам”.[Наҳҷулбалоға, номаи 48]

Пас вақти муайян ва мушаххас дар назм додани ба корҳо хеле муҳим аст, то ки ҳама ба сурати ҷамъӣ битавонанд ширкат кунанд, аммо агар рӯзи мушаххас ва муайян набошад, ин кор идома нахоҳад ёфт ва агар ҳам идома ёбад бошукуҳ ва боазамат баргузор нахоҳад шуд ва ҷамъи камтареро дар бар хоҳад гирифт.

Ду нукта

Дар поёни ин қисмат баёни ду нукта муносиб аст:

    Дар ҳадисҳо бидъати саҳеҳаи диниро суннат номида ба анҷомдиҳандаи он ваъдаи аҷру подоши неку дода шудааст. Ҳамонтавр ки дар Саҳеҳ Муслим (ҳадиси 1017) омадааст ва дар “Китобулилм” такрор шуда, ки ҳазрати Расулуллоҳ(с) фармуданд:

«من سن فی الاسلام سنة حسنة ، فعمل بها بعده ،

کتب له مثل أجر من عمل بها و لا ینقص من أجورهم شی»

“Ҳар кас дар дини Ислом суннати ҳасанаеро биёварад ва баъд аз ӯ ба он амал шавад, барои ӯ навишта мешавад мисли подоши тамоми афроде, ки онро анҷом диҳанд ва аз аҷру савоби онҳо чизе кам намешавад”[Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 1017].

    Дар ҳадиси мавқуфи Абдуллоҳ ибни Масъуд(рз) омадааст, ки:

«ماراه المسلمون حسناً فهو عندالله حسن و ماراه المسلمون قبیحاً فهو عندالله قبیح»

“Ҳар он чиро, ки мусулмонон неку донистанд, пас он амал дар назди Худо неку ва писандида аст ва ҳар он чиро мусулмонон зишт ва нописанд бидонанд, пас он дар назди Худо қабеҳ ва нописанд аст”[Муснади Аҳмади Ҳанбал, ҳадиси 3418].

Аҳмад ибни Ҳанбал дар “Муснад”-и худ ва Ҳоким дар “Мустадрак” ин ҳадисро саҳеҳулиснод медонанд. Нуриддин Ҳайсамӣ дар “Маҷмауззавоид” (ҷ.1, саҳ. 177) аз Аҳмад ва Баззоз ва Табаронӣ нақл карда, ки мегӯянд: Риҷоли он сиққа ҳастанд. Шайх Аҳмад Шокир дар “Таълиқот”-и бар “Муснад” мегӯяд: “Асноди ин ҳадис саҳеҳ аст”. Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар Амолӣ онро ҳасан дониста аст.

Идома дорад…

 

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...