Қавонин ва муқаррароти дини мубини Ислом бар асоси фитрати дарунии одамӣ бино ниҳода шуда аст.
Он чи аз ҳалолу ҳаром ва амру наҳй дида мешавад, агар дар он ҳукм бидуни ҳеҷ ғаразе тааммул ва таваҷҷӯҳ шавад, салоҳу маслиҳати инсон дар он мушоҳида мешавад. Ҳамон тавре ки ривоёти исломиамон ин масаларо тасдиқ намуда ва омада аст:
Имом Муҳаммади Боқир алайҳис салом фармуданд: худованде, ки инсонро халқ намуда ва офарида аст, медонад, ки чи чизе барои ӯ фоида ва чи чизе барои он зарар дорад, бинобарин он чизе ки барои одамӣ фоида дорад, ҳалол ва он чизе ки ба ӯ зарар дорад ҳаром гардонида аст.[1]
Ҳамчунин Қуръони маҷид дар ин замина мефармояд:
“وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَآئِثَ”
Чизҳои поку покизаро барои шумо ҳалол ва чизҳои палид ва хабоисро барои шумо ҳаром гардонидем.[2]
Дар таолими исломӣ, дар боби беҳдошт ва тағзияи солим, усул ва равишҳое, ки саломатии инсонро таъмин кунад, муроот шуда аст. Мактаби Ислом бо таҳрими хабоис ва нопокию палидиҳо ва ҳалол кардани покиза ва покизагиҳо ва қоидаи ҳифз ва нигаҳдории эътидол, роҳи расидан ба ин мақсудро фароҳам сахта аст.
Аз назари дини мубини Ислом, риояти масоили беҳдоштӣ ва равонӣ дар баъзе вақтҳо воҷиб ва зарурӣ аст зеро дар Ислом ҳифзи ҷони инсон воҷиб буда ва агар ин масоили беҳдоштӣ риоят нагардад ва ин амр боиси ба хатар афтодани ҷони инсонҳо шавад, дар ин сурат риояти усул ва масоили беҳдоштӣ ва равонӣ лозим ва зарурӣ аст чаро ки муқаддимаи воҷиб низ воҷиб хоҳад буд ва ин эҳтимолро дорад, ки яке аз масодиқи ояи 195 сураи муборакаи Бақара ва ғ. бошад.
” وَلاَ تُلْقُواْ بِأَيْدِيكُمْ إِلَى التَّهْلُكَةِ”
Ва худро бо дасти худ ба ҳалокат маяфканед.[3]
Бархӯрдор будан аз беҳдошт ва саломатӣ яке аз ҳуқуқи инкор нашудании фардӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки дар мактаби Ислом ба сурати таклифи вуҷубӣ, ҳурматӣ, истиҷобӣ ва ё макрӯҳӣ ғунҷонида шуда аст. Ҷомае муваффақ аст, ки ҷисму равони мардуми он ҷомеа солиму саломат бошад. Саломати ҷисму равон, муҳиматирн абзори такомули инсон аст ва аз дидгоҳи иқтисодӣ низ аз аҳамияти қобили таваҷҷӯҳе бархӯрдор аст.
Беҳдошт ва пешгирӣ аз ҳар гуна нопокиҳо боиси саломатии фикрӣ ва ҷисмии ҷомеа мешавад ва аз назари иқтисодӣ ҳам сарфаҷӯии беҳтаре дар он ҷоме ҳосил мешавад. Ҷомеае, ки аз назари ҷисмиву равонӣ солиму саломат бошад, он маблағ ва сармояе, ки барои беҳдошти он ҷомеа дар назар гирифта ва аз тарафи дастгоҳи ҳукумати ба тасвиб расида аст, дар ҷои дигаре харҷ шуда ва як гом он ҷомеаро ба пеш ҳаракат хоҳад дод.
Агар дар оёти Қуръони маҷид ва аҳодису матнҳои исломӣ таҳқиқу тафаҳҳус намоем, мебинем, ки Исломи азиз диққати қобили таваҷӯҳе нисбат ба беҳдошт ва саломатии фард ва ҷомеа дорад.
Ҳеҷ дину мактабе монани Ислом нисбат ба масоил ва усули беҳдоштӣ суфориш накарда аст. Ислом бештари масоили беҳдоштиро ба унвони “воҷиб”, “ҳаром”, “мустаҳаб” ва макрӯҳ баён карда аст. Дини Ислом хӯрдани хабоис ва чизҳои палиду нопокро монанди хун, чирк, идрор, мадфуъ, гӯшти мурдор[4], гӯшти ҳайвоноти ҳаромгӯшт, хӯрдани хок, шароб, оби ҷав ва дигар мускирот ва масткунандаҳое, ки ақли инсонро аз байн бурда ва саломатии ӯро ба хатар меандозад, ҳаром дониста ва аз тарафи дигар бисёре аз масоили беҳдоштиеро, ки нақши муҳим ва сарнавиштсозе дар саломатии инсон дорад ба унвони воҷиб ва мустаҳаб баён ва муаррифӣ намуда аст. Ҳамчунин ба унвони мисол метавон ба шароити намоз ишора намуд, ки яке аз шароити сиҳҳати намоз, таҳорат ва пок будани бадан ва либоси намозгузор мебошад ва вузӯ ва ғусл аз воҷибот ва муқаддимоти намоз шумурда шуда аст, ки дар вузӯ ва ғусл, шӯстани дохили бинӣ ва даҳон ва ҳамчунин мисвок задан амри мустаҳаб зикр шуда аст.
Фалсафа ва ҳикмати аҳком
Ҳикмат ва фалсафаи аҳком аз мабоҳиси бисёр ҷолибе аст зеро тамоми аҳком аз назари Ислом фалсафа ва ҳикмате доранд, ки барои ҳама равшан нест. Гоҳе дар баёноти бузургони динамон роҳнамоиҳое дида мешавад, ки барои ҳамаи мардум умумият надошта ва ё бар мабно ва асоси шароити хоссе зикр шуда аст.[5]
Аҳкоми исломӣ аз он ҷиҳат, ки бо каломи ваҳй иртибот доранд ва аз тарафи шаръи муқаддас бино ниҳода шудаанд, бинобарин болотар аз фаҳму ёфтаҳои бани башар аст. Ба ҳамин хотир татобқ додани аҳкоми исломӣ, ки зербинои устувору маҳкаме доранд ва ба сарчашмаи файёзи ваҳй васл ҳастанд, бо фарзияҳои зудгузар ва ғайри мантиқӣ ва мутмаин набудаи илмҳои рӯз, кори нодурусте аст. Ҳар чанд шояд бисёре аз аҳкоми исломӣ бо улуми рӯз мутобиқат кунад. Баъзеҳо исрор доранд то фалсафа ва ҳикмати аҳкоми исломиро бо улуми рӯз ва улуми башарӣ татбиқ диҳанд ва муқойиса кунанд. Масалан; барои ҳурмати шароб ва ҳурмати гӯшти хук мегӯянд ба ин хотир ҳаром гардонида шудаанд, ки барои бадан ва саломати ҷисмми инсон зарар доранд ва дар бораи воҷиб будани рӯза фақат ба ин басанда мекунанд, ки рӯза барои ҷисми инсон осор ва манфиате дорад дар ҳоле ки ин гуна фалсафа ва ҳикмат зикр намудан барои ин аҳкоми илоҳӣ, ки илми ноқиси башар аз дарки он ноқис аст, кори саҳеҳ ва шоистае набошад ҳар чанд шояд ҳурмат ё вуҷуб, чунин осори ҷисмро низ ба ҳамроҳ дошта бошад.
Фалсафаи бисёре аз аҳком барои мо рӯшан нест ва танҳо чизе ки метавонем бигӯем ин аст, ки дар ҳикмату фалсафаи аҳкоми исломӣ, масолеҳ ва мафосид ва суду зиён хоҳ барои ҷисм ва хоҳ барои рӯҳ, нисбат ба фард ва ҷомеа дар назар гирифта шуда аст. Ҳар чӣ ба суди фард ва ҷомеа аз назари ҷисму равон бошад, ҳалол ва ҳар чӣ ба зиёни ҷисму равони фард ва ҷомеа бошад, ҳаром дониста шуда аст.
Дар дини Ислом, маслиҳат бар манфиат муқаддам аст. Чаро ки баъзе аз вақтҳо чизе ҳаст, ки барои инсон ва ҷомеа нафъ дорад вале ба маслиҳати он фард ва ҷомеа нест. Ҳамчунин дар Ислом бо таваҷҷӯҳ ба қоидаи «Ло зирор»,зарар расондан ба худ ва дигарон мамнуъ дониста шуда аст.
“لا ضرر و لاضرار فی الاسلام”
الحمد لله والصلاة والسلام على رسول الله وعلى آله وصحبه، أما بعـد:
فإن حديث: لا ضرر ولا ضرار. حديث مشهور عند أهل العلم وقاعدة شرعية من جوامع كلم النبي صلى الله عليه وسلم. فقد رواه مالك في الموطأ، والحاكم في المستدرك وغيرهما، وصححه غير واحد من أهل العلم. قال الحاكم: هذا حديث صحيح الإسناد على شرط مسلم ولم يخرجاه. وقال الذهبي في التلخيص: على شرط مسلم.
وفي بعض رواياته: لا ضرر ولا ضرار في الإسلام. وفي بعضها : لا ضرر ولا ضرار، من ضار ضره الله، ومن شاق شق الله عليه.
Ба ҳамин хотир олӯда сохтани муҳити атрофамон, ки дар он зиндагӣ мекунем, ҷоиз намебошад ва риояти усули беҳдошӣ аз зуруриёт ва воҷиботи саломатӣ аст ва агар ин усул риоят шавад, “ибодат” ҳисоб хоҳад шуд ва савоб дорад. Зеро дар Ислом ҳар амале, ки ба нияти адои фазифаи илоҳӣ ва хидмат ба ҷомеаи исломӣ сурат гирад, ибодат аст.
Дар дуое, ки Амири мӯъминон ҳазрати Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳ ба яке аз ёрони бовафояшон, Кумайл ибни Зиёд омӯзиш додаанд, мефармояд:
“الهی قوّ علی خدمتک جوارحی”
Худовандо! Аъзову ҷавореҳи маро дар роҳи хидмат ба худат қавӣ ва мустаҳкам гардон.[6]
Агар инсон аъзову ҷавореҳ ва бадани солим дошта бошад, беҳтар метавонад ба Худованди маннон хидмат намуда ва ба ибодати Ӯ бипардозад. Ҳамчунин қадам бардоштан дар роҳи таъмини беҳдошти умумии ҷомеа низ аз ибодоти бузург ба шумор меояд.
Пешгирӣ қабл аз дармон
Пешгирӣ аз дард, ҳамеша роҳаттар ва осонтар аз дармони он дард аст зеро дармон аз тариқи доруҳои шимиёӣ ё баъзе аз доруҳои гиёҳӣ, маъмулан бо асароти су ва ғайри қобили интизор ҳамроҳ аст, ки асари манфӣ бар рӯи бадани инсон бар ҷой мегузорад ва гоҳе ҳам асари бад аз худ боқӣ гузошта ва дар натиҷа дармоне ҳам ҳосил намешавад. Илова бар ин аз назари иқтисодӣ, ҳазинаи дармон хеле бештар аз ҳазинаи пешгирӣ мебошад.
Расули Худо (с) мефармояд: ҳеҷ доруе нест магар инки асари су ва баде ба ҳамроҳ дорад.[7]
Баҳрагирӣ аз неъматҳои илоҳӣ дар саломати инсон ва рафоҳу осоиши ӯ нақши зиёде дорад. Яке аз неъматҳои инкорнопазири Худованд, “об” аст, ки нақши он дар беҳдошт ва саломатӣ бар ҳама рӯшан аст. Худованд мефармояд:
“وَجَعَلْنَا مِنَ الْمَاء كُلَّ شَيْءٍ حَيٍّ أَفَلَا يُؤْمِنُونَ”
Ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем. Оё имон намеоваред?[8]
Ҳамон тавре ки мушоҳида мекунем, Худованд пайдоиши ҳама мавҷудоти зиндаро аз об медонад ва ин ояро муфассирони машҳур ба ду навъ тафсир намудаанд:
Ҳаёти ҳамаи мавҷудоти зинда ба об бастагӣ дорад, хоҳ ин мавҷуд гиёҳ бошад ва хоҳ ҳайвон. Ҳамин обе, ки манбаи он бороне аст, ки аз осмон нозил мешавад.
Дар ин оя, ки ишора ба об шуда аст ва мавҷудоти зинда аз он ба вуҷуд меоянд, ҳамон нутфа аст.
Донишамндон дар таҳқиқоти хеш ба ин натиҷа расидаанд, ки дар аъмоқи дарёҳо ҳам метавонанд гиёҳон рушд кунанд ва ҳаёти худро идома диҳанд. Пас вақте Худованд хилқати инсонро ба хок нисбат медиҳад, фаромӯш накунем, ки гилу лой аз обу хок таркиб шуда аст.[9]
Ҳамчунин дар зарбулмасалҳои халқӣ, ки баъзеашон иқтибос аз оёти илоҳӣ ҳастанд, мушоҳида мекунем, ки мегӯянд: “об манбаъи ҳаёт аст.” Пас ҳаёти мвҷудот бар асоси покиву назофати онон аст, ки сарчашмаи покиву назофат “об” аст.
Истифода кардан аз неъматҳои илоҳӣ дар оёту ривоёт суфориши фаровоне шуда аст. Ҳамон тавре ки Худованд мефармояд:
“کُلُوا وَ اشرَبُوا وَلَا تُسرِفُوا”
Бихӯред ва биошомед вале исроф накунед.[10]
Агар дар ин ояи шарифа Худованд инсонро аз исроф намудан манъ намуда аст, ба ин хотир аст, ки исроф худ мухолифи беҳдошт ва саломати инсон аст ва ӯро ба ҳар гуна беморӣ гирифтор мекунад, ки ривоятҳои зиёде дар заминаи пурхӯрӣ ворид шуда ва инсонро аз ин амали ношоист барҳазар дошта аст.
Имом Ҷаъфари Содиқ разияллоҳу анҳу мефармояд: ҳар чизе ки барои бадан фоида дорад, исроф нест балки исроф дар ҷое аст, ки мол талаф шуда ва аз байн биравад ва ба бадан зарар ворид шавад.[11]
Ин як дастури ҷомеъ ва комили беҳдоштӣ аст, ки дар саломатии башар нақши фаровоне дорад. Агар инсон аз неъматҳои илоҳӣ даруст ва дар ҷои худ истифода кунад ва чизҳои ҳалолу пок бихӯрад, ниёзҳои бадани хешро таъмин мекунад. Дар баъзе аз ривоёт омада аст, ки агар касе барои таъмини маводди лозими бадан ҳазинае накунад, зарари бештаре ба хотри беморӣ насиби ӯ мешавад. Бадани инсон ниёзманди анвои витоминҳо, протоинҳо ва қандҳо ва чарбиҳо ва ғ. мебошад, ки Худованд онҳоро дар неъматҳои хеш қарор дода аст.
Чанд ҳадиси пизишкӣ
Расули Худо (с) фармуданд: Худованд ҳеҷ дардеро халқ накарда аст магар инки барои он давоеро ҳам дар назар гирифта ва офарида аст.[12]
Агар инсон мариз шуд ва дучори беморие гардид, ақли солим инро мехоҳад, ки ба пизишки мутахассис муроҷиа намуда ва он дардро илоҷ кунад. Ҳар чизе барои муҳаққақ шудан ва ба марҳалаи иҷро даромадан ба як муқаддимае ниёз дорад ва то вақте ки он муқаддима ҳосил нагардад, натиҷа ҳам ҳосил нахоҳад шуд. Худованд маннон низ дар сурате давояшро марҳамат мекунад, ки инсони бемор ба пизишк муроҷиа намояд. Яъне то ҳаракате сурат нагирад, баракате ҳосил нахоҳад шуд.
Нақл мекунанд, ки яке аз анбиёи илоҳӣ дучори оризае шуд ва бемор гашт. Ба ӯ гуфтанд ба пизишк муроҷиа намо. Фармуд: шифо ва дармон аз Худованд аст, худамро дармон намекунам то Парвардигорам маро шифо иноят намояд. Худованд ба ваҳё фиристод ва гуфт: шифоят намедиҳам то худатро дармон кунӣ чаро ки шифо азман аст.[13]
Суннати илоҳӣ бар ин асос аст, ки ҳар чизе аз роҳу равиши худ ба вуқуъ бипайвандад ва он чизеро ки хештан бунёнгузорӣ намуда аст, ҳеҷ вақт худаш бар хилофи он амал намекунад. Пас ҳар шахс бояд барои ҳалли буҳрони хеш бояд ба мутахассиси он муроҷиа намяд.
Аз назари Ислом илми пизишкӣ аҳамияти зиёде дорад ва илми абдонро яке аз улуми муҳим медонад ва фаро гирифтани илми “тибб” барои бартараф кардани ниёзи ҷомеа лозим ва баъзе вақт воҷиб аст. Паёмбари Худо (с) дар баёни аҳамияти илми тибб мефармояд: “кори табобат ҳассос аст ва ниёз ба огоҳии лозим дорад.”[14]
Имом Содиқ (рз) фармудаанд: “ пизишк бояд тақворо пешаи хеш созад ва талошу кӯшиши фаровоне дар роҳи расидан ва ба даст овардани иттилоъоти тиббӣ намояд ва ба дигарон низ биёмӯзад.
Ҳамчунин Расули меҳрубониҳо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармудаанд: “ агар пизишк огоҳии лозимро дар амри табобат надошта бошад ва дар ин роҳ зараре ба бемор бирасад, зомин аст ва дар пешгоҳи илоҳӣ ҷавобгӯст.[15]
Беҳдошт дар Қуръони маҷид
Худованд ба беҳдошт ва саломати инсон таваҷҷӯҳи бисёре қоил аст ва ба ин амр дар оятҳои мухталифе ишора намуда аст ҳамон тавре ки дар Қуръони маҷид фармуда аст:
“کُلُوا و اشرَبُوا وَلَا تُسرِفُوا إِنِّهُ لَا یحِبُّ المُسرِفِینَ”
Бихӯред ва биошомед вале исроф накунед. (чаро ки)Ҳамоно Худованд исрофкоронро дӯст намедорад.[16]
Ҳамон тавре ки мулоҳиза мекунед ин як дастури ҷомеъ ва комили беҳдоштӣ аст, ки барои саломатии башар нақши бисёр муҳиме дорад.
Таҳқиқоти донишмандон ба ин натиҷа расида аст, ки сарчашмаи бисёре аз бемориҳо, ғизоҳои изофӣ ва ғайри лозим барои бадан аст ва ин ғизоҳо дар бадан ҷазб нашуда боқӣ мемонад. Дар натиҷа ин маводди изофӣ, бори сангинеро барои қалб ва дигар дастгоҳҳои бадан ба вуҷуд меоварад, ки манбаъи омодае барои уфунатҳои гуногун ва бемориҳои мухталиф мебошад. Омили асосии ин маводди изофӣ, зиёдаравӣ дар тағзияи номуносиб ва ба истилоҳи роиҷ “пурхӯрӣ” аст. Пурхӯрӣ, сабаби бемориҳои қанд, чарбии хун, норасоиҳои кабидӣ ва сактаҳои гуногун ва фарбеҳҳӣ ва ғ. мешавад.
Марҳуми Табарсӣ дар тафсири Маҷмаъулбаён нақл мекунад: Ҳорунар Рашид, халифаи Аббосӣ, дар дастгоҳи ҳукумати хеш як табиби масеҳие дошт, ки маҳорати ӯ дар илми тибб маъруф ва машҳур буд. Рӯзе ин табиби масеҳӣ ба яке аз донишмандони исломӣ гуфт: ман дар китоби осмонии шумо чизе аз тибб пайдо накардам, дар ҳоле ки дониши муфид бар ду даста аст:
Илми адён ва илми абдон
Донишманди мусалмон дар посухи табиби мсеҳӣ гуфт: Худованди манон ҳамаи дастуроти тиббиро дар нисфи ояае аз китоби муқаддаси хеш оварда аст, ки мефармояд:
“کُلُوا و اشرَبُوا وَ لَاتُسرِفُوا إِنِّهُ لَا یحب المسرفین”
Бихӯред ва биошомед вале исроф накунед. (чаро ки)Ҳамоно Худованд исрофкоронро дӯст намедорад.[17]
Ҳамчунин охирин фиристодаи Ӯ, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) низ илми тиббро дар ин дастури хеш хулоса намуда ва фармуда аст:
“المِعدة بَیت کُل داء وَ الحمیه رَأس کُل دواء وَ اَعط کُل ما عودته”
Меъда хонаи ҳамаи бемориҳост ва имсок саромади ҳамаи доруҳост ва ончи баданатро ба он одат додаӣ (аз одат саҳеҳ ва муносиб) онро аз ӯ дареғ мадор.[18]
Табиби масеҳӣ ҳангоме ки ин суханро шунид, гуфт: “ Қуръони шумо ва паёмбаратон барои Ҷолинус[19] тиббе боқӣ нагузошта аст.”[20]
Сайидолими сироҷ