Плюрализм гуногунфикрӣ аз манзари Ислом 2

… Даъвати аҳли китоб ба Ислом

Акнун дар ин ҷо ба оёте аз Қуръон ишора мекунем, ки комилан плюрализм (яъне тааддуди адёни ҳақ дар як замон)-ро рад мекунанд

.

1- Эй аҳли китоб! Паёмбари мо пас аз фосила ва фатрате (замоне, ки миёни ду паёмбар бошад) миёни паёмбарон ба сӯи шумо омад, дар ҳоле ки ҳақоиқро барои шумо баён мекунад то мабодо бигӯед »на башоратдиҳандае ба суроғи мо омад ва на бимдиҳандае« ҳамакнун (паёмбари) башоратдиҳанда ва бимдиҳанда ба сӯи шумо омад, ва Худованд бар ҳар чизе тавоно аст (сураи Моида, ояти 19).

2- Эй касоне, ки китоби осмонӣ ба шумо дода шуда буд! Ба он чи (бар паёмбари худ) нозил кардем (ва ҳамоҳанг бо нишонаҳое, ки назди шумо аст) имон биёваред пеш аз он ки сурати (инсонии) гурӯҳеро маҳв кунем сипас ба пушти сар боз гардонем ё онҳоро аз раҳмати худ дур созем. Ҳамон гуна, ки асҳоби сабт (гурӯҳе аз табаҳкорони бани Исроил)-ро аз раҳмати худ дур сохтем ва фармони Худо дар ҳар ҳол анҷомшуданӣ аст. (сураи Нисо, ояти 47)

Аз муҳтавои оёти зикршуда ба ин натиҷа мерасем, ки замони ҳукмронии дини Масеҳият ва Яҳудият ба поён расидааст ва иродаи Худованд бар ин аст, ки танҳо роҳи наҷот ва растагории башар дар дини Ислом бошад.

Охирин матолиб

Ҳасодат офати дин ва дӯнё

Ҳасад ҳолатест, ки инсон аз дидани неъмати дигарон нороҳат мешавад ва  ранҷ мебарад ва орзӯ мекунад, ки он неъмат аз онҳо гирифта шавад[1], ҳатто агар...

Коркарди ақл дар дини Ислом Ақл дар дини Ислом, дар фаҳм ва шинохтани ҳақиқат ва зиндагии худо писанд нақши бисёр ҳаётӣ дорад. Ақл дорои чандин...

Мусулмонони ҳақиқӣ

Паёмбари Аакрам (с) мефармоянд: مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ، كَمَثَلِ الْجَسَدِ إِذَا اشْتَكَى مِنهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الجَسَدِ بِالسَّهَرِوَالْحُمَّى Мусулмонони ҳақиқӣ дар дӯстӣ,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *