Лутфи ҳақ

­Модари Мусо чу Мусоро ба Нил,

Дарфиканд аз гуфтаи Рабби Ҷалил.

Худ зи соҳил кард бо ҳасрат нигоҳ,

Гуфт к-эй фарзанди хурди бегуноҳ.

Гар фаромушат кунад лутфи Худой,

Чун раҳӣ з-ин киштии бенохудой.

Гар наёрад Эзади покат ба ёд,

Об, хокатро диҳад ногаҳ ба бод.

Ваҳй омад к-ин чи фикри ботил аст,

Раҳрави мо инак андар манзил аст.

Пардаи шакро барандоз аз миён,

То бубинӣ суд кардӣ ё зиён.

Мо гирифтем ончиро андохтӣ,

Дасти ҳақро дидиву нашнохтӣ.

Дар ту танҳо ишқу меҳри модарист,

Шеваи мо адлу бандапарварист.

Нест бозӣ кори ҳақ, худро мабоз,

Ончи бурдем аз ту, боз орем боз.

Парвини Эътисомӣ

 

Охирин матолиб

Нақши Форсҳо дар Ислом аз манзари Расули Худо(с)

Расули акрам(с) дар бораи Форсҳо мефармоянд: ‏لَوْ كَانَ الدِّينُ عِنْدَ ‏الثُّرَيَّا‏ ‏لَذَهَبَ بِهِ رَجُلٌ مِنْ فَارِسَ ‏أَوْ قَالَ مِنْ أَبْنَاءِ فَارِسَ ‏حَتَّى يَتَنَاوَلَهُ Агар дин...

ҲИКМАТҲОИ РАМАЗОН

Фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ба тамоми мусулмонон ба хусӯс шумо ҳамдиёрони азиз муборак бошад! Дар ин моҳи шарифу муқаддас, аз Парвардигори олам қабл аз...

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *