Шахсе вориди қабилае шуд ва шабро, ҳамчун меҳмон, дар яке аз хонаҳои атроф ба сар бурд. Он шахс пас аз намози субҳ шурўъ ба хондани Қуръон кард. Дар оғози тиловати Қуръон зани соҳибхона ҷорўбе ба даст гирифт ва бар сари ў кўбид ва бо бадгўӣ ба вай гуфт:
“Магар дар ин қабила касе мурдааст, ки ту Қуръон мехонӣ?” Шувҳараш ибтидо занро маломат кард. Сипас аз рўи насиҳат ба меҳмон гуфт: « Эй бародар! ту бояд аввал яқин кунӣ, ки воқеан касе мурда аст, баъд Қуръон бихонӣ. На инки ба гумони худ маҷлиси азодорӣ барқарор кунӣ!»
Дарвеш ва чўбдаста
Рўзе дарвеше ҳамроҳи чўбдасти содааш дар кўчаҳои халвати шаҳр дар ҷустуҷўи рўзии худ буд. Марди сарватманде ўро ба хонаи худ бурд то аз ў пазироӣ кунад. Пас аз сарфи ғизо дар бораи худованд ва адолати мутлақааш машғули сўҳбат шуданд. Дарвеш дар миёни сўҳбатҳояш гуфт, ки барои инсони худопараст, моли дунё ва мақом арзиш надорад, балки тамоми арзишҳо аз они Худост ва назди ўст.
Пас аз он рўз, марди сарватманд, ки шифтаи фазилату парҳезгории дарвеш шуда буд, дар андешаи басо амиқе фурў рафт ва пас аз чанде ба суроғи дарвеш рафт ва гуфт:
Эй орифи бузург! Дар ибодатҳои шабонаам аз худои ҷаҳонофарин хостаам то маро ба дараҷаи болои тақво бирасонад то дар қиёмат бо ақли бедор ва дили саршор аз имон ва бадур аз гуноҳ зоҳир шавам. Ва дар дидгоҳи ў шармсор набошам, дарҳои биҳишт ба рўям баста нашавад ва битавонам он чӣ ў муқарар кардааст дар роҳи саодати ҷовидон ба кор барам.
Дарвеш ба ў рў карду гуфт:
Биё ва хонаю зиндагиатро раҳо кун то бо ҳам ба ҷустуҷўи фазилати ҳақиқӣ равем. Мард пазируфт ва ҳамроҳи дарвеш монанди маҷнуни девона аз ишқи худованд, сар ба биёбон зада ва ба сўи диёри дигар рафтанд. Роҳи зиёде рафта буданд, ки ногаҳон дарвеш парешонҳол шуд ва пай бурд, ки чўбдастаи худро дар хонаи мард ҷо гузоштааст ва исрор кард, ки бозгарданд ва чўбдастиро бардоранд. Он ҷо буд, ки марди сарватманд пай бурд, ки дарвеш имони ҳақиқӣ надорад ва худ бар насиҳатҳои кардааш амал намекунад, лизо бо нобоварӣ ба ў гуфт:
”Ман зану хонаю зиндагиамро раҳо кардам вале ту ҳозир нестӣ аз чўбдастаи содаат бигзарӣ?!”.
АМОН АЗ ҶОҲИЛ.