Ановин, сураҳо ва оёти Қуръон

Ановин, сураҳо ва оёти Қуръон

Яке аз умури мусаллами улуми қуръонӣ ин аст, ки ваҳй ва паёмҳое, ки ба Паёмбари Акрам (с) аз ҷониби Худованд шудааст ба ду гуна аст: яке ваҳйи ҷаллӣ ва қуръонӣ, дуввум ваҳйи тавзеҳӣ ва баёнӣ. Қисми аввал ҳамон Қуръон аст, ки лафз ва маъно ҳар ду аз ҷониби Худост, аммо қисми дуввум аҳодис ва суннати Паёмбари Акрам (с) аст, ки маъно аз ҷониби Худо, аммо алфоз ва таобир аз тарафи Расули Акрам (с) мебошад.

Суюти аз қавли Ҷувайнӣ нақл мекунад, ки каломуллоҳи нозил ду гуна аст: гунае аз он чунон аст, ки Худованд ба Ҷабраил мегӯяд: Ба паёмбаре, ки ба сӯи ӯ меравӣ бигӯ: Худованд мефармояд: чунин ва чунон кун… ва дар ин қисм, алфоз ва ибороти хос дар миён нест. Аммо гунаи дигар аз каломуллоҳ ин аст, ки Худованд ба Ҷабраил мефармояд: ин китоби маро ба паёмбар бихон ва Ҷабраил низ каломи илоҳиро бидуни ҳеҷ дигаргунӣ ба Паёмбар мерасонад, ҳамонтавр, ки подошоҳе номае менависад ва ба як амин месупорад ва мегӯяд: ин номаро бар фалон шахс бихон, дар ин сурат он номарасон, калима ё ҳарфе аз онро тағйир намедиҳад.

Қуръон аз навъи дуввум аст ва навъи аввал ҳамон суннат аст, ба ҳамин ҷиҳат нақл ба маъно дар суннат ҷоиз аст, аммо дар Қуръон ҷуз ба қироати айни матн ҷоиз нест, зеро Ҷабраил (а) онро ба лафз овард ва эъҷози Қуръон ҳам дар ҳамон алфози муайяни Қуръон аст.[1]

Зарқонӣ мегӯяд: Ин пиндор, ки ваҳй муназзал бар Паёмбари Акрам (с) аз синхи маъно буда ва лафз ва таъбир аз Ҷабраил ё Паёмбар бошад, ботил ва муоризи сареҳи китоб, суннат ва иҷмоъ ва фоқиди камтарин эътибор аст.[2]

Асомии Қуръон

Қуръон сухани Худованд аст, ки бар ҳазрати Муҳаммад (с) нозил гашта, дар масоҳиф нигориш ёфта ва дар миёни муслимин ба сурати мутавотир манқул ва маҳфуз аст.[3]

Барои ин китоб бо истифода аз оёти карима то панҷову панҷ унвон зикр шудааст, аммо бояд миёни асоми ва авсофи Қуръон ҷудо намуд. Барои ин каломи раббонӣ чаҳор исм дар Қуръон ба кор рафтааст, ки иборатанд аз:

  1. Қуръон: ﴿ بَلْ هُوَ قُرْآنٌ مَّجِيدٌ[4] “(Ин оёт, сеҳр ва дуруғ нест,) балки Қуръони боазамат аст…”
  2. Китоб: ﴿ كِتَابٌ أَنزَلْنَاهُ إِلَيْكَ مُبَارَكٌ لِّيَدَّبَّرُوا آيَاتِهِ وَلِيَتَذَكَّرَ أُولُو الْأَلْبَابِ[5] “Ин китобе аст пурбаракат, ки бар ту нозил кардаем, то дар оёти он тадаббур кунанд ва хирадмандон мутазаккир шаванд!”
  3. Зикр: [6]﴿ إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ “Қуръонро нозил кардем ва мо ба таври қатъ нигаҳдори онем!”
  4. Фурқон: ﴿ تَبَارَكَ الَّذِي نَزَّلَ الْفُرْقَانَ عَلَىٰ عَبْدِهِ لِيَكُونَ لِلْعَالَمِينَ نَذِيرًا[7] “пурбаракат аст зоте, ки Қуръонро бар бандааш нозил кард, то бимдиҳандаи ҷаҳониён бошад.”

Аз миёни ин чаҳор исм, китоб, зикр ва фурқон илова бар Қуръон барои кутуби осмонии дигар низ ба кор рафтааст,[8] аммо унвони Қуръон ба сурати исми хос танҳо барои ин китоби осмонӣ истеъмол шудааст.

Дар бораи реша ва маънои Қуръон қавлҳои гуногун зикр шудааст, вале машҳур ин аст, ки Қуръон калимаи маҳмуз (ҳамзадор) аз қараа ба маънои тиловат ва қироат гирифта шуда ва масдаре аст ба маънои исми мафъул.[9]

Бақия унвонҳо аз сифоти Қуръон маҳсуб мешаванд, на исмҳои он. Бархе аз сифоти машҳури Қуръон иборатанд аз: танзил,[10] маҷид,[11] ҳадис,[12] карим,[13] ҳаким,[14] муҳаймин,[15] нур,[16] азим,[17] азиз,[18] муборак[19], мубин[20] ва ҳабл.[21]

Албата бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки унвони “мусҳаф” дар садри Ислом ва баъд аз реҳлати Расули Акрам (с) барои “Қуръони мактуб” ва ҷамъоваришуда матраҳ гардид.[22] Он замон ки аввалин бор дар аҳди халифаи аввал Қуръонро дар суҳуф ва авроқе ҷамъоварӣ намуданд ва аз миёни номҳои гуногуне ки пешниҳод гардид унвони “мусҳаф” ки тавасути саҳобаи ҷалилулқадр Абдуллоҳ ибни Масъуд (рз) пешниҳод гардида буд, мавриди писанд воқеъ гардид.

Ибни Аштаҳ дар ин маврид мегӯяд: вақте Қуръон ҷамъоварӣ шуд, дар мавриди номгузории он баҳс шуд; иддае номи “Инҷил” ва иддае номи “Сифр”-ро пешниҳод доданд, ки мавриди мувофиқат воқеъ нашуд; Ибни Масъуд, ки дар онҷо ҳузур дошт, гуфт: Ман замоне ки ба Ҳабаша рафта будам, дар онҷо китобе дидам, ки онро “суҳуф” мехонданд; аз ин рӯ, номи “Мусҳаф” барои Қуръон интихоб шуд.[23] Албата дар нақли дигаре ба ҳамин мазмун, ин сухан ба Солим Мавло Абиҳузайфа нисбат дода шудааст.

Сураҳои Қуръон

﴿ سُورَةٌ أَنزَلْنَاهَا وَفَرَضْنَاهَا وَأَنزَلْنَا فِيهَا آيَاتٍ بَيِّنَاتٍ لَّعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ[24]

“(Ин) сурае аст, ки онро фурӯ фиристодем, ва (амал ба онро) воҷиб намудем, ва дар он оёти рӯшане нозил кардем, шояд шумо мутазаккир шавед!”.

Сура, ки ҷамъи он “сувар” аст ба маънои баландӣ, улув ва манзалат аст.[25]

Аз онҷо ки сура каломи Худованд аст, дорои шарофати воло ва манзалати рафиъ аст; ва ё онки қироат ва тиловати он сабаби рафъати шаън ва бартарии мақоми қорӣ мегардад.

Бархе онро аз “сувар” ба маънои девори баланди гирдогирди шаҳр донистаанд; зеро ҳар сура оётеро дар бар гирифта ва ба он иҳота дорад, монанди ҳисори шаҳр, ки хонаҳоро дарбар гирифтааст.[26]

Дар истилоҳи тафсир ва улуми қуръонӣ ба маҷмӯае аз оёт гуфта мешавад, ки бо “басмала” аз ҳамдигар ҷудо мешаванд ва дорои сохтор вижа ва ҳадафи хос мебошанд. Камтарин шумораи оёт дар як сура се оят аст, монанди сураҳои Кавсар ва Аср ва бештарини онҳо 286 оят аст, яъне сураи Бақара.

Қуръон бо 114 сура нозил шуда ва ба ҳамин сурати феълӣ, на кам ва на зиёд аз тариқи Паёмбари Акрам (с) бо нақли саҳоба ва тобеин ба мо расидааст, ин адад мутавотир аст; зиёд бар ин фоқиди эътибор ва камтар аз ин фоқиди далел аст.[27]

Тақсими Қуръон ба сураҳо ва тақсими сураҳо ба оёт аз ҷониби Худованди ҳаким хатман дорои асроре аст, ки суҳулат дар фарогирӣ ва ҳифз, маҳфуз мондани Қуръон аз таҳриф, баёни эъҷози Қуръон ҳато дар сураҳои кучак, метавонад бахше аз он бошад.

Нахустин сураи комиле, ки ба Расули Худо (с) нозил гардид сураи Ҳамд аст ва ба ҳамин хотир ба фотиҳатул китоб машҳур шудааст ва охирин сураи комил, сураи “Наср” аст. [28]

Нахустин сураҳои Қуръон дорои як ё чанд номи тавқифӣ аст, ҳамчунон ки мумкин аст бархе аз номҳои сураҳо ба хотири муносибате бо муҳтаво ё достони он сура дар тӯли таърих тааюн ёфта бошад.[29]

Аз гуфтори бархе донишмандон ба даст меояд, ки тартиби сураҳо ба шакли кунунӣ дар даврони Паёмбари Акрам (с) иттифоқ афтодааст, чаро ки Қуръон дар лавҳи маҳфуз ба ҳамин сурате, ки дар масоҳифи феълии мо вуҷуд дорад, навишта шуда буд.[30]

Аммо бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки тартиб ва танзими сураҳои Қуръон (на чиниши оёт дар зимни сураҳо) тавасути асҳоби мукарам баъд аз риҳлати Расули Акрам (с) аз умури мусаллами таърих аст, ҳар чанд ки ин иҷтиҳод дар теъдоди андаке аз сураҳо иттифоқ афтода бошад.

Албата метавон иҷтиҳоди саҳобаро дар тартиби кунунӣ сураҳо нашъатгирифта аз ривояти Расули Акрам (с) донист, ки ба сурати марфуъ нақл шудааст:

أعطیت السبع الطِّواَل مکان التوراة، و أعطیت المئین مکان الإنجیل، و أعطیت المثانیَ مکان الزّبور، و فُضّلتُ بالمفضّل”.[31]

“Ба ҷои Таврот ҳафт сураи бузурги Қуръон ва ба ҷои Забур, сураҳои садгона ва ба ҷои Инҷил масонӣ (сураҳое, ки бисёр хонда мешавад) бар ман эъто шуда ва бартарӣ ёфтам бар аътои муфассалот (сураҳои кутоҳ, ки мукаррар бо бисмиллоҳ аз ҳам ҷудо мешавад)”.

Оёти Қуръон

Роғиби Исфаҳонӣ менависад:

الآیة هی العلامة الظاهرة[32]

Оят ба маънои аломат ва нишонаи рӯшан аст.

Ҳар ояте аз Қуръон нишонае бар дурустии сухани Ҳақ Таоло аст. Ҷоҳиз гӯяд: “Худованд китоби худро (куллан ва баъзан) бар хилофи шеваи араб номгузорӣ кард. Тамоми онро Қуръон номид, чунон ки араб маҷмӯи ашъори як шоири арабро девон мегӯяд: қисмате аз онро сура номид, монанди қасидаи девон ва қисмате аз сураро оят номид, ҳамонанди ҳар байт дар қасида”.[33]

Истилоҳи оят барои қисмате аз сура дар асри Паёмбари Акрам (с) роиҷ ва мутаораф будааст. Дар Қуръон омада:

﴿ إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ اللَّهُ وَجِلَتْ قُلُوبُهُمْ وَإِذَا تُلِيَتْ عَلَيْهِمْ آيَاتُهُ زَادَتْهُمْ إِيمَانًا وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ[34]

“Мӯъминони ҳақиқӣ касоне ҳастанд, ки ҳар гоҳ номи Худо бурда шавад, дилҳояшон тарсон мегардад ва ҳангоме ки оёти Ӯ бар онҳо хонда мешавад, имонашон фузунтар мегардад ва танҳо бар парвардигорашон таваккул доранд”.

Аз Абдлуллоҳ ибни Масъуд (рз) нақл шуда ки мегуфт: “Мо даҳ оят- даҳ оят аз Паёмбари Акрам (с) меомӯхтем ва баъд аз ҳифз ва амал ба онҳо, даҳ ояти дигар фаро мегирифтем”.[35]

Лозим ба тавзеҳ аст, ки дарбаргирии ҳар сура бар теъдоди оят ва тартибу чиниши оёти Қуръони карим, як амри тавқифӣ аст ва каму зиёд будани оятҳои ҳар сура бо дастури хоси Паёмбари Акрам (с) анҷом гирифта ва ҳамчунон бидуни дахлу тасарруф боқӣ аст ва дар ин амр, сирре нуҳуфтааст, ки марбут ба эъҷози Қуръон ва таносуби оёт мебошад.

Ҷалолиддин Суютӣ мегӯяд:

و امّا الجمع الآخر و هو جمع الآیات فی السور، فهو توقیفی تَولّاه النبی، کما أخبر به جبرئیل عن امر ربه[36]

Ҷамъи дигар, ҷамъи оёт дар дохили сураҳост, ки он тавқифӣ ва бо назорати Расули Акрам (с) бар асоси дастури Худованд ва хабари Ҷабраил сурат гирифтааст.      

Аввалин оёте ки ба Паёмбари Акрам (с) нозил гардид панҷ ояти аввали сураи муборакаи Алақ аст[37] ва охирин ояти нозил бар он ҳазрат ояти 281 сураи муборакаи Бақара мебошад:

﴿وَاتَّقُوا يَوْمًا تُرْجَعُونَ فِيهِ إِلَى اللَّهِ ثُمَّ تُوَفَّىٰ كُلُّ نَفْسٍ مَّا كَسَبَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ

“Ва аз рӯзе бипарҳезед (ва битарсед), ки дар он рӯз, шуморо ба сӯи Худо боз мегардонанд, сипас ҳар кас, он чи анҷом дода, ба таври комил бозпас дода мешавад ва ба онҳо ситам нахоҳад шуд. (Чун ҳар чи мебинанд, натоиҷи аъмоли худашон аст)”.[38]

Дар мавриди теъдоди оёти Қуръон бо таваҷҷӯҳ ба аломатгузориҳои Қуръон ихтилофи ақвол вуҷуд дорад, ки саҳеҳтарини онҳо рақами 6236 оят аст.[39]

 


[1] . Ал-итқон фи улумил Қуръон, навъи 16, бо андаке талхис.

[2] . Маноҳилул ирфон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.50 ва 51.

[3] . Омудӣ, Али ибни Аҳмад, Ал-иҳком фи усулил аҳком, ҷ.1, с.82.

[4]. Буруҷ, ояти 21.

[5]. Сод, ояти 29.

[6]. Ҳиҷр, ояти 9.

[7]. Фурқон, ояти 1.

[8]. Бақара, ояти 53 ва 87; Оли Имрон, ояти 48; Анъом, ояти 20 ва 154; Марям, ояти 30 ва Анбиё, ояти 105.

[9]. Ал-муфрадот ли алфозил Қуръон, моддаи қараа.

[10]. Ёсин, ояти 5; Шуаро, ояти 192; Исроъ, ояти 106; Инсон, ояти 23.

[11]. Қоф, ояти 1.

[12]. Зумар, ояти 23; Каҳф, ояти 6; Наҷм, ояти 59 ва 60; Тур, ояти 34.

[13]. Воқеа, ояти 77.

[14]. Ёсин, ояти 2; Оли Имрон, ояти 58.

[15] . Моида, ояти 48.

[16] . Аъроф, ояти 158.

[17] . Ҳиҷр, ояти 87.

[18]. Фуссилат, ояти 41.

[19]. Анбиё, ояти 50; Анъом, ояти 92 ва 155; Сод, ояти 29.

[20]. Ҳиҷр, ояти 1.

[21]. Оли Имрон, ояти 103.

[22]. Иллати шуюи “мусҳаф” пас аз реҳлати Расули Акрам (с) масъалаи китобат ва нигориши Қуръон буд. Саҳифа ба чизе, ки густарда бошад итлоқ мешавад ва ба авроқе, ки рӯи он менавиштанд саҳифа мегуфтанд ва мусҳаф маҷмӯаи аз саҳифаҳои навишташуда аст, ки байни ду ҷилд қарор гирифта бошад. Ҳар чанд калимаи суҳуф дар Қуръон омадааст (монанди, Абас:13 ва Аъло 18 ва 19) аммо дар ҳеҷ маврид ба маънои Қуръони мактуб ва мусталаҳ зикр нашудааст.

[23] . Заркашӣ, Ал бурҳон, фи улумил Қуръон, с.281; Суютӣ, Ал-итқон фи улумил Қуръон, с.58.

[24] . Нур, ояти 1.

[25] . Ибни Форис мегӯяд: السین و الواوُ و الرّاء اصلٌ یَدُلّ علی عُلوّ و ارتفاع.

[26]. Роғиби Исфаҳонӣ гӯяд: سورُ المدینه؟ حائطها المشتمل علیها یب سوره القرآن تشبهاً بها لکونه محاطاً بها احاطة السور بالمدینه.

[27]. Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.287.

[28] . Нақли Ибни Аббос (рз).

[29] . Заркашӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Ал-бурҳон фи улумил Қуръон, ҷ. 1, навъи 14.

[30] . Ал-бурҳон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.331. Ин дидгоҳро иртибот ва таносуби оёти поёнии ҳар сура ва оёти оғозини сураи баъдӣ таъйид мекунад, ҳар чанд, ки ин мавзӯъро наметавон миёни тамоми сувари Қуръон ба тасвир кашид.

[31] . Ал-бурҳон фи улумил Қуръон, ҷ.1, навъи 14, с.341.

[32]. Ал-муфрадот ли алфозил Қуръон, ҷ.1, с.101.

[33] . Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.143.

[34] . Анфол, ояти 2.

[35] . Табарӣ, Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеул баён фи тафсирил Қуръон, ҷ.1, с.88.

[36] . Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, навъи 18.

[37] . Саҳеҳул бухори, ҷ.1, с.3; Ибни Қушайрии Нишобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳул муслим, ҷ. 1, с.97.

[38] . Албата бархе оёти 280 ва бархе 282-и Бақараро охирин оёт донистаанд, ки бо ҳам қобили ҷамъ аст. Бархеи дигар аз донишмандон ояти сеюми сураи муборакаи Моидаро, ки дар Ҳаҷҷатулвидоъ нозил гашт охирин оят донистаанд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба шавоҳиди қатъии таърихӣ мабни бар истимрори ваҳй то охирин аёми риҳлати Расули Акрам (с) ин эҳтимол баид ба назар мерасад. (Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.87; Маноҳилул ирфон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.97-100).

[39] . Рӯҳонӣ, Маҳмуд, Ал-муъҷамул иҳсои ли алфозил Қуръонил карим, ҷ.1, с.25 ва Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ. 1, с.189-190.

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...

Одоби тиловати Қуръони Карим

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...