Ба номи Худое кунам ибтидо,
Ки раҳмат кунад, ҷумла мавҷудро.
Бувад соҳиби раҳмати хос низ,
Басе омилонро намояд азиз.
Ба асру ба арзиши даврон қасам
Ки инсон ба ҳақ дар зиён асту кам
Ба ҷуз мӯъминони ба Парвардигор
Ки анҷом доданд шоиста кор
Суфориш намуданд бар ҳамдигар
Ба ҳаққу суботу ба сабру зафар
С. М.