Васият ба фарзанд

Ҳазрати Алӣ(к) ба фарзандаш Имом Ҳасан(а) фармуд:

Писарам! Чаҳор чиз аз манд ёд гир (хубиҳо) ва чаҳор чиз аз ман ба ёд бисупор (ҳушдорҳо), ки бо ба кор бастани онҳо, ба ту зиён нарасонад [ё ҳар андоза, ки онро ба кор бандӣ зиён набинӣ].

(Хубиҳо): 1) Гиромитарин [ё бениёзкунандатарин] сарват, хирад аст 2) ва бузургтарин надорӣ бехирадӣ аст. 3) Ҳаросноктарин ваҳшат [ё танҳоӣ] худбинӣ аст 4) ва гиромитарин ҳасаб [арзиши хонаводагӣ] рафтори некӯст.

(Ҳушдорҳо): 1) Писарам! Аз дӯстӣ бо бехирад бипарҳез, чун ӯ мехоҳад туро сӯде бахшад, аммо зиён мерасонад.

2) Аз дӯстӣ бо бахил дурӣ кун, ки он чиро сахт ба он ниёзмандӣ аз ту дареғ дорад.

3) Аз дӯстӣ бо бадкор барҳазар бош, ки туро бо баҳои андак мефурӯшад.

4) Аз дӯстӣ бо дуруғгӯ канора гир, ки ҳамчун сароб аст, дурро дар дидаат наздик ва наздикро дур месозад.

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 38)

Охирин матолиб

Номҳои шаҳидони дашти Карбало

  Муқаддима Лозим ба зикр аст, ки номи ҳафтоду ду тане, ки дар ин навиштор омадааст, касоне ҳастанд, ки аз Мадинаи мунавара ҳамроҳи Имом Ҳусайн(рз)...

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони Имом Ҳусайн(рз) аст,...