ОҲАНГИ ХУДОИИ ҚУРЪОН

 

 

 

Муфссири олимақом ва донишманди равшангари даврони ҷадид, соҳиби тафсири гаронсанги «Фи зилоли-л-Қуръон» дар зимни тафсири ояти 37-и сураи Юсуф ҳодисаи ҷолиберо, ки барои худаш иттифоқ афтодааст ин гуна баён мекунад:

«Мо шаш нафар мусалмонон бо як киштии мисрӣ уқёнуси Атлантикаро ба сўи Нюёрк мепаймудем. Мусофирони киштӣ саду бист мард ва зан буданд, ки дар байни онон ҷуз мо мусалмонони дигаре набуд. Як мубашшири масеҳӣ дар дохили киштӣ даст аз барномаи таблиғии худ барнамедошт ва ҳатто моил буд моро низ ба дини Масеҳият дароварад. Рўзи ҷумъа ба ин фикр афтодем, ки намози ҷумъаро дар қалби уқёнуси Атлантика ва бар рўи киштӣ ба ҷой оварем то илова бар иқомаи фаризаи динӣ,ҳамосае дар муқобили он мубаллиғи масеҳӣ биёфаринем. Киштибон, ки як нафар англис буд мувофиқат кард, ки мо намозро дар арзаи киштӣ бихонем ва ба коркунони киштӣ, ки аз мусалмонони Офриқо буданд иҷоза дод, ки бо мо намоз бихонанд ва онон низ бисёр хушҳол мешуд зеро нахустин боре буд, ки намози ҷумъа бар рўи киштӣ иқома шуд. Ман худам ба хондани хутба ва иқомаи ҷумъа пардохтам ва дидам, ки соири мусофирони ғайри мусалмон низ дар атрофи мо ҳалқа задаанд ва бо диққат, кори моро зери назар доранд.

Пас аз намоз гурўҳи зиёде назди мо омаданд ва ин муваффақиятро табрик гуфтанд. Дар ин миён хонуме — ки баъдан фаҳмидем аҳли Югославия аст ва аз дасти коммунизм фарор карда фавқ улодда таҳти таъсири намози мо қарор гирифта буд ба ҳадде ки ашк аз чашмонаш сарозер буд ва қодир ба идораи худ набуд. Ў ба забони англисии сода ва омехта бо таассури шадид ва бо хоксории хоссе эҳсосот худро баён мекард ва гуфт:«…ончи таваҷҷўҳи маро хеле ҷалб кард ин буд, ки дар байни хутбаи имоми шумо ҷумлаҳое вуҷуд дошт, ки аз дигар ҷумлаҳо фарқ мекард. Онҳо дорои оҳанги фавқулодда таъсирнок ва амиқе буданд ончунон ки ларза бар андоми ман андохт.Фикр мекардам ҳангоме, ки имоми шумо ин ҷумлаҳоро ба забон меовард ҷону дилам пур аз Руҳ-ул-қуддус шуда буд».

Мо каме фикр кардем ва баъд фаҳмидем, ки мурод аз он ҷумлаҳо оятҳои қурон буд, ки дар байни хутбаю намоз тиловат мешудааст. Ин мавзўъ моро сахт ба  такон овард ва мутаваҷҷеҳи ин нукта сохт, ки оҳанги махсуси Қуръон ончунон муассир аст, ки ҳатто инсонеро ки як калима аз мафҳуми онро намефаҳмад,боз таҳти тасири шадиди худ қарор медиҳад” .                                                                  


 

 

 

 

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,