ВИДОЪ БО МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН

Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ мегӯяд: Дар ҷумъаи охири моҳи рамазон назди пайғамбар (с) рафтам, ҳангоме ки он ҳазрат маро диданд, фармуданд: Эй Ҷобир! Ин ҷумъа охири моҳи рамазон аст. Пас бо он видоъ кун ва бигӯ: «Худоё! Ин рамазонро охирин рузаи мо қарор надеҳ ва агар чунин муқаррар намудӣ, моро мавриди раҳмати худ қарор деҳ ва маҳрумамон насоз». Баъд фармуданд: ҳаркас инро бигӯяд ба яке аз ду амри неку мерасад: ё онки тули умр меёбад ва моҳи рамазони баъдиро дарк мекунад ва ё онки мавриди бахшиш ва раҳмати Худо қарор мегирад.[1]

Омурзиш дар ин моҳ

  Моҳи меҳмонии Худо, моҳи омурзиш ва поки аз гуноҳон аст. Бинобар ин имом Саҷҷод (а) дар видоъ бо ин моҳи муборак мефармоянд: «Дуруд бар ту эй ҳамсояе, ки дилҳо бар асари ибодат ва бандаги дар он нарм ва фурутан гардид ва гуноҳон бар асари омурзиш ва афви Худои Бузург дар он кам шуд. Дуруд бар ту! Чи бисёр гуноҳонро нобуд кардӣ ва чи бисёр бадиҳоро пушондӣ».

Меҳмони бе заҳмат

  Имом Саҷҷод дар қисмате аз дуои моҳи рамазон мефармояд: «Салом бар ту, ки ҳангоми видоъ мо эҳсоси хастаги накардем». Он ҳазрат дар қисмати дигаре аз ин дуо мефармояд: «Салом бар ту! Пеш аз онки биёйи, мо мунтазират будем ва акнун ҳам ки мехоҳи бирави, моро ғамгин кардаӣ. Салом бар ин меҳмони гаронқадре, ки ба баракати он Худованд бисёре аз балоҳоро аз мо бардошт ва хеле аз баракотро ба мо бахшид».

Видои ҷонсӯз

  Имом Саҷҷод (а) дар бахше аз дуои видои моҳи рамазон мефармоянд: «Акнун ин моҳ баъд аз онки бапоён расид, аз мо ҷудо шуд ва танҳоямон гузошт ва мо ин моҳро видоъ мекунем».[2] Видоъ бо ин моҳ видоъи сахте аст, ки аҳли рамазонро ғамгин мекунад. Аҳли маъно дар ин моҳ хайрашон бештар шуд ва касонеки гирифтори гуноҳ буданд дар ин моҳ гуноҳашон камтар шуд.

   Пас бо моҳе видоъ мекунем, ки рафтанаш барои мо сахт аст ва ғамгинамон мекунад. Моҳе, ки моҳи раҳмат Худованд буд ва ҳар лаҳзааш, хайре барои мо бавуҷуд меовард.

Худоё! Ин рамазонро, рамазони охири умри мо қарор мадеҳ.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 



[1] . Баҳор-ул-анвор, ҷ 98, саҳ 172.

[2] . Саҳифаи Саҷҷодия, дуои чиҳилу панҷум.

 

Охирин матолиб

Ҳасодат офати дин ва дӯнё

Ҳасад ҳолатест, ки инсон аз дидани неъмати дигарон нороҳат мешавад ва  ранҷ мебарад ва орзӯ мекунад, ки он неъмат аз онҳо гирифта шавад[1], ҳатто агар...

Коркарди ақл дар дини Ислом Ақл дар дини Ислом, дар фаҳм ва шинохтани ҳақиқат ва зиндагии худо писанд нақши бисёр ҳаётӣ дорад. Ақл дорои чандин...

Мусулмонони ҳақиқӣ

Паёмбари Аакрам (с) мефармоянд: مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ، كَمَثَلِ الْجَسَدِ إِذَا اشْتَكَى مِنهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الجَسَدِ بِالسَّهَرِوَالْحُمَّى Мусулмонони ҳақиқӣ дар дӯстӣ,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *