Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Тамоми ҳамд махсуси Худо аст.
- Чаро бояд тамоми ҳамд махсуси Худо бошад?
- Барои ин ки:
1) Раббулоламинаст.
Яъне ҳамаи ҳастиро ӯ тарбият мекунад. Мураббӣ барнома ва қонун дорад. Ин корро бикун инро накун, ин суханро бигӯ инро нагӯ, ин фикрро бикун инро накун ва ..
- Чаро ӯ бояд қонунгузор бошад?
- Қонунаш чист?
- Чигуна ба дасти мо расондааст?
- Чаро бояд тибқи қонуни ӯ амал кунем?
- Дар ҷавоби се саволи аввал бояд бидонӣ, ки ӯ
2) Раҳмонаст.
1)Раҳмон Қуръонро омӯзонд. Пас қонунаш Қуръон аст. 2) Раҳмон инсонро офарид. Қонунгузорӣ ҳаққи ӯст, чун инсонро офарида ва неъмати ҳаёт аз ӯ аст. Тамоми фоида, зарар ва ниёзҳои ӯро медонад. 3) Раҳмон ба инсон баён омӯзонд. Ба воситаи баён қонунашро ба ё расонд. (арРаҳмон/1-3)
1. Худо баён мекунад. 2. Қуръон баён аст. 3. Расули Худо (с) баён мекунад. 4. Ҷонишинони Расули Худо(с) ва олимон бояд баён кунанд.
Бандаи Худо ҳам бо хондан, савол кардан, дуо кардан, ва … бо Худо ва халқи Худо робита барқарор мекунад.
- Раҳмон яъне соҳиби раҳмати умумӣ дар дунё барои ҳамаи мавқудот аз ҷумла инсонҳо хоҳ мусулмон ва хоҳ кофир бошад.
- Агар ба ҳама медиҳанд чаро мо дар ин зиндагии чандрӯзаи дунё озод набошем?
- Чунки ҳамин Худои Раҳмон
3) Раҳимаст.
Соҳиби раҳмати хос дар рӯзи охират барои мӯъминон ва мусулмонон аст. Яъне зиндагии ту дар дунё муваққатӣ аст ва баъд аз он зиндагии абадӣ дорӣ. Ҳамон гуна ки дӯст дорӣ дар дунё аз раҳмати Худо бархурдор бошӣ оё дӯст надорӣ дар охират ҳам аз раҳмати Худо бархурдор бошӣ? Дар ҳоле ки дар охират бештар ниёз дорӣ. Бидон ки дар охират ба ҳама раҳмат намешавад балки фақат ба мӯъминон, ки дар дунё тибқи қонуни Худо амал карданд раҳмат мешавад.
- Оё дар дунё раҳмати хос нест?
- Дар дунё ҳам ҳаст, вале дар охират ин раҳмати ҳосси Худо комилан ошкор мешавад ва ё бо шафоат ва … комил мешавад, чунки дунё тавони ошкор шудани раҳмати хосси Худоро надорад.
- Дар Қуръон мехонем: Агар Қуръонро бар куҳ фуруд меовардем куҳ порп-пора мешуд ва тавони онро надошт, вале Қуръонро ба воситаи ҳазрати Ҷабраил ба қалбу руҳи Паёмбари Аъзам(с) фуруд овардем. Азамати руҳу қалби Паёмбари Аъзам(с) барои дигарон қобили фаҳм нест.
- Паёмбари Аъзам(с), вақте ки ҳазрати Алӣ(к)-ро барои таблиғи дини Ислом ба Яман мефиристод фармуд: Эй Алӣ! Агар Худованд як нафарро ба воситаи ту ҳидоят кунад барои ту аз ончи хуршед бар он метобад судмандтар ва беҳтар аст.
- Аз назари Ислом дунё маҳалли кишт барои охират аст. Яъне ҳар чи бикорем ҳамонро дар охират дарав мекунем.
- Пас Худо ба баъзе аз бандагонаш раҳмати хос мекунад.
- Ин раҳмати хос чигуна дода мешавад?
- Баъд аз савол аз неъматҳое, ки дар дунё ба мо дода буд. Яъне баъд аз имтиҳон.
- Имтиҳонгир ва саволкунанда кист?
4) Молик ва соҳиби рӯзи ҷазо аст.
- Имтиҳонгир ҳам Худост. Барои Худо ҳеҷ чиз махфӣ нест. Аз ҳамаи гуфтор, рафтор, кирдор ва ниятҳои шумо огоҳ аст. Ба касе зулм намекунад. Ҳар кас ба андозаи заррае амали хуб ё бад карда бошад подош ва муҷозоташро мебинад. Дар он рӯз пардаҳо канор меравад ва ҳамаи ҳақиқатҳо ошкор мешавад. Дар он рӯз ҳеҷ чиз ҷуз имон ва амали солеҳ ва тақво барои ҳеҷ кас фоидае надорад. Яке аз бандагони солеҳи Худо чи хуб гуфтааст: Олам дар ҳузури Худо аст пас дар ҳузури Худо гуноҳ накунед.
- Аз марди илоҳӣ пурсиданд: Дар кадом мазҳаб ҳастӣ? Гуфт: Дар мазҳаби кишоварз. Ҳар чи бикорӣ ҳамон медаравӣ.
- Офаринанда, тарибиякунанда, неъматдиҳанда, ҷоизадиҳанда ва имтиҳонгиранда Худост. Пас ҳамаи ҳамд махсуси ӯст ва дигарон чи кораанд?
- Ҳоло ки инро фаҳмидем бо тамоми вуҷуд фарёд ва эълон мекунем:
Мо фақат туро мепарастем ва аз ту итоат мекунем.
Идома дорад
С. М.