Аллоҳ мададгорат, Қурьон, ки чу аз бар шуд,
Қурьону Набӣ ёрат. Қалби ту мунаввар шуд.
Гуфтори Худо корат, Ҳодӣ ба ту раҳбар шуд,
Аз ғайрати бисёрат. Ҳастии ту гавҳар шуд.
Дар раҳмати раҳмонӣ, Ту гавҳари нуронӣ,
Эй ҳофизи Қурьонӣ. Эй ҳофизи Қурьонӣ.
Бо илму амал бошӣ, Баҳри ту дуогуем,
Чун шаҳду асал бошӣ. Ҳам роҳи ту мепӯем.
Холӣ зи халал бошӣ, Аз раҳмати ҳақ бӯем,
То авҷи Зуҳал бошӣ. Зангор зи дил шӯем.
Арзандаи унвонӣ, Чун раҳмати боронӣ,
Эй ҳофизи Қурьонӣ. Эй ҳофизи Қурьонӣ.
Пирузӣ муборак бод, Илҳоми Саломуддин,
Бошӣ ҳама дам обод. Омад зи бари таҳсин.
Парвоз кунӣ озод, Ходим бишавӣ дар дин,
Кардӣ дили моро шод. Гуем ҳама омин.
Ту шамъи шабистонӣ, Дар маҳфили Қурьонӣ,
Эй ҳофизи Қурьонӣ. Эй ҳофизи Қурьонӣ.