Сираи амалии занони мусалмон дар тули таърих

hijab

hijabАз замони нузули ояти шарифаи Қуръон дар бораи воҷиб будани ҳиҷоб, занони мусалмон дар мавриди риояти ин қонуни илоҳӣ ниҳояти саъйу талоши худро ба кор бурдаанд ва ин сираи некӯ ҳамчунон дар байни занони мусалмон истимрор ва идома дорад. Агарчи қабл аз дини Ислом, дар байни занони араб ҳиҷоб вуҷуд доштааст, вале оҳиста оҳиста заиф гашта, ба тавре ки дар замони беъсати Паёмбар(с), занон нисбат ба риояти ҳиҷоб, беаҳаммиятӣ менамуданд. Дастуроти Ислом дар байни занон дигаргунии чашмгире эҷод намуд[1].

Оиша(р) ҳамсари Паёмбар(с) дар мавриди ин тағйирот ва дигаргунӣ, ки бо ситоиши ӯ аз занони Ансор ҳамроҳ аст, чунин мегӯяд: “Марҳабо ба занони Ансор, ҳамин ки ояти сураи Нур нозил шуд, як нафар аз онон дида нашуд, ки монанди пешина берун биёяд. Сари худро бо рӯсариҳо ва рӯймоли сиёҳ мепӯшиданд, гӯё зоғ рӯи сарашон нишастааст»[2].

Ҳазрати Фотимаи Заҳро(р) маншаи ифофу тақво, сармашқу сарвари ҳамаи занони мусалмон аст, ки дар домани Паёмбари Ислом(с) калон шуд, ки худаш як зан буд ва ҳатман ислоҳи занонро ба хубӣ дарк карда буд, саодат ва хушбахтии бонувонро дар пӯшиш ва ҳиҷоб донист. Рӯзе Паёмбар(с) «аз асҳоб пурсиданд:ما خیر النسا)) Чӣ чизе барои занон аз ҳама беҳтар аст? Ҳар кас ҷавобе дод. Ҳазрати Алӣ(а) мефармояд: Вақте ки асҳоб пароканда шуданд ман ба хона рафтам, ва мавзӯи саволи Расули Акрам(с)-ро ба Фотима(р) гуфтам. Фармуд: Ман ҷавобашро медонам            

[3]«خيرللنساء ان لا يرين الرجال و لايراهن الرجال »

“Салоҳи занон дар ин аст, ки мардони бегонаро набинанд ва мардони бегона ҳам, онҳоро набинанд.”

Ҳангоме ки ба ҳузури Расули Худо(с) расидам гуфтам: Фотима(р) дар посухи шумо чунин фармуданд. Паёмбар(с) сухани ҳисобшуда ва мантиқии ҳазрати Фотимаи Заҳро(р)-ро писандиданд ва фармуд: “Фотима пораи тани ман аст”.

Аз ҳиҷоби ҳазрати Фотимаи Заҳро(р), ки гузоришгарон дар хутбаи маъруфи фотимия кайфият ва чигунагии ҳиҷоби он ҳазратро баён намуданд (ҳамонтавр ки қаблан низ зикр шуд) сираи амалии занони мусалмон ба даст меояд. Ба ин маъно, ки пӯшиши рӯи он ҳазрат ғайр аз рӯсарӣ (сарпӯш) либосе буд, ки доиравор бар бадани он ҳазрат пӯшонида мешуд ва ҳамаи бадани ӯро мепӯшондааст. Он ҳазрат ин равишро пас аз реҳлати худ низ пос медорад ва дастур медиҳад қомати беҷонашро дар тобуте қарор диҳанд, ки ҳаҷми бадан намоён набошад. Ривоят кардаанд, ки ҳазрати Фотима(р) ба Асмо бинти Умайс фармуданд:»

«إِني قَدِ اسْتَقْبَحْتُ مَا يُصْنَعُ بِالنِّسَاءِ أَنَّهُ يُطْرَحُ عَلَى الْمَرْأَةِ الثُّوْبَ فَيَصِفُهَا لِمَنْ رَأَى»

“Ман ончиро бар пайкари занон (ба ҳангоми марг) месозанд, зишт менигорам. Ҷомаеро бар ӯ меафкананд, ки он пайкарро бар ҳар бинандае менамоёнад”. Асмо гуфт: Вақте ман дар сарзамини Ҳабаша будам, дидам онҳо чизеро месохтанд. Шояд шуморо ба ҳайрат оварад, мехоҳед онро барои шумо боз созам? Ҳазрат фармуд: Бале.

Асмо тахтеро талабид ва онро бар замин гузошт. Сипас, чанд чуб хост ва онҳоро бар пояҳои тахт муҳкам кард. Баъд ҳам порчае бар рӯи он кашиду гуфт: Ин тавр дидам месозанд. Фотима (р) фармуд:

[4]« اصْنَعِي لِي مِثْلَهُ اُسْتُرِينِي سَتَرَكِ اللَّهُ مِنَ النَّار»

“Монанди ҳаминро барои ман бисоз. Маро бипушон, Худованд туро аз оташ бипӯшонад”.

Ҳамчунин ривоят кардаанд, ки вақте бону шакли он тасвиреро, ки Асмо сохт дид, табассуме бар лаб овард ва то он замон ба ғайр аз ҳамон лаҳза ханда бар лабаш наёмада буд ва фармуд:

[5]«مَا أَحْسَنَ هَذَا وَ أَجْمَلُهُ لَا تُعْرَفُ بِهِ الْمَرْأَةُ مِنَ الرَّجُل»

”Ин чи қадар зебо ва некӯ аст, дар он наметавонанд занро аз мард фарқ кунанд.”

Аз онҷо ки тарбияту фарҳанг ва виросату иктисоб, ҳамаву ҳама дар шаклгирии шахсияти инсон таъсири асосӣ доранд, фарзанди ҳазрати Заҳро(р) Зайнаби Кубро(р) ки дар ин хона ва таҳти тарбияти шеваҳои ҳазрати Заҳро(р) ва Алӣ(а) қарор гирифта буд, дақиқан пайравӣ ва улгугирӣ аз он ду бузургвор дар сираву ахлоқ таъсир гирифт. Дар ҳамин бора шеваи ҳазратҳо дар масъалаи ҳиҷоб ва аҳаммияти он ва масъалаи покдомании зан ҳамон қадар, ки ҳазрати Заҳро(р) такя дошт, супориш намуданд.

Масъалаи ҳиҷоб ва сатру пӯшиши зан дар назари ҳазрати Зайнаб(р) аҳаммияти хоссе дошт, то онҷо ки дар ҳузури Язид, вақте аъмоли расвои ӯро баён мекунад, бо инки ҷиноёти Язид ва уммолу аёдӣ ва фармонбарони ӯ танҳо ин масоил набуда, балки он ҳама ҷиноят нисбат ба Аҳли байт ва шахси Имом Ҳусейн(а) ва асҳобаш раво доштааст. Вале Зайнаби Кубро(р) намунаи комили покдоманӣ ва нишони динӣ бо лаҳни таҳқиромез ва ишорае ба собиқаи куфр ва ширк хонадони Бани Умайя ӯро тарафи хитоб қарор медиҳад: ”Эй фарзанди озодшудагон! ту бонувон ва канизонатро дар паси парда қарор додаӣ, дар ҳоле ки духтарони Расули Худо(с) дар муқобили чашми ҳамагон қарор доранд. Ба онҳо бе эҳтиромӣ шуда ва бо рӯйҳои боз онҳоро шаҳр ба шаҳр гардонданд ва ҳар касу нокасе онҳоро дид ва касе аз онҳо пуштибонӣ накард. Чи интизоре метавонем аз фарзанди касе дошта бошем, ки мехостанд ҷигари поконро бихуранд[6], вақте ки натавонист, аз даҳон берун андохт. Он касе, ки гӯшташ, аз хуни шаҳидон рӯида ва бо чашми кина ва душманиву ҳақорат ба хонадони Расули Худо(с) нигоҳ мекунад? Магар ӯ метавонад душманиашро ошкор накунад.[7]”

Диққату тааммул дар маънои ҷумалаҳои боло бо таваҷҷӯҳ ба ҷуғрофиёи баёнии он нишон медиҳад, ки то чи андоза ҳазрати Зайнаби Кубро(р) ба масъалаи ҳиҷоб аҳаммият медиҳад, ки бузургтарин ишкол ва беҳурматие, ки аз тарафи хонадони Бани Умайя ва ҳукумати фосиқи Язид бар аҳли байт ва хонадони Паёмбар(с) раво дошта, ба назари ҳазрати Зайнаб ҳамин беҳиҷобӣ ва ба кӯчаҳо ва хиёбонҳо кашида бурдан, беэҳтиромӣ ба қадру манзалати аҳли байт муаррифӣ мегардад.

Ҳарчанд, мутаассифона аз сираи ҳазрати Зайнаб(р) дар бақияи рӯзҳои умр, камтар иттилоъ дорем, вале ҳамин лаҳазоти нақлшуда дар сафари Карбало дар соли 61 ҳиҷри қамарӣ аҳаммияти ҳиҷоб дар назари хонадони Паёмбарро ба хубӣ мефаҳмонад[8]. Ва сираи амалии ҳазратро қабл аз Карбало равшан ва ошкор месозад.

[1] . Ҳиҷоб дар адёни илоҳӣ, Муҳаммади Ошноӣ, саҳ. 220

[2] . Тафсирс Кашшоф, Ҷоруллоҳи Замахшари Маҳмуд иби умар, ҷ.3, саҳ. 231

[3] . Пӯшиши зан дар густараи таърих, Тайиба Порсо, саҳ. 128.

[4] . Биҳорул анвор, Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ, ҷ.4, боби ҳафтум, саҳ 189.

[5] . Ҳамон, ҷ.4, боби ҳафтум, саҳ 189.

[6] . Ҳинди ҷигархор бибии Язид.

[7] . Тарҷумаи луҳуф, Алӣ ибни Мусо Товус, мутарҷим: Муҳаммад лаки Алиободи, саҳ. 158.

[8] . Пӯшиши зан дар густараи таърих, саҳ 141.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...