Муқаддима
Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони Имом Ҳусайн(рз) аст, ки дар китобҳои муҳимми таърихи Ислом ҳамчун китобҳои “Таърихул умами вал мулук” -и Табарӣ, “ал–Бидояту ванниҳоя” -и Ибни Касир, “Таърихул Ислом” -и Заҳабӣ, “Тарихул хулафо” -и Суютӣ ва ғ. омадааст.
Имом Ҳусайн(рз) аз вилодат то қиёми Ошуро
Имом Ҳусайн(рз) фарзанди Алӣ ибни Абутолиб(к) ва Фотимаи Заҳро(рз) мебошад. Ӯ ба қавле дар соли сеюми ҳиҷрат дар шаҳри Мадинаи мунаввара чашм ба ҷаҳон гушуд ва ҳангоме ки хабари таваллуди ӯро ба Пайғабари Акрам(с) доданд, он Ҳазрат(с) ба хонаи Фотимаи Заҳро(рз) омад Имом Ҳусайн(рз)-ро дар оғуш гирифт ва дар гуши росташ азону дар гуши чапаш иқомаро замзама карданд.
Имом Ҳусайн(рз) аз аҳли байти Пайғамбар(с) аст. Он Ҳазрат(с) дар мавриди Аҳли байти худ фармуданд: Ман (баъд аз худ) дар миёни шумо (мусулмонон) ду чизи боарзишу гаронбаҳо мегузорам, яке китоби Худо (Қуръон) ва дигарӣ Аҳли байтам. То замоне ки аз ин ду пайравӣ кунед, гумроҳ намешавед ва ин ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд, то ин ки дар ҳавзи Кавсар бар ман ворид гарданд[1]. Ин ҳадис ба рушанӣ гӯёи он аст, ки Имом Ҳусайн(рз) яке аз Аҳли байт(а) аст, агар бо фарде ҳамчун Язид даргир шавад, ҳақ бо Ҳусайн(а) хоҳад буд.
Пайғабар(с) дар ҷойҳои гуногун бар фазилату бузургии Имом Ҳусайн(рз) ишора кардааст. Аз ҷумла дар бораи Имом Ҳусайн(рз) мефармояд: Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам, Худоё дӯст дор ҳар ки Ҳусайнро дӯст дорад[3].
Баъд аз реҳлати ҷонсузи Пайғамбар(с), Ҳазрати Абубакр, Умар ва Усмон(рз) ҳамагӣ Имом Ҳусайн(рз)-ро эҳтиром мекарданд. Ӯ дар замони хилофати имом Алӣ(а) фармонбардори падар буд ва дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон дар канори падари хеш буд. Дар замони хилофати имом Ҳасани Муҷтабо(рз) дар фармонбардорӣ аз ӯ кутоҳӣ накард[4].
Имом Ҳусайн(рз) дар замони Муовия бар сулҳе, ки миёни имом Ҳасан(а) ва Муовия баста шуд, пойбанд буд, то ин ки дар замони Муовия барои ҷонишин шудани Язид байъату паймон гирифта шуд, дар ин замон афроде ҳамчун Имом Ҳусайн(рз), Абдуллоҳ ибни Зубайр, Абдураҳмон ибни Абубакр, Абдуллоҳ ибни Умар, Абуллоҳ ибни Аббос, бо ин байъат мухолифат карданд[5], чун Язид як фарди фосиқ, шаробхор, бадахлоқ ва душмани Аҳли байт(а) буд[6].
Хориҷ шудани Имом Ҳусайн(рз) аз Мадина
Баъди аз дунё рафтани Муовия, Язид бар хилофат расид ва ба Валид ибни Утба, ки ҳокими шаҳри Мадина буд, нома навишт[7], ки аз мардум ва Ҳусайн ибни Алӣ барои ман байъат бигир (то ӯ маро ба унвони халифаи бар ҳақ бишиносад) ва ҳангоме, ки номаи Язид ба дасти Валид расид, шабона Имом Ҳусайн(рз)-ро даъват кард ва ӯро барои байъат кардан фаро хонд, аммо Имом Ҳусайн(рз) он шабро муҳлат хост ва дар ҳамон шаб, ба сабаби байъат накардани бо Язид аз шаҳри Мадина хориҷ шуда ба сӯи Макка ҳаракат намуд[8].
Ин дар ҳоле буд, ки мардуми Кӯфа[9] аз марги Муовия ва ҷонишин шудани Язид бохабар гашта буданд ва пушти сари ҳам ба Имом Ҳусайн(рз) нома менавиштанд, ки мо бо Язид байъат намекунем ва ҳамагӣ омодаи байъат кардан бо ту ҳастем. Бархе аз муваррихон теъдоди ин номаҳоро саду панҷоҳ нома зикр кардаанд.
Ҳангоме, ки Имом Ҳусайн(рз) ба шаҳри Макка расид ва номаҳо аз сӯи Ироқ яке пушти сари дигарӣ ба ӯ мерасид, аз ин рӯ барои фаҳмидани садоқату дурустии суханони мардуми Кӯфа, писарамаки худ — Муслим ибни Ақилро, ба сӯи мардуми Кӯфа фиристод ва ба онҳо гуфт: Чунончи фиристодаи ман -Муслим ибни Ақил, гуфтаҳои шуморо таъйид намояд, ман ба сӯи шумо равон хоҳам шуд[10].
Имом Ҳусайн(рз) дар роҳи Карбало
Вақте, ки Муслим ибни Ақил ба шаҳри Кӯфа ворид шуд ва ҷамъи зиёде аз мардум (ки бархе теъдоди онҳоро аз давоздаҳ ҳазор то ҳаждаҳ ҳазор нақл кардаанд) бо ӯ байъат намуданд. Бинобар ин Муслим ибни Ақил ба Имом Ҳусайн(рз) нома навишт, ки мардуми Кӯфа бо ӯ байъат кардаанд. Аз ин рӯ Имом Ҳусайн(рз) бо ҳароҳи хонаводааш ба сӯи Кӯфа ровон гашт[11].
Ҳангоме ки мардуми Кӯфа бо фиристодаи Имом Ҳусайн(рз) байъат карданд, афроде, ки тарафдори Язид буданд ба Язид нома навиштанд ва вазъияти Кӯфаро барои ӯ гузориш доданд. Аз ин рӯ Язид ба намояндаи худ дар шаҳри Басра -Убайдуллоҳ ибни Зиёд, нома навишт ва ӯро намояндаи худ дар ду шаҳри Басра ва Кӯфа кард ва дар номаи худ ба ӯ амр кард: Ҳангоме, ки вориди Кӯфа шудӣ Муслим ибни Ақилро, ки намояндаи Ҳусайн аст, дасгир намуда ба қатл бирасон ё аз шаҳр берунаш кун!
Убайдуллоҳ ибни Зиёд бо пушондани чеҳраи худ ва гузоштани амомаи сиёҳ бар сар, вориди Кӯфа гардид ва бар мурдум салом медод ва мардум ҳам дар ҷавоб мегуфтанд: Ва алайкумуссалом ябна Расулиллоҳ. Дар ҳақиқат мардум ба хотир пушида будани чеҳрааш аз як сӯ ва мунтазири вуруди имом Ҳусайн будан аз сӯи дигар Убайдуллоҳ ибни Зиёдро хаёли Имом Ҳусайн(рз) карданд[12]. Убайдуллоҳ бо ҷеҳраи пушида вориди дорулимораи Кӯфа шуд ва баъд аз намози ҷамоат ба суханронӣ пардохту гуфт: Амилар муъминин маро бар раҳбарии ин шаҳр интихоб карда ба ман дастур додааст бо касоне, ки аз фармони ман ва Язид итоат мекунанд, меҳрубон ва пуштибон бошам ва касонеро ки аз дастуроти ӯ итоат намекунанд сахтгирӣ кунам. Сипас сарони қабилаҳоро ба дорулимора фаро хонд ва онҳоро бо тило ва мансабу мақом харида ба таъқиби Муслим ибни Ақил пардохт.
Дар ин ҳангом Муслим ибни Ақил бо касоне, ки бо ӯ байъат карда буданд, ба сӯи дорулимораи Кӯфа омад ва ҳангоме, ки дар атрофи дорулимора буданд сарони қабилаҳо ҳар кадом аз болои дорулимора ба мардуми қабилаи худ ишора мекарданд, ки аз Муслим ибни Ақил ҷудо шаванд[13]. Ин раванд идома дошт то ин ки Муслим ибни Ақил дар шаҳри Кӯфа танҳои танҳо гардид. Ва баъд аз он ки дар хонаи пиразане маскан гузид, сарбозони Убайдуллоҳ макони ӯро пайдо карданд ва пас аз даргирии шадиде, ки миёни сарбозони Убайдуллоҳ ибни Зиёд бо Муслим ибни Ақил сурат гирифт ӯро асир карда ва ба дорул имораи Кӯфа бурданд.
Дар он ҷо баъд аз он ки суханоне байни ӯ ва Убайдуллоҳ гузашт, аз Убайдуллоҳ хост, ки иҷозат диҳад қабл аз шаҳодат васият кунад. Ба ӯ изн дода шуд ва ӯ васият кард, ки қосиде ба сӯи Ҳусайн(рз) фиристода шавад ва ӯро аз вазъияти Кӯфа бохабар созад ва ҳамчунин ӯро аз омадани ба Ироқ боз дорад. Сипас Муслим ибни Ақилро ба болои дорулимора бурда сарашро аз тан ҷудо карда ӯро аз болои дорулимора ба замин андохтанд.
Убайдуллоҳ ибни Зиёд афроди дигареро низ бо ҳамроҳи Муслим ба қатл расонд ва сари онҳоро ба Шом[14] ба назди Язид ибни Муовия фиристод.[15]
Ҳамон рузе, ки Муслим дар Кӯфа ба шаҳодат расид, Имом Ҳусайн(рз) як рӯз қабл, аз шаҳри Макка хориҷ шуда ва равонаи Кӯфа гардида буданд. Албатта ҳангоми берун омадан аз Макка афроде ҳамчун Абдуллоҳ ибни Аббос(рз) ва дигарон саъй карданд, ки Имом Ҳусайн(рз)-ро аз сафар ба сӯи Кӯфа боз доранд. Аммо Имом Ҳусайн(рз) аз роҳаш барнагашт ва дар ҷавоби онҳо фармуд: Дӯст дорам дар макони дигар кушта шавам ва хунам дар ин макон (-и пок ва муқаддас, яъне Макка) рехта нашавад[16].
Сипас Имом Ҳусайн(рз) номае навишт ва ба дасти яке аз афроди худ ба сӯи мардуми Кӯфа фиристод. Замоне ки қосиди Имом Ҳусайн(рз) наздики шаҳри Кӯфа шуд, тавассути сарбозони Убайдуллоҳ дастгир ва ба дорулимора бурда шуд. Убайдуллоҳ ибни Зиёд ӯро дастур дод, ки бар болои дорулимора рафта ба Алӣ ибни Абутолиб(а) ва Ҳусайн ибни Алӣ(а) дашному носазо гӯяд. Ҳангоме, ки бар болои дорул амора рафт, баъд аз ҳамди Худо ва дуруди бар Расул(с), хитоб бар мардум карду гуфт: Эй мардум! Ҳусайн ибни Алӣ(а) беҳтарин халқи Худост. Ӯ фарзанди Фотима духтари Расули Худо(с) мебошад ва ман фиристодаи ӯ бар сӯи шумо ҳастам, пас аз ӯ итоат кунед ва ба суханаш гуш фаро диҳед. Сипас Убайдуллоҳ ибни Зиёдро дурӯғгӯ хонд ва ӯро лаънат кард. Дар ин ҳангом Ибни Зиёд дастур дод то ӯро аз болои дорулимора ба зер андозанд ва сипас сарашро аз тан ҷудо карданд[17].
Ин ҳодиса дар ҳоле буд, ки Имом Ҳусайн(рз) ба сӯи шаҳри Кӯфа меомад ва аз вазъият ва ахбори онҷо бехабар буд. Аммо дар нимаи роҳ хабари шаҳодати Муслим ибни Ақил ба Имом Ҳусайн(рз) расид ва аз ин воқеа хеле ғамнок гашт, сипас тифлони Муслим ибни Ақилро фаро хонд ва онҳоро навозиш кард,[18] сипас ба роҳи худ идома дод.
Замоне ки Убайдуллоҳ ибни Зиёд аз наздик шудани Имом Ҳусайн(рз) ба Кӯфа хабардор шуд, лашкареро бо фармондеҳи Ҳур ибни Язиди Риёҳӣ ба сӯи Имом Ҳусайн(рз) равон кард. Ҳур ибни Язид бо лашкари ҳазорнафараи худ ба сӯи Имом Ҳусайн(рз) омаданд. Ҳангоме, ки Имом(а)-ро мулоқот кард, Имом Ҳусайн(рз) ба ӯ ва ёронаш об дод, то ташнагияшонро бартараф намоянд ва сипас барои онҳо хутба хонду гуфт: Мардуми Кӯфа бароям номаҳо навиштаанд ва маро даъват кардаанд ва ин ҳам ҳамон номаҳои онҳост.
Ва чун вақти намози зуҳр шуд пушти сари Имом Ҳусайн(рз) намоз хонданд. Ба ҳамин минвол ҳангоме, ки вақти намози аср шуд пушти сари Имом Ҳусайн(рз) намозро барпо карданд ва баъд аз намози аср Имом Ҳусайн(рз) бори дигар барои онҳо хутба хонд ва онҳоро ба итоат ва фармонбардорӣ фаро хонд. Дар ин миён Ҳур гуфт: Ба мо дастур дода шудааст, ки аз ту ҷудо нашавем то ин ки туро ба дасти Убайдуллоҳ ибни Зиёд бирасонем. Имом Ҳусайн(рз) ба ёрони худ дастур дод, ки савори маркабҳои худ шавед. Дар ин ҳангом ёрон ва занону кудаконе, ки бо онҳо буданд савор шуданд ва чун хостанд баргарданд, лашкари Ҳур аз баргаштани онҳо ҷилавгирӣ карданд. Дар ин ҳангом Имом Ҳусайн(рз) ба Ҳур гуфт: Модарат ба азоят биншинад! Аз мо чӣ мехоҳӣ? Ҳур дар чавоб гуфт: Агар ғайр аз ту касе дигар ин суханро ба ман мегуфт, ман ҳатман ӯро ҷавоб медодам, вале чӣ кунам, ки модари туро ҷуз ба некӣ наметавон ёд кард. Сипас Ҳур ба Имом Ҳусайн(рз) гуфт: Ба ман дастур дода нашудааст, ки бо ту биҷангам. Танҳо ба ман гуфта шудааст, ки туро назди Убайдуллоҳ ибни Зиёд бибарам. Агар намехоҳӣ, ки туро назди ӯ бибарам пас ба ҳар куҷо, ки мехоҳӣ бирав ба ҷуз Кӯфа ва Мадина. Сипас Имом Ҳусайн(рз) ва ёронаш ба сӯи Қодисия равон гаштанд ва Ҳур бо лашкари худ ба дунболи онон рафт.
Имом Ҳусайн(рз) дар Карбало
Дар миёнаи роҳ чаҳор нафар савора аз Кӯфа расиданд ва ба Имом Ҳусайн(рз) хостанд наздик шаванд, вале Ҳур нагузошт, то ин ки Имом Ҳусайн(рз) гуфт: Онҳоро раҳо куну бугзор биёянд. Баъд аз аҳволпурсӣ Имом Ҳусайн(рз) аз аҳвол ва вазъи Кӯфа пурсид. Сипас аз онҳо дар мавриди намояндаи худ пурсид. Онҳо он чиро бар сари намояндаи он Ҳазарт омада буд як ба як гузориш карданд. Қатраҳои ашк аз чашмони Имом Ҳусайн(рз) ҷорӣ шуд ва дар ҳаққи онҳо дуо мекарду мефармуд: Бархе (аз муъминон) ба орзуи худ (яъне шаҳодат) расидан ва баъзе дигар (мисли ман) дар интизор(-и шаҳодатанд).
Сипас Имом Ҳусайн(рз) ба роҳи худ идома дод, то ин ки ба сарзамини Найнаво (Карбало) расид, дар ин ҳангом номае аз сӯи Убайдуллоҳ ибни Зиёд ба даст Ҳур ибни Язид расид, ки дар он навишта буд: Ҳусайнро дар ҷое нигаҳ дорад то ин ки лашкари Убайдуллоҳ бирасад. Фардои он рӯз лашкари ташкил ёфта аз чаҳор ҳазор марди чангӣ бо фармондеҳии Умар ибни Саъд ибни Абиваққос аз сӯи Убайдуллоҳ ибни Зиёд ба сарзамини Карбало ворид шуданд ва имом Ҳусайну ёронашро муҳосира карданд. Умар ибни Саъд ба Имом Ҳусайн(рз) гуфт: Чӣ чизе шуморо ба инҷо овардааст? Имом Ҳусайн(рз) дар ҷавоб фармуданд: Мардуми Кӯфа бар мо нома навиштанд ва моро ба инҷо даъват кардаанд, агар аз омадани ман кароҳат доред ва розӣ нестед, ман ба шаҳри Макка бар мегардам.
Умар ибни Саъд аз ин амр хушҳол шуд ва ба Ибни Зиёд нома навишт то ӯро дар ҷараёни кор қарор диҳад. Убайдуллоҳ ибни Зиёд дар ҷавоби номаи Умар ибни Саъд навишт: Обро бар Ҳусайн ва ёронаш бибанд (то аз ташнагӣ бимиранд), ҳамонгуна, ки ба Усмони мазлум чунин шуд. Ва бар Ҳусайн пешниҳоди байъат бо амиралмуъмин -Язидро бидеҳ, ки агар байъат кард ӯро бипазир (ва агар напазируфт ӯро бикуш). Сарбозони Умар ибни Саъд низ чунин карданд ва обро бар рӯи хонадони Пайғабар(с) бастанд ва нагузоштанд, ки онҳо дар ҳангоми ташнагӣ об бинӯшанд, бо ин ки дарёи Даҷла дар канори онҳо буд.
Дар рӯзи нуҳуми моҳи муҳарам чанд нафар ба ҳамроҳи Умар ибни Саъд ба наздики ёрони Имом Ҳусайн(рз) омаданд ва гуфтанд, ки вақт тамом аст ё бояд бо Язид ибни Муовия байъат кунед ё бо шумо меҷангем. Бародари Имом Ҳусайн(рз), яъне Аббос ибни Алӣ(рз) назди бародар омад ва гуфт: Онҳо чунин мегӯянд, чӣ кунем? Имом Ҳусайн(рз) ба бародараш гуфт: Назди онон баргард ва имшабро аз онҳо мӯҳлат бигир, то имшаб битавонем Парвардигори худро ибодат кунем ва истиғфор намоем, чун Худованд медонад, ки ман намоз ва ибодати ӯро дӯст дорам ва тиловати Қуръон ва истиғфору дуо карданро дӯст дорам. Ва онҳо низ имшабро бар Имом Ҳусайн(рз) ва ёронаш мӯҳлат доданд.
Дар ин шаб Имом Ҳусайн(рз) ёрони худро ҷамъ кард ва дар ибтидо Худоро ҳамду ситоиш кард ва бар Пайғамбари Акрам(с) дуруду саловот фиристод ва сипас рӯ ба ёронаш карду фармуд: Ҳар кас, ки дӯст дорад ба сӯи хонаводааш баргардад, аз сиёҳии шаб истифода кунад ва баргардад ман ба шумо иҷозаи ин корро додам ва ҳар яке аз шумо дасти яке аз мардони хонаводаи маро гирифта аз ин майдон дур кунед, чун инҳо фақат маро мехоҳанд ва ҳангоме, ки маро ба даст биёваранд ба шумо коре нахоҳанд дошт.
Ёрони Имом Ҳусайн(рз) ба ӯ гуфтанд: Ба Худои олам қасам, ки туро танҳо намегузорем ва ҷону молу хонаводаи худро фадои ту мекунем ва дар канори ту меҷангем то бо ту ба биҳишт биравем. Худо зиндагии баъд аз ту (ва бидуни туро) расво кунад. Ба ин тартиб ҳар яке аз ёрон яке пас аз дигарӣ ба баёни назари худ пардохтанд ва ҳамагӣ гуфтанд: Ба Худо қасам, ки аз ту ҷудо намешавем ва туро бо рагҳои гарданамон ва дастонамон ва баданҳоямон муҳофизат мекунем. Сипас Аббос ибни Алӣ(рз) хитоб ба Имом Ҳусайн(рз) фармуд: Худо бар мо рӯзеро наёвард, ки ту набошӣ ва мо ниёзе ба зиндагоние, ки ту дар он нестӣ, надорем.
Баъд аз он ки Имом Ҳусайн(рз) ёрони худро дар мондан ё рафтан озод гузошт, бо ёрони худ сухан гуфт, бо хоҳараш Зайнаб бинти Алӣ(рз) низ сухан гуфт ва сипас тамоми шабро бо ёрони худ ба ибодату парастиши Худои Мутаол пардохтанд. Дар дили шаб Имом Ҳусайн(рз) ба ёрони худ дастур дод, ки пушти хаймаҳоро хандақ[19] бикананд, то фардо вақте бо душман рӯ дар рӯ ба ҷанг мепардозанд, хандақҳоро оташ зананд, то душман натавонад аз пушт ба занону кудакон ҳамла кунад.
Фардо вақте субҳ шуд лашкари душман сафороӣ кард ва Имом Ҳусайн(рз) низ ёрони худро саф баст ва парчами лашкарашро ба дасти бародараш Аббос ибни Алӣ(рз) дод. Имрӯз, ки рӯзи даҳуми моҳи муҳаррам буд, ҷанги миёни ду ҷабҳаи ҳақ ва ботил, бо саҳнаҳои дилхарошаш то баъд аз зуҳр идома пайдо кард ва дар вақти зуҳр Имом Ҳусайн(рз) ва ёронаш намози зуҳрро дар ҳолати ҷанг адо карданд ва сипас ба набард пардохтанд. То ин ки ҳамаи ёрони Имом Ҳусайн(рз) ба шаҳодат расиданд ва Имом Ҳусайн(рз) дар миёни душманон таҳои танҳо монд. Душман баъд аз набарди сахте, ки бо Имом Ҳусайн(рз) анҷом дод, ба хаймаҳои он Ҳазрат(а) ҳамла бурд ва занону кӯдаконро асир кард ва сари Имом Ҳусайн(рз) ва ёрони шаҳидашро аз сар ҷудо карданд ва ҳамроҳи занону кӯдакон ба дорулимораи Кӯфа ба назди Убайдуллоҳ ибни Зиёд бурданд. Баъд аз муддате Убайдуллоҳ асиронро, дар ҳоле ки дар банду занҷир буданд бо ҳамроҳи сарҳои буридаи Имом Ҳусайн(рз) ва ёронаш ба сӯи Язид ба Димишқ фиристод.
Фарзандони Пайғамбар(с) дар асорат
Ҳангоме ки асирон ва сарҳои шаҳидони Карбало ба назди Язид расиданд, ӯ раисони қабоилро фаро хонд ва маҷлиси бузурге ташкил дод ва дар он маҷлис сари Имом Ҳусайн(рз)-ро дар таште назди худ гузошт ва бар сари буридаи Имом Ҳусайн(рз) шароб мерехту механдид, то ин ки баъд аз мунозираҳое, ки миёни Язид ва Зайнаби Кубро (хоҳари имом Ҳусайн) ва Алӣ ибни Ҳусайн (Зайнулобидин фарзанди имом Ҳусайн) рух дод, мардум фаҳмиданд, ки инҳое, ки кушта шудаанд ва асир гаштаанд фарзандони Пайғамбаре ҳастанд, ки дар рӯз панҷ бор номи ӯро дар азон ба некӣ ёд мекунанд. Бинобар ин мардум бар Язид хашм карданд ва ҳангоме, ки Язид шароитро номусоид дид, изҳори пушаймонӣ кард ва ба дурӯғ гуфт: Ман намехостам, ки Ҳусайн ва авлодаш кушта шаванд, ин кори Убайдуллоҳ ибни Зиёд аст ва ман аз ин кор розӣ нестам.
Баъд аз ин барои ин ки мардумро фиреб диҳад, асиронро бо эҳтиром ба шаҳри Мадина баргардонид[20]. Асирон ҳангоми баргашт ба шаҳри худ дар рӯзи чиҳилуми шаҳодати Имом Ҳусайн(рз), ба сарзамини Карбало расиданд ва баъд аз зиёрат ба сӯи Мадина раҳсипор шуданд.
Манобеъ:
[1]. Ассунна ли Ибни Абиосим, ҷ.2, саҳ.644. Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ.23, саҳ.180. Ассунанул куброи Байҳақӣ, ҷ.10, саҳ.114. Муснади Баззоз, ҷ.1, саҳ.159. Ассилсилатул аҳодиси саҳеҳаи Албонӣ, ҷ.4, саҳ.357 ва ғ.
[3]. Алмустадраку алас саҳеҳайн, ҷ.3, саҳ.194, ҳадиси 4820. Аладабул муфарради имом Бухорӣ, ҷ.1, саҳ.133, ҳадиси 364. Сунани Ибни Моҷа, ҷ.1, саҳ.51, ҳадиси 144. Сунани Тирмезӣ, ҷ.6, саҳ.123, ҳадиси 3775 ва ғ.
[4]. ал-Бидояту ван ниҳоя, ҷ.8, саҳ.150.
[5]. ал-Бидояту ван ниҳоя, ҷ.8, саҳ.150. Барои ошноӣ ба ин ки чаро ин афрод ба хусус Имом Ҳусайн(рз) бо халифа шудани Язид мухолифат карданд. Ба мақолаи «Язид ибни Муовия», дар ҳамин навиштор муроҷеа намоед.
[6]. Сияру аъломин нубалоъ, ҷ.4, саҳ.3, дар зери номи Язид ибни Муовия. Барои ошноӣ бо шахсият ва ҳаёти Язид ибни Муовия. Дар ҳамин навиштор ба мақолаи «Язид ибни Муовия» муроҷеа намоед.
[7]. Барои огоҳии бештар аз чигунагӣ ва чӣ будани нома. Ба мақолаи «Язид ибни Муовия», дар ҳамин навиштор муроҷеа намоед.
[8]. ал–Бидояту ван ниҳоя, ҷ.8, саҳ.168.
[9]. Яке аз шаҳрҳои Ироқи кунунӣ.
[10]. ал–Бидояту ван ниҳоя, ҷ.8, саҳ.152.
[11]. ал–Бидояту ван ниҳоя, ҷ.8, саҳ.152.
[12]. ал–Бидояту ван ниҳоя, ҷ.8, саҳ.152.
[13]. ал–Бидояту ван ниҳоя, ҷ.8, саҳ.155.
[14]. Сурияи имрӯзӣ.
[15]. ал–Бидояту ван ниҳоя, ҷ.8, саҳ.155.
[16]. Барои ошноии бештар аз ин ки чаро Имом Ҳусайн(рз) сухани ононро напазируфт. Ба мақолаи «Берун рафтани огоҳонаи имом Ҳусейн (а) аз Макка» дар ҳамин навиштор муроҷеа намоед.
[17]. ал-Бидояту ван ниҳоя, ҷ.8, саҳ.168.
[18]. ал-Бидояту ван ниҳоя, ҷ.8, саҳ.167.
[19]. Хандақ ба ҷуқури бузург гуфта мешавад.
[20]. Барои огоҳии бештар аз воқеаҳое, ки дар маҷлиси Язид ва масъалаи пушаймон шудани ӯ. Ба мақолаи «Нақшҳои ҳазрати Зайнаб (рз) дар Карбало», дар ҳамин навиштор муроҷеа намоед.