ВАҲДАТ ВА ЧИҲИЛ ҲАДИС

 

 

 

 

 

 

Ба номи Худованди бахшандаи мехрубон

Пешгуфтор

Ваҳдат тапиши ҳамоҳанги қалбҳо  ва андешаҳост.

Ваҳдати исломӣ, сабаби иқтидори Ислом дар баробари куфру нифоқу ихтилоф аст, ки офати бузурги иззат ва истиқлоли мусалмонон мебошад. Умеди ҳамаи мусалмонон, азамати  Ислом аст ва ҷудоию тафриқа, орзӯи бади душманони деринаи мусалмонон мебошад.

 

Умед аст дар рӯзгоре, ки шаётин тухми  нифоқ ва тафриқа мепошанд, то дар сарзамини муқаддаси Ислом дарахти душманӣ парвариш диҳанд, бо бедорӣ ва ёдоварии суханони ваҳдатбахши Расули Худо(с) ва Аҳли байт нақшаҳои бади  истикбор, нақши бар об гардад ва худоҷӯёни ваҳдатандеш бар гирди Қуръон ва суннат ҳамоҳанг шаванд ва бо раҳбарии ин ду,  парчами истиқлол ва озодиро дар саросари ҷаҳон ба иҳтизоз дароваранд.

Иттиҳод  ва як порчаги  мусалмонон ва зарурати  тавҳиди калима  аз таолими дини мубини Ислом  ва суннати Набаии Худо (с) аст. Паёмбари Акрам (с) дар таҳақуқ намудани

 

суннати илоҳӣ (انما المئومنون  اخوه  ) яне “Ҳамоно тамоми мӯъминон бародари ҳам ҳастанд”. бунёони уммати исломро бар пояи ваҳдат  ва ухувати динӣ қарор дод. Дар ин навиштор базе аз аҳодиси исломиро ба забони ширини тоҷикӣ  тарҷума ва шарҳ намудам, то  дустдорони мактаби Исломро ба мутолиаи  ин  аҳодис ҷалб  кунам. 

قال الله تعالی“: لَنْ يَجْعَلَ اللّهُ لِلْكافِرينَ عَلَي الْمُومِنينَ سَبيلا”   [1]

Худованд ҳаргиз кофиронро бар мӯъминон сайтара надодааст.

 

Нукта: Агар  мо ҳақиқатан  мӯъмин ва муттаҳид  бошем, ҳаргиз кофирон  роҳи нуфуз  бар мо мусалмонон  надоранд.

وَ لَا تَكُونُواْ كاَلَّذِينَ تَفَرَّقُواْ وَ اخْتَلَفُواْ مِن بَعْدِ مَا جَاءَهُمُ الْبَيِّنَاتُ  وَ أُوْلَئكَ لَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ[2] .”

“Ва монанди онон, ки пароканда шуданд ва пас аз омадани далелҳои равшани  илоҳӣ, ихтилоф карданд набошед, зеро барои онон азоби бузург хоҳад буд.”

 

 


 

Аҳаммияти ваҳдат

1Итоат аз  раҳбар сабаби ваҳдат

 

قال النبی :7  اسْمَعُوا وَ أَطِيعُوا لِمَنْ وَلَّاهُ اللَّهُ الْأَمْرَ فَإِنَّهُ نِظَامُ الْإِسْلَامِ .[3]

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

Аз ҳокимони илоҳӣ итоат кунед ва гӯш ба фармон бошед, зеро итоат аз раҳбарӣ сабаби ваҳдати уммати исломӣ аст.

 

Нукта :

(1)  Мардум бояд аз ҳокими мӯъмин ва одил итоат кунанд, зеро нофармонии онҳо сабаби пайдоиши ихтилоф байни муслимин ва фарогир шудани фасоду шикасти Ислом ва зарба хӯрдани дин мегардад.

 

(2)  Ҳамаи  мардум  бояд  нисбат  ба  пешвоёнӣ  илоҳӣ  ба хусус Пайғабари  Ислом(с) итоати ҳамаҷониба  дошта бошанд ва фармонҳои он ҳазратро дар тамоми умури иҷтимоӣ  ва фардӣ бештар  итоат  намоянд, то  байни уммати исломӣ итиҳод ва  ваҳдат пайдо шавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


 

2 Пайвандҳои иҷтимоӣ

 

قال النبی  : 7وَ عَلَيْكُمْ بِالتَّوَاصُلِ وَ التَّبَاذُلِ وَ إِيَّاكُمْ وَ التَّدَابُرَ وَ التَّقَاطُع[4].

Паёмбари Акрам (с) фармуданд :    

Ва бар шумо бод ба иртибот ва бахшиш ва дӯрӣнамудан аз ҷудоӣ ва пушт кардан ба якдигар.

 

Нукта :

(1) Бешак иззату сарбаландии ҳар уммат дар ҳамбастагӣ  ва  ҳамдили онҳост.

 

(2) Мусалмонон дар рафту омадҳои худашон  ба ҳамдигар  диққат дошта бошанд ва набояд азякдигар дурӣ кунанд, зеро сабаби заминасозии тафриқа мешавад.

 

—  3Унсу улфат

 

قال علی(کرم الله وجهه)  :  ..يَا مَعْشَرَ الْمُؤْمِنِينَ تَأَلَّفُوا وَ تَعَاطَفُوا .[5]

 

Ҳазрати  Алӣ (к)фармуданд:

Эй гурӯҳи мӯъминон маънус ва муттаҳид бошед ва ба ҳам меҳрубонӣ кунед.

 

Нукта :

(1)  Яке аз хусусияти мӯъминон  маънус ва меҳрубон  будан аст, то душманон натавонанд байни онҳо тафриқа  бияндозанд.

 

(2)  Дӯстӣ ва  муҳаббат аз  рукнҳои ваҳдат   ва   ҳамдилист.

 

 

 

4 Арзиши  ваҳдат

 

قال النبی : 7 «صَلَاحُ ذَاتِ الْبَيْنِ أَفْضَلُ مِنْ عَامَّةِ الصَّلَاةِ وَ الصِّيَامِ» .[6]

Паёмбари Акрам (с) фармуданд :

“Ислоҳи ихтилофҳо аз тамоми намозҳо ва рӯзаҳо бартараст”.

 

Нукта :

(1) Мусалмонон ваҳдатро  монанди намозу рӯза  аҳаммият бидиҳанд  ва монанди он ду  ваҳдатро  бар худ фарз бидонанд.

 

(2) Дар Ислом  ваҳдат  он қадар  аҳаммият дорад, ки  ҳатто  муҳимтар  аз  намозу  рӯза  муаррифӣ шудааст.  Ва Худованд  намозу рӯзаи  касонеро,  ки  бо ҳам самимӣ  ва меҳрубонтар  ҳастанд ва ваҳдат доранд,  беҳтар  қабул  мекунад.

 

 

5Оштӣ додан

 

قال النبی  7  : صَدَقَةٌ يُحِبُّهَا اللَّهُ إِصْلَاحُ بَيْنِ النَّاسِ إِذَا تَفَاسَدُوا وَ تَقَارُبُ بَيْنِهِمْ إِذَا تَبَاعَدُو .[7]

 

Паёмбари Акрам )с ( фармуданд : 

“Эҷоди ваҳдат ҳангоми пайдоиши ихтилоф ва нобудии  уммат ва наздик кардани онҳо дар ҳангоми ҷудоӣ садақае аст, ки Худованд онро дӯст дорад”.

 

Нукта :

(1) Ихтилоф сабаб мешавад, ки афрод аз маънавият ақиб бимонанд ва сабаби  тафриқа ва парокандагии мардум  мешавад. 

Шахсиятҳои ҷомеа дар муқобили ихтилофҳое, ки дар байни  баъзе  мардуми ҷомеа вуҷуд дорад масъулият доранд ва бояд байни онҳоро ислоҳ намоянд ва муттаҳид гардонанд.

Худованд мусалмононро ба ин амр супориш намудааст .

Ба ҳамин хотир ҳар яке аз мо вазифа дорем  бо гузашт аз  хатои якдигар сулҳу  ваҳдатро дар ҷомеа эҷод ва агар  дар байни дигарон низ кина  ва кудурат вуҷуд дошта бошад, оштӣ байнашон эҷод кунем.

 

(2) Дар ҷомеа  лозим  нест садақа  ҳатман  пул  ва  чизҳои модди бошшад. Оштӣ додан ва эҷоди ваҳдат байни  мардуми мусалмон    ҳам  садақа  ба ҳисоб меояд. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

6 Се меҳвари ваҳдат

 

قال علی(کرم الله وجهه) :فی ذم أهل الرأی.. وَ إِلَهُهُمْ وَاحِدٌ وَ نَبِيُّهُمْ وَاحِدٌ وَ كِتَابُهُمْ وَاحِدٌ أَ فَأَمَرَهُمُ اللَّهُ تَعَالَى بِالِاخْتِلَافِ فَأَطَاعُوهُ أَمْ نَهَاهُمْ عَنْهُ فَعَصَوْا.[8]

Ҳазрати  Алӣ(к)фармудаанд  :

“Худояшон  яке паёмбарашон  яке ва китобашон яке аст. Оё онҳоро Худованд ба ихтилоф ва ду дастагӣ фармон дода ва Ӯро итоат мекунанд? Ё онҳоро аз ихтилоф наҳй карда ва фармонашро сарпечӣ мекунанд?”

 

Нукта :

(1)  Пайравони динӣ босафои Ҳазрати Муҳаммад(с) барои расидан ба аҳдофи бузурги худ, ки ваҳдат  ва  қурби Парвардигор аст,  бояд аз роҳу равиш ва фармоишоти Расули Акрам(с) ва авлиёву авсиёи паёмбари Худо ғофил нашавнд. Авалин нуктаи муштарак байни  мусалмонон имон  ба  Худо  ва дуввумин  нукта  имон  ба Пайғамбар(с) аст. Ин ду нуктаи муштарак метавонад онҳоро аз гирдоби  ихтилоф  наҷот  дода  ба соҳили ваҳдат ва ҳамоҳангӣ бирасонад.

 

(2) Ҳар ҳодиса ва иттифоқи муҳим  дорои замони мушаххасе аст, вале дини  Ислом ҳамешагӣ аст  ва дар ҳар замоне  короӣ  дорад  ва  ҳамеша  сабаб  ва меҳвари ваҳдат қарор мегирад. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

— 7Аҳли байт

 

قالت فاطمة الزهراء ( ع) : .. وَ طَاعَتَنَا نِظَاماً لِلْمِلَّةِ، وَ إِمَامَتَنَا لَمّاً مِنَ الْفُرْقَةِ، وَ حُبَّنَا عِزّاً لِلْإِسْلَامِ. [9]

Ҳазрати Фотимаи Заҳро(а)фармуданд :

Пайравӣ аз мо аҳли байт низоми уммат ва раҳбарии мо сабаби ваҳдат ва ҷиҳод мояи иззат ва сарбаландии Ислом аст.

 

Нукта :

(1) Ваҳдати   иҷтимоии  мусалмонон ва дурӣ  аз тафриқаи сиёсию иҷтимоӣ назди  Аҳли байти  Паёмбар(с) монанди як ҳадафи  бузуг ва иззат ва сарбаландии мусалмонон  аст.

(2) Агар мусалмонон ба суханони  Аҳли байти Паёмбар(с) гӯш фаро диҳанд, ба осоиш мерасанд ва қудрату ваҳдат эҷод мешавад ва  аз  заъфу тафриқа раҳоӣ пайдо мекунанд.

8Нақши раҳбарӣ ва ваҳдат

  قال علی(کرم الله وجهه) :ُ وَ مَكَانُ الْقَيِّمِ بِالْأَمْرِ مَكَانُ النِّظَامِ مِنَ الْخَرَزِ يَجْمَعُهُ وَ يَضُمُّهُ فَإِنِ انْقَطَعَ النِّظَامُ تَفَرَّقَ وَ ذَهَبَ ثُمَّ لَمْ يَجْتَمِعْ بِحَذَافِيرِهِ أَبَدا.[10]

Ҳзрати  Алӣ(а)фармуданд :

 Ҷойгоҳи раҳбар ва сарпараст дар иҷтимоъ  ҷойгоҳи риштае аст, ки донаҳоро ба  ҳам пайванд дода ва      ҷамъ мекунад ва он гоҳ ки он ришта пора шавад, донаҳо пароканда гашта ва ҳеҷ вақт тамоми онҳо ҷамъ намешавад.

 

Нукта :

(1) Яке аз роҳкорҳои  ваҳдат  дар  ҷомеа ҷойгоҳи раҳбарӣ ва роҳкорҳои ӯ мебоошад ва сабаб  мешавад, ки  мардум аз вай ба тамоми вуҷуҷд  итоат намоянд  ва ихтилофҳо аз байн биравад.

 

(2) Итоат аз  раҳбар сабаби иттиҳод ва ҳамдилии ҷомеа мегардад, ва сарпечӣ сабаби ифтироқ ва ихтилофи ҷомеаи исломӣ  мешавад.


— 9 Талош  бароӣ  ваҳдат

 

قال النبی 7 : قَالَ ذِمَّةُ الْمُسْلِمِينَ وَاحِدَةٌ يَسْعَى بِهَا أَدْنَاهُ.[11]

Паёмбари Акрам(с)  фармуданд : 

“Ҳамаи мусалмонон дорои як пайванд ва як паймон ҳастанд, ҳатто заифтарини онҳо ҳам  бояд  талош  кунад”.

Нукта :

(1) Мусалмонон дорои паймони  бародари ва баробарӣ ҳастанд.

 

(2) Дар масъалаҳои иҷтимоӣ ҳама масъуланд, касе наметавонад бо ҳар  баҳона вазифаашро ба ӯҳдаи дигарӣ  бигузорад.

 

 

10-Изҳори муҳаббат сабаби ваҳдат

 

قال رسول الله  7: إِذَا أَحَبَّ أَحَدُكُمْ صَاحِبَهُ أَوْ أَخَاهُ فَلْيُعْلِمْهُ[12]

Паёмбари Акрам(с) фармуданд :

Ҳар гоҳ яке аз шумо рафиқ ё бародари  худро дӯст дошта бошад, онро изҳор намояд.

 

Нукта :

(1) Муҳаббат ва дӯстӣ сабаби ваҳдати исломӣ мешавад ва  метавонад заминаҳои рушду пешрафтро дар тамоми ҷиҳатҳои моддию маънавӣ дар ҷаҳони Ислом ба вуҷуд оварад.

 

(2) Унсу меҳрубонӣ бояд  дар  байни  мусалмонон ва дар зиндагии иҷтимоии  онҳо  ҳоким  бошад.

11елоки   ваҳдат

 

قال النبی7:الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ تَتَكَافَأُ دِمَاؤُهُمْ وَ هُمْ يَدٌ عَلَى مَنْ سِوَاهُ .[13]

Набии Акрам)с (фармуданд :

Мӯъминон бо ҳам бародаранд ва хунашон баробар аст ва дар баробари душман муттаҳид ва якпорчаҳастанд.[14]

Нукта :

(1)Мусалмонон иҷозат намедиҳанд  душманон байни онҳо ҷудоӣ ва тафриқа бияндозанд, зеро мусалмонон аз як  хонавода ҳастанд ва имон ба Худо доранд.

 

(2) Мусалмонон ҳадди ақал ду меҳвари ваҳдат доранд: Яке баробарӣ  дар  инсон будан (ҳамхун будан) дуюми  мусалмонӣ  ва ақидаи муштарак.

 

12-Бародари  исломӣ

 

قال رسول الله  7:المسلمون إخوة لافضل لأحد علی أحد إلا بالتقوی.[15]

 

Паёмбари Акрам(с  (фармуданд :

Мусулмонон бо ҳам бародаранд ва ҳеҷ кас бар дигаре бартарӣ надорад, ҷуз ба сабаби тақво.

 

Нукта :

(1) Аз назари Қуръон, мелоки ваҳдат фаротар аз салиқаҳо, бардоштҳои шахсӣ, меъёрҳои роиҷ ва авомписанде ҳамчун нажод, ранг, забон ва табақаи иҷтимоӣ аст. Ин китоби осмонӣ имонро мелоки бародарӣ медонад. Ислом ба бародарӣ бо таъбирҳои мухталиф такя кардааст. Аз ин истифода мешавад, ки мӯъминон ҳеҷ шаъне надоранд, магар ба сабаби  бародарӣ. Ҳама чизашон дар бародарӣ хулоса мешавад.

(2) Мусалмонӣ  ва  ақидаи муштарак,  фақат мелоки ухуввату бародарӣ  ва ваҳдат  аст, аммо  мелоки   бартарӣ  тақвои  илоҳӣ мебошад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

—  13Пайванди  ҳақиқӣ

 

قال رسول الله  7:َّ خَلَقَ الْمُؤْمِنِينَ مِنْ طِينَةِ الْجِنَانِ وَ أَجْرَى فِيهِمْ مِنْ رِيحِ رُوحِهِ فَلِذَلِكَ الْمُؤْمِنُ أَخُو الْمُؤْمِنِ لِأَبِيهِ وَ أُمِّهِ فَإِذَا أَصَابَ رُوحاً مِنْ تِلْكَ الْأَرْوَاحِ فِي بَلَدٍ مِنَ الْبُلْدَانِ حُزْنٌ حَزِنَتْ هَذِهِ لِأَنَّهَا مِنْهَا[16].

 

Набии Акрам) с (фармуданд :

Худованд мӯъминонро аз хоки биҳишт офарид ва аз рӯҳи худ дар онон дамид, аз ин рӯй мӯъмин бо мӯъмин, бародари падарӣ ва модарӣ ҳастанд.Пас ҳаргоҳ  ки ба яке аз онҳо дар диёре андӯҳе бирасад, дигарӣ ҳам аз дарду ғами ӯ андӯҳгин мешавад.

 

Нукта :

(1) Паёмбари  Раҳмат(с) дар истимрори рисолати дигар анбиёи бузург бародарӣ ва ваҳдатро барои ҷомеаи башарӣ ба армағон овард.

 (2) “Агар аз Туркистон то ба  дари  Шом касеро  хоре дар  ангушт  шавад, он аз они  ман  аст. Ҳамчунин  агар аз  Турк  то  Шом, касеро қадам дар санг ояд, зиёни он  марост  ва агар ғаме  дар  диле аст,  он  дил аз они ман аст…  Кошки  ҳисоби  ҳамаи  халқ ба ман  бикарди, то халқро  ба қиёмат  ҳисоб  набояд  дид. Кошки оқибати  ҳамаи  халқ маро кардӣ, то эшонро  дузах  набояд  дид.”  [17]

 

— 14Бани одам аъзои якдигаранд

 

قال رسول الله 7: إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ بَنُو أَبٍ وَ أُمٍّ وَ إِذَا ضَرَبَ عَلَى رَجُلٍ مِنْهُمْ عِرْقٌ سَهِرَ لَهُ الْآخَرُونَ .[18]

Паёмбари Акрам(с  (фармуданд :

Мӯъминон бо якдигар бародаранд ва ҳамагӣ фарзандони як падару  модаранд ва чун раги яке аз онон зада шавад, мусибате бар ӯ ворид шавад, дигарон дар ғами ӯ хобашон набарад.

 

Нукта :

Саъдии ширинсухан мефармояд:

Бани одам аъзои  якдигаранд.

Ки  дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу  узве ба дард оварад рӯзгор.

Дигар узвҳоро намонад қарор.

 

— 15 Ваҳдат раҳмат аст

 

قال النبی: 7الْجَمَاعَةَ رَحْمَةً وَالْفُرْقَةَ عَذَابًا[19]

Паёмбари Акрам(с  (фармуданд :

Ҷамоат  (ваҳдат) сабаби раҳмат ва тафриқа сабаби азоб аст.

Нукта:

(1) Дар ҷамоат ва ваҳдат раҳмат ва кушоиш аст ва дарҳои илоҳӣ ба сабаби  ин ҳамбастагӣ  ва  ҳамдилӣ  гушуда мешавад.

(2) Ин раҳмат метавонад раҳмат ва неъматҳои моддӣ бошад, ки дар дунё сабаби густариши иқтисод, шукуфоии  илму фарҳанг гардад ва низ метавонад раҳмати илоҳӣ дар охират ва бахшишу ғуфрони  Парвардигор бошад.

—  16Бародар ва дӯсти ҳақиқӣ

 

حَفْصِ بْنِ الْبَخْتَرِيِّ قَالَ كُنْتُ عِنْدَ الصادق (ع) وَ دَخَلَ عَلَيْهِ رَجُلٌ فَقَالَ لِي تُحِبُّهُ فَقُلْتُ نَعَمْ فَقَالَ لِي وَ لِمَ لَا تُحِبُّهُ وَ هُوَ أَخُوكَ وَ شَرِيكُكَ فِي دِينِكَ وَ عَوْنُكَ عَلَى عَدُوِّكَ وَ رِزْقُهُ عَلَى غَيْرِكَ[20]

 

Ҳафс гӯяд :

 Назди Имом Содиқ(а) будам, марде дохил шуд, пас Имом ба ман фармуд:  Оё ӯро дӯст дорӣ? Гуфтам: Бале.

Ҳазрат фармуд :

Барои чӣ  ӯро дӯст надошта бошӣ ва ҳол он ки бародари ту ва ҳамкиши ту ва ёвари ту дар баробари душман аст ва махориҷаш ҳам бар уҳдаи дигарест.

Нукта :

(1) Яке аз зеботарин роҳҳои ваҳдат ба фикри мусалмонон  будан аст,  ки инсони мусалмон ба ёд ва дилсӯзӣ бародари мусалмонаш бошад. Ва ҳеҷ вақт ӯро фаромуш накунад ва ба ӯ кӯмак намояд. Чун дигар дин ва оинҳои ғайри исломӣ бисёр ба ин таваҷҷӯҳ  доранд  ва  ҳам  киш ва ҳамоинии худро аҳаммият медиҳанд.

(2) Дар ин ҳадиси шариф се нуктаи асосӣ (бародар,  ҳамкиш, ёвар ) дар бораи ваҳдат баён шудаст. Афроди ҷомеаи исломӣ  бояд ба ин се нукта диққати зиёде дошта бошанд, то ба ваҳдат бирасанд.

 

— 17 Дини Ислом  сабаби  ваҳдат

 

قال علی(کرم الله وجهه) :وَ اَلْعَرَبُ اَلْيَوْمَ وَ إِنْ كَانُوا قَلِيلاً فَهُمْ كَثِيرُونَ بِالْإِسْلاَمِ عَزِيزُونَ بِالاِجْتِمَاعِ.[21]

 

Ҳазрати  Алӣ(к)фармуданд :

Араб бо ин ки имрӯз аз назари  нафар камтар аст, аммо бо неъмати Ислом  фаровонанд  ва бо иттиҳод ва  ҳамдилӣ қудратманд  ва азиз ҳастанд. 

 

Нукта:

(1) Ислом, сабаби ваҳдат ва ваҳдат, сабаби иззат ва қудрати мусалмонҳо  мешавад.

(2) Иззат ва қудрат болотар аз қудрати  фарҳангӣ ва сиёсӣ  ва иқтисодӣ ва низомӣ ва ғайра аст, ки ҳамаи ин маворид фақат  дар сояи ваҳдат ва дар зери парчами муқаддаси Ислом ва амал ба оини Ислом  анҷом  мегардад.


 

—  18Мадади илоҳӣ дар сояи ваҳдат

 

قال النبی : 7  .. يَدَ اللَّهِ عَلَى الْجَمَاعَةِ، و الشيطان مع من خالف الجماعه يرکض [22]

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

Дасти Худо бар сари ҷамоат аст ва шайтон бо касе ҳамроҳ аст, ки ҳамроҳи ҷамоат  носозгорӣ мекунад.

 

Шарҳ : Ҳамроҳи ҷомеаи  исломӣ бошед, чун дасти  Худо  ҳамроҳ бо ҷамоат аст  ва аз тафриқа парҳез кунед, зеро гурӯҳи андак тӯъмаи шайтон мешавад ва ҳамон тавре ки галлаи андак насиби гург  мегардад, барои наздикӣ ба зеҳн аз ташбеҳи зебое истифода намудааст, ки  ҳар вақт гусфанде аз галла ҷудо шавад, тӯъмаи гург мешавад.

 

Нукта :Шояд манзур аз таъбири (дасти Худо) қудрати илоҳӣ, кӯмаки Худованд ва  тасдиқи Ҳақ Таоло бошад.

 

19Саховат сабаби ваҳдат

قال النبی:7السَّخاءُ يُكسِبُ المَحَبَّةَ وَيُزَيِّنُ اللاخلاقَ.[23]

Паёмбари Акрам(с) фармуданд :

Саховат муҳаббатовар ва зиннати ахлоқ аст.

 

Нукта : Яке аз роҳҳое, ки дини Ислом барои эҷоди  ваҳдат ба мусалмонон дастур додаст, саховат ва бахшиш аст.

 

— 20Суизан ва бадфаҳмӣ

 

قال النبی  : 7إِيَّاكُمْ وَ الظَّنَّ ، فَإِنَّ الظَّنَّ أَكْذَبُ الْحَدِيثِ وَلاَ تَحَسَّسُوا  لاَ تَجَسَّسُوا  لاَ تَناجَشُوا وَلاَ تَحَاسُدوا وَلاَ تَبَاغَضُوا وَلاَ تَبَاغَضُوا  وَلاَ تَدَابَرُوا  وَكُونُوا عِبَادَ اللهِ إِخْوَانًا[24].

 

Паёмбари Акрам (с) фармуданд :

Аз гумон ва суи зан парҳез кунед, зеро гумон дуруғтарин сухан аст. Ба дунболи айбҷӯиӣ ва ҷосусии якдигар набошед ва дар муомила бо якдигар  макру ҳила накунед ва нисбат ба якдигар ҳасад набаред ва бо ҳам  буғзу кина надошта бошед ва бо якдигар  пушт накунед,  бандаи Худо  ва бародарони  динии ҳам бошед.


 

Нукта:

(1)Гумону айбҷӯи ва ҳасодату буғзу  кина ва рӯй гардонӣ  нисбат бо ҳам аз мавонеи ваҳдат ва ухуват ва бандагии Худо мешавад.

 (2) Гумон ва бадфаҳмӣ  ҳамеша инсонро ба хато роҳнамоӣ мекунад, зеро  дар зоти гумон сухани дурӯғ пинҳон аст. Роҳи ваҳдат ва бародари аз роҳи эътимод ва бовар доштан ба ҳам ва ҳусни зан  мегузарад.



Меҳварҳои ваҳдат

21 Таовун ва ҳамкорӣ

قال النبی 7 : الْمُؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِ   كَالْبُنْيَانِ ِ الْمَرْصُوصِ  يَشُدُّ بَعْضُهُ بَعْضاً . [25].[26]

 

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

 Мӯъмин нисбат ба мӯъмин монанди бинои устуворе аст, ки аҷзои он якдигарро истеҳком мебахшанд.

 

Шарҳ : Ҳама бояд барои тавлиди фарҳанги сулҳу субот ва ваҳдат ҳамкорӣ намоем.

Мӯъминин нисбат  ба аҳли имон чун сар нисбат ба тан аст, мӯъмин аз ғами мӯъмин ғамгин шавад, чунонкӣ тан аз ғами сар  ранҷур гардад.

Нукта : Таовун ва ҳамкорӣ ва низ  эҳсоси масъуилят  нисбат  ба  якдигар, яке  аз усули муҳимми зиндаги иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дар фарҳанги исломӣ  ҳамдигарро ёри расондан эҷоди ваҳдат мешавад, мусалмонон бояд ҳамкор ва такягоҳи ҳам бошанд.

 

 22- Ваҳдат ва ҳамоҳангӣ

 

قال علی(کرم الله وجهه) :  .. وَ إِيَّاكُمْ وَ التَّفَرُّقَ فَإِذَا نَزَلْتُمْ فَانْزِلُوا جَمِيعاً وَ إِذَا رَحَلْتُمْ فَارْحَلُوا جَمِيعاً. [27]

Ҳазрати Алӣ (к)фармуданд:

Аз тафриқа ва ҷудоӣ бипарҳезед, пас ҳаргоҳ дар ҷое фурӯд омадед,  ҳамагӣ фурӯд оед ва ҳаргоҳ кӯч кардед, бо ҳам кӯч кунед.

 

Нукта :

(1) Ваҳдати давлат ва миллат яке аз авомили асосии устувор мондани дин ва пешрафти уммат ва сабаби муттаҳид   шудан дар баробари душман мешавад.

 

(2) Мусалмонон бояд дар тамоми рафторҳои худ ваҳдати  иҷтимоиро мадди  назар  қарор диҳанд.

 

23Осори  ваҳдат

 

قال علی(کرم الله وجهه) : .. فَانْظُرُوا كَيْفَ كَانُوا حَيْثُ كَانَتِ الْأَمْلَاءُ مُجْتَمِعَةً وَ الْأَهْوَاءُ مُؤْتَلِفَةً وَ الْقُلُوبُ مُعْتَدِلَةً وَ الْأَيْدِي مُتَرَادِفَةً وَ السُّيُوفُ مُتَنَاصِرَةً وَ الْبَصَائِرُ نَافِذَةً وَ الْعَزَائِمُ وَاحِدَةً أَ لَمْ يَكُونُوا أَرْبَاباً فِي أَقْطَارِ الْأَرَضِينَ وَ مُلُوكاً عَلَى رِقَابِ الْعَالَمِين.[28]

 

Ҳазрати Алӣ (к) фармуданд :

Пас бингаред чӣ гуна буданд қавми (Бани Исроил) замоне, ки ҷамъиятҳо гирд омада ва андешаҳо бо ҳам ва дилҳо яксон ва дастҳо ёвари ҳам ва шамшерҳо кӯмаки якдигар ва бинишҳо жарф ва тасмимот яке буд. Оё дар атрофи замин шаҳрҳои бузург ва бар ҳама ҷаҳониён ҳоким набуданд?


 

Нукта :

 

(1) Ваҳдати исломӣ, ки қавитарин омили тавонмандӣ ва иқтидори уммати исломӣ ба шумор меравад, аз дер боз дастхуши суиқасди душманон қарор гирифтааст.

 

(2) Яке шудани андешаҳо ва дилҳо барои иззат кофӣ нест, балки  бояд дар амал  андешаҳо ва дилҳо яке бошад.


 

— 24Зиллат саранҷоми ихтилоф

 

قال علی(کرم الله وجهه) :  .. فَانْظُرُوا إِلَى مَا صَارُوا إِلَيْهِ فِي آخِرِ أُمُورِهِمْ حِينَ وَقَعَتِ الْفُرْقَةُ وَ تَشَتَّتَتِ الْأُلْفَةُ وَ اخْتَلَفَتِ الْكَلِمَةُ وَ الْأَفْئِدَةُ وَ تَشَعَّبُوا مُخْتَلِفِينَ وَ تَفَرَّقُوا مُتَحَارِبِينَ وَ قَدْ خَلَعَ اللَّهُ عَنْهُمْ لِبَاسَ كَرَامَتِهِ وَ سَلَبَهُمْ غَضَارَةَ نِعْمَتِهِ وَ بَقِيَ قَصَصُ أَخْبَارِهِمْ فِيكُمْ عِبَراً لِلْمُعْتَبِرِينَ.[29]

 

Ҳазрати Алӣ(к) фармуданд:

Пас бингаред ба охири корашон “қавми бани Исроил”, он ҳангоме ки байни онҳо тафриқа афтод.Ва меҳрубонӣ ва улфатҳо ба ҳам хӯрданд ва суханҳо ва дилҳо мухталиф ва гурӯҳгурӯҳ шуданд ва ба ҷони ҳам афтоданд ва пароканда гаштанд ва бо ҳам ҷангиданд. Пас Худованд либоси иззатро аз тани онҳо барканда фаровонии неъматашро аз онҳо гирифт ва он чи боқӣ монда саргузашти онон аст, то мояи ибрати ибратгирандагон шавад.

 

Нукта: Зиллату сарафкандагӣ ва суқути ҳар уммат дар тафриқа ва парокандагии онҳо буда ва тафриқаву ҷудоӣ ва ихтилоф сабаби асосии заъфу нобудии он ҷомеа ва уммат мебошад.

 

25 — Эҳтиром ба ҳуқуқи мардуми  мусалмон

 

قال النبی 7 : قَالُوا: يَا رَسُولَ اللَّهِ أَيُّ الإِسْلامِ أَفْضَلُ؟ قَالَ: «مَنْ سَلِمَ الْمُسْلِمُونَ مِنْ لِسَانِهِ وَيَدِهِ» .[30]

Расули Худо(с) дар ҷавоби асҳоби худ фармуд :

 Беҳтарин Ислом ва мусалмонӣ ин аст, ки дигар мусулмонон аз забон  ва дасти ӯ дар амон бошад.

 

 Нукта:

 (1) Дар ин ҳадис Паёмбар(с) ба матлаби муҳим ишора фармуданд: Аз ин ки мусалмонон набояд ҳеҷ вақт ба дигарон  озору азияти нораво бирасонанд.

Ва мусалмони воқеӣ касе аст, ки  мардум аз озору азияти забон ва амали  вай дар амон бошанд.

(2) Вақте мусалмон  ахлоқу адаб надошта бошад дигарон аз вай ҷудо шуда ва сабаби  ихтилоф ва тафриқа мешавад.


 

— 26Меъёри бартарӣ

 

قال النبی 7  :يَا أَيُّهَا النَّاس،إِنَّ الرَّبَّ تَبَارَكَ وَ تَعَالَى وَاحِدٌ وَ الْأُمَّ وَاحِدَةٌ وَ الْأَبَ وَاحِدٌ  ُ وَ أَنَّ الدِّين واحد َ لَيْسَت العربیة لأحدکم بأب و ُ وَ لَا أُم و  ٍ إِنَّمَا هِيَ اللسان فمنتَعَلُّم الْعَرَبِيَّ فهو عربی.[31]

 

Паёмбари Акрам(с) фармуданд :

Эӣ мардум! Парвардигори шумо якто аст, падари ҳамаи шумо Одам(а) аст. Дини ҳамаи шумо Ислом аст. Арабият падару модар ҳеҷ яке  аз шумо нест, балки он ҳам яке аз забонҳост ва ҳар кас забони арабиро биёмӯзад араб аст.

 

Нукта:

(1) Аз баҳсҳои муҳимме, ки дар мавзӯи  ваҳдати исломӣ матраҳ аст, масъалаи  худӣ ва ғайри худӣ аст. Дидгоҳи ҳадис танҳо меъёри худиро робитаи мактабӣ ва динӣ медонад, на робитаи миллӣ,  забонӣ ва нажодӣ. Ба ҳар андозае, ки ин  иртиботи маънавӣ мустаҳкам бошад, ба ҳамон андоза ҳам меъёри худӣ пурранг  хоҳад  буд  ва  балки тақвои илоҳӣ аст.

 

(2) Арабият ва аҷамият (ба ҳаркасе ки араб набошад аҷам мегӯянд) аз назари  Ислом нажод  ба ҳисоб  намеояд, зеро  бар тибқи назари дин ҳамаи инсонҳо фарзанди  як падару модар ҳастанд.


 

27 Ихтилоф сабаби ҳалокат

 

قال النبی: 7  لَا تَخْتَلِفُوا فَإِنَّ مَنْ كَانَ قَبْلَكُمُ اخْتَلَفُوا فَهَلَكُوا.[32]

Паёмбари Акрам(с) фармуданд :

Ихтилоф накунед (дар миёнатон  тафриқа набошад) онҳое, ки пеш аз шумо буданд ихтилоф карданд ва ҳалок шуданд.

Нукта:

(1) Иттиҳод сабаби тақвияти  мусалмонон  мегардад  ва ихтилоф  сабаби  аз байн рафтани қудрати ҷомеа ва  ҳалокату   нобудии  он мешавад.

(2) Ҷомеаи исломӣ бояд аз гузаштагон  ибрат бигиранд. Ин суннати илоҳӣ аст, ки касоне ихтилоф мекунанд натиҷааш  ҳалокат ва бадбахтӣ аст.


—  28 Аёдати  мусалмон сабаби ваҳдат.

 

قال النبی :7لِلْمُسْلِمِ عَلَى الْمُسْلِمِ خمس  بِالْمَعْرُوفِ يُسَلِّمُ عَلَيْهِ إِذَا لَقِيَهُ وَيُجِيبُهُ إِذَا دَعَاهُ وَيُشَمِّتُهُ   إِذَا مَرِضَ وَيَتْبَعُ جِنَازَتَهُ إِذَا مَاتَ وَيُحِبُّ لَهُ مَا يُحِبُّ لِنَفْسِهِ.[33]

Паёмбари Акрам(с) фармуданд :

Ҳар мусалмоне нисбат ба  мусалмонидигар панҷ ҳақ дорад:  Вақте  ки  мулоқоташ  кард  бо вай салом кунад ва вақте ки  ӯро ба хонааш даъват кард қабул намояд ва ҳангоме ки бемор шуд ба аёдаташ  биравад. Ва вақте аз дунё гузашт  вайро ҷаноза кунад ва он чи ки барои  худаш дӯст дорад, барои вай ҳам дӯст дорад.

 

Нукта: Мусалмонон нисбат ба  бародари динии худ вазифаи сахте доранд  ва бояд бо тамоми вуҷудашон дар хидмати бародари динии худ бошанд. Ва ин рафторҳо аст, ки ваҳдат ва ҳамдилиро  ба вуҷуд меоварад.


 

—  29 Офати  ихтилоф

 

قال النبی 7: مَنْ فَارَقَ جَمَاعَةَ الْمُسْلِمِينَ قِيدَ شِبْرٍ فَقَدْ خَلَعَ الله رِبْقَةَ الْإِسْلَامِ مِنْ عُنُقِهِ.[34].[35]

Паёмбари Акрам(с) фармуданд :

Ҳар кас як ваҷаб аз ҷомеаи муслимин дур шавад, Худованд риштаи мусулмониро аз гардани ӯ боз мекунад.

 

Нукта :

(1) Дини муқаддаси Ислом барои  иҷтимоъ аҳаммияти зиёде қоил аст. Ин дин як ойни  фардӣ  ва танҳо ибодӣ нест,  балки ба умури иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ пардохтааст.

 

(2) Ваҳдати ҷомеаи исломӣ ба андозаи  имон ва эътиқоди як фарди мусалмон  аҳаммият дорад, ба тавре ки дурӣ аз  иҷтимоъ ба маънои дурӣ ва хориҷ шудан аз Ислом ба ҳисоб меояд.

—  30Дӯри аз мардум сабаби ҷудоӣ

قال النبی7  : ِيَّاكُمْ وَالْفُرْقَةَ، فَإِنَّ الشَّاذَّ مِنَ النَّاسِ لِلشَّيْطَانِ.[36]

Паёмбари Акрам (с) фармуданд :

Аз тафриқа ва ихтилоф парҳез  кунед, зеро касе, ки аз мардум ҷудо шавад ва танҳо гардад, аз шайтон  хоҳад буд.

Нукта :

(1) Касе, ки аз мардум  ҷудо мешавад  ва аз онҳо дурӣ меҷӯяд ҳамгом ва ҳамқадам бо шайтон шудааст. Ва шайтон ӯро аз  одамҳои хуб ҷудо мекунад ва дар  роҳи худ раҳнамуд мекунад.

(2) Роҳи шайтон аз роҳи ваҳдат ва ҳамдили фарқ мекунад. Роҳи шайтон  тафриқа ва ҷудоӣ  байни муслимин аст.

— 31Натиҷаи   ҷудоӣ ва тафриқа

 

قال النبی : 7مَنْ فَارَقَ جَمَاعَةَ الْمُسْلِمِينَ وَ نَكَثَ صَفْقَةَ الْإِمَامِ جَاءَ إِلَى اللَّهِ عَزَّ وَ جَلَّ أَجْذَمَ.[37]

 

Паёмбари Акрам (с)  фамуданд:

Ҳар кас аз ҷамоати муслимин ҷудо шавад ва аҳду паймони худро бо раҳбар бишканад, дастбурида маҳшур хоҳад шуд.

 

Нукта : Яке аз хусуияти мусалмон  итоат ва  пайравӣ  аз раҳбарони илоҳӣ мебошад.


 

— 32Паёмадҳои ихтилоф

 

قال النبی 7 : مَا اخْتُلِفَ أُمَّةٌ بَعْدَ نَبِيِّهَا إِلَّا ظَهْرَ أَهْلُ بَاطِلِهَا عَلَى أَهْلِِ حَقِّهَا.[38]

 

Паёмбари Акрам(с) фармуданд :

Ҳеҷ уммате пас аз паёмбарашон, ихтилоф накарданд, магар он ки гурӯҳи ботил бар ҳақгароён  ғалба  намуданд .

 

            Нукта :

(1) Гурӯҳи ботил ҳамеша аз оби гарду  ғуборолуд ва ихтилоф беҳтарин  истифодаро ба кор бурда ва аз оби  гилолуд  моҳӣ  мегиранд.

 

(2) Дар сурати бавуҷуд омадани  ихтилоф он касе, ки пирӯзи  майдон  мегардад,  гурӯҳи  ботил аст на ҳақ.

 

  

Шарҳ: Имрӯза нобудии муслимин аз ихтилофи деринаест, ки камтар  касоне ба фикри илоҷи он баромадаанд. Ва мусаломонон ҳануз ба худ наёмадаанд ва ба нуқоти ихтилоф бештар пофишорӣ мекунанд.

 



Авомили  ихтилоф

— 33Меҳвари ваҳдат

 

قال رسول الله: 7 :.. فَأَنْتُمْ  اهل البیت أَهْلُ اللَّهِ عَزَّ وَ جَلَّ الَّذِينَ بِهِمْ تَمَّتِ النِّعْمَةُ وَ اجْتَمَعَتِ الْفُرْقَةُ وَ ائْتَلَفَتِ الْكَلِمَ.[39]

 

Паёмбари Акрам(с) фармуданд :

Шумо Аҳлибайт, аҳлуллоҳ ҳастед, ки ба баракати шумо неъмат комил гашта ва парокандагӣ бартараф шуда ва иттиҳоди калима падид омадааст.

 

Шарҳ: Мусалмонон аз авлиёи Худо ғофил намонанд ва асоси дини худро бо ваҳдату якпорчагӣ мустаҳкам намуда ва дини хешро, ки мояи саодату хушбахтӣ ва

 

 сарбаландяшон аст, аз ҳар газанде маҳфуз бидоранд .

 

Нукта : Аҳлулбайти Паёмбар (с) меҳвари ваҳдат ва ҳамбастагии  мусалмонон ҳастанд, на барои тафриқа ва парокандагӣ.


 

— 34Сухани ноогоҳона

 

قال علی(کرم الله وجهه): لَوْ سَكَتَ الْجَاهِلُ مَا اخْتَلَفَ النَّاسُ.

 

Ҳазрати  Алӣ(а)фармуданд :

Агар ҷоҳил сукут мекард мардум ихтилоф намекарданд, сабаби бисёре аз ихтилофҳо суханҳои ноогоҳона аст.

 

Нукта :

(1) Ҷаҳл ва нодонӣ сабаби ихтилоф ва  бадбахтии ҷомеа мешавад.

(2) Касоне, ки дар ҷомеа ба тафриқа ва  ихтилоф доман мезананд ҷоҳил ва нодон  ҳастанд, ҳатто агар ҷомаи илм ва дониш  бар тан  карда бошанд

 

 

Шарҳ: Гумроҳӣ ва нодонӣ аз сабабҳои тафриқа ва парокандагии мардум ва парастиши маъбудҳои мухталиф ва доштани мазҳабҳои гуногун мебошанд, ки беъсати Паёмбар(с) ва раҳбарӣ ва рисолати он ҳазрат бо аз  байн бурдани ин мавонеъ, ваҳдату улфат ва тавҳиду ягонагиро ба онҳо бозгардондаст.


 

35 — Динзудоӣ

 

قال النبی 7 : أَلَا إِنَّ فِي التَّبَاغُضِ الْحَالِقَةَ لَا أَعْنِي حَالِقَةَ الشَّعْرِ وَ لَكِنْ حَالِقَةَ الدِّينِ.[40]

 

Паёмбари Акра )с (фармуданд :   

Огоҳ бошед, ки дар душманиҳо тарошидан нуҳуфтааст, аммо на тарошидани мӯй, балки тарошидани дин.

 

Нукта :

(1) Ихтилоф ва ҳолати тақаддус, ҳурмати  динро аз байн мебарад ва сабаби динзудоӣ  ва  дингурезиро  фароҳам  месозад.

 

(2) Агар ба сабаби ваҳдат ва ҳамдили  имон ҳифз шавад, ҳеҷ касе тавоноии  нуфузи дар дин ва динзудоиро  наметавонад  дошта  бошад.


 

— 36Тафриқаи ҳақталабон

قال علی(کرم الله وجهه) : وَ إِنِّي وَ اللَّهِ لَأَظُنُّ أَنَّ هَؤُلَاءِ الْقَوْمَ سَيُدَالُونَ مِنْكُمْ بِاجْتِمَاعِهِمْ عَلَى بَاطِلِهِمْ وَ تَفَرُّقِكُمْ عَنْ حَقِّكُمْ وَ بِمَعْصِيَتِكُمْ إِمَامَكُمْ فِي الْحَقِّ وَ طَاعَتِهِمْ إِمَامَهُمْ فِي الْبَاطِ.[41]

Ҳазрати Алӣ(к)фармуданд :

Ба Худо қасам гумон дорам онҳо  қудратро аз шумо бигиранд, зеро онҳо бар ботили худ ваҳдат доранд ва шумо дар ҳаққи худ парокандаед. Онҳо аз раҳбари худ дар  роҳи ботил итоат мекунанд ва шумо аз раҳбари худ дар роҳи ҳақ фармон намебаред.

 

Нукта :

(1) Ваҳдат ва якпорчагии байни афроди ҷомеа сабаби пешрафти ҷомеа мешавад.

 

(2) Натиҷаи иттиҳод ва ҳамбастагӣ  қудрат  ва тасаллути  бар  тарафи  муқобил  аст ва агар иҳтилофу тафриқа намоянд,   ҷомеа суст ва нобуд мешавад.

— 37  Кина  ва  душманиӣ

 

   قال النبی 7    :لاَ تَبَاغَضُوا وَلاَ تَحَاسَدُوا وَلاَ تَدَابَرُوا وَكُونُوا عِبَادَ اللَّهِ إِخْوَانًا وَلاَ يَحِلُّ لِمُسْلِمٍ أَنْ يَهْجُرَ أَخَاهُ فَوْقَ ثَلاَثَةِ أَيَّامٍ.[42]

 

Паёмбари Акрам(с) фармуданд :  

Нисбат ба якдигар буғз ва ҳасад  надошта бошед ва бар ҳамдигар  пушт накунед, балки  бандаи  Худо  ва  бародари динӣ бошед ва барои  ҳеҷ мусалмоне дуруст нест, ки беш аз се рӯз пушти сари ҳам бародари  диниашро ба қасди  кина ва душманӣ  тарк намояд.

 

 

 

Нукта:

(1) Ҳасад аз хусусиятҳо ва разилаҳои  нафсонӣ буда ва сабаби рӯй гардонӣ,  ихтилоф ва тафриқаи мӯъминон аз ҳамдигар мешавад.

(2) Мумкин аст байни ду нафар  мусалмон ба сабабҳое дилранҷӣ ва нороҳатӣ пайдо шавад, вале набояд мусалмонон  ин нороҳатиро  доман зананд ва ба кина ва душмании дарозмуддат  табдил кунанд.


 

— 38Гӯш ба фиребкории шайтон

 

قال على (ع) : إِنَّ اَلشَّيْطَانَ يُسَنِّي لَكُمْ طُرُقَهُ وَ يُرِيدُ أَنْ يَحُلَّ دِينَكُمْ عُقْدَةً عُقْدَةً وَ يُعْطِيَكُمْ بِالْجَمَاعَةِ اَلْفُرْقَةَ وَ بِالْفُرْقَةِ اَلْفِتْنَةَ فَاصْدِفُوا عَنْ نَزَغَاتِهِ وَ نَفَثَاتِهِ.[43]

Ҳазрати Алӣ(к)фармуданд  :

Ҳамоно шайтон роҳҳои худро ба шумо осон ҷилва медиҳад, то гиреҳҳои  муҳками дини шуморо яке пас аз дигарӣ бикушояд ва ба ҷои ваҳдат ва ҳамоҳангӣ, бар парокандагии шумо бияфзояд  ва дар парокандагӣ шуморо  дучори  фитна  гардонад, аз васвасаҳо ва фарибкориҳои шайтон рӯй гардонед.


 

Нукта:

(1) Шайтон ҳамеша дар пайи ихтилоф  ва тафриқа афканӣ аст ва аз ин роҳ метавонад  ба мақсади худ  бирасад.

(2) Роҳои мубориза бо шайтон гӯш надодан ба васвасаҳо ва фиребкориҳои  шайтон ва дар муқобил талош ба  ҳамгароӣ ва ваҳдат аст.

 

 


 

39Таҳқири бародари  мусалмон.

 

قال النبی  : 7الْمُسْلِمُ أَخُو الْمُسْلِمِ لَا يَظْلِمُهُ وَلَا يَخْذُلُهُ وَلَا يَحْقِرُهُ .[44]

Паёмбари Акрам(с) фармуданд :  

Мусалмон бародари мусалмон  аст, на ба ӯ зулм мекунад ва на ӯро  хор ва залил мешуморад ва на ӯро  таҳқир мекунад.

Нукта :

(1) Байни мусалмонон ухувват ва бародарӣ барқарор мебошад.

(2) Агар дар ҷомеа зулму таҳқир роиҷ  шавад, дилҳо бо ҳамдигар номеҳрубон  мешавад ва сабаби нифоқ ва тафриқа  мегардад.

 

— 40Бартариҷӯӣ

 

قال علی(کرم الله وجهه):  أَيُّهَا اَلنَّاسُ ….., عَرِّجُوا عَنْ طَرِيقِ اَلْمُنَافَرَةِ وَ ضَعُوا تِيجَانَ اَلْمُفَاخَرَةِ.[45]

Ҳазрати Алӣ (к)фармуданд  :

Эй мардум …. аз ихтилоф ва парокандагӣ дурӣ кунед ва тоҷи  фахр  ва бартариҷӯиро аз сар дур намоед.

Нукта:

(1) Дар Ислом фахр ва бартариҷӯӣ бо ҳар мелоке мардуд ва беарзиш аст. Ва мелоки арзишманд дар Ислом фақат тақвои илоҳӣ мебошад.

(2) Бартариҷӯӣ илова бар ин ки аз  ҷиҳати  ахлоқӣ  яке аз  разилатҳо  ба ҳисоб меояд, аз ҷиҳати  иҷтимоӣ  сабаи ихтилоф ва тафриқа  мегардад.

 

Китобнома:

1. Қурони Карим

2. Ғурарулҳикам, суханони  ҳазрати Алӣ(к) .

3. Табаронӣ Сулаймон ибни Аюби Абулқосими Табаронӣ, Муъҷамулкабир, ношир, Мактабатул  улум  ва ҳикма.

4. Суютӣ Ҷалолуддин, Ҷомеул аҳодис, ношир, Дорулфикр.

5. Абилҳадид Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Абилҳадид Албадоинӣ, Шарҳи  Наҳҷулбалоға,   ношир, Дорулкутуби  илмия, Берут Лубнон.

6. Кашфулғумма, Алӣ ибни Исо, ношир Дорулфикр, Бейрут.

7. Сунан Абудовуд Сулаймон ибни Ашъаси Абудовуди Саҷистонӣ алаздӣ, ношир Дорулфикр, Берут Лубнон.

8. Саҳеҳ Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил абу Абдиллоҳи Бухорӣ Алҷуфӣ. Ношир Дорул ибни Касир, Берут Лубнон.

9. Райшаҳрӣ,  Мизонулҳикмат

10. Сунани Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн ибни Али ибни Мусо Абубакри Байҳақӣ, ношир Мактабатул дорул боз, Маккаи Мукаррама.

11. Канзулуммол, Алоуддин Алӣ ибни Ҳисомудин Муттақии  Ҳиндӣ  Албурҳонӣ Фаврӣ, ношир муассисаи Рисолат.

12. Cунани Насоӣ, Аҳмад ибни Шуайби Абуабдураҳмони Насоӣ. ношир Мактабатул  исломия.

13. Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, Имом Аҳмад ибни Ҳанбал Абуабдуллоҳи Шайбонӣ, ношир муассисаи Қуртуба, Қоҳира.

14. Шуабулимони Байҳақӣ,  Абубакр Аҳмад ибни Ҳусайни Саҷистонӣ, ношир Дорулкутуби илмия, Берут, Лубнон.

15. Ҷомеъи саҳеҳи Сунани  Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо Абуисо Тирмезии Сулламӣ, ношир  Дорулэҳёи туроси арабӣ, Берут, Лубнон.

16. Саҳеҳ Муслим, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ Абулҳусайни Қашири Нишобурӣ, ношир Дорулэҳёи туроси арабӣ, Берут, Лубнон.

17. Сунани Дорамӣ, Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон абу Муҳаммади Дорамӣ, ношир Дорулкутуби арабӣ, Берут, Лубнон.

18. Маолимулҳикмат, Муҳамад ибни Саломат. 

19. Қуртубӣ, Аттамҳид фи Муваттаи  маони ва асонид, Умар Юсуф ибни Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Абдулбир ибни Осим Нумари Қуртубӣ, ношир муассисаи Қуртуба, Қоҳира.

20. Наҳҷулфасоҳа, Абулқосим Поянда.

21. Самарқандӣ, Баҳрулулум Наср ибни Муҳаммад ибни Аҳмадӣ Абулейси Самарқандӣ, ношир Дорулфикр, Берут, Лубнон.

22. Тафсири Табарӣ, Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, ношир Дорулҳиҷр.

23. Суютӣ, Ҷамъулҷавомеи кабир, ношир Дорулэҳёи туроси арабӣ, Берут, Лубнон.

24. Шарҳи Зарқонӣ бар Муваттаи Молик. Муҳаммад ибни Абдулбоқӣ ибни Юсуф Зарқонӣ, ношир Дорулкутуби илмия, Берут, Лубнон.

 

ЁСИН



[1] Сураи  Нисо, ояти 141  .

[2] Ҳамон, ояти  105 .

[3]  Ғурарулҳикам,  ҷ. 1, саҳ. 274

[4] Муъҷамулкабир, Табаронӣ, ҷ. 2, саҳ 324

[5]  Ғурарулҳикам,    ҷ. 2, саҳ.  345   

[6]  Муъҷамулкабир, Табаронӣ, ҷ.1,   саҳ. 7476.

[7]  Ҷомеулаҳодис, Суютӣ, ҷ. 5. саҳ.  464.

[8]  Шарҳи  Наҳҷулбалоға, ибни Абилҳадид,ҷ. 1. саҳ .  269  .

[9]  Кашфулғумма, ҷ.  2. саҳ.  . 109

[10] Шарҳи  Наҳҷулбалоға, ибни Абилҳадид.  ҷ.1, саҳ.  2520, хутбаи 146.

[11] Сунани Абудовуд, ҷ. 1,саҳ.  620, ҳадиси 2034 . Саҳеҳ  Бухорӣ, ҷ. 4, саҳ. 527,  ҳадиси 1870 .

[12] Мизонулҳикмат, саҳ. 440,  ҳадиси 4900 .

[13] Сунани  Байҳақӣ. ҷ.8, саҳ 28, ҳадиси 15682 .

 

[15] Муъҷамулкабир, Табаронӣ.  ҷ. 4.  саҳ. 25, ҳадиси 3547.

[16]. Ғурарулҳикам,  ҷ. 2, саҳ. 166.

[17]  Сухани Бузургон  ( Харқонӣ) .

[18].  Мизонулҳикмат, ҷ.1, саҳ. 64,  ҳадиси  147 .

[19].  Канзулуммол, ҷ. 3, саҳ. 480, ҳадиси 6480 .

[20]  Мизонулҳикмат, ҷ.1, саҳ.166  .

[21] Шарҳи Наҳҷубалоға, ибни Абилҳадид, ҷ.1, саҳ. 2520, хутбаи 146.

[22]. Cунани  Насоӣ, ҷ.1, саҳ. 374 , ҳадиси 3954. Канзул уммол, ҳадиси 1031 .

[23]. Мизонулҳикмат, ҷ. 2, саҳ. 281. Ҳадиси 1778 .

[24] Муснади Аҳмад  ибни Ҳанбал,ҷ. 2, саҳ. 312, ҳадиси 8118 . Шуабулимони  Байҳақӣ, ҷ. 7, саҳ. 509, ҳадиси 11155.

[25] Сунани  Тирмизӣ,  ҷ.4,  саҳ.  325, ҳадиси 1982.

[26]  Саҳеҳ Муслим, ҷ.4, саҳ.  3103.

[27]. Шарҳи  Наҳҷулбалоғаи ибни Абилҳадид,  ҷ.6, саҳ. 822.

[28] .Шарҳи  Наҳҷулбалоға, ибни Абилҳадид,  ҷ.6, саҳ. 3717.

[29] Шарҳи  Наҳҷулбалоға, ибни Абилҳадид,   ҷ. 6,  саҳ. 3717.

[30]  Сунани Дорамӣ, ҷ.2, саҳ. 387, ҳсдиси 2712 .

[31] Маолимулҳукума,  саҳ.   404.

[32]  Саҳеҳ  Бухори, ҷ.2, саҳ. 849, ҳадиси 2279 . Канзулуммол, ҷ.1,саҳ,177, ҳадиси  849 .

[33] Канзулуммол,  ҷ .9, саҳ . 94 , ҳадиси 25139 .

[34] Аттамҳид, фи Муватта,  Маони  ва Асонид  Қуртубӣ, ҷ. 21,  саҳ. 273  .

[35]  Наҳҷулфасоҳа, ҳадиси 2769  .

[36]  Самарқандӣ, Баҳрулулум, ҷ.4, саҳ. 91.     Тафсири Табарӣ, ҷ. 21, саҳ. 483 .

[37] Табаронӣ,  ҷ.12, саҳ. 440, ҳадиси 13604.

[38] Ҷамъулҷавомеи кабир,  Суютӣ, ҷ.6, саҳ. 20516, ҳадиси 358.

[39]  Мизонулҳикмат, ҷ.1, саҳ. .446

[40] Шарҳи Зарқони  бар Муваттаӣ Молик,   ҷ.4,  саҳ. 321.

[41] Шарҳи Наҳҷулбалоға, ибни Абилҳадид, ҷ.  6, саҳ. 308 .

[42]  Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ.8, саҳ. 23, ҳадиси 6065 . Шарҳи  Саҳеҳ  Муслим, ҷ.16 , саҳ.351,   354 .

[43]  Наҳҷулбалоға, хутбаби,121 .

[44]  Сунани Байҳақӣ, ҷ.6, саҳ. 92 . Шарҳи Саҳеҳ  Муслим, ҷ12, саҳ. 426. ҳдиси4650 .

[45]  Шарҳи Наҳҷулбалоға,  Ибни Абилҳадид, ҷ.1, саҳ.  204, хутби 5 .

 

 

 

 

 

 

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...