Наҳзати ҳусайнӣ ва низоми илоҳӣ (2)

Баҳриддини Қурбон[а] Идомаи баҳс:

Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи Умавӣ ҳоким буд. Онҳо намоз мехонданд, вале намозашон рӯҳ надошт, аз мардум закот мегирифтанд, вале онро мисли подшоҳони золим бар тибқи ҳавову ҳаваси худ масраф мекарданд. Ҷиҳоди онҳо ҳамон ғоратҳои замони ҷоҳилият буд, бо номи Ислом.

 

Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) вазъи мардуми он замонро (ва албатта, ҳамаи замонҳоро( чунин баён мекунад: “Ба ростӣ, ки мардум бандаи дунё ҳастанд ва дин бар сари забонҳои онҳост ва модоме, ки дин маишати онҳоро таъмин кунад дар гирди он ҳастанд ва вақте, ки ба бало озмуда шаванд диндорон андаканд.”[1]

Дар ин замон фаризаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар тарк шуда буд. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) фармуд: “Ростӣ, дунё дигаргун ва ношинос шуда ва маъруфаш пушт карда ва аз он, ҷуз наме, ки бар коса аст, ва зиндагии паст, ҳамчун чарогоҳи табоҳ, чизе боқӣ намондааст. Оё намебинед, ки ба ҳақ амал намешавад ва аз ботил найҳ намегардад!?”[2]

Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) дар чунин шароите барои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар қиём кард. Он ҳазрат ҳозир буд шаҳид шавад, вале дар чунин ҷомеае зиндагӣ накунад, чунон ки фармуд: “Дар чунин шароите мӯъмин ба лиқои Худо  сазовор аст. (сазовор аст, ки шаҳид гардад).”[3]

Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) дар ҷои дигар, дар номае, ки ба Муҳаммади Ҳанафия менависад, чунин мефармояд: “Ба ростӣ, Ҳусайн ибни Алӣ (алайҳиссалом) шаҳодат медиҳад, ки Худое, ҷуз Аллоҳи воҳиди бешарик вуҷуд надорад ва инки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) банда ва расули Ӯст, ба ҳақ аз назди Ҳақ омад. Ва (шаҳодат медиҳам, ки) биҳишту дӯзах ҳақ аст, ва инки қиёмат омаданист (ва) шакке дар он нест, ва Худованд касонеро, ки дар қабрҳо ҳастанд, бармеангезад. Ман аз рӯи худхоҳӣ ва хушгузаронӣ ва ё барои фасод ва ситамгарӣ қиём накардаам, балки қиёми ман барои ислоҳ дар уммати ҷаддам (Расули Худо (с)) мебошад, ман мехоҳам амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунам, ба сира ва равиши ҷаддам ва падарам Алӣ ибни Абитолиб(а) амал кунам. Пас, ҳар кӣ маро ба ҳақ бипазирад, Худо ба ҳақ сазовортар аст, ва ҳар кӣ инро напазирад, ман сабр хоҳам кард, то Худо байни ман ва (ин) қавм ба ҳақ қазоват кунад, ки Ӯ беҳтарин қазоватгар аст.

Эй бародар! Ин васияти ман ба туст ва тавфиқам, ҷуз аз ҷониби Худо  нест, бар Ӯ таваккал мекунам ва ба сӯи Ӯ боз хоҳам гашт. Бар ту ва касоне, ки тобеи ҳидоятанд салом мегӯям ва (мӯътақидам) ҳеҷ қудрат ва қуввате, болотар аз қудрат ва қуввати Худои Баландмартабаи Боазамат вуҷуд надорад.”[4]

Он ҳазрат дар ҷои дигар фармуд: “Бор Худоё! ту медонӣ, ки он чи аз мо изҳор шудааст барои рақобат дар қудрат ва дастёбӣ ба дунё нест, балки ҳадафи мо ин аст ки нишонаҳои динатро ба ҷои худ баргардонем ва билодат (сарзаминҳоят)-ро ислоҳ намоем то бандагони ситамдидаат амният ёбанд ва ба воҷибот ва суннатҳо ва аҳкомат амал шавад.”[5]

Бинобар ин, тамоми ҳаракоти Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) аз рӯи амал ба вазифа буд, чунон ки он Ҳазрат вақти фаҳмид кӯфиён хиёнат кардаанд, аз сарони лашкари душман хост ӯро раҳо кунанд, то ба маҳали сукунати қаблии худ, ё шаҳри дигаре боз гардад ва ин ба хотири он буд, ки баъд аз хиёнати кӯфиён дигар қиём бар он Ҳазрат воҷиб набуд, вале чун душман исрор ба байъат дошт, ва байъат бо Язид ҳаром буд,  Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) боз ба таклифи худ ба аҳсани ваҷҳ амал кард ва пайкор бо золимро бар байъати залилона тарҷеҳ дод.

Имом Ҳусайн(а) пирӯзи майдони имтиҳон ва ибтило

Бар асоси қонуни умумии имтиҳон ва ибтило, ки дар низоми илоҳӣ ҳоким аст, ҳаводисе, ки барои Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) пеш омад, ҳама имтиҳони илоҳӣ буд ва чун ӯ аз муқаррабони даргоҳи Ҳақ буд, ба сахттарин шадоид мубтало шуд. Карбало ҷое буд, ки ибтилои илоҳӣ зуҳури комил ёфт. Дар ин имтиҳони бузург як идда, бо имон ба Худо  ва ишқ ба Ӯ, тамоми сахтиҳоро пушти сар гузоштанд ва ба мақомоти волои инсонӣ ва мақоми шаҳодат ноил шуданд. Дар раъси онҳо Ҳусайн ибни Алӣ (алайҳиссалом), ин пораи тани Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ), ҳама чизи худро дар роҳи Ҳақ фидо кард ва бо ишқ ибтилоотеро, ки Худои Субҳон (ҷалла шаънуҳ) барои ӯ дар назар гирифта буд, пазируфт.

  Дар тарафи дигар, иддае инсонҳои беарзиш ва тарбият шуда дар низоми ҳукуматии Язид, фурӯмоягоне, ки инсониятро бо чанд гушвора ва порчаҳои ночиз фурӯхтанд, онҳо номувафақони ин имтиҳони бузурганд, ки Худо хорашон сохт.

 

Пойбандии Имом Ҳусайн(а) ба вазифаи илоҳии худ

Бо таваҷҷӯҳ ба тавзеҳоте, ки дода шуд, тарҳи ин суол бемаънист, ки чаро Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) бо ин ки медонист дар ҷанг бо язидиён шаҳид хоҳад шуд, қиём кард, зеро Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) мулзам ба анҷоми вазифа буд. Ӯ ба вазифаи илоҳии худ амал кард ва таклифи шаръии худро адо намуд. Таклифе, ки Худо насиби ҳар беарзише намекунад ва ин мардони бузурганд, ки ба чунин масъулиятҳои душвор имтиҳон мешаванд. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) мисли ҳар мукаллифи дигар, маъмур ба анҷоми таклиф буд, ки ба он амал кард ва пеши Худо рӯсафед шуд. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) дар зоҳир ва ботин пирӯзи майдон буд, зеро пирӯзии воқеӣ, амал ба таклиф аст, на зафар ёфтан бар душман; “Ҳар нафсе чашандаи (таъми) марг аст ва ҳамоно рӯзи растохез подошҳоятон ба таври комил ба шумо дода мешавад. Пас, ҳар касро аз оташ бадур доранд ва дар биҳишт дароваранд пирӯз (-и ҳақиқӣ) шудааст ва зиндагии дунё, ҷуз мояи фиреб нест.”[6]

Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) валии Худо  ва тобеи ҳамон қоидаи илоҳӣ аст, ки барои расидан ба ҳадаф аз ҳар роҳе набояд истифода кард. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) метавонист ба зоҳир бо золим байъат кунад, баъд аз он дар мавқеияти муносиб зарбаро ба душман ворид созад, вале авлиёи илоҳӣ, ниёзе ба ҳилагарӣ надоранд ва пойбанд ба қонунҳо ва илтизомоти шаръӣ ва ахлоқӣ ҳастанд.

 

Ақлоният дар наҳзати ҳусайнӣ

 Тамоми ҳаракот дар наҳзати ҳусайнӣ, бо пуштвонаи ақлонӣ, он ҳам ақли комили имом ва халифаи илоҳӣ аст. Ин таҳлили иштибоҳе аст, ки гуфта шавад: қиёми Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) аз рӯи эҳсос ва ишқ буда ва ақл аз чунин қиёме наҳй мекунад. Оре, ақли баҳимӣ ва ваҳмӣ шояд чинин фатвое диҳад ва аз дарки ақлонияти маҳзи саҳнаи Ошӯро оҷиз бошад, аммо аз ақли Имом Ҳусайн (алайҳиссалом), ки ақли мутлақ ва мубаррои аз таваҳҳум ва тахайюл аст, интизоре, ҷуз халқи чунин наҳзате намеравад. Наҳзати ҳусайнӣ ҳақиқате аст, ки ақлҳои оддӣ аз дарки он во мондаанд ва ба фармудаи ҳазрати Алӣ (алайҳиссалом): “Бар ин ҳақиқат ақле гувоҳӣ медиҳад, ки аз асорати ҳавову ҳавас берун омада ва аз вобастагиҳои дунё солим мондааст.”[7]

Ин ки ҳазрати Зайнаб (саломуллоҳ алайҳо) дар бораи ҳодисаи Карбало фармуд: “Ҷуз зебоӣ надидам”[8] аз ҳамин ҷиҳат буд; яъне таҷаллии ақлонияти комил дар ҳодисаи Карбало. Манзури ҳазрати Зайнаб (саломуллоҳ алайҳо), хуну шамшеру қатл ва монанди онҳо набуд, инҳо, ки зебоие надоранд, балки он чи ҳазрати Зайнаб (саломуллоҳ алайҳо) дид ва зебо буд, камолоти зебои инсонӣ ва ақлоние буд, ки дар зер ба шарҳи бархе аз онҳо мепардозем:

 

1. Иззат

Иззати ҳусайнӣ аз зеботарин ёдгории наҳзати Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) мебошад, ки қарнҳост рӯҳияи хорӣ ва зиллатро аз пайравони воқеии наҳзати он ҳазрат нобуд сохтааст. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) байъат бо Язид ва сукут дар баробари касе, ки динро хор ва мусулмононро залил мекунад, зиндагии зиллатбор медонист. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) дар буҳбуҳаи ҷанг, ки пайки Язид аз он Ҳазрат хост байъат кунад то зинда бимонад, фармуд: “На, ба Худо  қасам, на дасти зиллату хорӣ дар дасти онҳо мегузорам ва на монанди бардагон аз ҷанг фирор мекунам.”[9]

Дар ҷои дигар фармуд: “Огоҳ бошед, ки нопоки нопокзода, маро байни ду роҳ; “шамшер” ва “зиллат” қарор додааст ва ҳайҳот минназзилла (= ҳайҳот, ки мо зери бори зиллату хорӣ биравем), зеро Худо ва Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва мӯъминон аз ин ки мо зиллатро бипазирем, дареғ доранд. Доманҳои поки модарон ва мағзҳои боғайрат ва нафсҳои бошарофати падарон раво намедоранд, ки итоати афроди пастро бар қатлгоҳи каримону некон муқаддам бидорем.”[10]

Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) бо наҳзати иззатмандонаи худ рӯҳияи зулмпазириро, ки умавиён дар ҷомеаи муслимин ба вуҷуд оварда буданд, нобуд сохт, чунон ки баъди қиёми ҳусайнӣ, қиёмҳои дигаре алайҳи зулму ҷавр сурат гирифт ва имрӯз ҳам қиёмҳои исломие, ки алайҳи истикбор ва зургӯёни олам бо шиори ”ҳайҳот минназзилла” ба вуҷуд меояд, бӯи ҳусайнӣ медиҳад.

 

2. Ислоҳ

Ислоҳи ҷомеаи исломӣ аз муҳимтарин аҳдофи наҳзати ҳусайнӣ буд, чунон ки он Ҳазрат мефармуд: “Қиёми ман барои ислоҳ дар уммати ҷаддам Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мебошад.” [11]

Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) то охирин лаҳзаҳои ҳаёти мубораки худ барои ислоҳи ҷоҳилон талош мекард. Он Ҳазрат дар авҷи ҷанг, мудом ба онҳо мефармуд: Даст аз қатли фарзандони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бардоранд.

Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) худро муаррифӣ мекард ва онҳоро аз авоқиби нангини кӯштани фарзанди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  наҳй мекард. Дар рӯзи Ошӯро, пас аз ҳаракати сипоҳи душман ба сӯи хаймаҳо, Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) шутури худро хост ва бар он савор шуд ва фарёд зад:

“Эй мардум гуфтори маро бишнавед ва шитоб накунед то шуморо ба он чи ҳаққи шумо бар ман аст насиҳат кунам ва узри худро бар  шумо ошкор созам. Пас агар инсоф диҳед саодатманд хоҳед шуд ва агар инсоф надиҳед, пас нек бингаред “то набошад кори шумо бар шумо  андӯҳе, сипас дар бораи ман он чиро хоҳед, анҷом диҳед ва мӯҳлатам надиҳед.”[12] “Ҳамоно валии ман он Худое аст, ки Қуръонро фурӯ фиристод ва Ӯст сарпараст ва ёри солиҳон.”[13]

Аммо баъд, пас насаб ва нажоди маро бисанҷед ва бубинед ман кистам, сипас ба худ оед ва хешро сарзаниш кунед ва бингаред оё кӯштан ва даридани пардаи ҳурмати ман барои шумо сазовор аст? Оё ман писари духтари Паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-и шумо ва фарзанди васии ӯ нестам, он кас, ки писари амӯи Расули Худо ва аввалин кас буд, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро дар он чи аз ҷониби Парвардигораш оварда буд тасдиқ кард? Оё Ҳамзаи сайидушшуҳадо амӯи(=амак) ман нест? Оё Ҷаъфар ибни Абитолиб, ки бо ду бол дар биҳишт парвоз кунад, амӯи ман нест? Оё ба шумо он чиро Расули Худо(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар бораи ман ва бародарам фармуд, ки “ин ду сарварони ҷавонони аҳли биҳишт ҳастанд”, нарасидааст? Пас агар тасдиқи сухани маро бикунед, ҳақ ҳамон аст. Ба Худо қасам! Аз рӯзе, ки донистам Худо дурӯғро душман дорад, дурӯғ нагуфтаам ва агар ба дурӯғам нисбат диҳед, пас дар миёни шумо касоне ҳастанд, ки агар аз онҳо бипурсед шуморо ба ончи ман гуфтам огоҳӣ диҳанд. Бипурсед аз Ҷобир ибни Абдиллоҳи Ансорӣ, Абӯсаиди Худрӣ, Саҳл ибни Саъди Соидӣ, Зайд ибни Арқам ва Анас ибни Молик то ба шумо огоҳӣ диҳанд, ки ин гуфторро аз Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар бораи ман ва бародарам шунидаанд. Оё ин гуфтори Расули Худо(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҷилавгирӣ аз рехтани хуни ман намекунад?

Агар дар ин сухан ҳам шак доред, оё дар ин ҳам шак доред, ки ман писари духтари Паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-и шумо ҳастам? Ба Худо қасам! дар миёни Машриқ ва Мағриб писари духтари Пайғамбаре, ҷуз ман нест,[14] чи дар миёни шумо ва чи дар ғайри шумо! Вой бар шумо, оё касе аз шуморо кӯштаам, ки хуни ӯро аз ман мехоҳед? Оё моле аз шумо бурдаам? Оё қасоси ҷароҳатеро аз ман мехоҳед?”[15] Ҳама сокит буданд ва чизе намегуфтанд.[16]

Аллоҳу Акбар! Ин фарзанди Расули Худо(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аст, ки мисли ҷаддаш (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҳарис бар ҳидояти бандагони Худо аст; “Қатъан барои шумо паёмбаре аз худатон омад, ки бар ӯ душвор аст шумо дар ранҷ биафтед ба (ҳидояти) шумо ҳарис аст.”[17] Ин озодмард, дар чунин шароите ба фикри наҷоти инсонҳо ва ҷилавгирӣ аз гирифтор шудани онҳо ба ғазаби Парвардигор аст. Ҳусайне, ки сайиди ҷавонони аҳли биҳишт аст ва маргро, ҷуз шаҳодат намебинад; чунон ки худи ӯ фармуд: “Ман маргро, ҷуз шаҳодат намебинамва зиндагӣ бо золимонро, ҷуз ҳалокат намедонам” [18] , чаро бояд ин ҳама барои ҷилавгирӣ аз қатли худ онҳоро барҳазар дорад? Оё ҷуз ин аст, ки мехоҳад аз шақовати абадии онҳо ва рӯсиёҳияшон дар пеши Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) пешгирӣ кунад? Ва оё ҷуз салоҳ ва наҷоти онҳо ҳадафи дигаре дорад?

  Аммо чӣ фоида, ки Худо ба хотири гуноҳон бар дилҳои онҳо парда ва бар гӯшҳову чашмонашон сангинӣ қарор дода буд, ки ҳақро, на медиданд ва на мешуниданд; “Мо бар дилҳои онон пӯшишҳое қарор додем то онро дар наёбанд ва дар гӯшҳояшон сангинӣ (ниҳодем). Ва агар онҳоро ба сӯи ҳидоят фарохонӣ боз ҳаргиз ба роҳ(-и рост) нахоҳанд омад.”[19] “Ва (доғи) хорӣ ва нодорӣ бар (пешонии) онҳо зада шуд ва ба хашми Худо гирифтор шуданд, чаро ки онон ба нишонаҳои Худо куфр варзида буданд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд ин аз он рӯй буд, ки саркашӣ карда ва аз ҳад таҷовуз карда буданд.”[20]

Онҳо ба ҷои ин ки гӯш ба насиҳатҳои Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) бидиҳанд, овоз баланд мекарданд, то нашнаванд. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ин насиҳатнопазирӣ ва ҳидоятгурезии онҳоро ба хотири хӯрдани моли ҳаром донист ва фармуд: “Вой бар шумо чаро сокит намешавед, то гуфторамро бишнавед? Ҳомоно ман шуморо ба роҳи ҳидоят ва растагорӣ фаро мехонам, ҳар кас аз ман пайравӣ кунад, саодатманд аст ва ҳар кас нофармониям кунад, аз ҳалокшудагон аст. Шумо ҳамагӣ нофармониям мекунед ва ба суханам гӯш намедиҳед. Оре, ба хотири ҳадияҳои ҳароме, ки ба шумо расида ва ба хотири ғизоҳои ҳароме, ки шикамҳоятон аз онҳо пур шудааст. Худованд ин чунин бар дилҳои шумо муҳр задааст.”[21]

3. Убудият ва бандагӣ

Яке дигар аз зеботарин ҷилваҳои наҳзати ҳусайнӣ убудият ва бандагӣ ва ишқварзидан ба маъбуд аст. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) дар роҳи бандагӣ аз ҳама чиз гузашт ва ҳама чизашро фидои дин сохт; ҷон, мол, зану фарзанд, хоҳару бародар ва беҳтарин дӯстонашро дар роҳи бандагӣ ва итоат фидо кард. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) дар охирин лаҳазоте, ки бо бадани пур аз ҷароҳат аз асп бо сурат ба замин афтод, нидо дод: “Бо номи Худо ва бо Худо ва дар роҳи Худо ва бар ойини Расули Худо.”[22] Сипас, пешонии муборак бар замин гузошт ва бо Худои хеш чунин муноҷот кард: “Илоҳо ба қазои ту розиям, бар балои ту сабр мекунам, таслими амри туям, маъбуде, ҷуз ту нест, эй фарёдраси фарёдхоҳон![23] Ва он Хазрат қатъан аз ҷониби Худо нидо шунид, ки: ”Эй нафси оромёфта, хушнуд ва худописанд ба сӯи Парвардигорат боз гард, сипас дар миёни бандагони ман дарой ва дар биҳишти ман дохил шав.”[24]

 

4. Таклиф

Дар наҳзати ҳусайнӣ таклиф бо риояти тамомии меъёрҳои арзишӣ адо шудааст. Вақте Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) қиём кард, афроде, ки ёрии ӯро воҷиб медонистанд ба ӯ пайвастанд, то ба вазифаи шаръии худ амал кунанд ва замоне, ки Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) байъати худро аз онҳо бардошт ва аз онҳо хост дар торикии шаб пароканда шаванд,[25] вуҷуби ҷиҳод аз гардани онҳо соқит шуд ва дигар шаръан мукаллаф ба ҷиҳод набуданд, вале онҳо ба иқтизои тааҳҳудоти ахлоқӣ ва урфии худ аз ёрии валии Худо даст бар надоштанд, зеро агарчи мондан барои онҳо воҷиб набуд, вале расми мардонагӣ ва ахлоқи урфӣ чунин кореро номардӣ мешумурд.

 

 

5. Имтиҳон

Аз дигар зебоиҳои наҳзати ҳусайнӣ, масъалаи имтиҳон ва ибтило аст. Бузургтарин имтиҳон, ки иддаи каме муваффақ шуданд аз ин имтиҳон сарбаланд берун оянд. Ва иддаи зиёде низ мутаассифона дар ин имтиҳон ба ғазаби илоҳӣ гирифтор шуданд. Инсонҳои мухторе дар баробари зуҳури комили ҳақ ва ботил қарор гирифтанд, ки метавонистанд бо ёрии Ҳусайн (алайҳиссалом) ба саодати абадӣ ноил гарданд. Ҳур ибни Язиди Риёҳӣ фармондеҳи сипоҳи Язид буд ва ӯ роҳ бар Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) баст, вале чун дид ҳақ бо Ҳусайн (алайҳиссалом) аст, ба ӯ пайваст ва наҷот ёфт. Ҳама метавоннистанд мисли ӯ бошанд, ҳама соҳибихтиёр буданд ва дар як имтиҳони муҳимми илоҳӣ қарор гирифта буданд, вале чӣ фоида, ки ҳамвора аксари инсонҳо дар гумроҳӣ пофишорӣ мекунанд ва каманд инсонҳои фарзона; Ва ростӣ Парвардигорат бар мардум дорои фазлу бахшиш аст, вале бештарашон сипос намедоранд.”[26]

Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) бо сахттарин балоҳо озмуда шуд ва бо сабр ва имон ба Худо, ба авҷи тақарруби илоҳӣ даст ёфт; “Ва чун Иброҳимро Парвардигораш бо калимоте биозмуд ва вай он ҳамаро ба анҷом расонид (Худо ба ӯ) фармуд: Ман туро пешвои мардум қарор додам.”[27]

 

6. Исор (фидокорӣ)

Вуҷуди рӯҳи фидокорӣ ва азхудгузаштагӣ дар ёрони Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) аз дигар зебоиҳои наҳзати ҳусайнӣ аст. Дар ин миён исор ва фидокории Аббос ибни Алӣ (алайҳиссалом) мисолзаданӣ аст. Он Ҳазрат дар камоли қудрат ва шуҷоат ҳамвора дар пешгоҳи Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) сар ба зер ва омодаи фидокорӣ буд. Шаби Ошӯро вақте Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) байъати худро аз ёрон бардошт, ӯ нахустин касе буд, ки изҳори вафодорӣ кард ва дар ҷавоби Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) гуфт: “Чаро чунин кунем? Барои ин ки баъд аз ту зинда бимонем? Худо  он рӯзро наёварад.” Ва пас аз ӯ асҳоб ҳар кадом бо баёне изҳори вафодорӣ карданд.[28]

Ӯ буд, ки вақте дар камоли ташнагӣ дар он гармои тоқатфарсои сарзамини Карбало канори оби Фурот қарор гирифт, аз он нанӯшид, чун занон ва кӯдакони ташнаи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар хаймаҳо мунтазираш буданд. Вақте душман дасти чапашро қатъ карда буд, фидокории худро нисбат ба дину раҳбарӣ чунин баён фармуд: “Ба Худо қасам, агар дасти ростамро ҳам қатъ кунед, аз ҳимояти динам даст бар намедорам.”[29]

 

7. Шаҳодат

Шаҳодат орзуи озодагон аст, инсон бо шаҳодат ҷовидона мешавад ва ба ҳаёти ҳақиқӣ даст меёбад. Дар бораи шаҳидон набояд аз вожаи марг истифода кард, балки ононро бояд зиндагон хонд; “Ва касонеро ки дар роҳи Худо кушта мешаванд мурда магӯед, балки зиндаанд, вале шумо намедонед.”[30]

Шаҳодатталабии солори шаҳидон Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ва ёрони ӯ дар Карбало бархоста аз ҳамин эътиқод аст. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ва ёронаш Карбалоро беҳтарин мавқеият барои шаҳид шудан ва расидан ба ҳаёти воқеӣ ва мақоми шаҳид медиданд, лизо талош намуданд ва ба он расиданд.

Инҳо ҳақоиқе аст, ки ҳазрати Зайнаб (с) онро зебо дидааст ва кадом ақл аст, ки ба зебоии ин масоил иқрор накунад ва ақлонияти наҳзати ҳусайниро таъйид нанамояд, магар ақле, ки гирифтори шаҳавот ва моддаву модиёт аст!?

 

 

Хулоса ва ҷамъбандӣ

Низоми ҳастӣ ба беҳтарин ваҷҳи мумкин халқ шудааст. Худои Субҳон дар миёни офаридаҳои Худ барои ҷинну инс ҳадафи вижае дорад, ки ҳамон расидани ба камолот аз роҳи маърифат ва ибодати Худ аст.

Дар низоми илоҳӣ қавонини таквинӣ ва ташриӣ ҳокиманд, ки таваҷҷӯҳ ба онҳо нақши муҳимме дар сайри такомулии инсон хоҳад дошт, аз ҷумла:

  1. Инсон зотан толиби хайру камол аст ва ба шиддат барои ба даст овардани он талош мекунад;
  2. Инсон дар низоми илоҳӣ соҳибихтиёр офарида шуда ва корҳои худро аз рӯи ирода ва ихтиёр анҷом медиҳад. Тамоми оёти қуръонӣ, ки дар мавриди подош ва ҷазо аст, нозир ба мухтор ва озод будани инсон аст;
  3. Яке аз натиҷаҳои ихтиёр, таклиф аст. Инсон дар ин низоми илоҳӣ ва нашъаи дунявӣ, чун мухтор аст, мукаллаф аст ва дар баробари худ, Худо ва дигарон масъул мебошад. Инсони мухтор ва масъул, бори сангини масъулияти хилофати илоҳиро бар душ мекашад;[31]
  4. Яке дигар аз натиҷаҳои ихтиёр, ибтило ва имтиҳон аст, зеро ихтиёр замоне маъно пайдо мекунад, ки инсон дар баробари дуроҳиҳо ва чандроҳиҳо қарор бигирад, бо сахтиҳо дасту панҷа нарм кунад, то истеъдодҳои нуҳӯфта дар ӯ ба марҳалаи зуҳур ва феълият бирасад. Дар баробари хайрот ва шурур қарор гирад ва бо ихтиёри худ якеро интихоб кунад;[32]
  5. Дар низоми илоҳӣ инсонҳои бузург бо имтиҳоноти бузург ва балоёи азим озмойиш мешаванд ва ҳарчи муқаррабтар бошанд шиддати ибтило ва имтиҳон зиёдтар хоҳад буд;
  6. Илтизом ба таклиф ва вазифа аз масоили муҳимме аст, ки нақши асосӣ дар сарнавишти инсон дорад. Инсон бояд ба тааҳҳудоти шаръӣ ва ахлоқӣ ва вазоифе, ки дар низоми илоҳӣ барои ӯ таъйин шуда, пойбанд бошад, то ба ҳадафе, ки барои офариниши ӯ дар назар гирифта шуда, ноил гардад.

Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) аз рӯи масъулият бар зидди ҳукумати номашрӯи Язид қиём кард, зеро байъат бо ӯ ҳаром ва сукут дар баробари фасоди Язид ва язидиён гуноҳи бузург буд. Язид ва язидиён аҳкоми илоҳиро нобуд ва суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро тағйир дода буданд. Лизо Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ҳадафи қиёмро амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва зинда сохтани суннати Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) муаррифӣ кард. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) рӯҳияи озодагӣ ва иззатро, ки дар миёни муслимин камранг шуда буд, дубора зинда кард ва дар воқеъ ба бисёре аз камолоти инсонӣ, монанди ҷиддият дар ислоҳи иҷтимоъ, иззати нафс, исор ва фидокорӣ, зулмситезӣ ва ғ. ҷони тоза бахшид.

 

Манбаъҳо:

Қуръон

Наҳҷулбалоға

  1. Байҳақӣ, Абӯбакр, Шаъб-ул-имон, Мактабат-ул-рушд ли нашр ва ал-тавзиъ, Риёз, 1423 ҳ-2003м, чопи аввал.
  2. Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Усули Кофӣ, бо тарҷумаи форсӣ, Усва, Теҳрон, 1379, чопи чаҳорум.
  3. Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Вафо, Байрут, 1403 қ, чопи дуввум.
  4. Омадӣ, Абдулвоҳид, Ғурар-ул-ҳикам, муассисат-ул-Уло, Байрут, 1407 -1987 м, чопи аввал.
  5. Хоразмӣ, Абулмуйид, Мақтал-ул-Ҳусайн(а), Анвор-ул-ҳудо, Қум, 1418 қ, чопи аввал.
  6. Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим ибни Қутайба, ал-Имома ва ал-сиёса, Байрут, Дор-ул-кутуб-ул-илмия, 1418о ҳ – 1997м.
  7. Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, торихи ал-Умам ва ал-мулук, Лубнон. дор-ул- кутуб-ул-илмия, Байрут, 1408ҳ қ – 1988 м, чопи дуввум.
  8. Ибни Касир, Исмоил, ал-Бидоя ва ал-ниҳоя, Дор-ул-кутуб-ул-илмия, Байрут, 14022 ҳ. қ -2001 м. ал-табъа-ул-сония.
  9. Ибни Касир, Исмоил, ал-Бидоя ва ал-ниҳоя, Дорул эҳёъ ал-турос –ул-арабӣ, Байрут, 1422 ҳ қ – 2001м. ал-табъат-ул-увло.
    1. Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, Торих-ул-хулафо, Матбаат-ул-саодат, Миср, 1371ҳ – 1952 м. чопи аввал.
    2. Динаварӣ, Абӯҳанифа Аҳмад ибни Довуд, ал-Ахбор-ул-тивол, Дор-ул-кутуб-ул-илмия, Байрут, 1421қ. чопи аввал.
    3. Ибни Асир, Абдулкарими Шайбонӣ, ал-Комил фи торих, Дор-ул-кутубул илмия,  Байрут, 1415 қ.  чопи дуввум.
    4. Заҳабӣ, Шамсиддин Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Усмон, Торих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳир ва ал-аълом, Дор-ул-кутуб-ул-арабӣ, Байрут, 1407 ҳ – 1987м. чопи аввал.
    5. Ҳалабӣ, Алӣ ибни Бурҳониддин, ал-Сират-ул-Ҳалабия фи сират-ил-Аминил Маъмун, Дор-ул-маърифа, Байрут, 1400 қ.
    6. Бани Халкон, Шамсиддини Аҳмад ибни Муҳаммад, Вафаёт-ул-аъён ва анбоъ-ул-замон, Дори содир, Байрут, 1994 м. чопи аввал.
    7. Навирӣ Шаҳобиддин Аҳмад ибни Абдулваҳҳоб, Ниҳоят-ул-араб фи фунунил адаб, таҳқиқи Муфиди Қамҳия, Дор-ул-кутуб-ул-илмия, Байрут, 1424 ҳ – 2004 м. чопи аввал.
    8. Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Торих-ул-Яъқубӣ, Муассисат-ул-аълами лилматбуот, Байрут, 1413 ҳ қ – 1993 м. чопи аввал.
    9. Ҷамъе аз нависандагон, Мавсуаи калимоти имом-ул-Ҳусайн(а), Нашри маъруф, Қум, 1415 қ. чопи севвум.
    10. Билозарӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Инсон-ул-ашроф, Байрут, Дор-ул-фикр, чопи аввал, 1417 ҳ қ – 1996 м.
    11. Ибни Товус, Сайид, ал-Луҳуф, тарҷумаи Маҳди Латифӣ, Насими ҳаёт, Қум, 1385 ҳ. ш. чопи дуввум.
    12. Ибни Ҷумҳур, Муҳаммад ибни Алӣ, Аволи-ул-Лолӣ, Дор-ул-аҳёъ ал-тарос-ул-арабӣ, Байрут, 1430 ҳ қ – 2009 м. чопи аввал.
    13. Куфӣ, ибни Аъсам, ал-Футуҳ, тарҷумаи Муҳаммади Аҳмад, Инқилоби исломӣ, Теҳрон, 1372 ҳ ш. чопи нахуст.
    14. Ҳаронӣ, Ҳасан ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Шаъба, Туҳаф-ул-уқул, тарҷумаи Беҳроди Ҷаъфарӣ, Дор-ул-кутуб-ул-исломия, Теҳрон, 1380, чопи аввал.
    15. Мақрам, Абдурразоқ, Мақтал-ул-Ҳусайн, тарҷумаи дуктур Абдурраҳим Ақиқӣ, нашри навиди Ислом,  Қум, 1385, чопи аввал.
    16. Шайхи Муфид, ал-Иршод фил маърифа ҳуҷаҷуллоҳи алал ибод, Олул Байт, Қум, 1416 ҳ. қ. чопи дуввум.
    17. Муътамид-ул-дувла, Ҳоҷи Фарҳоди Мирзо, Қамқоми Захор ва Самсоми Батор, Китобчӣ, Теҳрон, 1386., чопи чаҳорум.
    18. Қундузии Ҳанафӣ, Сулаймон, Янобиъ-ул-маваддат, Дор-ул-усва, Теҳрон, 1430 ҳ. қ. чопи аввал.
Ёсин


[а]. Коршиноси аршади фалсафа

[1]. Муқтал-ул-Ҳусейни Хоразмӣ 1/34:

“ان النّاسُ عَبيدُ الدّنيا والدّينُ لَعَقٌ على ألسنتهم يحوطونه ما دَرَّتْ معايشُهمْ فإذا مُحِّصوا بالبلاء قَلَّ الديّانون. “

[2]. Табарӣ, 4/ 304:

“ إنه قد نزل من الامر ما قد ترون و إن الدنيا قد تغيرت و تنكرت و أدبر معروفها و استمرت جدا فلم يبق منها إلا صبابة كصبابة الاناء و خسيس عيش كالمرعى الوبيل ألا ترون أن الحق لا يعمل به و أن الباطل لا يتناهى عنه”

[3]. Ҳамон: ” ليرغب المومـن فى لقاء الله محقا”

[4]. Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусейн, 1/188, ал-Футуҳ, 5/ 21:

“إنَّ الْحُسَيْنَ بْنَ عَلِيٍّ يَشْهَدُ أَنْ لاَ إلَهَ إلاَّ اللَهُ، وَحْدَهُ لاَ شَرِيكَ لَهُ. وَ أَنَّ مُحَمَّدًا صَلَّي اللَهُ عَلَيْهِ وَ ءَالِهِ عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ، جَآءَ بِالْحَقِّ مِنْ عِنْدِ الْحَقِّ. وَ أَنَّ الْجَنَّه وَ النَّارَ حَقٌّ. وَ أَنَّ السَّاعَه ءَاتِيَه لاَ رَيْبَ فِيهَا. وَ أَنَّ اللَهَ يَبْعَثُ مَنْ فِي الْقُبُورِ. إنِّي لَمْ أَخْرُجْ أَشِرًا وَ لاَ بَطِرًا وَ لاَ مُفْسِدًا وَ لاَ ظَالِمًا وَ إنَّمَا خَرَجْتُ لِطَلَبِ الاصْلاَحِ فِي أُمَّه جَدِّي مُحَمَّدٍ صَلَّي اللَهُ عَلَيْهِ وَ ءَالِهِ؛ أُرِيدُ أَنْ آمُرَ بِالْمَعْرُوفِ وَ أَنْهَي عَنِ الْمُنْكَرِ، وَ أَسِيرَ بِسِيرَه جَدِّي وَ سِيرَةِ أَبِي عَلِيِّ بْنِ أَبِي طَالِبٍ عليه السلام. فَمَنْ قَبِلَنِي بِقَبُولِ الْحَقِّ فَاللَهُ أَوْلَي بِالْحَقِّ، وَ مَنْ رَدَّ عَلَيَّ هَذَا أَصْبِرُ حَتَّي يَقْضِيَ اللَهُ بَيْنِي وَ بَيْنَ الْقَوْمِ بِالْحَقِّ؛ وَ هُوَ خَيْرُ الْحَاكِمِينَ. وَ هَذِهِ وَصِيَّتِي إلَيْكَ يَا أَخِي؛ وَ مَا تَوْفِيقِي إلاَّ بِاللَهِ، عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَ إلَيْهِ أُنِيبُ. وَ السَّلاَمُ عَلَيْكَ وَ عَلَي مَنِ اتَّبَعَ الْهُدَي. وَ لاَ حَوْلَ وَ لاَ قُوَّه إلاَّ بِاللَهِ الْعَلِيِّ الْعَظِيمِ.”

[5]. Туҳаф-ул-уқул, 239:

“اللهم إنّك تعلم أنّه لم يكن ما كان منّا تنافساً في سلطان، و لا التماساً من فضول الحطام، و لكن لنرى المعالم من دينك، و نظهر الإصلاح في بلادك، و يأمن المظلومون من عبادك، و يعمل بفرائضك و سننك و أحكامك.”

[6]. Оли Имрон/ 185:

 “ كُلُّ نَفْسٍ ذَآئِقَةُ الْمَوْتِ وَ إِنَّمَا تُوَفَّوْنَ أُجُورَكُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَمَن زُحْزِحَ عَنِ النَّارِ وَ أُدْخِلَ الْجَنَّةَ فَقَدْ فَازَ وَ ما الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلاَّ مَتَاعُ الْغُرُورِ

[7]. Наҳҷулбалоға, номаи 3: “شَهِدَ عَلَى ذَلِكَ اَلْعَقْلُ إِذَا خَرَجَ مِنْ أَسْرِ اَلْهَوَى وَ سَلِمَ مِنْ عَلاَئِقِ اَلدُّنْيَا.”

[8]. ал-Луҳуф, /161: ” ما رأيت إلا جميلا

[9]. Мақтал-ул-Ҳусейн, лилмуқаррам, /28; Торихи Табарӣ, 4/323:

لا و الله لا أعطيهم بيدى إعطاء الذليل و لا أقر اقرار العبيد(و لا افر فرار العبید)

[10]. ал-Луҳуф, / 98:

ألا و إن الدعي ابن الدعي قد ركز بين اثنتين بين السلة و الذلة و هيهات منا الذلة يأبى الله ذلك لنا و رسوله و المؤمنون و حجور طابت و طهرت و أنوف حمية و نفوس أبية من أن نؤثر طاعة اللئام على مصارع الكرام.

[11]. Хоразмӣ, мақтал-ул-Ҳусейн, 1/ 188, ал-Футуҳ, 5/21.

[12]. Юнус/ 71: «ثُمَّ لَا يَكُنْ أَمْرُكُمْ عَلَيْكُمْ غُمَّةً ثُمَّ اقْضُوا إِلَيَّ وَ لَا تُنْظِرُونِ»

[13]. Аъроф/ 196: “إِنَّ وَلِيِّيَ اللَّهُ الَّذِي نَزَّلَ الْكِتَابَ وَهُوَ يَتَوَلَّى الصَّالِحِينَ

[14] . Манзури Имом(а) дар замони худаш мебошад.

[15]. Мақтали Муқаррам, / 227-228, Иршоди Муфид, 2/143-145:

ايها الناس اسمعوا قولى و لا تعجلواحتى أعظكم بما يحق لكم علي، و حتى أعذر اليكم، فان أعطيتمونى النصف كنتم بذلك أسعد، و ان لم تعطونى النصف من أنفسكم فاجمعوا رأيكم، «ثُمَّ لَا يَكُنْ أَمْرُكُمْ عَلَيْكُمْ غُمَّةً ثُمَّ اقْضُوا إِلَيَّ وَ لَا تُنْظِرُونِ»إِنَّ وَلِيِّيَ اللَّهُ الَّذِي نَزَّلَ الْكِتَابَ وَهُوَ يَتَوَلَّى الصَّالِحِينَ.اما بعد انسبونى من انا، ثم ارجعوا الى انفسكم وعاتبوها، و انظروا هل يحل لكم قتلى و انتهاك حرمتى؟ الست ابن بنت نبيكم و ابن وصيه و ابن عمه و اول المومنين بالله و المصدق لرسوله بما جاء من عند ربه؟ اوليس حمزة سيد الشهداء عم ابى؟ اوليس جعفر الطيار عمى، اولم يبلغكم قول رسول الله صل الله عليه و آله وسلم لى ولاخى: هذان سيدا شباب اهل الجنة؟ فان صدقتمونى بما اقول و هو الحق و الله ما تعمدت الكذب منذ علمت ان الله يمقت عليه اهله و يضر به من اختلفه و ان كذبتمونى فان فيكم من ان سالتموه عن ذلك اخبركم، سلوا جابربن عبدالله الانصارى و ابا سعيد الخدرى و سهل بن سعد الساعدى وزيد بن ارقم و انس بن مالك يخبروكم انهم سمعوا هذه المقالة من رسول الله و لاخى، اما فى هذا حاجز لكم عن سفك دمى. فان كنتم فى شك من هذا القول افتشكون انى ابن بنت نبيكم فوالله ما بين المشرق و المغرب ابن بنت نبى غيرى فيكم و لا غيركم، و يحكم اتطلبونى بقتيل منكم قتلته او مال لكم استهلكته او بقصاص جراحة؟

Ин ду суханронӣ бо ихтилофи ҷузъи дар Табарӣ 6/ 242-243 ва Комили ибни Асир, 3/ 287-288 омада аст.

[16]. Иршоди Муфид, 2/145.

[17]. Тавба/128: “لَقَدْ جَاءَكُمْ رَسُولٌ مِنْ أَنْفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُمْ

[18]. Табарӣ, 4/305: ” فانى لاارى الموت الا شهاده (سعاده) و الحياه مع الظالمين الا برما

[19]. Каҳф/ 57: “إِنَّا جَعَلْنَا عَلَى قُلُوبِهِمْ أَكِنَّةً أَنْ يَفْقَهُوهُ وَ فِي آذَانِهِمْ وَقْرًا وَ إِنْ تَدْعُهُمْ إِلَى الْهُدَى فَلَنْ يَهْتَدُوا إِذًا أَبَدًا

[20]. Бақара/61:

 “وَ ضُرِبَتْ عَلَيْهِمُ الذِّلَّةُ وَ الْمَسْكَنَةُ وَ بَآؤُوْاْ بِغَضَبٍ مِّنَ اللَّهِ ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ كَانُواْ يَكْفُرُونَ بِآيَاتِ اللَّهِ وَ يَقْتُلُونَ النَّبِيِّينَ بِغَيْرِ الْحَقِّ ذَلِكَ بِمَا عَصَواْ و كَانُواْ يَعْتَدُونَ”

[21]. Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусейн(а), 8/92:

ويلكم ما عليكم أن تنصتوا إلي فتسمعوا قولي، و إنما أدعوكم إلى سبيل الرشاد، فمن أطاعني كان من المرشدين، و من عصاني كان من المهلكين، و كلكم عاص لامري غير مستمع قولي، فقد ملئت بطونكم من الحرام، و طبع الله على قلوبکم

[22]. “بسم الله وبالله وفي سبيل الله و على ملّة رسول الله،”

[23]. “الهی رضا بقضائك، صبرا على بلائك، تسليما لامرك، لا معبود سواك، يا غياث المستغيثين”  Ин ҷумла бо ибороти мухталиф дар мақотил зикр шуда ва назири ҳамин иборат дар мақтали Муқрам,/357, Қумқоми Захор,/262, ва Янобиъ-ул-Маваддат, / 418 омада аст.

[24]. Фаҷр/30: “يَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ، ارْجِعِي إِلَى رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةً، فَادْخُلِي فِي عِبَادِي، وَ ادْخُلِي جَنَّتِي

[25]. Таърихи Табарӣ, 4/318.

[26]. Намл/73: “وَإِنَّ رَبَّكَ لَذُو فَضْلٍ عَلَى النَّاسِ وَلَكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لا يَشْكُرُونَ

[27]. Бақара/124: “وَإِذِ ابْتَلَى إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا

[28]. Таърихи Табарӣ, 4/318.

[29]. Биҳор, 45/41: “والله ان قطعتموا یمینی، انی احامی ابدا عن دینی

[30]. Бақара/ 154: ” و لا تَقُولُواْ لِمَنْ يُقْتَلُ فِي سَبيلِ اللَّهِ أَمْوَاتٌ بَلْ أَحْيَاء وَ لَكِن لاَّ تَشْعُرُونَ

[31]. Аҳзоб/72.

[32]. Инсон/3.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...