Арзишҳои инсон 4

… 8)    Ӯ аз виҷдони ахлоқӣ баҳраманд аст ва ба ҳукми илҳоми фитрӣ хубу бади корҳоро дарк мекунад:
Савганд ба нафси инсон ва он ки ӯро сомон дод, пас покиҳо ва нопокиҳоро ба ӯ илҳом кард.
9)    Ӯ ҷуз бо ёди Худо бо чизи дигаре ором намегирад. Хостаҳои ӯ бепоён аст ва ба ҳар чизе бирасад аз он серу дилзада мешавад магар он ки ба зоти беҳадду ниҳоят (Худо) бипайвандад:
Ба дурустӣ, ки танҳо бо ёди ӯ дилҳо ором мегирад.
Эй инсон! Ту ба сӯи Парвардигори худ бисёр талошкунанда ҳастӣ ва саранҷом ӯро дидор хоҳӣ кард.
10)    Неъматҳои замин барои инсон офарида шудааст:
Ба дурустӣ Ӯст, ки он чи дар осмону замин аст барои шумо офарид.
Он чи дар онсмонҳову замин аст дар ихтиёри ӯ қарордодааст (пас ӯ ҳаққи баҳрагирии писандида аз ҳамаи инҳоро дорад).
11)    Ӯро барои ин офарид, ки танҳо Худои худро парастиш кунад ва фармони ӯро анҷом диҳад. Пас вазифааш итоати амру фармони Худост:
Қатъан ҷинну инсро наёфаридем магар барои ин ки маро парастиш кунанд.
12)    Ӯ танҳо худро бавасилаи парастиш ва ёди Худои худ мешиносад. Агар Худои худро фаромуш кунад худро фаромуш мекунад ва намедонад чикасе ҳаст ва барои чи ҳадаф офарида шудааст ва чибояд кунад ва бакуҷо бояд равад:
Аз онҳое набошед, ки Худоро фаромуш карданд ва Худованд, худашонро аз ёди худашон бурд.
13)    Вақтеки ӯ аз ин ҷаҳон равад ва пардаи тан, ки ҳиҷоби чеҳраи ҷон аст дур афканда шавад, бисёре аз ҳақиқатҳои пӯшида, ки имрӯз бар ӯ пинҳон аст ошкор мегардад:
Пардаро канор задем, акнун дидаат тезбин аст.
14)    Ӯ танҳо барои масъалаҳои моддӣ кор намекунад ва ягона ҳаракатдиҳандаи ӯ ниёзҳои моддии зиндагӣ нест. Ӯ барои ҳадафҳои бисёр баланд талош мекунад. Ӯ мумкин аст, ки аз ҳаракату талоши худ ба ҷуз ризои Парвардигор чизи дигаре надошта бошад:
Эй ҷони оромёфта, бо итминону оромиш расида! Басӯи Парвардигорат боз гард, ки ту аз ӯ хушнуд ва ӯ аз ту хушнуд аст.
Худованд ба мардону занони боимон боғҳо ваъда кардааст, ки дар онҳо ҷӯйборҳо ҷорӣ аст. Ҳамеша дар онҷо хоҳанд буд ва ҳам хонаҳои покиза, аммо хушнудии Худо аз ҳамаи инҳо бартару болотар аст. Ин ҳамон комёбии бузург аст.
Бар асоси ончи гуфташуд аз дидгоҳи Қуръон инсон мавҷудест баргузидашуда азтарафи Худованд, халифа ва ҷонишини ӯ дар замин, нисфаш малакутӣ ва нисфаш моддӣ, баҳраманд аз сиришти худошинос, мустақиллу озод, амонатдори Худо ва масъули худ ва ҷаҳон, маҳор доштан бар табиату замину осмон, илҳомшуда ба хубию бадӣ, вуҷудаш аз заъфу нотавонӣ оғоз мешавад ва ба сӯи қуввату камол сайр мекунад ва боло меравад, аммо ба ҷуз бо ёди Худо ором намегирад, баҳраи илмию амалиаш беҳадду бениҳоят аст, аз шарофату каромати зотӣ баҳра мебарад, ҳадафҳояш гоҳе ҳеҷгуна ранги моддию табии надорад ва ҳаққи баҳрагирии писандида аз неъматҳои Худо ба ӯ дода шудааст, аммо дар баробари Худои худ вазифадор аст.

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...