ИЛМ ВА АХЛОҚ

Инсонҳое, ки дар зулмату ҷаҳолат ва беимонию бадахлоқӣ басар мебаранд, ба мурдагони ҷунбанда монандӣ доранд, ки дар ҳақиқат аз  ҳаёти маънавӣ бебаҳраанд.  Қуръони Карим яке аз рисолатҳои пайғамбарон(а)-ро зинда кардани «мурдагон» медонад.
     Онҳое, ки бо дами масеҳоии пайғамбарон (a) дубора «зинда» шудаанд, ба ҳаёти пурарзише даст меёбанд ва бо нуре, ки аз тарафи Худованд ба онҳо метобад, роҳи худро ба сӯи ҳақиқат пайдо мекунанд.
Ончи инсонҳоро аз зулмат ба сӯи нур мекашонад ва сабаб мешавад, ки онҳо бар зулматҳо ғалаба карда нури ҳақиқиро дар вуҷуди хеш ҷилвагар кунанд, илм ва ахлоқ аст.
     Илм ва ахлоқ ду тарафи як сикка ҳастанд, ки пайғамбарон (a) онро бо ду асбоби «таълим» ва «тарбият» нақшбандӣ мекунанд.
     Фаро гирифтани илм ва ороста гаштан ба ахлоқ, ҳар кадом розу рамзе дорад.
    Дар ҳадиси қудсӣ омадааст, ки Худованд мефармояд:
     «Донишро дар гуруснагӣ ва талош қарор додаам, валекин мардум онро дар серӣ ва осоиш меҷӯянд, пас онро намеёбанд».
     Агар дониш «ганҷ» аст, пас барои даст ёфтан ба он бояд «ранҷ» кашид, чаро ки «нобурда ранҷ, ганҷ муяссар намешавад».
     Ончи дар ин ҳадиси қудсӣ омадааст, баёнгари яке аз суннатҳо (қонунҳо)-и илоҳӣ аст. Дар фарозҳо ва қисмтҳои дигари ҳадис, ҳикматҳои дигаре ҳам баён шуда, ки:
     «Ман панҷ чизро дар панҷ чиз қарор додаам, валекин мардум суроғи онро дар ҷои дигар меҷӯянд, пас ҳаргиз ба он нахоҳанд расид». Яке аз ин панҷ чиз, ганҷи дониш аст, ки дар харобаи гуруснагӣ ва заҳмату  ранҷ дафн шудааст ва бояд бо тешаи талош ба кофтукови ин замин пардохт ва «гавҳари доноӣ»-ро ба даст овард.
     «Ҳиҷрат барои касби илм», гӯшае аз ин ҷидду  ҷаҳд ба шумор меравад.
     Дар муҳоҷиратҳо ва ғурбатҳо, гоҳе ҳам гуруснагӣ ва сахтӣ ва маҳрумият ва оворагӣ аст. Ҳар кас, ки шефтаи товуси илму  маърифат бошад, бояд заҳмати сафар ба «Ҳиндустон»-ин ғурбату  сахтиро ҳам бар хеш ҳамвор созад, ки гуфтаанд: ҳар касе товус хохад, ҷаври Ҳиндустон кашад…
Кадом фарзонаи ҳаки-меро мешиносед, ки аз таносоӣ ва пурхӯрӣ ва хобу роҳат, ба маърифат ва дониш даст ёфтааст?
     Шиносномаи илмии донишмандон, пур аз намунаҳои ранҷҳою заҳ-матҳое аст, ки дар роҳи таҳсили илм кашидаанд ва ғурбатҳо ва мусофиратҳое, ки барои расидан бар ин чашмаи «оби ҳаёт», бар худ ҳамвор кардаанд. Онон, ки дар водии илму дониш қадам гузоштаанд ва худро бо гавҳарҳои хираду дониш оростаанд, бисёр ниёзманданд, ки бо зару зевари ахлоқӣ  вуҷуди хешро зинат диҳанд. Зеро илму дониш инсонро масъули ҳидояти ҷомеа месозад ҳар чанд, ки ин масъулият дар як бахши назарногир бошад ва ин масуълият ниёзманди боли дигаре аст, ки ба инсон қудрати парвоз диҳад. Парвоз ба сӯи олами маънавият, ки метавонад вуҷуди инсонро нуронӣ созад ва ин нур, инсонҳои дигарро ба сӯи хеш мекашонад.
     Як инсони огоҳ ва худсохта, барои ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунад, намунаи саодат мешавад. Аз ин ҷиҳат, ҳамон гуна ки, пайғамбарон (a) барои ҳидояти ҷомеа бо гавҳарҳои ахлоқӣ  зинат ёфта буданд ва Қуръони Карим, Пайғамбари Акрам (с)-ро дорои бартарин ахлоқ  медонад ва аз ин ки ҷонашро дар роҳи ҳидоят ва роҳнамоии мардум ба хатар андохта, хабар медиҳад, раҳравони илму дониш низ ҳамин вазифаро бар ӯҳда доранд.
 

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,