Шаҳидони Карбало

 Саидхони Имом[1]

Лозим ба зикр аст, ки номи ҳафтоду ду тане, ки дар ин мақола омадааст, касоне ҳастанд, ки аз Мадинаи мунавара ҳамроҳи имом Ҳусайн(а) буданд ва ё дар роҳ бо он Ҳазрат ҳамроҳ шуданд. Аммо он даста ривоятҳо ва таърихҳое, ки бештар аз сад нафар шаҳидро ёдовар шудаанд, номи касонеро ҳам овардаанд, ки дар воқеаи Карбало суханони имом Ҳусайн(а)–ро шуниданд ва аз суханони Сайидушшуҳадо, ба ин натиҷа расиданд, ки набераи Расули Худо(с) буда ва ҳақ бо ӯ ва ҳамроҳони ӯст.

Шаҳидон аз Аҳли байти Расули Худо(с)

Фарзандони имом Алӣ (а):

  1. Имом Ҳусайн (а).
  2. Аббос.
  3. Абубакр.
  4. Умар.
  5. Усмон.
  6. Ҷаъфар.
  7. Абдуллоҳ (модараш Уммулбанин).
  8. Абдуллоҳ (модараш Лайло духтари Масъуд).

Фарзандони имом Ҳасан (а):

  1. Абдуллоҳ.
    1.  Қосим.
    2.  Абубакр.

Фарзандони имом Ҳусайн(а):

  1.  Алиакбар; аввалин шаҳиди Аҳли байт(а).

Алиакбар, ки модараш Лайло (ё Омина) буд ба майдон рафт. Он замон ҳаждаҳсола буд. Вақте, ки имом Ҳусайн(а) ӯро дид, руй ба осмон карду гуфт: Худоё шоҳид бош! Ҷавоне ба сӯи ин қавм меравад, ки дар рангу чеҳра (хилқат ва офариниш), ахлоқ ва гуфтор монандтарини мардум ба Паёмбари туст. Ҳар гоҳ муштоқи дидани Расули ту мешудем ба чеҳрааш менигаристем. Худовандо! Баракатҳои заминро аз душманон бигир ва агар бархурдорашон сохтӣ, дучори тафриқаашон соз ва ҳокимонро ҳаргиз аз онҳо хурсанд макун. Инҳо даъватамон карданд, ки ёриамон кунанд, онгоҳ бар мо ҳамла карданд ва ба ҷанги мо омаданд.

Онгоҳ бо фарёд ба Умри Саъд гуфт: Туро чӣ мешавад? Худованд хешовандиатро қатъ кунад ва коратро баракат надиҳад ва касеро бар ту мусаллат сазад, ки  туро дар ҷогаҳи хобат бикушад, он гуна, ки хешовандии маро қатъ кардӣ ва ҳурмату эҳтироми маро бо Паёмбар(с) нигоҳ надоштӣ. Он вақт бо садои баланд ин оятро тиловт кард: “Худаванд, Одам ва Нуҳ ва олӣ Иброҳим ва олӣ Имронро бар ҷаҳониён баргузид, фарзандоне, ки бархе аз бархи дигаранд»[2].

Алиакбар ҳамла кард дар ҳоле, ки ин гуна раҷаз мехонд: Ман Алӣ фарзанди Ҳусайнам. Ба Каъба савганд! Мо ба Паёмбар(с) сазовортарем. Ба Худо қасам писари ҳаромзода бар мо ҳукумат намекунад. Он қадар бо найза бо шумо меҷангам то хам шавад; бо шамшер бо шумо меситезам то бишиканад; ситези ҷавони ҳошимӣ ва алавӣ.

Пайваста меҷангид то он ки овозу фарёди куфиҳо аз зиёдии куштаҳояшон баланд шуд ва бо он ки ташна буд, 1200 нафари ноҳоро кушт. Бо захмҳои фаровон, ки дошт ба назди падар баргашт ва гуфт: Падарҷон! Ташнагӣ ҳолокам кард ва сангинии зиреҳ бетоқатам намуд. Оё ҷуръае об ҳаст то неру ва қувват бигирам ва бо душманон биҷангам? Имом Ҳусайн(а)  гиристу гуфт: Фарзандам! Бар Муҳаммад (с), Алӣ (а) ва падарат ногувор аст, ки аз онҳо кӯмак бихоҳӣ ва натавонанд кӯмак кунанд.

Писарам! Забонатро биёвар. Забони ӯро макид ва ангуштари худро ба вай дод ва фармуд: Ин ангуштарро дар даҳонат нигаҳ дор ва ба майдони набард баргард. Умедворам пеш аз ғуруб, бобоят бо ҷоми саршори худ серобат кунад, он гуна, ки пас аз он ҳаргиз ташна нашавӣ.

Алиакбар раҷазхонон дубора ба майдони разм шитофт. Ду сад нафарро кушт. Марра фарзанди Манқази Абдӣ зарбате бар фарқи сараш зад, афтод. Мардум бо шамшерҳояшон бар ӯ ҳамла карданд. Ӯ ки даст бар гардани асп андохта буд, асп ӯро ба лашкаргоҳи душман бурд. Душманон ӯро бо шамшер қитъа – қитъа карданд. Чун ҷонаш ба гулӯ расид бо садои баланд фарёд зад: Падарҷон! Инак ин бобоям Расули Худост, ки бо ҷоми гуворояш серобам кард, ки пас аз он ташна намешавам. Ту ҳам зуд баргард, ки ҷоме барои ту ҳам омодааст.

  1.  Алиасғар.

Дар Мақтали Хоразмӣ омадааст: … садоҳои занон баланд шуд. Имом Ҳусайн(а) канори хаймаҳо рафту гуфт: Кӯдаки хурдсолам -Алиро бидиҳед, то бо ӯ видоъ кунам. Кӯдакро ба ӯ доданд. Машғули бӯсидани кӯдак буд ва мефармуд: Вой бар ин гурӯҳ агар бобои ту (яъне Паёмбар(с)) душманашон бошад! Дар ҳоле, ки тифл дар оғӯши ӯ буд, Ҳармалаи Комили Асадии малъун тире бар гулӯи он тифл зад ва онро ба шаҳодат расонд. Ҳусайн(а)  хуни ӯро гирифт ва ба осмон афшонду гуфт: Худоё! Ёриатро аз мо дур доштӣ; инро дар муқобили чизе қарор бидеҳ, ки барои мо беҳтар аст. Онгоҳ Ҳусайн(а) аз асп фаромад ва бо ғилофи шамшер қабре канд ва Алиасғарро ба хок супорид ва бар ӯ намоз хонд.

  1.  Абубакр.
  2. Навҷавони музтариб ва нигарон.

Табарӣ аз Ҳонии Ҳазрамӣ нақл мекунад, ки аз ҳозирони куштани имом Ҳусайн(а) будам… ногаҳон аз хонадони Ҳусайн(а) навҷавоне тарсону ҳаросон аз хаймаҳо берун баромад ва чапу рост медавид…, ки саворае ба пеши ӯ омад ва аз аспи худ фаромад, писаракро бо шамшер ду пора кард. Ровӣ мегӯяд: Қотили он ҷавон, худи Ҳонии Ҳазрамӣ буд, ки чун мавриди сарзаниш қарор гирифт, онро ба дигаре нисбат дод. 

 

Хешовандони имом Ҳусайн(а) .

  1. Абдуллоҳ писари Муслим писари Ақил.
  2. Ҷаъфар писари Ақил писари Абутолиб.
  3. Абдураҳмон писари Ақил писари Абутолиб.
  4. Муҳаммад писари Абдуллоҳ писари Ҷаъфар.
  5. Авн писари Абдуллоҳ писари Ҷаъфар.
  6. Муҳаммад писари Абусаид писари Ақил писари Абутолиб.
  7. Кӯдаки навзод.

Яъқубӣ гуфтааст: … сипас имом Ҳусайн(а) танҳо монд. Ҳамроҳи ӯ ҳеҷ кас аз хонадон, фарзандон ва наздиконаш намонда буд. Кӯдакеро, ки дар он дам ба дунё омада буд назди ӯ оварданд. Имом(а) дар гуши ӯ азон гуфт ва машғули ком бардоштани навзод буд, ки тире омад ва бар гулӯи кӯдак нишаст ва ӯро шаҳид кард. Ҳусайн(а) тирро аз ҳулқуми кӯдак берун кашид ва ӯро бар хуни гулӯяш оғушта мекард ва мегуфт: Назди Худованд, аз ноқаи Солеҳ(а) азизтарӣ ва Муҳаммад(с) ҳам аз Солеҳи паёмбар(а) гиромитар аст. Сипас ҷасади кӯдакро канори дигар фарзандону хешовандонаш, ки шаҳид шуда буданд, гузошт.

Ёрони имом Ҳусайн(а).

  1. Абдуллоҳ писари Азраи Ғаффорӣ.
  2. Абдуллоҳ фарзанди Умайри Калбӣ.
  3. Абдуллоҳ фарзанди Язид.
  4. Абдураҳмон писари Абдуллоҳи Язанӣ.
  5. Абдураҳмон писари Азраи Ғаффорӣ.
  6. Абдураҳмон фарзанди Абдураб.
  7. Абусамомаи Соидӣ.
  8. Адҳам фарзанди Умайҳ.
  9. Амор фарзанди Ҳасон.
  10. Амр писари Қурза писари Каъб (ансорӣ).
  11. Амр писари Мутоъ.
  12. Амр писари Холиди Сайдовӣ.
  13. Амр писари Ҷунода.
  14. Анас фарзанди Ҳорис.

Анас ибни Ҳорис аз саҳобаи Расули Худо(с) аст. Дар ҷанги Бадр ва Ҳунайн дар хидмати Расули Худо(с) буд. Ҳадисҳое аз ҷаноби Расулуллоҳ(с) нақл кардааст. Аз ҷумлаи онҳо ин ҳадисест, ки Расули Худо(с) фармуд: “Ин фарзандам Ҳусайн(а) дар замини Карбало кушта мешавад. Ҳар кас дар онҷо бошад бояд онро ёрӣ кунад.”  

  1. Анис писари Маъқал.
  2. Аслам писари Амр (ғуломи имом Ҳусайн(а) ).
  3. Бурайр писари Ҳузайр.
  4. Бушр ибни Умар.
  5. Зоҳир фарзанди Амр.
  6. Зуҳайр писари Қин.
  7. Зуҳайр фарзанди Салим.
  8. Қурра писари Абуқурра.
  9. Маҷмаъ писари Абдуллоҳ.
  10. Молик писари Абдуллоҳ писари Сарии Ғаффорӣ.
  11. Муслим писари Увсаҷа.
  12. Навҷавони Ятим.  

Навҷавоне, ки падараш ба шаҳодат расида ва дар канори модараш буд, ба майдон рафт. Модар ба ӯ гуфт: Писарам! Ба майдон бирав ва аз фарзанди Расули Худо(с) дифоъ кун, то шаҳид шавӣ. Писар гуфт: Чунин мекунам. Ба майдон рафт. Имом Ҳусайн(а) гуфт: Ин навҷавонест падараш кушта шудааст шояд модараш розӣ набошад. Навҷавон гуфт: Эй фарзанди Паёмбари Худо(а) модарам бар ман гуфтааст. Ва ба майдон рафту пеш аз шаҳид шудан ин ҷумлаҳоро мегуфт: Фармондеҳам, Ҳусайн(а) аст ва чӣ амири хубе аст! Сурури дили он Паёмбар(с) башоратгири бимдиҳанда. Алӣ(а) ва Фотима(а) падару модари ӯ ҳастанд. Оё барои ӯ монанде мешиносед?…

  1. Наср фарзанди Абунайзар.
  2. Нофеъ писари Ҳилоли Баҷаллӣ.
  3. Обис писари Абушабиби Шокирӣ.
  4. Омир фарзанди Муслим.
  5. Саид писари Абдуллоҳи Ҳанафӣ.
  6. Сайф писари Ҳорис писари Сарии Ҷобирӣ.
  7. Саъд мавлои Амр писари Холид.
  8. Саъд писари Ҳанзала.
  9. Салмон фарзанди Мазориб. (писарамаки Зуҳар ибни Қин).
  10. Солим ғуломи Омир фарзанди Муслим.
  11. Сувайд писари Амри  Хасъамӣ.
  12. Умми Ваҳб ҳамсари Абдуллоҳи Умайри Калбӣ.
  13. Ҳабиб писари Мазоҳир.  

Ҳабиб писари Мазоҳир ба сипоҳи Куфа ҳамла кард дар ҳоле, ки мегуфт: Савганд, ки агар ба теъдоди шумо ва ё ба миқдори ними шумо мебудем, ҳамаи шумо мегурехтед. Эй бадтарини мардумон дар хешовандону ахлоқу гуфтор! Ман Ҳабибам ва падарам Мазоҳир аст. Таксавори саҳнаи ҷанги шуълавар! Шумо дар адад ва имкононт аз мо бештаред ва мо аз шумо бовафотар ва босабртар. Бурҳонамон ба ҳақ бартар ва ошкортар аст ва аз шумо ботақвотар ва маъзуртарем. Онгоҳ ҷанги намоёне кард то он, ки марде аз Бани Тамим ба ӯ юриш бурд ӯ ба замин афтод то хост бархезад, Ҳасин писари Тамим бо шамшер бар фарқи сараш зад ва афтоду шаҳид шуд. Марди тамимӣ аз асп фаромад ва сарашро аз бадан ҷудо кард. Ҳасин писари Тамим ба ӯ гуфт: Ман дар куштани ӯ бо ту шарикам. Он мард гуфт: Ба Худо савганд касе ғайри ман онро накушт. Ҳасин гуфт: Онро ба ман бидеҳ то ба гардани аспам биёвезам ва мардум бибинанд ва бидонанд, ки ман дар куштани ӯ ширкат доштам. Сипас онро бигир ва бо он ба назди Убайдулло писари Зиёд бирав, ки ман ниёзе ба мукофоте, ки барои куштани ӯ мегирӣ надорам. Он марди тамимӣ напазируфт. Мардум байн он ду сулҳ доданд. Сарро ба Ҳасин дод, Ҳасин сари муборакро бар гардани асп овехт ва гирди лашкар давр зад, сипас сари буридаи Ҳабибро ба он мард баргардонд. Вақте, ки ба Куфа баргаштанд, он марди тамимӣ сари Ҳабиб писари Мазоҳирро бар зини асп овехт ва ба сӯи қасри Убайдулло писари Зиёд рафт. Қосим писари Ҳабиб, ки қариб ба синни булуғ расида буд, ӯро дид. Аз ақиби ӯ то дари қаср рафт. Он мард шак кард, пурсид: Писарам! Чаро ба дунболи ман меоӣ? Гуфт: Чизе нест. Гуфт: Чизе ҳаст, ба ман бигӯ. Гуфт: Ин саре, ки бо ту аст, сари падари ман аст. Оё медиҳӣ то онро ба хок бисупорам: Он мард гуфт не писарам, Амир розӣ ба гур кардани он нест. Ман мехоҳам бо куштани он мукофоти калоне бигирам. Навҷабон гуфт: Вале Худованд бадтарин ҷазоро ба ту медиҳад. Ба Худо қасам, ту касеро куштаӣ, ки беҳтар аз худат буд! Инро гуфту гирист. Сабр кард то ба синни булуғ расид. Ҳимматаш ёфтани қотили падараш буд. Замони Мусъаб писари Зубайр фаро расид. Мусъаб дар Уҷмай машғули ҷанг буд. Писари Ҳабиб қотили падарашро дар хаймае ёфт ва дар ҳол хоб будан онро кушт. Шаҳодати Ҳабиби писари Мазоҳир имом Ҳусайн(а)–ро сахт ғамгин кард ва фармуд: Худ ва ёрони бовафоямро дар маҳзари Худо мебинам.

  1. Ҳанзала писари Асъади Шомӣ (Шаббомӣ).
  2. Ҳаҷҷоҷ писари Масруқ.
  3. Ҳорис фарзанди Нубҳон.
  4. Ҳур фарзанди Язиди Риёҳӣ.

Ҳур писари Язиди Риёҳӣ, дар аввали ҳодисаи Карбало фармондеҳи лашкари душманони хонадони ҳазрати Паёмбар(с) буд. Аз тарафи Убайдуллоҳ ибни Зиёд бо фармондеҳии лашкари ҳазорнафара, амр шуда буд, ки имом Ҳусайн(а)–ро дастгир карда ба Куфа барад. Вақте, ки бо он лашкари ҳазорнафара ба назди Имом Ҳусайн(а) расид, имом Ҳусайн ва ёронаш, онҳо ва аспонашонро об доданд… Вақти намози пешин шуд. Ёрони Имом ва Ҳур ва сипоҳиёнаш бо имоматии имом Ҳусайн(а) аз пушти сари он Ҳазрат намози пешинро хонданд. Имом(а) баъд аз намоз мардумро насиҳат ва мавъиза карда сипоҳи Ҳурро, ки аз Куфа буданд аз номаҳои навиштаашон бохабар сохт. Аммо Ҳур гуфт: Ман амр шудаам, ки туро ба Куфа баргардонам. Имом Ҳусайн(а) фамуд: Ба марг аз он наздиктарӣ! Суханоне байни онҳо гуфту шунид шуд. Имом Ҳусайн(а) борҳо насиҳату мавъиза кард, ишқ ва муҳаббати Имом бар дили Ҳур нишаст аммо ин ишқро аз сипоҳиёнаш пинҳон медошт, то рӯзи Ошуро шуд. Сипоҳи чандинҳазорнафара аз тарафи Убайдуллоҳ ибни Зиёд шаҳрдори Куфа, расид… Ҳур оҳиса–оҳиста ба назди имом Ҳусайн(а) рафт ва ба ӯ пайвасту гуфт: Эй фарзанди Расули Худо! Худо маро фидоят гардонад. Ман ҳамон касе ҳастам, ки туро аз баргаштан манъ кардам ва ба ин роҳ оварда ва дар ин макон фуруд овардам. Ба Худое, ки ғайр аз Ӯ ҳеҷ маъбуде нест, ман ҳаргиз гумон намекардам, ки ин қавм пешниҳодҳои туро қабул накунанд ва ба инҷо бикашонанд. Ман бо худ гуфтам боке нес, ки баъзе хостаҳои ин қавмро бипазирам то гумон накунанд, ки аз тоаташон берун рафтаам, зеро онҳо дар ниҳоят яке аз пешниҳодҳои Ҳусайн(а)–ро мепазиранд. Ба Худо қасам агар гумон мекардам, ки онҳо онро аз ту қабул намекунанд, ҳаргиз бо ту чунон намекардам! Инак омадаам то аз он чи кардаам, ба сӯи Парвардигорам тавба кунам ва ҷони худро фидои ту гардонам ва бо душманони ту биҷангам. Оё инро барои ман як тавба медонӣ? Имом Ҳусайн(а)  фармуд: Бале, Худо тавбаатро пазируфт ва туро омӯрзид. Номат чист? Гуфт: Ман Ҳур ибни Язидам! Фармуд: “Ба ростӣ, ки ту ҳур (озод) ҳастӣ; ҳамон гуна, ки модарат ном ниҳод. Ту иншоаллоҳ дар дунёву охират ҳур ҳастӣ…” Ҳур бар зидди сипоҳе, ки аз тарафи Убайдуллоҳ ибни Зиёд фармондеҳи он буд ҷангид то шаҳид шуд.

  1. Ҷанода ибни Каъб.
  2. Ҷобир писари Ҳорис.
  3. Ҷобир фарзанди Ҳаҷҷоҷ.
  4. Ҷувн ғуломи Абузар.
  5. Ҷунода писари Ҳарс (Ҳорис).
  6. Шавзаб (озодшудаи падари Обис).
  7. Язид фарзанди Зиёд (Абушаъшоъ).

Нуктае ба азизони хонанда хотиррасон мешавад, ки шояд дар зеҳни мубораки хонандаи гиромӣ саволе пайдо шавад, ки чаро дар ин мақола номи ҳафтоду ду шаҳиди Карбало зикр шудааст, дар ҳоле, ки баъзе  ривоятҳо ва ё бархе таърихҳо бештар аз сад нафар шаҳидони Карбалоро номбар караанд?

Дар ҷавоб гуфтанист, ки номи ҳафтоду ду тане, ки дар ин мақола омадааст, он касоне ҳастанд, ки аз Мадинаи мунавара ҳамроҳи имом Ҳусайн(а) буданд ва ё дар роҳ бо он Ҳазрат ҳамроҳ шуданд. Аммо он даста ривоятҳо ва таърихҳое, ки бештар аз сад нафар шаҳидро ёдовар шудаанд, номи касонеро ҳам овардаанд, ки дар воқеаи Карбало суханони имом Ҳусайн(а)–ро шуниданд, донистанд, ки набераи Расули Худо(с) буда ва ҳақ бо он ҷаноб аст, пас бо ёрони имом Ҳусайн(а) ҳамроҳ шуданд. Дар муқобили душманони хонаводаи Пайғамбар(с) ҷангиданд ва бо ҷону хуни худ оқибати нек, хайри доимӣ ва дар назди Худо буданро хариданд ва  шаҳид шуданд.

 Ёсин

Манобеъ:

1. Мақтал, Аллома Сайидмуртазо Аскарӣ, чопи дуюм, интишороти Аллома Аскарӣ, 1391 ҳ.ш. 

2. Мақтали Маъсумин, гурӯҳи ҳадиси пажӯҳишкадаи Боқирулулум (а), ҷ 2, чопи аввал, 1386 ҳ.ш.

3. Сайти Тибён.



[1]. Коршиноси аршади забон ва адабиёти форсӣ

[2]. Сураи Оли Имрон, ояти 33 ва 34.

 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...