20 ҷимодиссонӣ мувофиқ бо 20 апрели 2014
солрӯзи таваллуди сарвари занони олам
духтари гиромии Паёмбари Аъзам(с)
ҳамсари ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб(к)
ҳазрати Фотимаи Заҳро Кавсари Қуръони Каримро
ба ҳамаи мусулмонон ва озодагони ҷаҳон ва модарону хоҳарони муҳтарам табрику таҳният мегӯем.
Умедворем Худованд моро дар дунё ва охират аз баракоти хонадони Паёмбари Аъзам(с) баҳраманд бигардонад.
Заҳрои кавсар омад,
Хандону шоду хушрӯ.
Бо домани пур аз гул,
Бо ғунчаҳои хушбӯ.
Рӯи сараш ситора,
Як тоҷи осмонист,
Бар сурати қашангаш,
Лабханду меҳрубонист.
Бобои хуби Заҳро,
Бӯсид сураташро,
Ӯ бо фариштаҳо гуфт,
Шукри Худои доно.
Кубро Ҳошимӣ