Аҳамияти нақши муаллим дар таълиму тарбият

Муқаддима

Муҳити гарм ва самимонаи хона, аввалин мактаби фарзандонаст. Волидайн бо поён овардани арзишҳои ахлоқӣ ва илоҳӣ нақши муҳимме дар тарбияти фарзандон ва парвариши шахсияти ахлоқӣ ва иҷтимоии онон доранд.

Ҷомеа мактабро барои анҷом додани рисолати тарбиятӣ ба вуҷуд овардааст. Бинобар ин нақши мактаб низ дар тарбияти шогирдон бисёр аҳамият дорад. Дарс хондан фақат бахши кӯчаке аз тарбият дар мактаб аст ва шогирдон, бахусус дар давраи навҷавонӣ ба тарбияти амиқи ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ ниёз доранд, ки бояд дар мактаб анҷом гирад.

Ҳазрати Алӣ(а) дар бораи шеваи тарбиятии паёмбарон мефармояд:

[1]»و یثیروا لهم دفائن العقول»

Паёмбарон ганҷинаҳои пинҳон ақлҳои мардумро барангехта ва ошкор мекарданд.

Ва низ он бузургвор мефармоянд: “Бояд таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ин кӯдаке, ки дар назди шумо тарбият мешавад, тарбияти динӣ бишавад, тарбияти ахлоқӣ бишавад. Агар як баччаи мутадаййинро шумо таҳвили ҷомеа бидиҳед, як вақт мебинед ҳамин як инсони мутадаййини мутааҳҳид як ҷомеаро ислоҳ мекунад. Як фард мумкин аст як ҷомеаро ислоҳ бикунад; бинобар ин, агар худой накарда ин бачча аз домани шумо дуруст тарбият нашавад, аз таҳти тарбияти шумо, ки муаллим ҳастед тарбият нашавад мумкин аст як инсон як ҷомеаро фосид бикунад ва шумо масъул бошед”.[2]

Аз ин суханони имом Алӣ(а) чунин фаҳмида мешавад, ки муаллимон нақши муҳимме дар таълиму тарбияти ҷавонон доранд ва инҳо ҳастанд, ки ҷомеаи ояндаро барномарезӣ мекунанд, яъне дар воқеъ ояндаи як ҷомеа ва як миллат дар дасти ҳамин муаллимон аст ва инҳо ҳастанд, ки сарнавишти ҷомеаро рақам мезананд. Лизо масъулияти муаллимон танҳо дар интиқоли матолиби дарсӣ ба шогирдон хулоса намешавад. Бисёре аз ин дарсҳо ҷавобгӯи ниёзҳои парваришии онҳо нест, зеро ба ақидаи соҳибназарон омӯзиш бояд ба сурате бошад, ки дар тарзи тафаккур ва ақоиди шогирдон низ тағйироте ба вуҷуд оварад то сабаби “эҷоди рушди ақлонӣ ва ахлоқӣ гардад, ки ҳамоно охирин ҳадафи таълиму тарбият аст”.[3]

Имом Хумайнӣ(рҳ) ҳам шуғли муаллимонро шуғли Худо ва пайғамбарон медонанд, ки мардумро ислоҳ мекунанд, эшон мӯътақиданд, ки агар як нафар ба дасти шумо ислоҳ шавад, он як нафар метавонад як ҷомеаро ислоҳ кунад ва баръакс, агар як нафар ба дасти шумо фосид шавад, мумкин аст, як ҷомеаро ба фасод бикашонад ва шумо дар баробари онҳо масъулед. “Шумо муаллимин як шуғли бисёр шариф доред, ки ҳамон шуғли Аллоҳ аст; ҳамон шуғли анбиёст. Як масъулияти бисёр бузург доред, ки ҳамон масъулияти анбиёст”.[4]

Барои расидан ба ин ҳадаф, муаллимон бояд ба шогирдон кӯмак кунанд то арзишҳои вуҷудии худро бишносанд ва дар роҳи феълият бахшидан ба истеъдодҳои созандае, ки доранд, кушиш кунанд. Аммо инҳо ҷуз аз роҳи ошноии муаллимон ба масоили тарбиятӣ, равонӣ ва иҷтимоии навҷавонон анҷом намегирад.

М Раҳимӣ

[1]Наҳҷулбалоға, хутбаи аввал.

[2]Ҳамон.

[3] Маҷмуаи осори устод шаҳид Мутаҳҳарӣ, ҷ.8, саҳ.428; Алии Шариатмадорӣ, Усул ва фалсафаи таълиму тарбият, саҳ.21.

[4] Саҳифаи нур, ҷ.9, саҳ.293

Share on facebook
Share on twitter
Share on vk
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email
Share on print

Охирин матолиб

Чаро Қуръон комилтарин китоб аст?

Дӯст дорам пеш аз посух додан чанд савол аз шумо бипурсам: -Агар китоберо як доинишманд бинависад, комилтар аст, ё фарди ғайри донишманд?

Азизтарин мардум назди Расули Худо(с)

Ислом динест, ки барои ҳидоят ва нишон додани роҳи саҳеҳи зиндагӣ ба инсонҳо омадааст ва дастуроти он бар рӯи муҳаббат ва отифаи инсонӣ гузошта шудааст....

Ҳазрати Фотима (рз):

أَزْهَدُ النَّاسِ مَنْ تَرَكَ الْحَرَامَ أَشَدُّ النَّاسِ اجْتِهَاداً مَنْ تَرَكَ الذُّنُوبَ  Зоҳидтарини мардум касе аст, ки ҳаромро тарк кунад, кӯшотарини мардум касе аст, ки гуноҳонро...

Дуои ҳазрати Фотимаи Заҳро(рз)

Садои нарми ҳазрати Фотимаи Заҳро (Саломи Худо бар ӯ бод) ба гӯш мерасид. Имом Ҳасан (Саломи Худо бар ӯ бод) порчаи нозукеро, ки рӯи сараш...

Тарҷумаи сураи Бақара

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 286 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар 1               Алиф, Лом, Мим. (Бузург аст Худованде, ки ин китоби...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *