Таҳриф, яъне чӣ ва чаро мегӯянд: «Қуръон ҳаргиз таҳриф нашудааст»?

Таҳриф ба маънои тағйир додан аст; масалан, агар шумо бигӯед «Ман барои аёдат ба бемористон рафтаам».

Ҳоло агар касе ҷумлаи шуморо тағйир диҳад ва бигӯяд ту гуфтаӣ «ман барои аёдат ба беомристон нарафтаам». Ҷумлаи шуморо таҳриф кардааст.

Ҳоло ки маънои таҳрифро донистед бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ кунед, ки тамоми оятҳои Қуръони Маҷид ҳамонгуна, ки Худованд бар Паёмбар (с) нозил фармуда ба дасти мо расидааст ва ҳеҷ ояте аз Қуръон таҳриф нашуда ва тағйир пайдо накардааст. Албатта, мумкин аст касе Қуръонро иштибоҳ маъно ва тафсир кунад, вале оятҳои Қуръон тағйир накарда ва чизе бар Қуръон афзуда ва ё аз он коста нашудааст.

Барои таҳрифнопазирии Қуръон далелҳои зиёде вуҷуд дорад, ки 3 мавриди онро бароятон менависам.

1- Далели ақлӣ; Худованд Қуръонро барои мо инсонҳо офарида аст ва бояд то қиёмат бетағйир боқӣ бимонад, зеро агар камтарин тағйире дар Қуръон эҷод шавад дигар мардум ҳидоят намешаванд, пас Худованди меҳрубон ба ҳеҷ ваҷҳ иҷоза намедиҳад касе Қуръонро таҳриф кунад ва мусулмонон ҳам мутаваҷҷеҳ нашаванд.

2- Далели Қуръонӣ; Худованд дар Қуръон фармудааст, ки худаш ҳофиз ва нигаҳдорандаи Қуръон аст. Чунон ки мефармояд:

Мо Қуръонро фурӯ фиристодем ва худ аз он нигаҳдорӣ ва муҳофизат мекунем.” [1]

Пас чун Худованд муҳофизати Қуръонро бар ӯҳда гирифтааст, мумкин  нест мавриди таҳриф қарор гирад.

3- Далели таърихӣ: Вақте Қуръон нозил мешуд Паёмбар (с) оятҳоро барои мусулмонон мехонд, дар ин замон нависандагони Қуръон, фавран оятҳоро менавиштанд. Ҳофизон ба ҳифзи оятҳоҳо ҳиммат мекарданд. Паёмбар (с) ва мусумонон дар намоз ва ғайри намоз, оятҳоро мехонданд. Пас бо таваҷҷӯҳ ба мавриди зер маҳол аст Қуръон тағйир кунад ва мусумонон огоҳ набошанд.

А) Инояти махсуси Паёмбар (с) ба қироат, навиштан, ҳифз ва нигаҳдорӣ аз Қуръон.

Б) Таваҷҷӯҳи фавқулодаи мусулмонон ба Қуръон хондан, ҳифз ва мурур ва муқобилаи Қуръон.

Г) Омода кардани нусхаҳои зиёде аз Қуръон ва ирсоли он нусхаҳо ба тамоми нуқоти сарзаминҳои исломӣ дар замони садри Ислом ва пас аз риҳлати Паёмбар (с) ва хулоса ин ки агар касе андаке бо таърихи Қуръон ошно бошад дармеёбад, ки имкон надошт касе Қуръонро тағйир диҳад ва Паёмбар (с), ҳазрати Алӣ, саҳобагон(рз) ва имомон(а) сукут кунанд. Чунон ки ҳам акнун низ чунин аст, зеро вуҷуди ҳазорон нусха аз Қуръон дар дасти мусулмонон ва дар китобхонаҳо ва роёнаҳо ва ғайра, имкони ҳар гуна тағйир дар Қуръонро мунтафӣ кардааст.

 

 

 


[1]. Ҳиҷр, ояти 9.

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,