Бартарини сураҳо аз назари маънавӣ кадоманд?

  

Бартарини сураҳо аз назари маънавӣ кадоманд?

   Ҳамаи сураҳо фазилат ва савоб дорад, вале хондани бархе аз сураҳо фазилати бештаре дорад, монанди

1. Сураи Ҳамд.Паёмбари Акрам(с) ин сураро Уммулкитоб, яъне асос ва зербинои Қуръон номидааст. Он Ҳазрат фармуданд: Сураи Ҳамд боарзиштарин захоири ганҷҳои арши Худованд аст.

2. Сураи Ихлос. Дар яке аз ривоятҳо мехонем:Ҳар кас сураи Тавҳидро бихонад гӯё як севвуми Қуръонро хондааст.

3. Сураи Бақара. Аз Паёмбар (с) пурсиданд, ки кадом яке аз сураҳои Қуръон аз ҳама бартар аст.Фармуд: Сураи Бақара. Гуфтанд:Кадом оят аз оятҳои сураи Бақара фазилаташ бештар аст? Фармуд:Оятулкурсӣ.

4. Сураи Ёсин. Оё медонед қалби Қуръон кадом сура аст? Паёмбар(с) фармуд: Ҳар чизе қалбе дорад ва қалби Қуръон сураи Ёсин аст.

Ҳамчунин фармуд: Ҳар кас сураи Ёсинро бихонад хайри дунёву охират ӯро фаро мегирад ва шарри дунёва тарсҳои охират аз ӯ дур мешавад.

Охирин матолиб

Мусулмонони ҳақиқӣ

Паёмбари Аакрам (с) мефармоянд: مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ، كَمَثَلِ الْجَسَدِ إِذَا اشْتَكَى مِنهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الجَسَدِ بِالسَّهَرِوَالْحُمَّى Мусулмонони ҳақиқӣ дар дӯстӣ,...

Табрики моҳи шарифи Рамазон

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба ҳамаи шумо муборак бод! Дар ин моҳи муборак ба ҳамаи шумо афкори пок, амали нек, рушди доимӣ ва маънавӣ, хушбахтӣ,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *