Ҳикмат ва фалсафаи ҳаҷ

Ҳикмат ва фалсафаи ҳаҷ

1.     Фалсафаи ҳаҷ аз дидгоҳи Қуръон:

وَ أَذِّنْ فِي النَّاسِ بِالْحَجِّ يَأْتُوكَ رِجالاً وَ عَلي كُلِّ ضامِرٍ يَأْتِينَ مِنْ كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٍ

Ва мардумро даъвати умумӣ ба ҳаҷ кун то пиёда ва савора бар маркабҳои лоғар аз ҳар роҳи дуре ба сӯи ту оянд.[1]

لِيَشْهَدُوا مَنافِعَ لَهُمْ وَ يَذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ فِي أَيَّامٍ مَعْلُوماتٍ عَلي ما رَزَقَهُمْ مِنْ بَهِيمَةِ الْأَنْعامِ فَكُلُوا مِنْها وَ أَطْعِمُوا الْبائِسَ الْفَقِيرَ[2]

То шоҳиди ҳар манфиатҳои гуногуни хеш (дар ин барномаи ҳаётбахш) бошанд; ва дар айёми мушахасе номи Худоро, бар чаҳорпоёне, ки ба онон дода аст, (ба ҳангоми қурбони кардан) ёд кунанд, пас аз гушти онҳо бихуред ва бенавои фақирро итом намоед.

2.     Фалсафаи ҳаҷ аз дидгоҳи ривоёт:

Ҳазрати Алӣ(к) дар хутбаи 192 наҳҷулбалоға ба тафсил дар мавриди фалсафаи ҳаҷ матолибе фармудаанд, ки ба баъзе аз қисматҳои ин хутба ишора мешавад.

Худои мутаол ҳаҷҷи байтуллоҳилҳаромро бар шумо воҷиб гардонид ва онро қиблаи мардум қарор дод… Худои субҳон он хонаро парчам ва нишонаи ислом ва паноҳи паноҳандагон муқаррар дошт ва ҳаҷҷи онро лозим намуд ва рафтан ба онҷоро фармон дод.

Дар ҷои дигар чунин баён мекунанд: … дар атрофи хонаи (Худо) таҳлили “Ло илоҳа иллаллоҳ” мегуянд ва бар поҳояшон ҳарвала мекунанд, дар ҳоле ки барои Худо жулидамӯй ва ғуборолуд ҳастанд… Худо эшонро (дар зиёрати байтулҳаром ба ин умур) имтиҳон ва озмоиш намуд. Имтиҳони бузург, сахт, ошкор ва комил, ки онро сабаби дарёфти раҳмат ва расидан ба биҳишт гардонд… .

Дар ҷои дигар дар робита бо ташриҳи бархе аз ҳикматҳо ва масолеҳи аҳкоми оини Ислом мефармоянд:

Худо ҳаҷро барои тақвияти дин ва қувватёфтани оини Ислом воҷиб гардонид (чун гирд омадани тоифаҳои гуногун сабаби ошкор шудани азамат ва бузургии Ислом мешавад).

3.     Таҷзия ва таҳлили куллии фалсафаи ҳаҷ:

1.     Буъди ахлоқии ҳаҷ:

Муҳимтарин фалсафаи ҳаҷ ҳамон дигаргунии ахлоқӣ аст, ки дар инсонҳо ба вуҷуд меоварад, маросими “Иҳром” инсонро ба таври куллӣ аз вобастагиҳои моддӣ ва имтиёзоти зоҳирӣ ва либосҳои рангоранг ва зару зевар берун мебарад ва онҳоро, ки дар ҳоли оддӣ бори сангини имтиёзоти мавҳум ва дараҷаҳо ва медолҳоро бар души худ эҳсос мекунанд як мартаба сабукбор ва роҳату осуда мекунад.

2.     Буъди сиёсии ҳаҷ:

Ҳаҷ омили муассире барои ваҳдати суфуфи  мусалмонон аст ва омили мубориза бо таассуботи миллӣ ва нажодпарастӣ ва маҳдуд нашудан дар ҳисори марзҳои ҷуғрофиёӣ аст ва василаест барои интиқоли ахбори сиёсии кишварҳои исломӣ аз ҳар нуқта, ба нуқтаи дигар.

Ва билахира ҳаҷ, омили муассире аст барои шикастани занҷирҳои асорат ва истеъмор ва озод сохтани мусалмонон.

3.     Буъди фарҳангии ҳаҷ:

Иртиботи қишрҳои мусалмонон дар айёми ҳаҷ метавонад ба унвони муасиртарин омили мубодилаи фарҳангӣ ва интиқоли фикрҳо дарояд. Махсусан бо таваҷуҳ ба ин ки иҷтимои шукуҳманди ҳаҷ, намояндаи табии ва воқеии ҳамаи қишрҳои мусалмони ҷаҳон аст (чаро ки зоирони Каъба аз миёни тамоми гуруҳҳо, нажодҳо ва забонҳое, ки мусалмонон ба он такалум мекунанд бархоста ва дар онҷо ҷамъ мешванд) лизо дар ривоёти исломӣ мехонем, ки яке аз фоидаҳои ҳаҷ нашри ахбори осори Расули Худо(с) ба тамоми ҷаҳони Ислом аст.[3]

4.     Ваҳдат:

Шигуфт ангезтарин ҳикмате, ки дар ҳаҷ машҳуд аст, эҳсоси ваҳдат ва ҳамбастагӣ аст, ки дар ҳадди аълои мафҳуми инсоният, ба баракати Ислом ба вуҷуд меояд. Ба гунае, ки олим ва ҷоҳил, кучаку бузург, зану мард, сиёҳу сафед, дар канори як (конун) ва бар асоси як (қонун) меҷушанду мехурушанд, мераванду медаванд, менишинанд ва бар мехезанд. Ва ин хезиш ва хуруш, рафту бозгашт, чархидану гардидан, ҳама дар як ҷиҳат ва дар як хат ва дар як мадор ва бар як меҳвар аст ва ӯ (аллоҳ) ва (аллоҳу акбар) аст.[4]

Ва ҳаҷ беҳтарини фурсат ва замон барои тавба, ёди марг, маод ва аз ҳама чиз буридан аст.[5]

 


[1] . Сураи ҳаҷ, ояти 27 ва 28.

[2] . ҳамон.

[3] . Тафсири намуна, саҳ 79 ва 80.

[4] . Шарҳи наҳҷулбалоға, ҷ. 2, саҳ 227.

[5] . Дарсҳое аз Қуръон, ҷ. 8, саҳ 35.

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...