ДУО ВА УНС БО ХУДО

« قل ما يعبؤ بكم ربى لو لادعاؤكم »
“Бигў агар дуои шумо набуд, Худо ба шумо чӣ эътиное дошт”.    
Дуо иборат аст аз садо задан ва мадад хостан барои ҳалли мушкилот аз холиқи худ ва изҳори фўрўтанӣ дар муқобили ў.
Дуо содатарин ва оддитарин робитаи инсон бо Худованд аст, ки дар натиҷаи он, дили инсон бо ихтиёри худ ба Худованд таваҷҷўҳ мекунад ва бар рўҳи ў асар мегузорад ва аҳёнан асари он таваҷҷўҳ дар забон мутаҷаллӣ мешавад.
Дуо силоҳи мўъмин ва василаи тақарруб ба Худованд ва ҳақиқати ибодат ва ёди ҳақ ва гуфтугў бо рабби олам аст. Ҳоҷат хостан баҳонаи рафтан ба дари хонаи дўст ва розу ниёз бо яктои бениёз аст.
Дуо кўбидани дари раҳмати ҳақ ва сабаби нузули баракоти Худованд аст.
Дуо мояи нишоти рўҳ ва ҳаёти ҷон ва калиди атоёи илоҳӣ аст.
Дуо аз масъалаҳое аст, ки дар фарҳанги Ислом нисбат ба он таваҷҷўҳи бисёр шудааст, лизо шоиста аст, ки ҳақиқати он рўшан гардад.
Ҳақиқати дуо
   Зиндагии дунё ба гунае аст, ки хоҳ-нохоҳ таваҷҷўҳи инсонро то ҳудуде ба умури моддӣ ҷалб мекунад. Аммо воқеият ин аст, ки инсон барои тақарруб ба Худо офарида шудааст ва бояд аз тамоми ҷавониби зиндагӣ барои расидан ба ин мақсуд баҳра гирад. Яке аз беҳтарин роҳҳо барои ин манзур он аст, ки ҳар рўз лаҳзаҳое аз умри худро сарфи таваҷҷўҳи холис ба Парвардигор кунад, ин таваҷҷўҳ бештар дар намоз ҷилвагар мешавад, дар намоз дуоҳое дар ҳоли қунут ва соири ҳолот хонда мешавад. Гузашта аз онки дар ривоёт барои қабл ва баъд аз намоз низ дуоҳои дигар ворид шудааст. Ҳатто метавон худи намозро навъе дуо донист ва чунон ки гуфта шудааст, калимаи “салот” дар асли луғат ба маънои дуо аст.
  Дуо таваҷҷўҳ ба боргоҳи ҳазрати маъбуд аст ва барои мўъминон навъе меъроҷи рўҳӣ ва маънавӣ ба ҳисоб меояд. Ҳақиқати дуо фақат талаффузи порае аз калимот ва риояи бархе аз одоби хос нест, балки таваҷҷўҳи қалбии  инсон ба Худованди олам аст. Ба ҳамин далел ҳар миқдор маърифат ва муҳаббати инсон ба Худованд зиёд бошад таваҷҷўҳаш ҳам ба Худованд бештар хоҳад буд. Ба ҳамин хотир бояд пеш аз онки даст ба дуо бардорем ва ҳамчунин ҳангоми дуо нисбат ба сифоти Худованд таваҷҷўҳи лозимро дошта бошем.
Ҳақиқати дуо, ҳамон ибодат аст, ибодате, ки ҳатто агар ба дурустӣ анҷом шавад аз ҷиҳати таваҷҷўҳ ба Худо бар бисёре аз ибодот пешӣ хоҳад гирифт. Дар ривояте аз Расули Акрам(с) омадааст, ки мефармоянд:
“الدعاء مخ العبادة ”
дуо мағзи тамоми ибодатҳост.

   Дар воқеъ дуо яке аз беҳтарин роҳҳои   расидан ба камоли маърифат ва шинохти Худованд аст.
Дуо нури ибодат аст ва танҳотарин роҳи расидан ба камоли инсоният, ибодат аст. Пас дуо яке аз роҳҳои такомули инсоният хоҳад буд.
Худованд дар Қуръони карим мефармояд:
 “Маро бихонед то дуои шуморо иҷобат кунам” ва ҷои дигар мефармояд: “Ба дурустӣ касоне, ки аз бандагии ман сарпечӣ кунанд ва худро бузургтар аз он бидонанд, ки дар муқобили азамати илоҳӣ таъзим кунанд ва мутакаббирона аз ибодати ман саркашӣ кунанд, бо зиллату хорӣ  вориди ҷаҳаннам хоҳанд шуд” (Ғофир/60)
 Бо таваҷҷўҳ ба ду ояи мазкур маълум мешавад, ки сарпечӣ аз ибодати Худованд ва кибру худхоҳӣ  сабаби хашми илоҳӣ хоҳад шуд, ҳамчунин маълум мешавад, ки дуо навъе  ибодати Худованд башумор меравад. Дар натиҷа тарки дуо ва ё бетаваҷҷўҳӣ ба дуо, ҳам  сабаби хашми Худованд хоҳад шуд ва ҳам он натиҷаеро хоҳад дошт, ки тарки ибодат дорад , яъне бо зиллату хорӣ вориди ҷаҳаннам шудан.
Ва аммо барои он ки ибодат будани дуо беҳтар мушаххас шавад, масъалаи ихлос дар он матраҳ шудааст. Онҷо, ки мефармояд:
فادعواالله مخلصين له الدين
”Пас Худоро бо ихлос бихонед, ки дини холис махсуси Худованд аст.” (Ғофир/14).

Зайнура Ҳусейнӣ

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,