Бахшиши Паёмбари Аъзам(с)

Шунидам, ки Тай дар замони Расул(с)

Накарданд маншури имон қабул

Фиристод лашкар, башири назир

Гирифтанд аз эшон гуруҳе асир

Бифармуд ба куштан ба шамшери кин

Ки нопок буданду нопокдин

Зане гуфт: Ман духтари Ҳотамам

Бихоҳед аз ин номвар ҳокимам

Карам кун ба ҷои ман эй муҳтарам

Ки мавлои ман буд аз аҳли карам

Ба фармони Пайғамбари некрой

Кушоданд занҷираш аз дасту пой

Дар он қавм боқӣ ниҳоданд теғ

Ки ронанд селоби хун бедареғ

Ба зорӣ ба шамшерзан гуфт зан

Маро низ бо ҷумла гардан бизан

Мурувват набинам раҳоӣ зи банд

Ба танҳову ёронам андар каманд

Ҳаме гуфту гирён бар ахвони Тай

Ба самъи Расул омад овози вай

Бибахшидаш он қавму дигар ато

Ки ҳаргиз накард аслу гавҳар хато

Саъдӣ

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...