А. Ҳадафҳои шинохтӣ муртабит бо фароянди ҳушӣ.
Вожаи “шинохтӣ”; дар ин ҷо ба дарки зеҳнӣ, яъне бахшҳое аз таълиму тарбияти динӣ ишора дорад, ки метавон дар қолаби калом ба дигар мунтақил кард, барои ёдоварӣ ба ҳофиза супурд, таҳлил кард ва ба манзури роҳнамоӣ дар фароянди тасмимгирӣ дар зиндагӣ ба кор бурд. Борҳо аз донишомӯзон хоста мешавад бо ҳифз кардани мутуни муқаддас ва посух додан ба суолоти ақидати умумӣ (усули дин) ва бо таваҷҷуҳ ба корбурди коршиносонаи ақоиди дини дар мавқеиятҳои зиндагӣ ба аҳдофи шинохтӣ ноил шаванд. Баъзе аз барномаҳо ба вижа дар сатҳи пешрафтатар дар ёдгирии шинохтӣ фаротар аз равиши дарки инфиоли амал мекунанд; яъне ба фаолиятҳои зеҳнии хоссе, мисли мубоҳиса ва таҳлил ва талфиқи мабоҳиси динӣ мерасад, ки фаолонатар ва пурбортараст.[1]
Лозим ба ёдоварист, ки шинохт дар таълиму тарбияти динӣ аз роҳҳои мухталиф ҳосил мешавад, ки мутарабӣ бо тайи ин мароҳил касби маърифат менамояд ва шинохти омӯзаҳои китобҳои муқаддас, яке аз онҳост; масалан шинохтҳои ақлонӣ, таҷрибӣ ва ғаӣра, аз муҳимтарин роҳҳои касби маърифат дар таълиму тарбияти динӣ ба вижа дини Ислом аст, ки чи басо дар шинохти дин, гузораҳои он, илқои он ба мухотаб ва ғаӣра, аз ин роҳ истифода менамоянд.
Ҳамчунин он чи дар тарбияти динӣ тавассути манобеи зикр шуда чун мутуни китобҳои муқаддас, ақл ва ғаӣра, мавриди шинохт вақеъ мешавад, метавонад дар чанд ҳавза тақсим шавад, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:
1. Шинохти ҷаҳон.
Шинохти ҷаҳон аз лиҳози мухталиф, монанди маъно, мабдаъ, маод, ҳадаф, иллат ва ғаӣра, аз аҳдофе мебошад, ки маърифат ба онҳо дар тарбияти динӣ мадди назар қарор дода мешавад.
2. Шинохти инсон.
Шинохтҳое дар робита бо инсон аз қабили ин ки инсон дорои чӣ абъодест? Абъоди вуҷудии инсон, чӣ талаботе дорад? Тавоноиҳои ӯ, иртиботи ӯ бо дигар мавҷудот аз лиҳози мухталиф, сайри ҳаракати ӯ дар олам ва ғаӣра, дар таълиму тарбияти динӣ мавриди ҳадаф қарор мегирад.
Шояд битавон гуфт, бархе аз аҳдофи ду ҳавзаи зикршуда дар таълиму тарбияти ғайри динӣ низ ҳадаф воқеъ мешавад, вале роҳи шинохти онҳо дар мавориди каме чун таҷрибаи озмоишгоҳӣ ва он чи шинохта мешавад, дар мавориди хос, чун шинохти яке аз абъоди вуҷудии инсон маҳсуб мешавад, мунҳасир мегардад.
Идома дорад.
[1] . Тумос Иром, Сайдмуҳамад Содиқ Мусави, мақолаи тарбияти динӣ, маҷалаи Маърифат, шумораи 33, с. 23.