Ҳикмат ва фалсафаи “Ҷизя”

Ҷизя” як навъи молиёти саронаи исломӣ аст, ки ба афрод таъаллуқ мегирад, на бар амвол ва заминҳо ва ба таъбири дигар молиёти саронаи солиёна аст.

 

Баъзе бар ин ақида ҳастанд, ки решаи аслии он ғайри арабӣ аст ва аз “казият”[1], калимаи форсии бостон, ки ба маънои молиёт аст ки барои тақвияти артиш гирифта мешавад. Ҷизя низ аз “казият” гирифта шуда аст вале бисёре аз аҳли луғат муътақд ҳастанд, ки ин луғат як луғати арабии холис аст ва аз модаи “ҷазо”[2] гирифта шуда аст. Ба муносибати инки молиёти зикшуда ҷазои амниятест, ки ҳукумати исломӣ барои ақаллиятҳои мазҳабӣ фароҳам менамояд.

Дар ин мухтасар ба пурсишҳое, ки аз ноҳияи афроди ноогоҳ ва гоҳан касоне, ки дар ҷомеаи исломӣ шойиъапароканӣ мекунанд то азҳони мусалмононро бо ин шойиъот ноором намоянд, посух хоҳем дод. Умедворем ризояти шумо хонандагони азизро ҷал намуда бошем.

Ҷизя аз тарафи ҳокими шаръи муқаддас мушаххас шуда аст?

Оё ҷизя ҳамон тасхир ва моликияти бо зур нест?

Чӣ касоне бояд ҷизя бидиҳанд?

Чаро аслан бояд ҷизя гирифт?

Ҷизя қабл аз дини мубини Ислом ҳам буда аст.  Гурӯҳе бар ин ақидаанд, ки  нахустин бор касе, ки ҷизя гирифт, Анушервон подшоҳи сосонӣ буд, вале агар ин матлабро мусаллам надонем ва онро напазирем, ҳадди ақал Анушервон касе буд, ки аз миллати худ ҷизя мегирифт. Ӯ аз ҳамаи касоне, ки беш аз бист сол ва камтар аз панҷоҳ сол доштанд ва аз коркунони ҳукуматӣ набуданд, аз ҳар нафар бо тафовути 12 ё 8 ё 6 ё 4 дарҳам молиёти саронае талаб мекард. Фалсафаи аслии ин молиётро чунини навиштаанд, ки дифо аз мавҷудият ва истиқлол ва амнияти як кишвар вазифаи ҳамаи афроди он кишвар аст. Бинобарин ҳар гоҳ гурӯҳе амалан барои анҷоми ин вазифа қиём кунанд, ва иддаи дигаре ҳам ба хотири иштиғол ба касбу коре, ки ба он машғул ҳастанд,  натавонанд дар сафи сарбозон қарор бигиранд ба ҳамин хотир вазифаи гурӯҳи дувум ин аст, ки ҳазинаи ҷангҷӯён ва ҳофизони молу ҷону номус ва амниятро ба сурати як молиёти сарона дар соли бипардозанд.

 

Гурӯҳе, ки синну солашон боло буд ва дар гурӯҳи ҷизядиҳандагон дар асри Анушервон, ки ҳамин акнун нақл кардем (мобайни бист то панҷоҳ сол) буда аст, гувоҳи рушане бар ин матлаб аст, зеро ин гурӯҳи синнӣ дар ҳақиқат марбут ба касоне буда аст, ки қудрати ҳамли силоҳ ва ширкат дар ҳифзи амният ва истиқлоли кишварро доштаанд, вале ба хотири иштиғол ба касбу кор баҷои он ҷизя мепардохтанд.

Ҷизя танҳо як навъ кумаки молие аст, ки аз тарафи аҳли китоб дар баробари масъулияте, ки мусалмонон ба манзури таъмини амнияти ҷону моли онҳо ба уҳда мегиранд, пардохт мегардад.

Гувоҳу шоҳиди дигар ин аст, ки дар Ислом ҷизя бар мусалмонон лозим нест, зеро “Ҷиҳод” ва ҷангидан дар муқобили душман ё дифоъ аз кишвар, ки ҳайсияту обрӯи ҳар инсоне аст, бар ҳама воҷиб мебошад ва дар ҳангоми лозим будан ҳамагӣ бояд дар майдони набард дар баробари душман ҳозир шаванд, аммо чун ақаллиятҳои мазҳабӣ аз ширкат дар ҷиҳод муъоф ҳастанд ба ҷои он бояд ҷизя пардохт намоянд, то аз ин тариқ дар ҳифзи амнияти кишвари исломӣ, ки дар он осуда зиндагӣ мекунанд саҳме дошта бошанд.

 

Ҳамчунин муъоф будани кӯдакони ақаллиятҳои мазҳабӣ ва ҳамчунин занону пирамардон ва нобиноёнашон аз ҳукми ҷизя далели дигаре бар ин мавзӯъ аст.

 

Аз ончӣ гуфта шуд рушан мешавад, ки ҷизя танҳо як навъ кумаки молие аст, ки аз тарафи аҳли китоб дар баробари масъулияте, ки мусалмонон ба манзури таъмини амнияти ҷону моли онҳо бар уҳда мегиранд, пардохт мегардад.

Бинобарин “касоне, ки ҷизяро як навъ ҳаққи тасхир ва моликият ба ҳисоб овардаанд, ҳеҷ гуна таваҷҷӯҳе ба рӯҳ ва фалсафаи он надоштаанд. Онҳо ба ин ҳақиқат таваҷҷӯҳе накардаанд ки аҳли китоб ҳангоме ки ба сурати аҳли зимма –дар бораи ақди Зимма дар поён каме тавзеҳ хоҳем дод- дар ояндаи ҳукумати исломӣ муваззаф аст ононро аз ҳар гуна таъарруз ва озоре масуният бидиҳад.”

 Ва бо таваҷҷӯҳ ба инки онҳо дар баробари пардохти ҷизя, илова бар истифода аз масуният ва амният ҳеҷ гуна таъаҳҳуде аз назари ширкат дар майдони ҷанг ва кулияи умури дифоъӣ ва амниятӣ бар уҳда надоранд, рушан мешавад, ки масъулияти онҳо дар баробари ҳукумати исломӣ ба маротиб аз мусалмонон камтар аст.

 

Яъне онҳо бо пардохти маблағи ночизе дар сол аз тамоми мазоёи ҳукумати исломӣ истифода мекунанд, ва бо мусалмонон баробар мешаванд, дар ҳоле ки дар матни ҳаводис ва дар баробари хатароти эҳтимолӣ қарор надоранд.

 

Аз ҷумла далоили рушане, ки ин ҳикмату фалсафаро мепазиранд ва муҳри таъйид бар он мезананд  ин аст, ки дар аҳдномаҳое, ки дар даврони ҳукумати исломӣ миёни мусалмонон ва аҳли китоб дар заминаи ҷизя мунъақид мегардид, ба ин мавзӯъ ишора гардида аст,  ки аҳли китоби вазифа доранд то ҷизя бипардозанд, ва дар баробари ин ҷизя гирифтан, мусалмонон муваззаф ҳастанд то амнияти онҳоро таъмин кунанд, ва ҳатто агари душманоне аз хориҷ ба муқобила ва озори онҳо бархезанд, ҳукумати исломӣ аз онҳои дифоъ хоҳад кард.

 

Ин гуна аҳдномаҳо дар китобҳои торихӣ фаровон аст ва инҷо наметавон ба ҳамаи онҳо ишора намуд вале ба унвони намуна яке аз онҳоро барои мушоҳидаи шумо хонандагон меоварем. Ин аҳдномаест, ки «Холид ибни Валид» бо масеҳиёни атрофи “Фурот” баста аст.

Ақалиятҳои мазҳабӣ дар баробари пардохти ҷизя илова бар истифода аз масуният ва амният ҳеҷ гуна таъаҳҳуде аз назари ширкат дар майдони ҷанг ва кулияи умури дифоъӣ ва амниятӣ бар ӯҳда надоранд.

 

Матни  аҳднома чунин аст :

“هذا کتاب من خالد بن ولید لصلوبا ابن نسطونا و قومه ، انى عاهدتکم على الجزیة و المنعة ، فلک الذمة و المنعة ، و ما منعناکم فلنا الجزیة و الا فلا، کتب سنة اثنتى عشرة فى صفر ”

Ин номаест аз Холиди ибни Валид ба Салубо ибни Настуно (раису бузурги масеҳиёон) ва қавму гурӯҳаш.  Ман бо шумо паймон мебандам, бо ҷизя ва дифо. Ва дар баробари он шумо дар ҳмояти мо қарор доред ва то замоне ки мо аз шумои ҳмоят мекунем, ҳаққи гирифтани ҷизя дорем  ва дар ғайри ин сурат ҳаққе нисбат ба шумо нахоҳем дошт. Ин аҳднома дар соли дувоздаҳуми ҳиҷрии қамарӣ, дар моҳи Сафар навишта шуд.

Ҷолиб ин аст, ки дар торих мехонем: ҳар гоҳ дар ҳимоят аз онҳо кӯтоҳӣ мешуд  ҷизяро ба онҳо бозмегардонданд, ва ё аслан аз онҳо намегирифтанд.

 

Таваҷҷӯҳ ба ин нукта низ лозим ва зарурӣ аст, ки ҷизя андозаи мушаххасе надорад, ва андозаи он вобаста ба тавоноии ҷизядиҳандагон дорад, вале ончӣ аз таворихи исломӣ ба дасти мо расида аст ин аст, ки маъмулан маблағи мухтасаре дар ин замина қарор дода мешуд. Ва ин маблағ гоҳе дар ҳудуди як динор дар сол бештар набуд, ва гоҳе дар аҳдномаҳо қайд мешуд, ки ҷизядиҳандагон  муваззаф ҳастанд, ки ба миқдори тавоноияшон ҷизя бипардозанд.

 

Бинобарин аз маҷмӯъи ончӣ гуфта шуд, эроду ишколҳои гуногун ва шойиъапароканиҳое, ки дар заминаи ин ҳукми исломӣ  мешавад, аз миён хоҳад рафт ва собит мешавад, ки ин як ҳукми одилона ва мантиқӣ аст.[3]

Ақди Зимма ва муъоҳида

Дар таомул бо ақаллиятҳои динӣ,  дар ду ҷабҳа қонунгузорӣ анҷом шудааст.

Ҷабҳаи аввал: аҳли китоб аст. Касоне, ки ба китоби нозилшуда аз сўи Худованд вобастагӣ ва дар зоҳир ҳам бошад, имон доранд, монанди яҳудиён, масеҳиён ва зардуштиён (дар қавли машҳур) ва соибиён. Ин афрод касоне ҳастанд, ки дар баробари пардохти ҷизяе, ки аз сўи ҳукумати исломӣ таъйин ва мушаххас мешавад, Ислом аз ҷанг бо онон наҳй кардааст. Ҷизя дар изои ҳимояти давлати исломӣ аз онон мебошад ва ҳамон тавре ки дар боло тавзеҳ додем, онон таъаҳҳуде барои ҳифозат аз марзҳои исломӣ надоранд. Илова бар ин, дар чорчўби назми умумии давлати исломӣ, аз ҳуқӯқи динӣ ва анҷоми одобу русум ва суннатҳояшон низ бархурдор ҳастанд, бидуни ин ки аз инсонияташон чизе коста шавад. Инҳо ҳама бар асоси ақди ҷизя аст, ки ду тараф ба мафодди он пойбанд мебошанд. Ин ақд, ақди зимма номида мешавад. Зеро масъулияти амниятӣ ва сиёсии инон бар ӯҳдаи мусулмонон мебошад.

 

Гарчи баъзе аз мардум ба гунаи манфие ба ин масъала мепардозанду матраҳ мекунанд, ки бо таъйини ҷизя аз ҳуқӯқи инсонии инон кам шудааст, аммо мо аз онҳо мехоҳем, ки дур аз равишҳои маъмули сиёсӣ ба мутолиаи ин мавзӯъ бипардозанд, дар ин сурат онро як роҳи мутамаддинона хоҳанд ёфт, ки аз ақаллиятҳо ҳимоят менамояд ва дар чорчӯби назми умумӣ ҳуқӯқи динию мазҳабӣ, иҷтимою сиёсӣ ба онҳо ато менамояд ва онҳоро аз душвориҳои вуруд ба ҷангҳое, ки давлати исломӣ алайҳи гурӯҳҳое, ки вобастагии динии муштарак бо ин ақаллиятҳо доранд ё ҷангҳое, ки барои дифоъ аз Ислом ба роҳ меафтад ва пайравони ақаллиятҳои динӣ ба он бовар надоранд ва тавҷеҳе барои қурбонӣ кардани худ дар роҳи он намебинанд, мераҳонад.

Ҷабҳаи дуввум: ғайри аҳли китоб мебошад. Касоне, ки аз ҷониби илоҳӣ китобу равише надоранд ва аз равишҳои фикрии хеш пайравӣ намуда ва дигаронро ҳам ба он даъват менамоянд, монанди мулҳидону мушрикон ва пайравони адёни ғайри осмонӣ, монанди будоиҳо ва назоири онон. Фақеҳон ва муҷтаҳидони мусулмон (тибқи иҷтиҳоди маъруфашон аз китобу суннат) мӯътақиданд, ки Ислом овардани онҳо мавриди қабул аст, ҳатто агар ҷанбаи сурию зоҳирӣ дошта бошад ва аз эътиқоди росихи онҳо ношӣ нашавад. Зеро чизе ки дар ин ҷо аз онҳо хоста шудааст ин аст, ки ба ҳокимияти исломӣ тан диҳанд ва аз фазои хусуматварзӣ ба Ислом ва мусулмонон берун гарданд ва вориди ҷомеаи исломӣ шаванд, гӯё бахше аз он будаанд. Зеро ин кор наздиктарин роҳ барои идғоми онҳо дар фазои исломӣ ва ошноияшон бо ҳақоиқи исломӣ аст. Онон дур аз фазои танишолуди пешин бо оромиш метавонанд бо ҳақоиқи исломӣ ошно шаванд. Шояд асоси ин таомул ин бошад, ки Ислом илҳоду ширкро андешаи қобили эҳтироме намедонад, ки эҳтиром ба пайравони онро муҷоб намояд, балки онро равиши инҳирофие аз моҳияти ашёъ ва нашъат гирифта аз ҷаҳлу ақибмондагӣ ва таассуб медонад. Ба ҳамин далел Қуръони Карим аз кофирону мушрикон ба унвони «касоне ки намедонанд» ёд менамояд, ки нишон медиҳад онҳо аз рўи ҷаҳлу нодонӣ кофир шудаанд, на аз рӯи иноду мухолифат.

 

Агар масъала ин гуна бошад, табиъӣ аст, ки Ислом ба ҷаҳл ва паёмадҳои он эҳтиром намегузорад ва ба касоне ки ҷаҳлу нодониро интихоб кардаанд фишор меоварад, ки аз нодонӣ ба ҷое нақли макон кунанд, ки ба онон иҷозат медиҳад бо ҳақоиқи ғайбии имон ба Худо ошно шаванд.

 

Ин танҳо роҳи ҳамзистӣ миёни мусулмонон ва ғайри мусулмонони аҳли китоб ва кофирону мушрикон нест. Зеро роҳи дигаре низ вуҷуд дорад, ки аз тариқи он ақаллиятҳои динӣ ва ғайри динӣ (гурўҳҳое, ки бо дин зиддият доранд) метавонанд бо мусулмонон дар ҷомеаи исломӣ ва динӣ, ҳамзистӣ дошта бошанд ё дар кишварҳои мустақилли худ зиндагӣ кунанд ва он  муоҳида ё оташбас бо мусулмонон тибқи шароите аст, ки авлиёи умури мусулмонон бо он тавофуқ дошта бошанд ва масолеҳи олии исломӣ эҷоб намояд, ки мусулмонон ба ҷанг бо дигарон поён диҳанд ё онро мутаваққиф карда ва бо миллатҳои ғайри исломӣ сулҳ кунанд. Далели он метавонад қудрати каммию кайфии кофирон ва мавқеияти сиёсию иқтисодии онон бошад, ба гунае ки мусулмонон тавони ҷанг дар баробари онҳоро надошта бошанд ва агар кофирон хостори гуфтугӯ барои сулҳу муоҳида шуданд, мусулмонон низ бояд бипазиранд ва далели дигар мумкин аст масолеҳи олии мусулмонон дар ҳамзистӣ бо дигарон дар сояи сулҳи одилона ва мутавозин бошад. Дар фазои байналмилалӣ аст, ки кишварҳои ҷаҳон дар мисоқи фарогире, ки шомили дӯстӣ ё адами таҷовуз тибқи маншури созмони милали муттаҳид мебошад, бо якдигар иртибот доранд. Ҳамин амр боис мешавад, ки мусулмонон аҳди фарогире бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дошта бошанд, магар он ки давлатҳое, ки мисоқро нақз кунанд ва алайҳи онон эъломи ҷанг намоянд ё аз ҷумлаи давлатҳое бошанд, ки фоқиди машрӯъияти сиёсӣ дар миёни мусулмонон ҳастанд, монанди режими ишғолгари саҳюнист, ки ба ноҳаққ ҳаққи мусаллам ва машрӯъи мардуми азиз ва мусулмони Фаластинро нақз намуда ва ин кишвари исломиро ғасб намуда аст.

 

Ин хат, яъне хатти муоҳида бо он ду хатти дигар фарқ дорад ва метавонад бисёре аз эродотеро рафъ намояд, ки дигарон алайҳи рўйкарди Ислом ба дигарон матраҳ мекунанд, монанди ин ки аз назари Ислом шамшер дар ҳама ҷо танҳо роҳи ҳал аст ва Ислом ҷизя ё қатлро таҳмил кардааст ва ин амр боиси дур шудани мусулмонон аз имкони ҳамзистӣ бо дигароне, ки аз назари вобастагии динӣ бо онҳо тафовут доранд, мешавад ва онҳоро аз таомули инсонӣ ва мунсифона бо ақаллиятҳои динии дигар, ки намехоҳанд ба Ислом бигараванд ва дўст надоранд ҷизя бидиҳанд ва дар айни ҳол намехоҳанд худро дар баробари ҷанги доимӣ қарор диҳанд, дур мегардонад.

 

Бо таваҷҷўҳ ба таҷрибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, метавонем ҷомеаи исломиро тасаввур кунем, ки шаҳрвандоне аз пайравони адёни гуногун дорад. Инон дар ҷоҳое ки бо зоти Ислом мунофот надошта бошад, аз ҳуқуқи маданӣ ё сиёсии баробар бархурдор мебошанд.

Ёсин

Таҳияи Сайидолими Сироҷ

 

 



[1] کزیت

[2] جزاء

[3] Тафсири Намуна, ҷ 7

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...