ТАФСИР ДАР АСРИ САҲОБА ВА ТОБИИН

Бахши дуввум: Мадрасаи тафсирии Макка

Ишора: Дар бахши аввали мақола, ки дар шумораи гузаштаи «Оина» ба чоп расида буд, зимни ишора ба ҷойгоҳи тафсир дар назди асҳоб ва тобеин ва сайри таърихии ин илм дар миёни муслимин, нигоҳе ба таърифи «Тафсир» ва «Равишҳои тафсирӣ» доштем. Онгоҳ ишорае шуд, ба мадориси панҷгонаи тафсирӣ ки дар панҷ шаҳри азими исломӣ тавассути панҷ тан аз асҳоби бузургвори Пайғамбар(с), таъсис гардида буд ва тобеини бузурге дар он мадорис тарбият ёфтанд. Инак дар бахши дуввум ба тавзеҳи мадрасаи тафсирии Макка, ки пешгомтарин ва муҳимтарин мадрасаи тафсирӣ дар садри Ислом аст, мепардозем.

Абдуллоҳ Ибни Аббос — бунёнгузори мадрасаи тафсирии Макка

 Абдуллоҳ ибни Аббос ибни Абдулмуталлиб ибни Ҳошим Абдулҳошимӣ, писарамаки Пайғамбари Ислом(с) ва ҳазрати Алӣ(а) аст. Модари ў Лубоба бинти Алҳорис бин Ҳузнул Ҳилолия мебошад.[i]

Ў дар шеъби Абутолиб се сол қабл аз ҳиҷрат ба дунё омад. Пайғамбар худ коми ўро бардошт ва тарбияти ўро ба ўҳда гирифт ва барояш дуои хайр намуд. Ў дар домани Пайғамбар(с) бузург шуд ва пас аз вафоти Расули Худо(с) мулозим ва ҳамроҳи ҳамешагии хонадони нубувват буд. Имом Алӣ(а), ўро ба некӣ тарбият намуд, аз ин рў яке аз фидоиёни майдони муҳаббат ва вилояти Имом(а) буд.

Аз ў бо санади саҳеҳ ривоят шудааст, ки гуфт: Ончӣ аз дасти мояи тафсирӣ андухтаам аз маъдани файзи Алӣ(а) буд.[ii]

Ибни Аббос ҳудуди 3 сол мулозими Пайғамбар(с) дар айёми навҷавонии худ буда ва ин мулозиматро ў бо ҷумалоте аз қабили:

سمعت النبی، رايت النبی،بت عند النبی

ва ғайра баён кардааст. Бо ин вуҷуд ў аз Пайғамбар(с) 660 ҳадис бидуни восита нақл кардааст.[iii] Аз ў нақл шудааст, ки мегуфт:

« توفی رسول الله (ص) وقد قرأت المحکم من القرآن» (ای المفصل)[iv]

Ў аз чеҳраҳои фурўзони ҷаҳони илму ва дониш ба шумор мерафт, ба вижа маҳорати вай дар тафсир ва таъвили Қуръон, шўҳраи офоқ буд, то ҷое, ки ўро Тарҷумон-ул-Қуръон; бозгўкунандаи ончӣ дар зоҳиру ботини Қуръон наҳуфтааст, медонистанд. Зеро ончиро ки ба тафсир ва таъвили Қуръон буд медонист. Ў тарбият ёфтаи мактаби Амир-ал-Муъминин Алӣ(а) шумурда мешуд ва ин ифтихорро дошт, ки аслу асоси тафсири худро аз он ҳазрат дарёфт намояд.

Ў дар рутбаи илмӣ ба ҷое расида буд, ки Алӣ(а) дар бораи ў гуфт:

« کأنما ينظر الی الغيب من ستر رقيق»[v] — Гуё аз паси пардаи рақиқ (нозук) ба ҳақоиқи ғайбӣ менигарад.

Абдуллоҳ ибни Масъуд гуяд:

لو بلغ ابن عباس أسناننا ما عاشره منا رجل، نعم ترجمان القرآن ابن عباس«)ما عشره

 منا أحد: ای لو کان فی السن مثلنا ما بلغ أحد منا عشره فی العلم([vi]

Яъне, Ибни Аббос бо вуҷуди ҷавониаш беҳтарин тарҷумони Қуръон аст ва агар ба синни мо бирасад, ҳеҷ як аз мо наметавонад, дар ҳадди як даҳуми ў бошад.

Ибни Таймия баъд аз нақли ин ривоят мегуяд: ин суханро ибни Масъуд дар ҳоле гуфт, ки Абдуллоҳ ибни Аббос ҷавоне беш набуд, чунки ибни Масъуд дар соли 33 аз дунё гузашт ва Ибни Аббос баъд аз ў 36 соли дигар дар қайди ҳаёт буд ва дар баҳри бекарони ваҳйи илоҳӣ шино менамуд ва агар ибни Масъуд то авохири ҳаёти ў мебуд чӣ таъбире дар ҳаққи ў мекард?!

Ба Товус, тобеии маъруф гуфтанд, чаро мулозимати ин хурдсол яъне Ибни Аббосро, ки камсиннтарин саҳоба аст, баргузидаӣ ва бузургсолонро раҳо сохтаӣ? Гуфт: Ман ҳафтод нафар аз саҳобаро дидаам, ки ҳар гоҳ дар бораи мавзўе миёни худ ихтилоф мекарданд, қавли Ибни Аббосро бармегузиданд.

Масруқ ибни Аҷдаъ мегуяд: «Ҳар гоҳ Ибни Аббосро медидам, мегуфтам: Зеботарин халқ аст — ва он гоҳ, ки сухан мегуфт, мегуфтам: Шевотарин сухан аст — ва он гоҳ, ки ҳадис нақл мекард, мегуфтам: «Донотарин мардум аст».[vii] Албатта ҷои шигифтӣ нест, дар бораи касе, ки Пайғамбари Ислом(с) дар бораи ў дуо намуда фаҳму дарки ҳақоиқи Қуръонро барои ў аз Худованд хоста бошад. Онҷо ки мефармояд:

« اللهم فقهه فی الدين و علمه التاويل »[viii]

Ў ба ҷиҳати фаровонии дониш ба лақаби «حبر الامة»ва ба далели фарогирии илми ў бар маонии Қуръон ва суннати Пайғамбар(с) ва аҳкоми дин ба « ترجـمان القرآن» ва « ربانی امت» низ шўҳрат ёфта буд. Ў дар миёни асҳоб ва тобеин забонзади аҳли дониш буд.

Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос гуяд:

« ابن عباس اعلمنا بما مضی و افقهنا فيما نزل…»

Халифа Умар(р) дар байни мардум эълом мекард:

« من کان سائلا عن شيئی عن القرآن فليسأل عبد الله بن عباس»[ix]

Хулоса, ҳаёти пурбаракати Ибни Аббос, зиндагии қуръонӣ ва саршор аз илму маърифат ва ахлоқу ҳикмат буд. Дуктур Заҳабӣ гуяд:

« فقد کان حيات ابن عباس حياة علمية، يتعلم و يعلم ، و لم يشتغل بالامارة الا قليلا حينما استعمله علی (ع) علی البصرة، و الحق ان ابن عباس قد ظهر فيه النبوغ العربی بأکمل معانيه علما و فصاحة، وسعة اطلاع فی نواح علمية مختلفة، لا سميا فهمه الکتاب الله تعالی»[x]

Ў дар тамоми ҷангҳои Амири мўъминон, — Ҷамал, Саффайн ва Наҳравон, — дар канори ҳазрат ва мулозими ў буд ва дар ҳудуди 70 солагӣ дар соли 68 дар ҳоле ки биноии худро аз даст дода буд , дар Тоиф падруди ҳаёт гуфт. Бар ҷанозаи ў Муҳаммад ибни Ҳанафия намоз гузорид ва баъд аз ин ки ўро дар қабр ниҳод чунин гуфт:

«مات و الله اليوم حبر هذه الامة…»[xi]

Баррасӣ

Дар зимни мутолиот ва таҳқиқотам дар бораи мадрасаи тафсирии Макка ва зиндагии Ибни Аббос ба чанд нукта бархўрдам, ки лозим медонам ба сурати хулоса онҳоро баён кунам:

  1. Иддае аз нависандагон монанди соҳиби китоби «Ҳибр-ул-умма Абдуллоҳ ибни Аббос», ўро ҷузъи Аҳли Байт дониста яке аз илали пешгомӣ ва заковат ва қудрати зеҳнии болои ўро дар ҳамин нукта пиндоштаанд. Аммо бояд гуфт, ки масодиқи Аҳли Байт бо аҳодиси мутавотир собит шудааст, ки танҳо панҷ тани Олӣ Або (Ҳазрати Алӣ(а), Ҳазрати Фотима(саломуллоҳи алайҳо), Ҳазрати Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн(а) ҳастанду бас. Аз онҷо ки зикри ривоёти ворида дар ин маврид баҳси моро тўлонӣ мекунад, аз баёни онҳо сарфи назар мешавад.

2. Дар миёни манобее, ки банда аз онҳо истифода кардам (ба ҷуз китоби «Ат-Тафсир ва-ал-муфассирун» —  Оятуллоҳ Маърифат) аъам аз кутуби ошноӣ бо муфассирин ва зиндагиномаҳое, ки дар бораи Ибни Аббос нигошта шудааст, матлабе аз шогирдии Ибни Аббос ва истифодаи фаровони ў аз маҳзари Мадинат-ул-илм Алӣ(а) ва ин ки ў яке аз ҳомиён ва мудофеони Алӣ ва Аҳли Байт(а) буд, чизе зикр нашуда буд. Ҳатто иддае ба ин андоза ҳам басанда накардаанд ва поро фаротар гузошта ўро аз лиҳози илмӣ афзал ва болотар аз Алӣ(а) донистаанд.[xii]

Дар ин ҷо бидуни ин ки ба нақду баррасии сиҳҳати гуфтори онҳо бипардозем, ба чанд ривояти саҳеҳ ва муътабар-ус-санад, ки аз Ибни Аббос нақл шудааст, ишора намуда қазоватро бар ўҳдаи ақли солим мегузорем.

Ибни Аббос мегуяд: «Бахши аъзами андухтаҳои тафсириамро аз Алӣ ибни Абутолиб омўхтам». Ҳамчунин мегўяд: «Алиро донише аст, ки пайғамбар ба ў омўхтааст ва пайғамбарро Худованд омўхтааст, бинобар ин дониши Пайғамбар аз Худо ва дониши Алӣ аз Пайғамбар аст ва андўхтаҳои илмии ман ва асҳоби Пайғамбар(с), ҷумлагӣ дар муқобили дониши Алӣ басони қатрае дар баробари ҳафт дарё аст».

Дар ҳадиси дигаре мегуяд: «Бизоати илмии ман дар бораи Қуръон, дар баробари дониши Алӣ, чун гудоли камобе аст, дар баробари дарё»[xiii] ва дар ҳадиси дигаре мегуяд: «Агар илми асҳоби Пайғамбарро ба даҳ бахш тақсим намоем, нўҳ бахши он ба Алӣ(а) ихтисос дода шудааст ва ў бо соири асҳоб дар бахши даҳум низ шарик аст».

Саид ибни Ҷубайр мегуяд: Ибни Аббос мегуфт: «Агар дар мавзўе сухан аз Алӣ(а) ба исбот мерасид ба он басанда мекардем ва суроғи дигарӣ намерафтем»[xiv], — назири ҳамин матлаб дар гуфтори Ибни Асир омадааст… 

идома дорад.

   Муҳаммадсиддиқ Ҳусейнзода



 

Пайнавиштҳо:

[i] «Ат-Тафсир ва ал-муфассирун», Доктор Заҳабӣ, ҷилди 1, саҳ. 65.

[ii] «Ал-Ҷомеъ-ул-аҳком-ул-Қуръон», ҷилди 1, саҳ. 35 ба нақл аз «Ат-Тафсир ва ал- муфассирун».

[iii] Оятуллоҳ Маърифат.

[iv] «Таҷриду асмо-ус-саҳоба», ҷилди 1, саҳ. 320, ба нақл аз «Тафсир-ут-тобеин», ҷилди 1, саҳ. 372.

[v] -«Таҷриду асмо-ус-саҳоба», ҷилди 1, саҳ. 320, ба нақл аз «Тафсир-ут-тобеин», ҷилди 1, саҳ. 372.

[vi] «Тафсир-ут-тобеин», ҷ.1 саҳ.68.

[vii] Табақоти ибни Саъд, ҷилди 2, саҳ. 371.

[viii] «Ат-тафсир ва ал-муфассирун», Оятуллоҳ Маърифат, ҷилди 1, саҳ. 225.

[ix] Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал ҷилди 1, саҳ. 314, ба нақл аз «Тафсир-ут-тобиин», ҷилди 1, саҳ. 374 .

[x] «Фазоил-ус–Саҳоба», Аҳмад ибни Ҳанбал ҷилди 2, саҳ. 967, ба нақл аз мадраки боло.

[xi] «Ат-тафсир ва ал-муфассирун», Доктор Заҳабӣ, ҷилди 1,

саҳ. 67.

[xii] «Усд-ул-ғоба» ҷилди 3, саҳ. 192, ба нақл аз «Тафсирут-тобеин», ҷилди 1.

[xiii] «Тафсир-ут-тобиин», ҷилди 1, саҳ. 373.

[xiv] «Биҳор-ул-анвор», ҷилди 89 саҳ.106, ҷиҳати тазеҳи бештар руҷўъ шавад ба китоби «Ат-тафсир ва ал-муфассирун», Оятуллоҳ Маърифат.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...