ТАҚДИМ БА ОШИҚОНИ РИСОЛАТ ДАР МВЛУДИ БАРТАРИН РАҲМАТ(С)

Тобиши нури ҷаҳон фархунда бод,

Рафтани ҷаҳлу гумон фархунда бод

Зодрӯзи он шаҳи меъроҷу он,

Иллати ҳафт осмон фархунда бод

 Ҳафтаи «Ваҳдат» нишони якдилист,

Фитнарӯбиҳои он фархунда бод

Дасти ваҳдатро ба дасти ҳам диҳем,

Дӯстии якдилон фархунда бод

Чашми душман зин муҳабат кӯр бод,

Кӯрии он фитнарон фархунда бод

Байти охирро нисори ошиқон,

Мекунем кин идатон фархунда бод

Зодрӯзи «Хотами пайғамбарон»,

Бар тамоми ошиқон фархунда бод.

 

ЁСИН

 

Охирин матолиб

Коркарди ақл дар дини Ислом Ақл дар дини Ислом, дар фаҳм ва шинохтани ҳақиқат ва зиндагии худо писанд нақши бисёр ҳаётӣ дорад. Ақл дорои чандин...

Мусулмонони ҳақиқӣ

Паёмбари Аакрам (с) мефармоянд: مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ، كَمَثَلِ الْجَسَدِ إِذَا اشْتَكَى مِنهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الجَسَدِ بِالسَّهَرِوَالْحُمَّى Мусулмонони ҳақиқӣ дар дӯстӣ,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *