Иди саиди Ғадири Хум

  Воқеъаи ғадир ҳодисаи торихие нест, ки дар канори дигари вақойеъ бадон нигариста шавад. Ғадир танҳо номи як сарзамин нест. Як тафаккур аст, нишона ва рамзест, ки аз тадовуми хатти Нубувват ҳикоят мекунад. Ғадир нуқтаи яке шудани корвони Рисолат бо корвонсолори Имомат аст.

Оре, ғадир як сарзамин нест, чашмаест, ки то поёни ҳастӣ, то вақте ки инсон ҷон дар бадан дорад, меҷӯшад. Ғадир кавсарест, ки фанопазир нест, уфуқест бекарон ва хуршедест оламтоб, ки тамоми ҳастиро нурафшонӣ намуда ва ба ҷонҳо умеди тоза мебахшад.

Ғадир, рӯзи ҳамосаи ҷовид, рӯзи вилоят, рӯзи имомат, рӯзи висоят, рӯзи ухуввату бародарӣ ва баробарӣ, рӯзи ришодату шуҷоат ва шаҳомату ҳифозат ва ризояту сароҳат шинохта шуда аст. Ғадир, рӯзи неъмат, рӯзи шукргузорӣ, рӯзи паёмрасонӣ, рӯзи табрику таҳният, рӯзи  шодиву сурур ва ҳадя фиристодан, рӯзи аҳду паймон ва таҷдиди мисоқ, рӯзи такмили дин ва баёни ҳаққу ҳақиқат, рӯзи рондану маъюс кардани Шайтон, рӯзи муаррифии роҳу роҳбар, рӯзи озмун, рӯзи яъсу ноумедии душманон ва умедвории дӯстону ошноён ва рӯзе, ки Исломи азиз дар ин рӯз комил шуд ва мардум низ расонда шуд. Рӯзе, ки пайравони воқеии мактаби ҳаётбахши Ислом, онро азизу гиромӣ медоранд ва ба ҳамдигар табрику таҳният мегӯянд.

» قال الله العزیز: … الْیَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِینَكُمْ وَ أَتْمَمْتُ عَلَیْكُمْ نِعْمَتِی وَ رَضِیتُ لَكُمُ الإِسْلاَمَ دِینًا …»

Тарҷумаи оя: … Имрӯз (рӯзи Ғадири Хум) дини шуморо ба ҳадди камол расонадам ва неъматамро бар шумо тамом намудамм ва Исломро ба унвони дин барои шумо писандидам.[1]

Достони Ғадири Хум

Соли даҳуми ҳиҷрат буд ва Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аз охирини сафари ҳаҷи худ боз мегашт, анбӯҳе аз мусалмонон, ки аз сафари маънавии Ҳаҷ бармегаштанд, ки теъдоди ин мусофирони Маккаи мукаррамаро то саду бист ҳазор нафар рақам задаанд. Мусалмонон бо Набии Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳамсафар буданд ва Ӯро бадраға  мекарданд то ин ки ба маҳаллаи беобу алафе ба номи Ғадири Хум расиданд.

Рӯзи ҳаждаҳуми моҳи Зилҳиҷҷаи қамарӣ, аз нисф мегузашт ва мардум дигар омода ва муҳаё мешуданд то намози Пешинро адо намоянд, ки ногаҳон фиристодаи Ваҳй бар Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нозил шуд ва аз ҷониби Худои субҳон паёме барои Ӯ овард. Ҷабраили амин, баъд аз расондани салому дуруди Худованд паёми Худовандро барои Ӯ хонд:

» یا أیها الرسول بلّغ ما أنزل إلیک من ربک فإن لم تفعل فما بلّغت رسالته والله یعصمک من الناس والله لا یهدی القوم الکافرین»

Тарҷумаи оя: “Эй Расул! Ончӣ аз ҷониби парвардгорат бар ту нозил шуда аст бар гӯши мардум бирасон ва агари чунини накунӣ рисолати Ӯро иблоғ накардаӣ ва барои ин кор аз касе биму ҳарос надошта бош, чаро ки Худованд туро аз шарри мардумон ҳифз ва нигаҳдорӣ хоҳади кард. Ва ҳамчунин Худованд гурӯҳи кофиронро ҳаргиз ҳидоят намекунад.[2]

Паёмбари акрам бо шунидани фармони илоҳӣ, дастури таваққуф содир карданд ва ҳамагон дар он биёбони беобу алаф ва дар зери офтоби сӯзони саҳро аз чорпоён фуруд омаданд ва таваққуф карданд. Мардум аз васоили ҳамроҳи хеш ва бори шутурон барои Паёмбари раҳмату мағфират (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) минбаре сохтанд ва Расули худо бар фарози он рафта ва рӯй ба мардуми карданд. Пеш аз ҳама Худои субҳонро сипосгузорӣ фармуда ва аз бадиҳои нафси аммора ба Ӯ, ки зоти бениҳоят аст, паноҳ ҷӯстанд ва фармуданд: Эй мардум ба зуди ман аз миёни шумо рахт бар баста ва ба диёри боқӣ мешитобам. Сипас афзӯданд: чӣ касе бар мӯъминон дар арзёбии маслиҳатҳо ва шинохт ва тасарруф дар умури онон сазовор асту ин ҳақро бар гардани онон дорад? ҳама як садо ва ҳамкалом гуфтанд: Худои раҳмон ва Паёмбари Ӯ нисбат ба мо донотар ҳастанд.

Расули гиромии Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: Оё ман ба шумо аз худатон авло ва сазовортар нестам?

Ҳамаи мардум бо шунидани ин суханони Паёмбарашон, ки бӯи видоъу хайру хуш медод, дар ҳузну андӯҳ фурӯ рафта буданд, як садо ҷавоб доданд, ки чаро, чунин аст, ки шумо мефармоед. Онгоҳ фармуданд:

“Ман ду чизи гаронбаҳоро дар миёни шумо амонат мегузорам яке сиқли  акбар, ки ҳамон китоби Худо (ҷалла ҷалолуҳ) мебошад ва дуввум сиқли асғар, ки Аҳли Байти ман ҳастанд. Мардум бар онони сибқат нагиранд ва аз онон ақиб намонанд.

Ҳадиси Сақалайн

«حدثنا أبو بكر محمد بن الحسين بن مصلح الفقيه بالري ثنا محمد بن أيوب ثنا يحيى بن المغيرة السعدي ثنا جرير بن عبد الحميد عن الحسن بن عبد الله النخعي عن مسلم بن صبيح عن زيد بن أرقم رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه و سلم : إني تارك فيكم الثقلين كتاب الله و أهل بيتي و إنهما لن يتفرقا حتى يردا علي الحوض

Тарҷумаи ҳадис: Зайд мегӯяд: Паёмбари Худо(Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: Ман дар байни шумо ду чизи боарзишеро мегузорам ва он ду, китоби Худо ва Аҳли Байтам ҳастанд. Ҳамоно он ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд то ин ки дар сари ҳавз бар ман ворид шаванд.[3]

Санади ин ҳадиси Сақалайн аз Муслим ибни Субайн аз Зайд ибни Арқам бо панҷ санади саҳеҳ ривоят шуда ва ҳама ин ривоятро саҳеҳ донистаанд.[4]

Расули гиромии Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ин ҳадиси мутавотир уммати исломиро ба пайравӣ аз китоби Худо ва Аҳли Байти худ суфориш намуда ва эълон мефармоянд, ки танҳо роҳи наҷот аз гумроҳӣ, бо пайравӣ аз ин ду ба даст меояд. Бинобар ин ҳар касе, ки хоҳону толиби ризояти Парвардигор ва биҳишти ҷовидон аст, бояд аз ин ду ёдгори Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ки ба амонат гузоштаанд пайравӣ кунад то саодати абадиро ба даст оварад.

Ин ду амонати он ҳазрат он қадар муҳим аст, ки бино бар эътирофи уламои аҳли суннат, Расули гиромии Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) онро дар се моҳи охири умри шарифашон дар се чаҳор макон ва замонҳои гуногун ба уммати худ бозгӯ карда ва уммати худро ба пайравӣ ва чанг задан ба он тавсия ва супориш фармудаанд.

Сақалайн чист?

Сақалайн ва маънои он

Пеш аз он ки бо аҳодисе, ки дар мавриди Сақалайн ворид шуда аст, ошно шавем, лозим аст бо маънои «Сақалайн» низ огоҳ ва ошно шавем. Бинобар ин ба сухани чанд нафар аз бузургон дар ин маврид ишора мешавад:

Албонӣ[5] мегӯяд:

«Ба ҳар чизи боарзиш ва гаронбаҳое «сақл» мегӯянд ва ин ки Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) он дуро (яъне китоби Худо ва Аҳли Байти худро) Сақалайн номид, ба хотири бузургӣ ва шаъну мақоми онҳост ва ба ин хотир, ки амал ба он ду душвор аст».[6]

Саълаб олими илми наҳв мегўяд: «Китоб ва Аҳли Байтро Сақалайн номиданд, чун амал ба он ду душвор аст ва ҳамчунин онҳоро ба хотири баёни бузургии қадру манзалаташон Сақалайн номиданд».[7]

Ибни Ҳаҷар мегўяд: «Паёмбари Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) китоби Худо ва Аҳли Байтро Сақалайн номид. «Сақл «ба ҳар чизи пурарзише гуфта мешавад ва китоби Худо ва Аҳли Байт аз ин қабиланд, чун ҳар кадом аз он ду маъдани илми ладуннӣ ва асрору ҳикматҳои илоҳӣ ҳастанд ва ба ҳамин хотир Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мардумро ба пайравӣ аз он ду суфориш ва таъкид намудаанд «.[8]

Албатта лозим ба зикр аст, ки дар баъзе аз ривоёт ба ҷои калимаи «сақалайн», лафзи «халифатайн» низ ворид шуда аст, ки барои ошноии шумо азизон ба чанд намуна аз он аҳодис ишора мешавад.

» الطبراني قال: حدثنا عبيد بن غنام ثنا أبو بكر بن أبي شيبة ثنا شريك عن الركين بن الربيع عن القاسم بن حسان عن زيد بن ثابت قال قال رسول الله صلى الله عليه ( و آله ) و سلم: إني تارك فيكم الخليفتين كتاب الله و عترتي أهل بيتي و إنهما لن يتفرقا حتى يردا علي الحوض.  «

Тарҷумаи ҳадис: Зайд ибни Собит мегӯяд: Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: Ҳамоно ман дар миёни шумо баъд аз худ ду халифа ва ҷонишин гузоштам. ( Ва он ду иборатанд аз: ) Китоби Худо ва Аҳли Байтам. Ин ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо нахоҳанд шуд то ин ки ( рӯзи қиёмат) дар сари ҳавз бар ман ворид шаванд.[9]

«حدثنا عبيد الله قال: أخبرنا شريك عن الركين عن قاسم بن حسان عن زيد بن ثابت قال: قال رسول الله صلى الله عليه ( و آله ) و سلم: إني تارك فيكم خليفتين كتاب الله عز و جل و عترتي أهل بيتي و إنهما لن يتفرقا حتى يردا علي الحوض.   «

Тарҷумаи ҳадис: Зайд ибни Собит мегӯяд: Паёмбари Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: Ҳамоно ман байни шумо баъд аз худ ду халифа ва ҷонишин гузоштам. (Ва он ду иборат ҳастанд аз:) Китоби Худо ва Аҳли Байтам. Ин ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо нахоҳанд шуд то ин ки (рӯзи қиёмат) дар сари ҳавз бар ман ворид шаванд[10].

Ҳамчунин хонандагони азиз, худ метавонанд ба ин адрессҳо муроҷиа намуда ва матолиби бештареро дар бораи ин мавзӯ мутолиа ва баррасӣ намоянд:

  1. Мӯъҷамул кабири Табаронӣ, ҷ 5, саҳ 153, р 4921.
  2. Мусаннафи Ибни Абӯшайба, ҷ 6, саҳ 309, р 31679.
  3. Суннаи Ибни Абӯосим, ҷ 2, саҳ 351 ва 642, р 754 ва 1549.
  4. Муснади Аҳмад, ҷ 5, саҳ 189, р 21697.
  5.  Маҷмаъуззавоиди Ҳайсамӣ, ҷ 9, саҳ 162.
  6. Муснади Аҳмад ҷ 5 с 181 р 21618.
  7. Фазоилуссаҳобаи Аҳмад, ҷ 2, саҳ 603, р 1032.
  8. Фазоилус саҳобаи Аҳмад, ҷ 2, саҳ 786, р 1403.
  9. Янобеъулмаваддаи Қундузии Ҳанафӣ, ҷ 1, саҳ 119, р 43.
  10. Тафсири Саълабӣ, ҷ 3, саҳ 162, зайли ояти «Ваътасиму биҳаблиллоҳи ҷамиъан ва ло тафаррақу «.
  11.  Тафсири Анварии Абдулваҳҳобии Бухорӣ, ( нусхаи хаттӣ ).
  12.  Янобеъулмавадда, ҷ 1, саҳ 105, р 25 ба нақл аз Саълабӣ.
  13. Алмӯъталиф вал мухталифи Доруқутнӣ, ҷ 2, саҳ 1045.
  14.  Алмӯъҷаму фи асҳобил Қозӣ Имом Алӣ Садафии Ибни Абдуллоҳ, саҳ 87-89.
  15. Арҷаҳулматолиби Убайдуллоҳ Амри Тусрии Ҳанафӣ, саҳ 336, ба нақл аз Аҳмад ва Табаронӣ.
  16. Канзулуммоли Муттақии Ҳиндӣ, ҷ 1, саҳ 186, р 947.

Вақте Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар Ғадири Хум, дар мавриди гиромӣ ва ҳурмату эҳтироми Қуръони карим ва Аҳли Баташон ба анҷомрасид, дасти амири мӯъминон, Алӣ (саломуллоҳ алайҳ)-ро бо дасти муборакашон гирифтанд ва он қадар боло бурданд, ки ҳамаи ҳоҷиёне, ки дар онҷо ҳузур доштанд, Ӯро дар канори Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)  диданд ва шинохтанд. Сипас рӯ ба мардум карданду фармуданд: Худованд мавлои ман ва ман мавлои ҳамаи мӯъминон ҳастам ва бар онҳо аз худашони сазовортарам.

» مَن کُنتُ مولاه فعلیّ مولاه، اللهم وال مَن والاه و عادِ مَن عاداه «

Тарҷумаи ҳадис: Эй мардум! Ҳар кас, ки ман мавло ва раҳбари ӯ ҳастам, ин Алӣ ибни Абӯтолиб ҳам мавло ва раҳбари ӯст. Худовандо! Ҳар касе, ки Алӣ (саломуллоҳ алайҳ)-ро дӯст бидорад, дӯсташ бидора ва ҳар касе, ки душманаш бошад, душманаш бош ва хораш гардон.[11]

Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ин ҷумлаи “Ман кунту мавло фаалиюн мавло”-ро се бор такрор карданд ва баъ аз он дуо фармуда ва идома доданд: Парвардигоро! дӯстони Алиро дӯст бидор ва душманони Ӯро хору залил гардон. Худоё Алиро меҳвари ҳаққу ҳақиқат қарор деҳ ва сипас фармуданд: Эй мардум ва эй ҳоҷиёни Каъбаи муъаззама! Бар ҳамаи шумо ҳозирон лозим ва зарурӣ аст, ки ҳозирон ин хабарро ба ғоибон бирасонанд. Ҳануз ҳоҷиён пароканда нашуда буданд ва ҷамъу издиҳоми мардум ба ҳоли худ боқӣ буд, ки дубора оҳанги рӯҳбахши Ваҳйи илоҳӣ гӯши ҷони Муҳамади амин (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро навохт ва хабари дигаре бо ин мазмун аз ҷониби Худованди субҳон овардки:

» قال الله العزیز: … الْیَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِینَكُمْ وَ أَتْمَمْتُ عَلَیْكُمْ نِعْمَتِی وَ رَضِیتُ لَكُمُ الإِسْلاَمَ دِینًا …»

Тарҷумаи оя: … Имрӯз (рӯзи Ғадири Хум) дини шуморо ба ҳадди камол расонадам ва неъматамро бар шумо тамом намудамм ва Исломро ба унвони дин барои шумо писандидам …[12]

Барро ибни Озиб ривоят мекунад: дар сафаре ҳамроҳи Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) будам. Ҳангоми зуҳр дар минтақае ба номи Ғадири Хум манзил кардем. Баъд аз он, ки намози зуҳрро хондем, Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дасти Алӣ ибни Абӯтолибро гирифтанд ва фармуданд:

 “ مَن کُنتُ مولاه فعلیّ مولاه، اللهم وال مَن والاه و عادِ مَن عاداه”

сипас Умар ибни Хаттоб, Алиро мулоқот карда ва ба ишон чунин табрику таҳният гуфт:

«هنیئاً یا ابن ابی طالب أصبحتَ و أمسیتَ مولی کلّ مومن و مومنة».

Тарҷумаи ҳадис: Эй Алӣ ибни Абӯтолиб! Мавлои занону мардони мӯъмин муборак ва гуворои вуҷудатон бошад, дар ҳоле ки бо ин унвон субҳу шоматро сипарӣ мекунӣ.[13]

Дар ривояти дигаре Абдурраҳмон ибни Абӯлайло мегӯяд: “Дар минтақаи Раҳбаҳ -минтақае дар Ироқ дар наздикии Қодсия- Алӣ (саломуллоҳ алайҳ)-ро дидам, ки мардумро савганд медод: ҳар кас сухани Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро дар Ғадири Хум шунидааст, баланд шавад ва гувоҳӣ диҳад. Ривоят намудаанд, ки баъд аз суханони ҳазрати Алӣ, 12 нафар, ки ҳама аз аҳли Бадр буданд, аз ҷои хеш баланд шуданд ва бар шунидаи худ гувоҳӣ доданд”.[14]

Алӣ (саломуллоҳ алайҳ) дар ҳамаи ҷангҳо ва ғазваҳо, ки фармондеҳии мӯъминонро бар ӯҳда доштанд, ғаниматҳои ҷангиро бар асоси адолат дар миёни мусалмонон ва мӯъминон тақсим мекарданд, ки ин рафтори шоистаи он ҳазрат барои баъзе аз онон хушҳолкунанда набуд ва аз он ҳазрат норозӣ бармегаштанд. Аз ҷумлаи ин воқеъаҳо метавон ба ривояте ишора кард, ки имом Аҳмад дар Муснади хеш ба он ишора намуда аст.

Бурайдаи Асламӣ ин ҳадисро ҳамроҳ бо воқеъаи дигаре ривоят мекунад ва мегӯяд: Ҳамроҳ бо Алӣ ибни Абӯтолиб дар ғазваи Яман будем ва чун баргаштем, ман ба назди Паёмбар рафтам ва аз Алӣ шикоят кардам, Паёмбар (с) чешҳрааш тағйир намуд ва фармуданд: Эй Бурайда! Оё ман авлотар бар мӯминон аз худашон нестам? Гуфтам: бале эй Расули Худо! Ишон фармуданд:

«من کنت مولاه فعلی مولاه»

Тарҷумаи ҳадис: Ҳар кас, ки ман мавло ва раҳбари ӯ ҳастам, ин Алӣ ибни Абӯтолиб ҳам мавло ва раҳбари ӯст.[15]

Санади воқеъаи Ғадири Хум

Марҳуми алломаи Аминӣ дар китоби Алғадири худ номи ровиён ҳадиси «Ғадир»-ро ба тартиби замони зиндагии онон зикр карда аст:

Дар миёни асҳоби Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) 110 нафар, дар миёни тобеъин 84 нафар, дар миёни олимони қарни дувуми ҳиҷрӣ 56 нафар, дар миёни олимони қарни сеюми ҳиҷрӣ 92 нафар, дар миёни олимони қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ 43 нафар, дар миёни олимони қарни панҷуми ҳиҷрӣ 24 нафар, дар миёни олимони қарни шашуми ҳиҷрӣ 20 нафар, дар миёни олимони қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ 21 нафар, дар миёни олимони қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ 18 нафар, дар миёни олимони қарни нуҳуми ҳиҷрӣ 16 нафар, дар миёни олимони қарни даҳуми ҳиҷрӣ 14 нафар, дар миёни олимони қарни ёздаҳуми ҳиҷрӣ 12 нафар, дар миёни олимони қарни дувоздаҳуми ҳиҷрӣ 13 нафар, дар миёни олимони қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ 12 нафар, дар миёни олимони қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ 19 нафар ҳастанд, ки ҳадиси Ғадирро ривоят ва нақл намудаанд[16].

Ҳадиси Ғадир дар китобҳои муътабари аҳли Суннат аз ҷумла дар китоби «Муснад»-и имом Аҳмад ибни Ҳанбал, дар «Сунан»-и Тирмизӣ , «Муснади Аҳамад» ва дар «Мустадрак»-и Ҳофиз ибни Абдуллоҳ, Ҳокими Нишопӯрӣ ба мазмунҳои мухталифе зикр шуда аст.

Мафҳуми “Ид

Ҳаҷдаҳуми моҳи Зилҳиҷҷа, рӯзи Ғадири Хумро мусалмонон махсусан Шиаён, ки худро пайрави мактаби имом Ҷаъфари Содиқ (саломуллоҳ алайҳ) медонанд, ин рӯзро Ид шуморида ва ҷашн мегиранд.

  Аҳли луғат, Идро гирифташуда аз модаи “Ъавада”[17] ба маънои бозгашт медонанд ва дар иди Наврӯз, бозгашти ҳаётро бар пайкари сарди Замин гиромӣ дошта ва он рӯзро ҷанш мегиранд. Ҳаёте, ки дар ҳуҷуми хазон ба сардӣ кашида мешавад ва дар сармои сӯзон ва нобудкунандаи Зимистон то марзи нестӣ ва нобудӣ пеш меравад то онҷо, ки гӯё ҳаргиз набудаӣ.

Дар мақоми татбиқ додани ин нукта бо мавозини мактабӣ ва мазҳабӣ бояд хотирнишон кард, ки Иди одамӣ бузургдошт ва гироми доштани бозгашти ҳаёти маънавии инсон аст. Дар чунин боваре, наврӯзи инсон рӯзе аст, ки вай ба хештан боз мегардад ва гумшудаи хешро пайдо мекунад.

Дар ҳадисе ҳазрати Алӣ (саломуллоҳ алайҳ) мефармояд: ҳар рӯзе, ки дар он маъсияту гуноҳи илоҳӣ набошад, он рӯз рӯзи Наврӯз аст.

Ба унвони мисол метавон ба моҳи мубораки Рамазон ишора намуд, ки инсони рӯзадор дар моҳи мубораки Рамазон баъд аз сӣ рӯз ҷиҳоду муҷоҳида бо нафаси саркашу туғёнгари хештан, тамоми нохолисиҳои вуҷудашро мисли оташе, ки оҳанро дар ҳарорати 100% об менамояд, об намуда ва аз байн мебарад то убудият ва бандагии нобу холис дар он таҷаллӣ ва ошкор шавад, ки инҷо инсон ин пирӯзии хеш бар нафсро ҷашн гирифта ва шодӣ менамояд, ки он рӯз ҳамон иди Фитр аст. Бинобарин “Иди исломӣ”, бозгашти ҳаёт аст ва мушаххасу муайян кардани он бар ӯҳдаи шаръи муқаддас аст. Иди Ғадир бино бар ин тафсире, ки намудем, ҳар ду шартро дорад яъне ҳам бозгашт ба хештан аст ва ҳам аз тарафи шаръи муқаддас мушаххас шуда аст. Ғадир бозгашти ҳаёти дубора бар пайкари мубораки Исломи азиз аст, рӯзе, ки Исломи азиз дар он рӯз ба икмол[18] расид. Илова бар ин Иди Ғадир аз тарафи зоти поки Худованд ва ба воситаи Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳам ташреъ шуда аст.

Дар инҷо ба намунаҳое аз ривоёте, ки Ғадирро “Ид” шуморидаанд, ишора мешавад:

Фурот ибни Иброҳими Куфӣ[19] аз имом Ҷаъфари Содиқ (саломуллоҳ алайҳ) нақл мекунад, ки эшон ба нақл аз Паёмбари акрам (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармудаанд:

» یوم غدیر خم افضل اعیاد امتی «

Тарҷумаи ҳадис: Рӯзи Ғадири Хум, бузургтарин иди уммати ман аст.[20]

Ҳасан ибни Рошид мегӯяд: аз имом Ҷаъфари Содиқ (саломуллоҳ алайҳ) пурсидам: ғайр аз иди Фитр ва иди Қурбон барои мусалмонони иди дигаре ҳам ҳаст? Ҳазрат фармуданд: бале ва ин ид аз он ду иди дигар афзалтар ва бофазилаттар аст. Гуфтам: он ид дар кадом рӯз аст? Фармуд: рӯзи ҳаҷдаҳуми моҳи зилҳиҷҷа, иди Ғадири Хум. Рӯзе, ки дини мо мусалмонон дар он рӯз такмил[21] шуд. Арз кардам: қурбонат шавам эй фарзанди Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), дар он рӯз чӣ амалеро анҷом диҳем? Фармуданд: дар ин рӯз рӯза бигиред ва бар Муҳамаду олаш салавот бифиристед. Яқин бидонед, ки Анбиёи илоҳӣ (алайҳиссалом) рӯзеро, ки васӣ ва ҷонишини худро мушаххас мекарданд, амр менамуданд, ки он рӯзро ҷашн бигиранд.

Вақте ба сирраи Паёмбари акрам (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва авлиёи илоҳӣ муроҷиаи мешавад ва рафтору кирдори ононро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, ба ин натиҷа мерасем, ки Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва дигар бузургон бо рӯзи Ғадир ба унвони як иди исломӣ бархурд карда ва мусалмононро ба табрику таҳният гуфтан бар дигар мӯъминон даъват кардаанд. Имом Ҳасан (саломуллоҳ алайҳ) рӯзи иди Ғадир дар шаҳри Кӯфа меҳмонии бузурге баргузор мекарданд ва меҳмононро дар ин рӯз гиромӣ дошта ва ин рӯзро бар онҳо табрику таҳният мегуфтанд. Ҳазрати Алӣ (саломуллоҳ алайҳ) бо фарзандон ва гурӯҳи дигаре аз мӯъминон баъд аз намоз барои ширкат дар ин ҷашн ба манзили имом Ҳасан мерафтанд ва дар ин маҷлис ширкат мекарданд. Имом Ҳасани Муҷтабо (саломуллоҳ алайҳ) баъд аз итмоми меҳмонӣ ҳадоёе ба мардум ато мефармуди. Бинобарин ин ҳаракат ва равиши имоми Ҳасани Муҷтабо боиси ин амр шуд, ки мардум ба рӯзи иди Ғадир одат кунанд ва бо он унс бигиранд.

 

Ёсин

 


[1] Сураи Моида, ояи 3

[2] Сураи Моида, ояи 68

[3] Мустадраки Ҳоким, ҷ 3, саҳ 160, р 4711.

[4] Алмаърифату ваттаърихи Фасвӣ, ҷ 1, саҳ 121.

Мӯъҷамулкабири Табаронӣ, ҷ 5, саҳ 169,  р 4980 ва 4981 ва 4982.

Мустадраки Ҳоким, ҷ 3, саҳ 160, р 4711.

Аттадвину фи ахбори Қазвинӣ Рофеӣ, ҷ 1, саҳ 485.

Сунани Тирмизӣ, ҷ 5, саҳ 662,  р 3788. Силсила аҳодиси саҳеҳаи Албонӣ

[5] Аз муҳаддисони муосири салафӣ мебошад

[6] Силсилаи аҳодиси саҳеҳаи Албонӣ, ҷ 4, саҳ 260

[7] Лисонул Араб, моддаи «Сақл «.

[8] Савоиқул муҳриқа ҷ 2 с 442.

[9] Мӯъҷамул кабири Табаронӣ, ҷ 5, саҳ 154,  р 4922.

 Маҷмаъ-уз завоиди Ҳайсамӣ, ҷ 1, саҳ 170.

 Силсила аҳодиси саҳеҳаи Албонӣ, ҷ 3, саҳ 355,  р 2457.

[10] «Алмаърифату ваттаърих «- и Фасвӣ, ҷ 1, саҳ 121.

[11] Муснади имом Аҳмад, 4, 281

[12] Сураи Моида, ояи 3

[13] Муснади имом Аҳмад, 4,  281

[14] Мусндаи имом Аҳмад, 1, 119

[15] Муснади имом Аҳмад, 5, 341

[16] Аллома Аминӣ, Алғадир

[17] «ع،و،د»

[18] Сураи Моида, ояи 3

[19] فرات بن ابراهیم كوفی

[20] Умолии шайхи Садуқ, 125, р 8

[21] Сураи Моида, ояи 3

Охирин матолиб

Омӯзиши рӯхонии Қуръони Карим

 Муқаддима  قَال» مَا مِن مُومِن؛ ذَکَرٍ اَو اُنثَی؛ حُرٍّ اَو مَملُوکٍ اِلَّا وَ لِلّهِ عَلَیهِ حَقٌّ وَاجِبٌ اَن يَتَعَلَمَ مِنَ القُرآنِ وَ یَتَفَقَّهُ فِیهِ» Пайғамбари...

Чаро Қуръон комилтарин китоб аст?

Дӯст дорам пеш аз посух додан чанд савол аз шумо бипурсам: —Агар китоберо як доинишманд бинависад, комилтар аст, ё фарди ғайри донишманд?

Роҳкорҳои ҳифзи шахсияти афроди ҷомеа 1

Роҳкорҳои ҳифзи шахсияти афроди ҷомеа Авомили ихтилофоти иҷтимоӣ ва одоби муоширати саҳеҳ Муқаддима Қуръони карим дар ояи ёздаҳуми сураи муборакаи Ҳуҷурот бархе “авомили ихтилоф” мисли...

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...