АХЛОҚИ ВАРЗИШКОРИ МУСУЛМОН

Даромад

  Саъю талоши мо дар ин силсиламатолиб бар ин аст, ки  битавонем сифатҳои ахлоқии як варзишкори мусулмонро, агарчи хеле кӯтоҳ, баён кунем. Дар дини Ислом аҳамият додан ба ҷисм лозим аст, вале бадан асл ва ҳадаф нест. Ончи дар Ислом ҳадаф ва арзиш дорад ҷанбаи маънавии инсон аст ва инсон бо истифода аз он худро ба камоли инсонӣ мерасонад.

   Барои як варзишкори мусулмон лозим аст бо дастурҳои дини Ислом амал кунад. Худро бо сифатҳои ахлоқи некӯ ороста созад. Буъди маънавии худро қавӣ намояд то ба саодати дунявӣ ва ухравӣ ноил гардад.  Барои ба даст овардани ахлоқи як варзишкори мусулмон кофӣ аст, ки худи варзишкорон як бор ба зиндагии Расули Худо ҳазрати Муҳаммад (с) ва шери Худо ҳазрати Алӣ (а) нигоҳ кунанд, ки он бузургворон бо доштани қудрати фавқулоддаи ҷисмонӣ  чӣ вижагӣ ва ахлоқе доштанд.

Сифатҳое, ки барои варзишкорони азиз баён хоҳем кард иборатанд аз:

 Тарс аз Худо, ки мояи саодат ва камол аст .

Шокир ва собир будан , ки сабаби фузунии неъмат аст.

Интихоби улгу ва сармашқи муносиб, ки боиси ҳидояти инсон аст.

Дониш ва биниш,  талошу кӯшиш, таваккул бар Худо, ҳилму сабру бурдборӣ , дурӣ аз  кибру   ғурур, ва ғайра .

Умедворем, ки ин навиштаҳо барои варзишкорон ва варзишдӯстон роҳкушо бошад.

Таҳияи Ҳақдоди Маърифат

 

Охирин матолиб

Шаъбон моҳи Расули Акрам(с)

Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ будааст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст, ки инсонро...

Усули тарбияти исломӣ (3)

Усули тарбияти исломӣ3 Таълиму тарбият ва мутахаллиқ кардани инсонҳо ба ахлоқи исломӣ ва инсонӣ ҳадафи бузурги Паёмбари Ислом (с) будааст, то ҷое ки он ҳазрат...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *