Ниёз ба мӯъҷиза

Чаро бояд паёмбарон (а) дорои мӯъҷиза бошанд ва чаро Қуръон мӯъҷиза аст?

Вақте шахсе иддао мекунад, ки аз ҷониби Худованд омадааст, мардум барои ин ки бовар кунанд, ки рост мегӯяд аз ӯ мехоҳанд барои ростгӯии худаш далел биёварад. Паёмбарон (а) дар ҷавоб мегуфтанд: Нишонаи ростгӯии мо ин аст, ки Худованд ба мо тавоне додааст, ки метавонем корҳое кунем, ки ҳеҷ кас наметавонад анҷом диҳад. Масалан ҳазрати Исо (а) мефармуд: Далели ростгӯ будани ман ин аст, ки ба дуо кардан мурдаҳоро зинда мекунам. Ба ин гуна корҳо, ки мардум аз анҷом додани он нотавон ҳастанд, мӯъҷиза мегӯянд.

Паёмбари Аъзам (с) мӯҷизаҳои зиёде доштанд, монанди ду ним кардани моҳ ва баргардондани он ба ҳолати аввалаш, ба меъроҷ рафтан, сухан гуфтани дарахт бо он Ҳазрат ва ҳаракати дарахт ва омаданаш ба назди Паёмбар (с), вале муҳимтарин ва ҷовидонатарини онҳо Қуръони Карим аст. Бо вуҷуди ҷойгоҳ ва аҳамияти Қуръон касе ба суроғи мӯъҷизаҳои дигари Паёмбар (с) намеравад. Чунонки ҳангоми рӯз ситораҳо дар осмон ҳастанд, вале нури Хуршед он қадар зиёд аст, ки ситораҳо дида намешаванд.

Худованд Қуръонро бар ҳазрати Муҳаммад (с) нозил фармуд то мардум бо шунидани оятҳои илоҳӣ яқин кунанд, ки ҳазрати Муҳаммад (с) аз ҷониби Худованд сухан мегӯяд ва оятҳои Қуръон ба гунае мебошад, ки ҳеҷ кас наметавонад монанди Қуръон биёварад ва ин беҳтарин нишона барои исботи паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) аст.

Муборизаталабии  Қуръон

Чигуна бифаҳмем, ки Қуръон мӯъҷиза аст?

Чуноне медонед мӯъҷиза ба корҳои паёмбарон (а) ки мардуми оддӣ наметавонанд анҷом диҳанд-  гуфта мешавад. Ҳоло мехоҳем бифаҳмем, ки Қуръон мӯъҷиза аст ё не?

Муҳимтарин роҳ ин аст, ки аз мухолифон бихоҳем, ки мисли Қуръон биёранд, агар тавонистанд мефаҳмем Қурон мӯъҷиза нест, вале агар натавонистанд, ки ҳатто як сура монанди Қуръон биёранд мефаҳмем Қуръон мӯъҷиза аст.

Худованд дар ибтидо аз мардум мехоҳад, ки агар метавонанд қуръоне монанди “Қуръони Маҷид”, биёранд, вале –чунон ки медонем- ҳеҷ кас натавонистааст чунин кореро то имрӯз бикунад.

Худованд дар ояти дигар аз мардум мехоҳад, ки агар дар ин ки Қуръоне, ки аз ҷониби Худованд нозил шуда шак доранд, фақат даҳ сура монанди Қуръон биёваранд. Дар ояти 13 ва 14 -и сураи “Ҳуд” мехонем: “Оё мегӯянд: Ӯ ба дурӯғ ин (Қуръон)-ро (ба Худованд) нисбат медиҳад? Бигӯ: Агар рост мегӯед шумо ҳам даҳ сура аз пеши худатон монанди ин Қуръон биёред ва тамоми касонеро, ки метавонед ғайр аз Худованд, барои ин кор даъват кунед. Пас агар посухи шуморо надоданд, пас бидонед (Қуръон) танҳо бо илми илоҳӣ нозил шудааст… .”

Агар касе метавонист даҳ сура монанди Қуръон биёварад беҳтар набуд кофирони замони Паёмбар (с) ва кофирони имрӯзӣ, ба ҷои он ки бо мусулмонон ҷанг кунанд ва хунҳои зиёде рехта шавад, даҳ сураи сохтагӣ қобили қабул ва хуб — ки хусусиятҳои Қуръонро дошта бошад — месохтанд ва Паёмбар(с) ва мусулмононро маҳкум мекарданд?

Ҳамчунин Худованд дар ояти 23 -и сураи Бақара аз касоне, ки тардид доранд, ки Қуръон аз тарафи Худованд аст, мехоҳад, танҳо як сура монанди Қуръон биёваранд.

Ва агар дар бораи он чи бар бандаи худ (ҳазрати Муҳаммад(с)) нозил кардаем шакку тардид доред, (дасти кам) як сура ҳамонанди он биёваред ва гувоҳони худро ғайр аз Худованд (барои ин кор) фарохонед, агар рост мегӯед.

 

Ҷолиб он аст, ки Худованд дар ояти 24 ҳамин сура ошкоро эълом мекунад, ки мардум, ҳаргиз наметавонанд ҳатто як сура монанди Қуръон биёранд ва ҳамакнун пас аз гузашти беш аз 1400 сол мебинем, ки мӯъҷизаи Қуръон поянда аст ва ҳеҷ кас натавонистааст, ҳатто як сура монанди Қуръон биёварад. Ва ҳамин худ далел бар мӯъҷиза будани Қуръон аст.

Чаро арабзабонон натавонистанд монанди Қуръон биёваранд?

Қуръон аз чанд ҷиҳат мӯъҷиза аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба ин ҷиҳатҳо касе наметавонад каломе монанди Қуръон биёварад. Ба унвони намуна, яке аз ҷиҳатҳои он мӯъҷизаи адабии Қуръон аст, яъне Қуръон аз назари зебоӣ ва дилрабоӣ ба гунае аст, ки ҳеҷ кас, чи араб ва чи ғайриараб наметавонад монанди онро биёваранд. Ҳоло барои ин ки матлаб равшантар шавад мисоле мезанем. Медонед, ки Ҳофизи Шерозӣ яке аз бузургтарин шоирони форс аст, ки беҳтарин ғазалҳоро суруда аст. Агар аз худи Ҳофиз бипурсем, ки чӣ кор кардӣ, ки шеърҳоят ин қадар зебо аст, ки шоири дигар натавонистааст ба зебоии ту бисарояд? Медонед посухи ӯ чист? Мегӯяд:

»Ҳар чи дорам ҳама аз давлати Қуръон дорам«.

Ва дар шеъри дигаре ба мо насиҳат мекунад, ки агар мехоҳем ба он чи мақсуд ва матлуби мост дастрасӣ пайдо кунем бояд даст ба домони Қуръон бизанем.

Ишқат расад ба ҷонон, гар худ басони Ҳофиз,

Қуръон зи бар бихонӣ бо чордаҳ ривоят.

Агар Ҳофиз бо муроҷеа ба Қуръон ва диққат дар нуктаҳои дақиқи он ба ҷое расидааст, ки касе то кунун натавониста ба хубии ғазалҳои ин Ҳофизи Қуръон, ғазал бисарояд, чигуна мумкин аст як нафар, ки арабӣ медонад муъҷиза кунад ва Қуръоне биёварад? В-онгоҳ Қуръон насри маъмулӣ нест то нависандае битавонад насре монанди он бинависад. Чунон ки шеър ҳам нест то шоире битавонад монанди он тақлид кунад ва шеър бисарояд. Балки дорои назми нав аст, ки бо назм ва равиши шинохта шуда дар араб ва ғайри араб фарқ мекунад.

Тамоми он чи навиштем танҳо бо таваҷҷӯҳ ба мӯъҷизаи адабии Қуръон аст, дар ҳоле ки Қуръон аз чандин ҷиҳат мӯъҷиза аст ва фазоили Қуръон он қадар зиёд аст, ки ба ростӣ бояд гуфт:

 

Китоби фазли туро, оби баҳр кофӣ нест,

Ки тар кунам сари ангушту сафҳа бишморам.

 

Посухи бахши дувуми савол ин аст, ки:

Мӯъҷизаи ҳар паёмбаре бо таваҷҷӯҳ бо донишҳо ва маҳорати мардуми ҳамон замон буд. Дар замони ҳазрати Исо (а) дониши пизишкӣ пешрафти зиёде карда буд ва шояд ба ҳамин сабаб буд, ки мӯъҷизаҳои ҳазрати Исо (а) корҳое монанди зинда кардани мурдагон, шифо додани кӯрони модарзод ва ғайра буд.

Дар даврони ҳазрати Мусо (а) мардум ба корҳои ҷодугарӣ, шуъбадабозӣ рӯй оварда буданд ва ба роҳатӣ ташхиси мӯҷиза аз шуъбада ва ҷоду барояшон имконпазир буд. Пас яке аз мӯъҷизаҳои ҳазрати Мусо (а) табдили асо ба аждаҳо буд ва аз аввалин афроде, ки ба ҳақиқӣ будани мӯъҷизаи ҳазрати Мусо (а) пай бурданд, худи соҳирон ва ҷодугарон буданд.

Дар замони ҳазрати Муҳаммад (с) низ дар кишвари Арабистон — ки ба Ҳиҷоз маъруф буд — бозори илму дониш ва адабиёт ривоҷ дошт. Нависандагон ва шоирони забардаст ва зебопардозе зуҳур карда буданд, ки дар офариниши матнҳои адабӣ ва шеърҳои ҷаззоб тавоноии фавқулода доштанд. Дар чунин фазое, ки колои шеъру ҳунар харидорони фаровоне дошт, беҳтарин мӯъҷизаи Паёмбар (с) чӣ чиз метавонист бошад?

Чунон ки медонем ҳазрати Муҳаммад (с) охирин паёмбари илоҳӣ аст. Қуръон мӯҷизаи ҷовидони ҳазрат (с) барои ҳамаи замонҳо, маконҳо ва афрод аст. Дар ғайри ин сурат мумкин буд мардум бигӯянд: Чун мо мӯъҷизаро надидем ҳаққонияти Паёмбарро қабул надорем.

Пас мӯъҷизааш ҳам бояд ҷовидона бошад то ҳар кас то қиёмат битавонад бо муроҷеа ба Қуръон ба ҳаққонияти Ислом пай бибарад ва роҳи баҳонаҷӯӣ баста шавад.

Чаро дар бархе аз маворид ба назар мерасад оятҳои Қуръон бо ҳам ихтилоф доранд; масалан дар як оят мефармояд: “Вақте мехоҳем бандаҳои мӯъминро озмоиш кунем дороиҳо, дарахтони мева ва авлоди ӯро аз ӯ мегирем” ва дар ояти дигаре мефармояд: “Вақте бандае аз ёди мо ғофил шуд, мо зиндагиро бар ӯ сахт мегирем.” Оё ин ду оят бо ҳамдигар ихтилоф надоранд?

Яке аз мӯъҷизаҳои Қуръони Карим ин аст, ки дар оятҳояш ихтилофе вуҷуд надорад, яъне бо он ки оятҳои Қуръон беш аз бист сол дар мавқеиятҳои гуногун бар Паёмбар (с) нозил шудааст, вале ҳеҷ тазод ва мухолифате бо ҳамдигар надорад, чунон ки Худованд мефармояд:

Оё дар бораи Қуръон намеандешед, ки агар аз тарафи ғайри Худо буд, ихтилофоти фаровоне дар он меёфтанд.[1]

Пас агар ба ду оят бархурд кардем ва дар нигоҳи аввал фикр кардем, ки оятҳо бо ҳамдигар таорӯз доранд, бояд аз донишмандон ва рӯҳониёни муҳтарам маънои дақиқи оятҳоро бипурсем то мушкил бартараф шавад. Пас аз муқаддимаи боло посухи пурсишро бо ҳам мехонем:

Посухи аввал: Зиндагии танг (ва сахт), ки кофирон ва афроди ғофил аз ёди Худо ба он мубтало мешаванд, бо даромади кам, гуруснагӣ ва марги бархе аз хешовандон, ки дар бархе аз маворид хубон ба он дучор мешаванд тафовути зиёде дорад. Ба мисоли зерин таваҷҷӯҳ кунед:

Яке аз сарватмандтарин афроди кофирро бо яке аз мӯъминон, ки доромади хеле зиёде ҳам надорад муқоиса мекунем ва мебинем зиндагии кадом як тангтар ва нороҳаткунандатар аст.

1- Фарди мӯъмин аз чизе наметарсад ва нороҳатӣ надорад, чун Худоро пуштибони худаш медонад, вале сарвтманди кофир аз ҳама кас ва ҳама чиз метарсад, чун фикр мекунад, мехоҳанд дороии ӯро аз ӯ бигиранд ё ӯро терор кунанд в ғ. пас ҳамеша нороҳат аст.

2- Мӯъмин аз марг воҳимае надорад, чун биҳишт дар интизори ӯст, вале кофир аз марг бимнок аст, чун ҳама чизашро пас аз мурданаш аз даст рафта мебинад.

3- Мӯъмин оромиш дорад, чун такиягоҳаш Худованд аст, вале кофир ҳамеша дар нигаронӣ ва изтироб ба сар мебарад ва хулоса ин ки ҳар чанд фарди мӯъмин пули зиёде надорад, зиндагии ширине дорад, вале кофир ҳар чанд пули зиёде дорад зиндагиаш талху танг аст.

Пас ояти 124 сураи Тоҳо –ки мефаромяд: Ҳар кас аз зикри ман рӯй гардонад зиндагиаш танг шавад (ва сахтӣ хоҳад дошт), — бо ояти 155 сураи Бақара– ки мефармояд: Мо шуморо бо тарс, гуруснагӣ, коҳиши дороӣ ва ҷонҳо озмоиш мекунем, мунофоте вуҷуд надорад, чун мӯъмин ҳамеша оромиш дорад, аммо фарди ғофил аз ёди Худо, ҳамеша дар нороҳатӣ ва азоб аст, ҳарчанд сарватманд ва солим бошад.

Посухи дуюм: Беморӣ ва фақр, агар имтиҳоне аз тарафи Худованд бошад ва инсон аз имтиҳони илоҳӣ сарбаланд берун ояд хуб аст, чунон ки дороӣ ва саломатӣ, агар боиси дурӣ аз ёди Худо шавад бад аст. Ҳар ҷо сахтӣ ва мушкилот мӯҷиби наздик шудани инсон ба Худо шавад хуб аст ва агар сабаб шавад инсон аз Худованд дур шавад нописанд мебошад.[2]



[1]. Нисо, ояти 82.

[2]. Ниг. Тафсири Намуна, ҷ.4, саҳ. 28-29

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...