Ин сура дар Макка нозил шуда ва 43 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар
1 Алиф, Лом, Мим, Ро. Инҳо оятҳои китоб (-и осмонӣ) аст. Ва он чӣ аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шуда, ҳақ аст, вале бештари мардум имон намеоваранд.
2 Худо ҳамон касе аст, ки осмонҳоро, бесутунҳое, ки барои шумо диданӣ бошад, барафрошт, сипас бар арш истело ёфт (ва зимоми тадбири ҷаҳонро дар кафи қудрат гирифт). Ва худршеду моҳро мусаххар сохт, ки ҳар кадом то замони муайяне ҳаракат доранд. Корҳоро Ў тидбир мекунад, оятҳоро (барои шумо) шарҳ менамояд, шояд ба лиқои Парвардигоратон яқин пайдо кунед.
3 Ва Ў касе аст, ки заминро густаронд ва дар он кўҳҳо ва наҳрҳое қарор дод ва дар он аз тамоми меваҳо як ҷуфт офарид. (Пардаи сиёҳи) шабро бар рўз мепўшонад, дар инҳо оятҳое аст барои гурўҳе, ки тафаккур мекунанд.
4 Ва дар рўи замин, қитъаҳое дар канори ҳам қарор дод, ки бо ҳам фарқ доранд. Ва (низ) боғҳое аз ангур ва зироату нахлҳо (ва дарахтони меваи гуногун), ки гоҳ бар як поя мерўянд ва гоҳ бар ду поя. (Ва ҳайратовартар он ки) ҳамаи онҳо аз як об сероб мешаванд! Ва бо ин ҳол баъзе аз онҳоро аз ҷиҳати мева, бар дигарӣ бартарӣ медиҳем, дар инҳо нишонаҳое аст барои гурўҳе, ки ақли худро ба кор мегиранд.
5 Ва агар (аз чизе) тааҷҷуб мекунӣ, аҷиб гуфтори онҳост, ки мегўянд: «Оё ҳангоме, ки мо хок шудем, (бори дигар зинда мешавем ва) ба хилқати нав бозмегардем?!». Онҳо касоне ҳастанд, ки ба Парвардигорашон кофир шудаанд ва онҳо ғул ва занҷирҳо дар гарданашон аст ва онҳо аҳли дўзаханд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.
6 Онҳо пеш аз ҳасана (ва раҳмат) аз ту дархости шитоб дар сайиа (ва азоб) мекунанд, бо ин ки пеш аз онҳо балоҳои ибратангез нозил шудааст. Ва Парвардигори ту нисбат ба мардум – бо ин ки зулм мекунанд – дорои мағфират аст. Ва (дар айни ҳол), Парвардигорат дорои азоби шадид аст!
7 Касоне, ки кофир шуданд, мегўянд: «Чаро оят (ва мўъҷизае) аз Парвардиграш бар ў нозил нашудааст?!». Ту фақат бимдиҳандаӣ! Ва барои ҳар гурўҳе ҳидояткунандае аст (ва инҳо ҳама баҳона аст, на барои ҷустуҷўи ҳақиқат).
8 Худо аз ҷанинҳое, ки ҳар (инсон ё ҳайвони) модае ҳамл мекунад, огоҳ аст ва низ аз он чӣ раҳимҳо кам мекунанд (ва пеш аз вақти муқаррар мезоянд) ва ҳам аз он чӣ афзун мекунанд (ва баъд аз вақти муқаррар мезоянд). Ва ҳар чиз назди Ў миқдори муайяне дорад.
9 Ў аз ғайбу шуҳуд огоҳ ва Бузургу Мутаолӣ аст.
10 Барои Ў яксон аст касоне аз шумо, ки пинҳонӣ сухан бигўянд ё онро ошкор созанд. Ва касоне, ки шабонгоҳ пинҳонӣ ҳаракат мекунанд, ё дар равшаноии рўз.
11 Барои инсон маъмуроне аст, ки пай дар пай аз пеши рў ва аз пушти сараш ўро аз фармони Худо (ҳодисаҳои ғайри ҳатмӣ) ҳифз мекунанд. (Аммо) Худованд сарнавишти ҳеҷ қав (ва миллате)-ро тағйир намедиҳад, магар он ки онон он чиро дар худашон аст, тағйир диҳанд. Ва ҳангоме, ки Худо иродаи баде ба қавме (ба хотири аъмолашон) кунад, ҳеҷ чиз монеи он нахоҳад шуд. Ва ҷуз Худо сарпарасте нахоҳанд дошт.
12 Ў касе аст, ки барқро ба шумо нишон медиҳад, ки ҳам сабаби тарс ва ҳам сабаби умед. Ва абрҳи сангинбор эҷод мекунад.
13 Ва раъд, тасбеҳу ҳамди Ў мегўяд. Ва (низ) фариштагон аз тарси Ў! Ва соиқаҳоро мефиристад ва ҳар касро бихоҳад гирифтори он мекунад, (дар ҳоле, ки онҳо бо мушоҳидаи ин ҳама нишонаҳои илоҳӣ, боз ҳам) дар бораи Худо ба муҷодила машғуланд. Ва Ў қудрати бениҳояте (ва муҷозоти дардноке) дорад!
14 Даъвати ҳақ аз они Ўст. Ва касонеро, ки (мушрикон) ғайр аз Худо мехонанд, (ҳаргиз) ба даъвати онҳо ҷавоб намегўянд. Онҳо ҳамчун касе ҳастанд, ки кафҳои (дасти) худро ба сўи об мекушояд, то об ба даҳонашон бирасад. Ва ҳаргиз нахоҳанд расид. Ва дуои кофирон, ҷуз дар залол (ва гумроҳӣ) нест.
15 Тамоми касоне, ки дар осмонҳову змин ҳастанд – аз рўи итоат ё икроҳ – ва ҳамчунин сояҳояшон, ҳар субҳу аср барои Худо саҷда мекунанд.
16 Бигў: «Чӣ касе парвардигори осмонҳо ва замин аст?». Бигў: «Аллоҳ!». (Сипас) бигў: «Оё авлиё (ва худоёне) ғайр аз Ў барои худ баргузидаед, ки (ҳатто) молики суду зиёни худ нестанд, (то чӣ расад ба шумо?!)». Бигў: «Оё нобино ва бино яксонанд?! Ё зулматҳо ва нур баробаранд?! Оё онҳо ҳамтоёне барои Худо қарор доданд, ба хотири ин ки онон монанди Худо офаринише доштанд ва ин офринишҳо бар онҳо муштабаҳ шудааст?!». Бигў: «Худо холиқи ҳамаи чиз аст ва Ўст Якто ва Пирўз».
17 (Худованд) аз осмон обе фиристод ва аз ҳар дарра ва рудхонае ба андоза онҳо селобе ҷорӣ шуд, сипас сел бар рўи худ кафе ҳамл кард ва аз он чӣ (дар кураҳо) барои ба даст овардани зинатолот ё васоили зиндагӣ, оташ рўи он равшан мекунанд низ, кафҳое монанди он ба вуҷуд меояд – Худованд, ҳаққу ботилро чунин масал мезанд! – Аммо кафҳо ба берун партоб мешаванд, вале он чӣ ба мардум суд мерасонад, (об ё филези холис) дар замин мемонад, Худованд ин чунин мисол мезанад.
18 Барои онҳо, ки даъвати Парвардигорашонро иҷобат карданд, подоши некў аст ва касоне, ки даъвати Ўро иҷобат накарданд, (он чунон дар ваҳшати азоби илоҳӣ фурў мераванд, ки) агар тамоми он чӣ рўи замин аст ва монанадаш, аз они онҳо бошад, ҳамаро барои раҳоӣ аз азоб медиҳанд, (вале аз онҳо пазируфта нхоҳад шуд). Барои онҳо ҳисоби баде аст ва ҷойгоҳашон ҷаҳаннам. Ва чӣ ҷойгоҳи баде аст!
19 Оё касе, ки медонад он чӣ аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шуда, ҳақ аст, монанди касе аст, ки нобиност?! Танҳо соҳибони андеша мутазаккир мешаванд.
20 Ҳамонҳо, ки ба аҳди илоҳӣ вафо мекунанд ва паймонро намешикананд.
21 Ва онҳо, ки пайвандҳоеро, ки Худо дастур ба барқарории он додааст, барқарор медоранд ва аз Парвардигорашон метарсанд ва аз бадии ҳисоб (-и рўзи қиёмат) хавф доранд.
22 Ва онҳо, ки ба хотири зоти (поки) Парвардигорашон шакебоӣ мекунанд ва намозро барпо медоранд ва аз он чӣ ба онҳо рўзӣ додаем, дар пинҳону ошкор бахшиш мекунанд ва бо ҳасанот, сайиотро аз миён мебаранд, поёни неки сарои дигар аз они онст.
23 (Ҳамон) боғҳои ҷовидони биҳиштӣ, ки дохили он мешаванд. Ва ҳамчунин падарон ва ҳамсарон ва фарзандони солеҳи онҳо. Ва фариштагон аз ҳар даре бар онон дохил мегарданд.
24 (Ва ба онон мегўянд:) Салом бар шумо, ба хотири сабру истиқомататон. Чӣ некўст саранҷоми он саро (-и ҷовидон!).
25 Онҳо, ки аҳди илоҳиро пас аз маҳкам кардан мешикананд ва пайвандҳоеро, ки Худо дастур ба барқарории он додааст, қатъ мекунанд ва дар рўи замин фасод менамоянд, лаънат барои онҳост ва бадӣ (ва муҷозоти) сарои охират!
26 Худо рўзиро барои ҳар кас бихоҳад (ва шоиста бидонад), васеъ, барои ҳар кас бихоҳад (ва маслиҳат бидонад), танг қарор медиҳад, вале онҳо (кофирон) ба зиндагии дунё шод (ва хушҳол) шуданд, дар ҳоле, ки зиндагии дунё дар баробари охират, матои ночизе аст.
27 Касоне, ки кофир шуданд, мегўянд: «Чаро оят (ва мўъҷизае) аз Парвардигораш бар ў нозил нашудааст?!». Бигў: «Худованд ҳар касро бихоҳад гумроҳ ва ҳар касро, ки бозгардад, ба сўи худаш ҳидят мекунад. (Камбудӣ дар мўъҷизаҳо нест, саркашии онҳо монеъ аст)».
28 Онҳо касоне ҳастанд, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Худо мутмаин (ва ором) аст. Огоҳ бошед, танҳо бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбад.
29 Онҳо, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, покизатарин (зиндагӣ) насибашон аст ва беҳтарин саранҷомҳо.
30 Ҳамон гуна, (ки пайғамбарони пешинро барангехтем), туро ба миёни уммате фиристодем, ки пеш аз онҳо умматҳои дигаре омаданд ва рафтанд, то он чиро ба ту ваҳй намудаем, бар онон бихонӣ, дар ҳоле, ки ба Раҳмон (Худованде, ки раҳматаш ҳамагонро фаро гирифтааст), куфр меварзанд, бигў: «Ў Парвардигори ман аст, маъбуде ҷуз Ў нест, бар Ў таваккул кардам ва бозгаштам ба сўи Ўст».
31 Агар ба василаи Қуръон, кўҳҳо ба ҳаракат дароянд ё заминҳо қитъа-қитъа шаванд ё ба василаи он бо мурдагон сухан гуфта шавад, (боз ҳам имон нахоҳанд овард). Вале ҳамаи корҳо дар ихтиёри Худост. Оё онҳо, ки имон овардаанд, намедонанд, ки агар Худо бихоҳад, ҳамаи мардумро (маҷбурӣ) ҳидоят мекунад?! (Аммо ҳидояти маҷбурӣ суде надорад). Ва пайваста балаҳои кўбандае бар кофирон, ба хотири аъмолашон ворид мешавад ва ё ба наздикии хонаи онҳо фуруд меояд, то ваъдаи (ниҳоии) Худо фаро расад. Ба яқин, Худованд дар ваъдаи худ тахаллуф намекунад.
32 (Танҳо туро истеҳзо накарданд), пайғамбарони пеш аз туро низ мавриди истеҳзо қарор доданд. Ман ба кофион мўҳлат додам, сипас онҳоро гирифтам, дидӣ муҷозоти ман чӣ гуна буд?!
33 Оё касе, ки болои сари ҳама истода (ва ҳофизу нигаҳбон ва муроқиби ҳама аст) ва аъмоли ҳамаро мебинад, (ҳамчун касе аст, ки ҳеҷ як аз ин сифатҳоро надорад?!). Онон барои Худо ҳамтоёне қарор доданд. Бигў: «Онҳоро ном бибаред! Оё чизеро ба Ў хабар медиҳед, ки аз вуҷуди он дар рўи замин бехабар аст, ё суханони зоҳирӣ (ва пуч) мегўед?!». (На, шарике барои Худо вуҷуд надорад), балки дар назари кофирон дурўғҳояшон зинат дода шудааст (ва бар асари нопокии дарун, чунин мепиндоранд, ки ҳақиқате дорад). Ва онҳо аз роҳ (-и Худо) боздошта шудаанд. Ва ҳар касро Худо гумроҳ кунад, роҳнамое барои ў вуҷуд нахоҳад дошт.
34 Дар дунё барои онҳо азоби (дардноке) аст ва азоби охират сахттар аст. Ва дар баробари (азоби) Худо, ҳеҷ кас наметавонад онҳоро нигаҳ дорад.
35 Сифатҳои биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шудааст, (ин аст, ки) наҳрҳои об аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, меваи он ҳамешагӣ ва сояаш доимӣ аст. Ин саранҷоми касоне аст, ки парҳезгорӣ пеш карданд ва саранҷоми кофирон оташ аст.
36 Касоне, ки китоби осмонӣ ба онон додаем, аз он чӣ бар ту нозил шудааст, хушҳоланд. Ва баъзе аз аҳзоб (ва гурўҳҳо) қисмате аз онро инкор мекунанд, бигў: «Ман маъмурам, ки «Аллоҳ»-ро бипарастам ва шарике барои Ў қоил нашавам. Ба сўи Ў даъват мекунам ва бозгашти ман ба сўи Ўст».
37 Ҳамон гуна, (ки ба пайғамбарони пешин китоби осмонӣ додем), бар ту низ ин (Қуръон)-ро ба унвони фармони равшан ва сареҳе нозил кардем. Ва агар аз ҳавасҳои онон – баъд аз он ки огоҳӣ барои ту омадааст — пайравӣ кунӣ, ҳеҷ кас дар баробари Худо аз ту ҳимоят ва пешгирӣ нахоҳад кард.
38 Мо пеш аз ту (низ), расулоне фиристодем ва барои онҳо ҳамсарону фарзандоне қарор додем ва ҳеҷ расуле наметавонист (аз пеши худ), мўъҷизае биёварад, магар ба фармони Худо. Ҳар замоне навиштае дорад (ва барои ҳар коре мавъиди муқарраре аст).
39 Худованд ҳар чиро бихоҳад маҳв ва ҳар чиро бихоҳад исбот мекунад. Ва «Уммул-китоб» (лавҳи маҳфуз) назди Ўст.
40 Ва агар порае аз муҷозотҳоро, ки ба онҳо ваъда медиҳем, ба ту нишон диҳем ё (пеш аз фаро расидани ин муҷозотҳо) туро бимиронем, дар ҳар ҳол, ту фақат маъмури иблоғ ҳастӣ ва ҳисоб (-и онҳо) бар мост.
41 Оё надиданд, ки мо пайваста ба суроғи замин меоем ва аз атроф (ва ҷавониби) он кам мекунем?! (Ва ҷомеаҳо, тамаддунҳо ва донишмандон тадриҷан аз миён мераванд). Ва Худованд ҳукм мекунад ва ҳеҷ касро тавоноии пешгирӣ ё радди аҳкоми Ў нест ва Ў сареъул-ҳистоб аст.
42 Пеш аз онон низ касоне тарҳҳо ва нақшаҳо кашиданд, вале тамоми тарҳҳо ва нақшаҳо аз они Худост. Ў аз кори ҳар кас огоҳ аст ва ба зудӣ кофирон медонанд, саранҷоми (неку бад) дар сарои дигар аз они кист!
43 Онҳо, ки кофир шуданд, мегўянд: «Ту пайғамбар нестӣ!». Бигў: «Кифоят мекунад, ки Худованд ва касе, ки илми китоб (ва огоҳии бар Қуръон) назди ўст, миёни ман ва шумо гувоҳ бошанд».