Язид хонаи Худо, Каъбаро оташ зад

Дар соли 64 ҳиҷрӣ Каъба, хонаи Худо, бо ҳамлаи Язид ба макка оташ зада шуд. Абдуллоҳ ибни Зубайр, ки саҳобаи Паёмбар(с) буд,  бо Язид байъат накард, ва дар шаҳри Макка мустақар шуд ва мардуми Ҳиҷоз бо ӯ ба унвони халифаи муслимин байъат карданд.

Язид лашкареро барои ҷанг бо ӯ ба тарафи Макка фиристод. Дар ин ҷанг, ҳурмати хонаи Худоро шикастанд, ва ба он ҳамла карда Каъбаро оташ зада ва деворҳояшро вайрон карданд.[1]

Абӯҳанифаи Динварӣ (м.282ҳ.қ) менависад:

نصب‏ الحصين المجانيق على جبل ابى قبيس، و كانوا يرمون اهل المسجد.

Ҳусайн (ибни Нумайр) манҷаниқҳоро бар кӯҳи Абӯқубайс дар наздикии Макка қарор дод, ва баъд мардуми Масҷидулҳаромро сангборону оташборон карданд.[2]

Ибни Ҳазм(м.456ҳ.қ) мегӯяд:

وانتقل هؤلاء إلى مكة شرَّفها الله تعالى ، فحوصرت ، ورُمي البيتُ بحجارة المنجنيق ، تولَّى ذلك الحُصَيْنُ بن نُمَيْر السّكُونيّ في جيوش أهل الشام.

Лашкари Язид баъд аз ҷанги Ҳарра ба тарафи Макка омад ва онро муҳосира кард. Ва хонаи Каъба бо манҷаниқҳо сангборон гардид, ки Ҳусайн ибни Нумайри Сакунӣ фармондеҳи лашкари Шом буд.[3]

Ибни Қутайбаи Динварӣ низ менависад:

وحاصروا عبد الله بن الزبير وأحرقت الكعبة حتى انهدم جدارها وسقط سقفها.

Сарбозони Язид, Абдуллоҳ ибни Зубайрро дар Макка муҳосира карданд ва дар ин ҷанг Каъбаи мукаррама сузонда шуд, ки дар ин фоҷиаи беназир деворҳои он вайрон шуда  ва сақфи он фурӯ рехт.[4]

Ибни Ҷавзӣ(м.597ҳ.қ) мегӯяд:

وكان القتال في هذه المدة شديداً، وقذف البيت بالمجانيق و أحرق بالنار.

Ҷанги сахте дар он рӯзҳо сурат гирифт ва хонаи Каъба бо манҷаниқ сангборон шуда ва бо оташ сӯзонда шуд.[5]

Дар бархе аз манобеъ омадааст, ки оташ гирифтани Каъба нохоста ва ногаҳонӣ аз тарафи сарбозони Абдуллоҳ ибни Зубайр будааст.[6]

Вале ин гуфтор дуруст нест, зеро хонаи Худо ба дасти сарбозони Язид вайрон шуд, ва мардуми Макка ва касоне, ки ба он паноҳ оварда буданд, мавриди беҳурматӣ ва озору азият қарор гирифтанд.

Каъба назди ҳамаи мусулмонон муҳтарам мебошад. Чун Каъба ҳарами Худост ва ҳар касе, ки дохили ҳарами Худо шавад дар амон аст.

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

وَإِذْ جَعَلْنَا الْبَيْتَ مَثَابَةً لِلنَّاسِ وَأَمْنًا.

“Ҳамоно хонаи Каъбаро маҳали бозгашт ва маркази амну амон барои мардум қарор додем.” [7]

Дар ҷои дигар мефармояд:

وَمَنْ دَخَلَهُ كَانَ آمِنًا.

“Ва ҳар кас дохили хонаи Каъба шавад, дар амон хоҳад буд.”[8]

Мақсади оёт ин аст, ки ҳар касе, ки ба ҳарами Худо паноҳ биоварад, ҳеҷ кас ҳақ надорад ӯро аз он берун ё дастгир кунад. 

Расули Худо(с) низ дар бораи эҳтироми хонаи Каъба мефармояд:

إن مكة حرمها الله، ولم يحرمها الناس، فلا يحل لامرئ يؤمن بالله واليوم الآخر أن يسفك بها دما، ولا يعضد بها شجرة…

Ҳамоно  Макка ҷоест, ки Худованд онро муҳтарам қарор додааст,  на мардум. Пас, ҳар кас ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, дар он хунрезӣ (кӯштор) накунад, ва дарахтеро қатъ нанамояд.[9]

Паёмбари Ислом(с) беҳурматӣ ба хонаи каъбаро аз гуноҳони бузург медонад. Ҳокими Нишопурӣ(м.405ҳ.қ) ва Байҳақӣ(м.458ҳ.қ) ривоятеро аз Паёмбар(с) ин гуна нақл мекунанд:

الكبائر تسع……و استحلال البيت الحرام… .

“Гуноҳони бузург нуҳто мебошанд, ки яке аз онҳо ҳалол ва мубоҳ донистани ҳурмати  хонаи Каъба мебошад”[10].

Язид бидуни таваҷҷӯҳ ба оёти қуръонӣ ва фармоишоти Паёмбар(с) ба хонаи Худо ҳамла кард ва онро вайрон намуд.

Ёсин


[1] . Саҳеҳ Муслим, ҷ 4, саҳ 98, Алмаориф, ибни Қутайба, саҳ 80, Асмоул хулафои Ибни Ҳазм, ҷ 2, саҳ 140

[2] .Ахборуттивол, саҳ 268.

[3] . Асмоул хулафои Ибни Ҳазм, ҷ 2, саҳ 140.

[4] . Алмаориф, Ибни Қутайба, саҳ 80.

[5] .Алмунтазам, ҷ 2, саҳ 209.

[6] .Таърихи ибни Касир, ҷ 8, саҳ 250.

[7] . Сураи Бақара ояи 125.

[8] .Сураи Оли Имрон ояи 97.

[9] . Саҳеҳи Бухорӣ, Китобулмағозӣ, саҳ 811.

[10] . Алмустадрак, ҷ 1, саҳ 127, Шуабулимон, ҷ 1, саҳ 265.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *