Зуҳди воқеъӣ
Гуфтем, ки омузаҳои исломӣ ба таври куллӣ дар ҳар мақоме бошад, ҳаётбахш мебошанд. Мақсад аз зинда кардани тафаккури исломӣ ин аст, ки агар дар ҳар ҷое мурдагии фикрӣ ва хомӯширо мушоҳида кардем, бояд бидонем, ки он омӯзаҳо аз Ислом намебошанд.
Балки фақат ба номи таолими динӣ ба шумор меоянд. Дар ин сурат бояд тасаввури нодурусти худ ва ҷомеаро дуруст намоем. Дар идомаи баҳси зӯҳд ёдоварӣ мекунем, ки маънои зӯҳд берағбатию бемайлӣ мебошад. Албатта бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ҳар гуна берағбатиро зӯҳд намегӯянд. Масалан шахси беморро, ки ба ширинӣ хӯрдан рағбат надорад зоҳид намегӯянд. Балки зоҳид ба унвони як маъно ва мафҳуми ахлоқӣ ба касе гуфта мешавад, ки бар асоси табиат ва ғаризаи худ ба лаззатҳои дунёӣ ва моддӣ рағбат дорад, аммо ба хотири ҳадафи олие, (ки ҳамон охират аст) аз он лаззатҳои дунёӣ сарфи назар мекунад ва худро монанди афроди берағбат нишон медиҳад.
Акнун мехоҳем бубинем, ки аввал ба таври куллӣ, чӣ ҳадафҳое ҳаст, ки роҳи расидан ба онҳо танҳо рӯй гардондан аз лаззатҳои дунявӣ мебошад ва дуюм назари Ислом дар бораи он ҳадафҳо чист.
Ҷамъан шаш ҳадаф барои зӯҳд ва рӯй гардондан аз лаззатҳои дунявӣ ҳаст, ки дутои онҳо мавриди қабули Ислом намебошад ва дар ҳақиқат фалсафаҳои ғалати зӯҳд ба шумор мераванд. Ва чаҳор ҳадафи дигарро Ислом бо қатъият қабул кардааст, ки мо дар инҷо ба баёни шаш ҳадаф мепардозем.
1) Яке аз назарҳо дар бораи зӯҳд, (ки дар мактаби масеҳият аз маънои асосиаш хориҷ шудааст) ин аст, ки:
» الزُّهدُ تَرکُ الدُّنیا لِلتّخَلِّی لِلعِبادَةِ «
«Зӯҳд тарки дунё аст барои машғул шудан ба ибодати Худованд».
Яъне гӯё ин ки мо ду навъ кор дорем. Баъзе корҳо фақат ба дунё фоида доранд, монанди зироат кардан, тиҷорат аз пушти ризқу рӯзӣ рафтан ва ғайраҳо ва асосан ин корҳо иртиботе ба охирати инсон надорад. Дар муқобил корҳое ҳаст ба номи ибодат, ки агар зараровар набошанд, таъсири чандоне дар зиндагии дунё надорад, монанди намоз, рӯза, дуо ва риёзат.
Маънои зӯҳд ҳам ҳамин аст, ки барои расидан ба кори охират кори дунёро бояд тарк кард. Натиҷаи чунин зӯҳде ҳамон раҳбоният ва гӯшанишинӣ мебошад.
Оё Ислом ин маъно ва мафҳумро барои зӯҳд мепазирад?
Ислом ҳаргиз чунин маъноеро барои зӯҳд намепазирад. Ин сухан ниёз ба тавзеҳ надорад ва фақат ба таври мухтасар яке аз ҳадисҳои Расули Мукаррами Ислом(с)-ро баён мекунем.
[1]«قالَ رَسُولُ الله(ص): لا رهبانیة فی الاسلام «
» Гӯшагирӣ ва раҳбоният дар Ислом мавриди қабул намебошад».
Ва ҳатто Ислом бисёре аз ончиро ки масеҳият ҷузъи корҳои дунё медонад, агар ба ин шарт, ки барои Худо анҷом шуда бошад, ҷузи корҳои охират ба ҳисоб меоварад. Масалан агар шумо аз паи касби молу сарват (албатта аз роҳи ҳалол) биравед, то ин ки қудрати иқтисодии ҷомеаи худро зиёд кунед як ибодат ва кори охиратӣ ба шумор меояд. Аммо дар муқобил он даста аз корҳоеро, ки бисёре аз мактабҳо ва динҳо фақат барои охирати инсон фоидаовар медонанд, вале аз назари Ислом ин корҳо илова бар ин ки барои охирати инсон фоида дорад, барои зиндагии дунявии инсон низ фоидаовар мебошад. Мисли намоз, рӯза ва дуо ва ғайра. Ва аз тарафе ҳам, ки дин гуфтааст шаробхӯрӣ (нӯшокиҳои масткунанда) ва рибохӯрӣ (қарзи бо фоиз додан) ҳаром мебошад, инҳо ҳам барои зиндагии дунявӣ ва ҳам барои зиндагии ухравии башарият зараровар мебошанд. Аммо афсӯс, ки тасаввури бисёре аз мо дар бораи зӯҳду зоҳидӣ ҳамин шакли масеҳӣ ва нодурусти он мебошад.
2) Маъно ва мафҳуми иштибоҳе, ки аз зӯҳд кардаанд чунин мебошад, дар воқеъ мегӯянд: қаламрави дин аз қаламрави охират ҷудо намебошад, балки ҳамон корҳои дунёро чун вазифаи мо аст, бояд анҷом диҳем, аммо ҳисоби лаззатҳои дунё аз лаззатҳои охират ҷудо мебошад. Яъне ҳарчи дар инҷо хушию хушгузаронӣ кунем аз хушиҳои охирати мо кам хоҳад шуд. Пас лаззати дунёро тарк мекунем то ин ки лаззати охиратро ба даст оварем ва ҳатто баъзеҳо гуфтаанд, ки маъно ва мафҳуми ин оят ҳамин мебошад.
[2]«أَذهَبتُم طَیِّباتِکُم فِی حَیاتِکُم الدُّنیا»
«Неъматҳои покизаи худатонро дар зиндагии дунёятон сарф кардед».
Аммо мо муътақидем, ки ин мафҳум аз зӯҳд низ хато мебошад. Зеро қатъан лаззатҳои ухравӣ натиҷаи маҳрумиятҳое, ки башар ба таври қасдӣ дар худ ба вуҷуд овардааст намебошад. Балки он лаззатҳои ухравӣ натиҷаи иллатҳои дигаре мебошанд на ин ки маҳрум кардани худ аз лаззатҳои дунёӣ сабаби расидан ба лаззатҳои охират бошад. Аз тарафи дигар ҳам ҳаргиз истифода бурдан аз лаззати дунё сабаби маҳрум шудан аз лаззатҳои охират намешавад. Ҳазрати Алӣ(к) низ дар бораи баъзе аз афроди муттақӣ мефармояд, ки онон ҳам лаззати дунёро бурдаанд ва ҳам лаззати охиратро.
[3] » إِنَّ المُتَّقِینَ ذَهَبُوا بها جل الدُّنیا وَ آجَلَ الآخِرةِ سکنوا الدُّنیا بأَفضَلِ ما سُکِنَت وَ أَکَلُوها بِأَفضَلِ ما أُکِلَت»
»Ҳамоно парҳезкорон ҳам аз неъмати дунё бархӯрдор шудаанд ва ҳам аз неъмати охират дар оянда бархурдор хоҳанд буд. Дар беҳтарин хонаҳои он зиндагӣ мекунанд ва аз беҳтарин таомҳо мехӯранд«.
Албатта аз назари Ислом лаззатҳои ҳароме дар дунё ҳаст, ки инсонро аз лаззати охират маҳрум мекунад. Ин даста аз лаззатҳоро, ки Ислом ҳаром кардааст, ба хотири ин аст, ки асарҳои баде дар онҳо вуҷуд дорад. Монанди шароб хӯрдан, қиморбозӣ, ки оқибатҳои баде барои бадан ва рӯҳи инсон ва ҳамчунин ҷомеаи башарӣ дорад. Аммо ҳар лаззате, ки оқибатҳои бад ва ногувор надошта бошад ҳалол аст.
[4]» یُحِلُّ لَهُمُ الطَّیّیباتِ وَ یُحَرِّمُ عَلَیهِمُ الخَبِايِثَ «
«Барои онон чизҳои покизаро ҳалол ва чизҳои нопокро ҳаром мегардонад».
Ислом илова бар ин ки назарияи касонеро, ки мегуфтанд тарки лаззатҳои дунёӣ сабаби баҳраманд шудан аз лаззатҳои охиратӣ мебошад қабул надорад, ҳамчунин касеро, ки ба таври беҳуда лаззатҳои ҳалол ва дурусти дунявиро бар худаш ҳаром кардааст, хатокор ба ҳисоб меоварад.
[5]» قُل مَن حَرَّمَ زِینَةَ اللهِ ألَّتِی أَخرَجَ لِعِبادِهِ وَ الطَّیِّبات من الرِّزق «
» Бигӯ [эй Расули мо] чи касе зинатҳои Худоро, ки барои бандагони худ офаридааст, ҳаром кардааст ва аз сарфи ризқи ҳалол ва покиза манъ намудааст».
Бо вуҷуди баёноти зикршуда мо мӯътақидем, ки дар Ислом зӯҳд вуҷуд дорад. Албатта зӯҳду зоҳидӣ як дастури воҷиб намебошад, балки фазилат ва камоли инсонӣ мебошад. Яъне дар Ислом тавсия шудааст, ки инсон лаззатпараст набошад. Агар касе худро дар лаззатҳои ҳалоли дунё ғарқ кунад, кори ҳароме накардааст, аммо агар он корро анҷом надиҳад, дар воқеъ як кори ахлоқии бузурге кардааст. Ба ҳар ҳол Ислом барои чанд ҳадаф, зӯҳд ва чашпушӣ аз лаззатҳои ҳалоли дунявиро қабул ва таъйид кардааст. Фалсафаҳои дурусти зӯҳд дар тафаккури исломӣ иборат аст аз: исор (аз худ гузаштан), ҳамдардӣ, озодагӣ ва дарки лаззатҳои маънавӣ. Дар инҷо ба тавзеҳи ҳар як аз онҳо мепардозем.
Зӯҳд барои исоргарӣ
Инсон гоҳе дар шароите қарор мегирад, ки инсонҳои дигар монанди ӯ ё бештар аз ӯ ба бархе аз неъматҳо эҳтиёҷ доранд. Дар инҷо инсон лаззатеро, ки барои худаш ҳалол ва ҷоиз аст, ба шахси дигаре медиҳад. На ин ки нахӯрад ва дур бирезад то дар охират ивазашро ба ӯ бидиҳанд, балки шахси зоҳид сахтӣ мекашад то дигарон дар осоиш бошанд. Ин яке аз боарзиштарин ва олитарин шаън ва хусусиёти инсонӣ мебошад. Ин зӯҳди Аҳли Байти Паёмбар(с) аст, ки намехӯранд то дигаронро бихӯронанд.
[6]«و یطعمون الطعام علی حبه مسکینا و یتیما و اسیرا إنما نطعمکم لوجه الله لا نرید منکم جزائا ولا شکورا»
«Ва ба хотири дӯстии ӯ (Худо) мискин ва ятим ва асирро хӯрок медиҳанд (ва мегӯянд) мо шуморо ба хотири Худо итъом мекунем ва ҳеҷ подош ва сипосе аз шумо намехоҳем».
Теъдоди зиёде аз муфассирони мактаби Аҳли байт(а) ва аҳли суннат мегӯянд: Ин оят дар ҳаққи Аҳли байти Паёмбар (яъне Алӣ(к), Фотима(а), Ҳасану Ҳусайн(а) нозил шудааст. Қуръони Карим дар васфи чунин зоҳидоне сухани бисёр дорад.
[7] » و یؤثرون علی أنفسهم و لو کان بهم خصاصة «
» Ҳарчанд худашон (ба он) эҳтиёҷи зиёде доранд, онҳо (дигарон)-ро бар худ муқаддам медоранд».
Кадом ақлу диле аст, ки чунин зӯҳду зоҳидиро қабул намекунад? Агар ҳар дине чунин зӯҳдеро тавсия накунад дар ҳақиқат дин нест.
2) Ҳамдардӣ
Гуфтем, ки гоҳе инсон қодир аст, ки ҳоҷати дигаронро агарчӣ бо сахтӣ ва машаққат биафтад худаш бароварда кунад. Вале гоҳе чунин кор ба ҷое мерасад, ки бо фидокорӣ ҳам намешавад коре кард. Яъне ҷомеа он қадар мушкилот дорад, ки намешавад бо фидокорӣ онҳоро аз назари молӣ таъмин кард. Дар инҷо фақат як кор аз шахси мӯъмин сохтааст. Яъне ҳоло, ки қодир нест кӯмаки молӣ ба ҷомеа кунад, фақат метавонад бо ҳамдардӣ ба онҳо кӯмаки маънавӣ кунад.
Ҳазрати Алӣ(к) аввалин зоҳиди ҷаҳон баъд аз Паёмбари Акрам(с) ин ҳамдардиро вазифаи пешвоёни уммати исломӣ медонад. Зеро чашми интизори заифон ба пешвоён мебошад. Ва он ҳазрат мефармояд: Ман намехӯрам то ин ки ба фақирон бигӯям: Агар шумо надоред, ки бихӯред ман ҳам, ки дорам намехӯрам.
«قالَ علی (ع): إِنَّ اللهَ جَعَلَنِیَ إِماماً لِخَلقِهِ فَفَرَضَ عَلَیَّ التَّقدِیرَفی نَفسِیَ مطعَمِی وَ مَشرَبِی وَ مَلبَسِی کَضُعَفاء النّاسِ کَی یَقتَرِیَ الفَقِیرُ بِفَقرِی وَ لا یَطغِیَ الغَنِیُّ غِناةَ[8]«
«Ҳамоно Худованд маро имоми халқи худаш қарор дод пас бар ман воҷиб кард, ки хӯрданӣ, нушиданӣ ва либосам монанди заифон ва фақирон бошад то фақир ба фақри ман иқтидо кунад (ва дилам ором гирад) ва то ғанӣ (сарватманд) саркашӣ накунад.
Ба ин тартиб фақир оромиши фикрӣ пайдо мекунад ва ғанӣ (сарватманд) ҳам маро мебинад, ки аз назари молӣ ҳамрутбаи сарватмандон ҳастам, сарваташ ӯро саркаш нахоҳад кард».
Албатта бояд ба як нукта таваҷҷӯҳ дошт, ки зӯҳд бояд муносиб ба мавқеияти замона бошад. Яъне дар як замон инсон вазифадор аст, ки ба таври сода ва зоҳидона зиндагӣ кунад ва дар ҷои дигар набояд чунин зиндагӣ кунад. Ба хотири ҳамин аст, ки мо мебинем зиндагии пешвоёни уммат аз назари содазистӣ бо ҳамдигар фарқ доранд. Имом Содиқ(а) низ ошкоро ин матлабро баён мефармояд. Ба касе, ки ба он ҳазрат ба хотири пушидани либосҳои қиматбаҳо мухолифат мекунад, ин ҷавобро медиҳад: «Аз назари Ислом пушидани либоси қиматбаҳо гуноҳ намебошад. Худованд неъматҳоро халқ кардааст, ки аз онҳо баҳра бибарем. Вале гоҳе шароит инро талаб мекунад, ки ба хотири як ҳадафи хос ва муҳим аз онҳо рӯй баргардонем. Яке аз он ҳадафҳои муҳим ин аст, ки мумкин аст дар як замон шароити зиндагии умумии мардум сахт бошад. Дар чунин вақт бо ин ки шароити зиндагии мо хуб ва беҳтар бошад, набояд сатҳи зиндагиамонро боло бибарем, балки бояд бо мардум дар як сатҳ зиндагӣ кунем, зеро агар чунин накунем, бар хилофи ҳамдилӣ ва ҳамдардӣ бо мусулмонон рафтор кардаем. Аммо гоҳе вазъияти умумии мардум хуб мебошад. Дар инҷо ҳеҷ айбе надорад, ки мо ҳам либоси хуб бипӯшем. Паёмбари Акрам(с) ва Алӣ(к) дар шароите зиндагӣ мекарданд, ки мардуми он замон аз назари молӣ вазияъти хубе надоштанд. Вале имрӯз вазъияти мардум хеле беҳтар шудааст. Агар Паёмбари Акрам(с) ҳам имрӯз ҳозир буданд, монанди ман зиндагӣ мекарданд».