Cабаби издивоҷҳои паёмбари акрам (с)2

asari izdivaj

Иллати издивоҷҳои Пайғамбар(с)-ро дар мавориди зайл метавон таҳлил кард:

1-Иҷрои ҳукми илоҳӣ ва зудудани афкори ғалати ҷоҳилӣ. Монанди издивоҷ бо ҳамсар ё зани фарзандхонда.

2- Тақвияти ҷойгоҳи иҷтимоии занони осебдида. Ҳамчун занони бева, асир ва рафъи дидгоҳҳои манфии асри ҷоҳилӣ дар боарзиш будан ё беарзиш ҷилва додани он занон. (Дар ин давра тамоми занони Пайғамбар(с) ба ҷуз Оиша(рз) бева буданд.)

3-Дилҷӯӣ аз занон ба далели осебҳое, ки онон ба хотири пазириши Ислом мутаҳаммил шуданд. Монанди издивоҷ бо Умми Ҳабиба.

4-Як ҳаракати сиёсӣ ва барқарории пайванд бо қабоил ва қабилаҳои бузурги араб ва ҷалби пуштибонии онон. Монанди издивоҷи Паёмбар(с) бо Ҷувайрия(рз) духтари раиси қабилаи Бани Мусталақ.

5-Муҳофизат аз бевазанони дармонда, фақир ва ятимони барҷоймонда ва таъмини зиндагии онон. Монанди издивоҷ бо Зайнаб Бинти Хузаймия(рз).

6-Нишон додани азамат, шукӯҳ ва қудратмандии Ислом ва муслимин. Монанди издивоҷ бо Сафия(рз).

7-Озодии асирон ва бардагон. Монанди издивоҷ бо Ҷувайрия(рз)[1].

Дар бораи барқарории адолат байни ин ҳама ҳамсар ба нукоти зер ишора мекунам.

Бо таваҷҷӯҳ ба шароити зиндагии хонаводагӣ дар он замон ва набудани таҳаммулҳои имрӯзӣ ва руҳияи бисёр азим ва каромати Расули Худо(с) масъала ба роҳатӣ қобили дарк аст.

Ба гуфтаи ҳазрати Оиша(рз) Расули Худо(с) ҳамвора дар тақсими вақт ва ҳуқуқи ҳамсаронаш бо адолат рафтор мекард[2].

Паёми Паёмбари Худо(с) ин буд, ки ҳеҷ занеро бар дигаре тарҷеҳ намедод ва камтар рӯзе иттифоқ меафтод, ки ба ҳамаи занони худ сар назанад ва аҳволпурсӣ накунад.

Паёмбари Худо(с) ҳатто дар беморие, ки мунҷар ба реҳлати вай шуд ва тавоноии ҳаракат надошт, адолатро бо камоли диққат иҷро мекард. Аз ин рӯ ҳар рӯз бистарашро аз утоқе ба утоқи дигар мегузаронд, то як рӯзи хос дар яке аз утоқҳои онон бошад[3].

Дар инҷо иқрор ва эътирофи чеҳраҳое аз ховаршиносон ё мусташриқон пешкаш мекунем.

1-Ҷон Диюн Порт мегӯяд: Бо ин ки дар он замон, зиёд зан гирифтан кори баде набуд, вале бо ин ҳол ҳазрати Муҳаммад(с) то 50 солагӣ бо як

зан зиндагӣ кард ва то Хадича зинда буд, зани дигар нагирифт.

Оё мумкин аст, касе ки шаҳватрон бошад ва бо вуҷуди ҳеҷ монеае барои зан гирифтан надошта бошад, бо як зан зиндагӣ кунад. Он ҳам бо зане, ки синни болое дошта бошад?[4]

2-Тумос Карлоил мегӯяд: Ба рағми душманон, ҳазрати Муҳаммад ҳаргиз шаҳватпараст набуд ва ин тӯҳмат беинсофист.[5]

3-Гюргю мегӯяд: Муҳаммад дар соли 595 мелодӣ издивоҷ кард ва зиндагии хонаводагии ӯ намунаи зӯҳд, тақво ва покӣ буд. Ӯ ҳамонанди Иброҳим, Нӯҳ ва Яъқуб дар муҳити содда ва беолоиш зиндагӣ мекард[6].

Нигоҳи мухтасар ба шарҳи ҳоли ҳамасарони Паёмбар(с)[7]

1-Савда бинти Заъма. Ӯ зани мӯъмина буд ва ҳамроҳи шӯи мусулмонаш (Сакрон ибни Амр) ба Ҳабаша ҳиҷрат кард. Шавҳараш пас аз бозгашт мурд. Бани Омир қабилаи Бани Савда, ҳама мушрик ва душмани Паёмбар(с) буданд. Ва бо марги шӯи Савда хатари ҷонӣ ва ё инҳироф ӯро таҳдид мекард ва ба хотири ҳифзи ҷони он зани мӯъмина бо он издивоҷ кард. Ва ин издивоҷ дар гироиши қабилаи Бани Омир ба Ислом низ муассир буд.[8]

2-Рамала (Умми Ҳабиба) духтари Абӯсуфён ва ҳамсари Убайдуллоҳ ибни Ҷаҳш буд. Он ду соҳиби духтаре ба номи Ҳабиба шуданд. Умми Ҳабиба ва шавҳараш пас аз пазириши Ислом роҳии Ҳабаша шуданд. Убайдуллоҳ ибни Ҷаҳш дар онҷо масеҳӣ шуд ва ҳамонҷо мурд. Умми Ҳабиба пас аз фавти шавҳараш дар ҳамонҷо мондгор шуд, чунки бо вуҷуди Абӯсуфён дар Макка ҷуръати бозгашт надошт. Паёмбар(с) барои раҳоии он зани бузургзода фардеро фиристод ва Умми Ҳабибаро ба ақди худ даровард ва ӯро ба Мадина фаро хонд.[9]

3-Оиша. Ӯ духтари Абӯбакр(рз) аст ва дар охири соли дуввуми ҳиҷрат ба хонаи Расулуллоҳ(с) омад. Ҳарчанд дар моҳҳои поёнии пеш аз ҳиҷрат ба ақд даромада буд.[10]

4-Умми Салама. Номаш Ҳинд духтари Абиумайя буд. Ӯ ҳамсари

Абдуллоҳ ибни Асад буд ва чаҳор фарзанд аз ӯ дошт. Вай ҳамроҳи шӯяш ба Ҳабаша муҳоҷират кард ва нахустин зане буд, ки ба Мадина омад. Ҳамсараш дар ҷанги Уҳуд мурд[11] ва дар соли чаҳоруми ҳиҷрӣ бо Расулуллоҳ(с) издивоҷ кард[12]. Ғарибӣ ва сарпарастии чаҳор ятим аз ангезаҳои издивоҷи Паёмбар(с) бо ин зан буд.

5-Зайнаб бинти Ҳузайма. Вай аз занони мӯъмина буд. Шавҳараш дар ҷанги Уҳуд кушта шуд. Ӯ аз яктараф бесарпараст гардид ва аз тарафи дигар фақир шуд. Дар ҳоле ки зани бахшандае буд ва бо номи модари бенавоён маъруф буд. Паёмбар(с) барои расидагӣ ва ҳифзи шӯҳрати ӯ бо вай издивоҷ кард ва чанд моҳ пас аз издивоҷ аз дунё чашм пӯшид.[13]

6-Ҳафса бинти Умар. Ӯ духтари ҳазрати Умар ибни Хаттоб(рз) мебошад. Ҳафса қабл аз издивоҷ бо Расули Худо(с) ҳамсаре дошт ба номи Ҳанис ибни Ҳазафо, ки дар ҷанги Уҳуд захмӣ шуд ва баъд аз дунё рафт. Пас аз он Паёмбар(с) аз ӯ хостгорӣ кард ва ӯро ба ақди худ даровард.[14]

7-Зайнаб бинти Ҷаҳш. Ӯ духтари Ҷаҳш ибни Риёб ва духтари аммаи Пайғамбар(с) буд ва бо роҳнамоии Пайғамбар(с) бо Зайд ибни Ҳориса(рз) (писархондаи Расулуллоҳ(с)) издивоҷ кард. Ин пайванд ба ҷудоӣ анҷом ёфт.[15] Пайғамбар(с) бо амри Худованд ва бардоштани суннати ҷоҳилии мамнуияти издивоҷ бо ҳамсари писархонда, бо Зайнаб васлат кард. Ва дар инҷо оят нозил шуд ва Худованд дастур дод, ки фарзандхондагон ба падарони худ мансуб мешаванд.[16]

8- Мория бинти Шамъуни Қибтӣ. Муқавқис подшоҳи Искандария ӯро барои Пайғамбар(с) фиристод ва ҳазрат низ бо ӯ издивоҷ кард. Ӯ модари Иброҳим фарзанди он ҳазрат буд, ки дар соли ҳаштуми ҳиҷрат дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омад ва пас аз як солу шаш моҳу чанд рӯз аз дунё чашм пӯшид.[17]

9-Ҷувайра бинти Ҳорис. Духтари раиси тоифаи Бани Мусталақ буд ва дар соли панҷум Пайғамбар(с) дар ғазваи Мусайриъ ба ҳамроҳи падар ва теъдоди зиёде аз афроди қабилааш асир шуданд. Пайғамбар(с) Ҷувайраро озод кард ва ба ақди худ даровард ва мусалмонон гуфтанд: Ҳол ки ин тоифа хешованди Пайғамбари мо шуданд, мо ҳамаашонро озод мекунем ва Бани Мусталақ, ки чунин диданд ҳама мусулмон шуданд[18].

10- Сафия. Ӯ духтари раиси Бани Назир Ҳуйай ибни Ахтаби Яҳудӣ буд, ки падараш дар ғазваи Бани Қурайза кушта шуд ва шавҳараш Канона бин Рабиъ низ дар ҷанги Хайбар мурд ва худаш ҳам асир шуд. Пайғамбар(с) пас аз озодӣ дар соли ҳафтуми ҳиҷрӣ вайро ба издивоҷи хеш даровард[19] ва бо ин тартиб духтари раиси яҳудиро аз зиллат раҳо кард.

11-Маймуна. Духтари Ҳорис бин Ҳазн буд ва ҳамсараш ҳам мурда буд. Пайғамбар(с) дар соли ҳафтуми ҳиҷрӣ дар бозгашт аз умраи қазо бо ӯ издивоҷ кард ва барои ӯ сарпаноҳе гузошт.[20]

Саидаллоҳёри Ғозӣ

________________________________________

[1]. Алмизон,ҷ.4, с.195, Аллома Таботабоӣ, Баррасиҳои исломӣ, саҳ.132.

[2] .Сунани ибни Моҷаҳ. ҷ.1 саҳ.633

[3] .Сунани Абидовуд, ҷ.1, саҳ. 474.

[4]. Алмизон. ҷ.4 саҳ.195, Муртазо Мутаҳҳарӣ, Низоми ҳуқуқи зан дар Ислом, саҳ.350.

[5]. Ақиқии Бахшоишӣ, Ҳамсарони Паёмбар(с), саҳ.78

[6]. Ҳамон.

[7]. Дар мавриди ҳазрати Хадича дар сафаҳоти қабл ишора шуд

[8]. Ал истиъҷоб, ҷ.4, саҳ.421

[9]. Сайри аълом-ин-нубало, ҷ.3, саҳ.485-487.

[10] Сайри аълом-ин-нубало, ҷ.3, саҳ.244.

[11]. Сайри аълом-ин-нубало, ҷ.3, саҳ.435.

[12] .Алистичоб.ҷ.3, саҳ.244.

[13] .Ал истиъоб.ҷ.3, саҳ.409.

[14] .Сайри аълом-ин-нубало,ҷ 3 с409.

[15] .Сураи Аҳзоб, ояти 37.

[16] .Сураи Аҳзоб, ояти 5.

[17] .Аълом-ул-варо, ҷ.1, саҳ.275.

[18]. Сайри аъломи-ин-нубало, ҷ.3, саҳ.511.

[19] .Сайри аълом-ин-нубало, ҷ.3, саҳ.496.

[20] .Сайри аълом-ин-нубало, ҷ.3, саҳ. 497.

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...