Тарҷумаи сураи Оли Имрон

Ин сура дар Макка нозил шуда ва дорои 200 оят аст.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар
1 Алиф, лом, мим.

2 Маъбуде ғайр аз Худованди Ягона, Зинда ва Пойдор ва Нигаҳдоранда нест.
3 (Ҳамон касе, ки) китобро ба ҳақ бар ту нозил кард, ки бо нишонаҳои китобҳои гузашта мунтабиқ аст, ва «Таврот» ва «Инҷил» -ро.
4 Пеш аз он барои ҳидояти мардум фиристод ва (низ) китобе, ки ҳақро аз ботил мушаххас месозад, нозил кард. Касоне, ки ба оёти Худо кофир шуданд азоби сахте доранд ва Худованд (барои кайфар бадкорон ва кофирони лаҷуҷ) тавоно ва соҳиб интиқом аст.
5 Ҳеҷ чиз дар осмону замин бар Худо пўшида намемонад. (Бинобар ин тадбири онҳо бар ӯ мушкил нест).
6 Ӯ касе аст, ки шуморо дар раҳм (-и модарон) он чунон, ки мехоҳад, тасвир мекунад. Маъбуде ғайр аз Худованди Тавоно ва Ҳаким нест.
7 Ӯ касе аст, ки ин китоб (-и осмонӣ)-ро бар ту нозил кард, ки қисмате аз он оятҳои «Муҳкам» (равшан ва ошкор) аст, ки асоси ин китоб мебошад. (Ва ҳар гуна печидагӣ дар оятҳои дигар бо муроҷиат ба инҳо бартараф мегардад). Ва қисмате аз он «Муташобеҳ» аст. (Оятҳое, ки ба хотири боло будани сатҳи матлаб ва ҷиҳатҳои дигар, дар нигоҳи аввал эҳтимолоти гуногуне дар он меравад, вале бо тавҷҷӯҳ ба оятҳои маҳкам тафсири онҳо ошкор мегардад). Аммо онҳо ки дар дилҳояшон каҷравӣ аст ба дунболи (оятҳои) муташобеҳанд, то фитнаангезӣ кунанд (ва мардумро гумроҳ созанд) ва тафсир (-и нодурсте) барои он металабанд, дар ҳоле, ки тафсири онҳоро ғайр аз Худо ва росихони дар илм намедонанд. (Онҳо ки ба дунболи фаҳму дарки асрори оятҳои Қуръон, дар партави илму дониши илоҳӣ) мегӯянд: «Мо ба ҳамаи он имон овардем, ҳама аз тарафи Парвардигори мост» . Ва ғайр аз соҳибони ақл мутазаккир намешаванд (ва ин ҳақиқатро дарк намекунанд).
8 (Росихони дар илм мегӯянд:) «Парвардигоро! Дилҳоямонро баъд аз он ки моро ҳидоят кардӣ, (аз роҳи ҳақ) гумроҳ магардон! Ва аз сӯи худ раҳмате бар мо бибахш, зеро Ту Бахшандаӣ!
9 Парвардигоро! Ту мардумро барои рӯзе, ки шакке дар он нест, ҷамъ хоҳӣ кард, зеро Худованд аз ваъдаи худ тахаллуф намекунад. (Мо ба ту ва раҳмати бепоёнат ва ба ваъдаи растохез ва қиёмат имон дорем)».
10 Сарватҳо ва фарзандони касоне, ки кофир шуданд, наметавонад онҳоро аз (азоби) Худованд нигаҳ дорад (ва аз кайфар раҳоӣ бахшад). Ва онон худ оташгираи дўзаханд.
11 (Одати онҳо дар инкору таҳрифи ҳақиқатҳо) ҳамчун одати Оли Фиръавн ва касоне аст, ки пеш аз онҳо буданд, оятҳои моро инкор карданд ва Худованд онҳоро ба (ҷазои) гуноҳонашон гирифт. Ва Худованд сахткайфар аст.
12 Ба онҳо, ки кофир шуданд, бигў: «(Аз пирӯзии муваққати худ дар ҷанги Уҳуд шод набошед!) Ба зуди мағлуб хоҳед шуд (ва сипас дар растохез) ба сӯи ҷаҳаннам маҳшур хоҳед шуд. Ва чӣ ҷойгоҳи баде аст!
13 Дар ду гурӯҳе, ки (дар майдони ҷанги Бадр) бо ҳам рў ба рў шуданд, нишона (ва дарси ибрате) барои шумо буд. Як гурӯҳ дар роҳи Худо набард мекард ва ҷамъи дигар, ки кофир буд, (дар роҳи буту шайтон). Дар ҳоле, ки онҳо (гурӯҳи мўъминон)-ро бо чашми худ ду баробари он чӣ буданд, медиданд. (Ва ин худ сабабе барои ваҳшату шикасти онҳо шуд). Ва Худованд ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад), бо ёрии худ таъйид мекунад. Дар ин ибрате аст барои биноён!
14 Муҳаббати корҳои моддӣ аз занону фарзандон ва молҳои зиёде аз тиллову нуқра ва асбҳои мумтоз ва чаҳорпоён ва зироат, дар назари мардум ҷилва дода шудааст, (то дар партави он озмоишу тарбият шаванд, вале) инҳо (дар сурате, ки ҳадафи ниҳоии одамиро ташкил диҳанд), сармояи зиндагии пасти (моддӣ) аст ва оқибати нек (ва зиндагии воло ва ҷовидона) назди Худост.
15 Бигў: «Оё шуморо аз чизе огоҳ кунам, ки аз ин (сармояҳои моддӣ) беҳтар аст?» Барои касоне, ки парҳезгорӣ пеша кардаанд (ва аз ин сармояҳо дар роҳи машарўъ ва ҳаққу адолат истифода мекунанд), дар назди Парвардигорашон (дар ҷаҳони дигар) боғҳое аст, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ мешавад, ҳамеша дар он хоҳанд буд ва ҳамсарони покиза ва хушнудии Худованд (насиби онҳост). Ва Худо ба (корҳои) бандагон бино аст.
16 Ҳамон касоне, ки мегӯянд: «Парвардигоро! Мо имон овардаем, пас гуноҳони моро биёмурз ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор!»
17 Ҳамонҳо, ки (дар баробари мушкилот ва дар роҳи итоат ва тарки гуноҳ) сабру истиқомат меварзанд, ростгў ҳастанд. (Дар баробари Худо) хузўъ ва (дар роҳи Ў) инфоқ мекунанд ва дар саҳаргоҳон истиғфор менамоянд.
18 Худованд (бо эҷоди низоми ягонаи ҷоҳони ҳастӣ), гувоҳӣ медиҳад, ки маъбуде ғайр аз Ў нест. Ва фариштагон ва соҳибони дониш, (ҳар кадом ба гунае бар ин матлаб) гувоҳӣ медиҳанд, дар ҳоле, ки (Худованд дар тамоми олам) қиём ба адолат дорад, маъбуде ғайр аз Ў нест, ки ҳам Тавоно ва ҳам Ҳаким аст.
19 Дин дар назди Худо Ислом (ва таслим будан дар баробари ҳақ) аст. Ва касоне, ки китоби осмонӣ ба онҳо дода шуд, ихтилофе (дар он) эҷод накарданд, магар баъд аз огоҳиву илм, он ҳам ба хотири зулму ситам дар миёни худ. Ва ҳар кас ба оятҳои Худо куфр варзад, (Худо ба ҳисоби ӯ мерасад, зеро) Худованд сариъ-ул-ҳисоб аст.
20 Агар бо ту ба гуфтугӯ ва ситез бархезанд, (бо онҳо муҷодила накун, ва) бигў: «Ман ва пайравонам дар баробари Худованд (ва фармони Ў) таслим шудаем». Ва ба онҳо, ки аҳли китоб ҳастанд, (яҳуд ва насоро) ва бесаводон (мушрикон) бигў: «Оё шумо ҳам таслим шудаед» .Агар (дар баробари фармон ва мантиқи ҳақ), таслим шаванд, ҳидоят меёбанд ва агар сарпечӣ кунанд, (нигарон набош, зеро) бар ту танҳо расонидани (рисолат) аст ва Худо нисбат ба (амалҳо ва ақоиди) бандагон биност.
21 Касоне, ки нисбат ба оятҳои Худо куфр меварзанд ва Паёмбаронро ба ноҳақ мекушанд ва (низ) мардумеро, ки ба адолат амр мекунанд, ба қатл мерасонанд, ба кайфари дарднок (-и илоҳӣ) башорат деҳ!
22 Онҳо касоне ҳастанд, ки амалҳои (некашон ба хотири ин гуноҳони бузург) дар дунёву охират табоҳ шуда ва ёвару мадакор (ва шафоаткунандае) надоранд.
23 Оё надидӣ касонеро, ки баҳрае аз китоби (осмонӣ) доштанд, ба тарафи китоби илоҳӣ даъват шуданд, то дар миёни онҳо доварӣ кунанд, сипас гурӯҳе аз онҳо (бо илму агоҳӣ) рӯи мегардонанд, дар ҳоле, ки (аз қабули ҳақ) рўйгардонанд?
24 Ин амали онҳо ба хотири он аст, ки мегуфтанд: «Оташи (дузах) ҷуз чанд рӯзе ба мо намерасад. (Ва ҷазои мо ба хотри имтиёзе, ки бар қавмҳои дигар дорем, бисёр кам аст)». Ин ифтироъ (ва дурӯғе, ки ба Худо нисбат дода буданд), онҳоро дар динашон мағрур сохт (ва гирифтори гуноҳони гуногун шуданд).
25 Пас, чӣ гуна хоҳад буд, ҳаргоме ки онҳоро барои рӯзе, ки шакке дар он нест (рӯзи растохез) ҷамъ кунем ва ба ҳар кас он чӣ (аз амалҳо барои худ) фароҳам карда, ба таври комил дода шавад? Ва ба онҳо ситам нахоҳад шуд, (зеро ҳосили амалҳои худро мечинанд).
26 Бигў: «Бор Илоҳо! Эй молики ҳукуматҳо! Ба ҳар кас бихоҳӣ ҳукумат мебахшӣ ва аз ҳар кас бихоҳӣ ҳукуматро мегирӣ, ҳар касро бихоҳӣ иззат медиҳӣ ва ҳар киро бихоҳӣ хор мекунӣ. Тамоми хубиҳо ба дасти Туст, Ту бар ҳар чиз Қодирӣ.
27 Шабро дар рӯз дохил мекунӣ ва рӯзро дар шаб ва зиндаро аз мурда берун меоварӣ ва мурдаро аз зинда. Ва ба ҳар кас бихоҳӣ, беҳисоб рӯзӣ мебахшӣ».
28 Ашхоси боимон набояд ба ҷои мӯъминон, кофиронро дӯст ва сарпарасти худ интихоб кунанд ва ҳар кас чунин кунад, ҳеҷ робитае бо Худо надорад (ва пайванди ӯ, ба куллӣ аз Худо канда мешавад), магар ин ки аз онҳо бипарҳезед (ва ба хотири мақсадҳои муҳимтаре тақия кунед). Худованд шуморо аз (нофармонии) худ барҳазар медорад ва бозгашти (шумо) ба сӯи Худост.
29 Бигў: «Он чиро дар синаҳои шумост пинҳон доред ё ошкор кунед, Худованд онро медонад ва (низ) аз он чӣ дар осмоноҳо ва замин аст, огоҳ мебошад. Ва Худованд ба ҳар чизе тавоност.
30 Рӯзе, ки ҳар кас он чиро аз кори нек анҷом додааст, ҳозир мебинад ва орзу мекунад, миёни ӯ ва он чӣ аз амалҳои бад анҷом додааст, фосилаи замонии зиёде бошад. Худованд шуморо аз (нофармонии) худаш барҳазар медорад ва (дар айни ҳол) Худо нисбат ба ҳамаи бандагон Меҳрубон аст».
31 Бигў: «Агар Худоро дӯст медоред аз ман пайравӣ кунед! То Худо (низ) шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро бибахшад ва Худо Омурзандаи Меҳрубон аст».
32 Бигў: «Аз Худо ва фиристодаи (Ў) итоат кунед! Ва агар саркашӣ кунед, Худованд кафиронро дӯст намедорад».
33 Худованд Одам ва Нӯҳ ва Оли Иброҳим ва Оли Имронро бар ҷаҳониён бартарӣ дод.
34 Онҳо фарзандон (ва наслҳое) буданд, ки (аз назари покӣ ва тақво ва фазилат), баъзе аз баъзеи дигар гирифта шуда буданд ва Худованд Шунаво ва Доност (ва аз кўшишҳои онҳо дар роҳи рисолати худ огоҳ мебошад).
35 (Ба ёд оваред) замонеро, ки ҳамсари «Имрон» гуфт: «Худовандо! Он чиро дар раҳм дорам, барои Ту назр кардам, ки «муҳаррар» (ва озод барои хизмати хонаи Ту) бошад. Аз ман қабул кун, ки Ту Шунаво ва Доноӣ!
36 Вале ҳангоме, ки ӯро ба дунё овард (ва ӯро духтар ёфт), гуфт: «Худовандо! Ман ӯро духтар овардам — вале Худо аз он чӣ ӯ ба дунё оварда буд, огоҳтар буд – ва писар монанди духтар нест. (Духатр наметавонад вазифаи хидматгузории маъбадро монанди писар анҷом диҳад). Ман ӯро Марям ном гузоридам. Ва ў ва фарзандашро аз (васвасаҳои) шайтони рондашуда дар паноҳи Ту қарор медиҳам».
37 Худованд, ӯ (Марям)-ро ба тарзи некўе пазируфт ва ба тарзи шоистае (ниҳоли вуҷуди) ӯро рӯёнид (ва парвариш дод) ва кафолати ӯро ба «Закариё» супурд. Ҳар замон Закариё дохили меҳроби ӯ мешуд, таоми махсусе дар он ҷо медид. Аз ӯ пурсид: «Эй Марям! Инро аз куҷо овардаӣ?!» Гуфт: «Ин аз сӯи Худост. Худованд ба ҳар кас бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад».
38 Дар он ҷо буд, ки Закариё (бо мушоҳидаи он ҳама шоистагӣ дар Марям), Парвардигори Худро хонд ва гуфт: «Худовандо! Аз тарафи худ фарзанди покизае (низ) ба ман ато фармо, ки Ту дуоро мешунавӣ!».
39 Ва ҳангме ки ӯ дар меҳроб истода машғули ниёиш буд, фариштагон ӯро садо заданд, ки: «Худо туро ба «Яҳё» башорат медиҳад, (касе), ки калимаи Худо (Масеҳ) –ро тасдиқ мекунад ва раҳбар хоҳад буд ва аз ҳавасҳои саркаш барканор ва Паёмбаре аз солеҳон аст».
40 Ӯ гуфт: «Парвардигоро! Чӣ гуна мумкин аст фарзанде барои ман бошад, дар ҳоле, ки пирӣ ба суроғи ман омада ва ҳамсарам нозо аст?!». Фармуд: «Ба ин гуна, ки Худованд ҳар кореро бихоҳад, анҷом медиҳад.
41 (Закарё) гуфт: «Парвардигоро! Нишонае барои ман қарор деҳ!» Гуфт: «Нишонаи ту ин аст, ки се рӯз ҷуз бо ишора ва рамз бо мардум сухан нахоҳӣ гуфт. (Ва забони ту бидуни ҳеҷ иллати зоҳирӣ, барои гуфтугӯ барои мардум аз кор мемонад). Парвардигори худро (ба кукронаи ин неъмати бузург) бисёр ёд кун! Ва дар ҳагоми субҳу шом ӯро тасбеҳ бигў!
42 Ва (ба ёд оваред) замонеро, ки фариштагон гуфатнд: «Эй Марям! Худо туро баргузида ва пок сохта ва бар тамоми занони ҷаҳон бартарӣ додааст.
43 Эй Марям! (Ба шукронаи ин неъмат) барои Парвардигори худ хузўъ кун ва саҷда ба ҷо овар! Ва бо рукуъкунандагон рукўъ кун!
44 (Эй Паёмбар!) Ин аз хабарҳои ғайбӣ аст, ки ба ту ваҳй мекунем ва ту дар он ҳагом, ки қаламҳои худро (барои қуъакашӣ) ба об меафкарданд, то кадом як кафолату сарпарастии Марямро ӯҳдадор шавад ва (низ) дар ҳангоме, ки (донишмандони Банӣ Исроил барои касби ифтихори сарпарастии ӯ), бо ҳам кашмакаш доштанд, ҳузур надоштӣ ва ҳамаи инҳо аз роҳи ваҳй ба ту гуфта шуд).
45 (Ба ёд оваред) замонеро, ки фариштагон гуфтанд: «Эй Марям! Худованд туро ба калимае (вуҷуди бо азамате) аз тарафи худаш башорат медиҳад, ки номаш «Масеҳ, Исо писари Марям» аст, дар ҳоле, ки дар ин ҷаҳон ва ҷаҳони дигар соҳиби шахсият хоҳад буд ва аз муқаррабони (илоҳӣ) аст.
46 Ва бо мардум дар гаҳвора ва дар ҳолати куҳулат (ва миёнсол шудан) сухан хоҳад гуфт ва аз шоистагон аст».
47 (Марям) гуфт: «Парвардигоро! Чӣ гуна мумкин аст фарзанде барои ман бошад, дар ҳоле, ки инсоне бо ман тамос нагирифтааст?!» Фармуд: «Худованд ин гуна ҳар чиро бихоҳад, меофаринад! Ҳангоме, ки чизеро муқарар дорад (ва фармони ҳастии онро содир кунад), фақат ба он мегӯяд: «Мавҷуд бош!». Он низ фавран мавҷуд мешавад.
48 Ва ба ӯ китобу дониш ва Тавроту Инҷил меомӯзад.
49 Ва (ӯро ба унвони) расул ва фиристода ба сӯи Банӣ Исроил (қарор дода, ки ба онҳо мегӯяд:) Ман нишонае аз тарафи Парвардигори шумо бароятон овардаам. Ман аз гил чизе ба шакли парранда месозам, сипас дар он медамам ва ба фармони Худо паррандае магардад. Ва ба изни Худо кўри модарзод ва мубталоён ба барас (песӣ)-ро беҳбудӣ мебахшам ва мурдагонро ба изни Худо зинда мекунам ва аз он чӣ мехўред ва дар хонаҳои худ захира мекунед, ба шумо хабар медиҳам, ҳатман дар инҳо нишонае барои шумост, агар имон дошта бошед!
50 Ва он чиро пеш аз ман аз Таврот будааст, тасдиқ мекунам ва (омадаам), то порае аз чизҳоеро, ки (бар асари зулму гуноҳ) бар шумо ҳаром шуда, (монанди гўшти баъзе аз чаҳорпоён ва моҳиҳо), ҳалол кунам ва нишонае аз тарафи Парвардигори шумо бароятон овардаам, пас аз Худо битарсед ва маро итоат кунед!
51 Худованд Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, Ўро бипарастед, (на ман ва на чизи дигарро)! Ин аст роҳи рост!
52 Ҳангоме, ки Исо аз онҳо эҳсоси куфр (ва мухолифат) кард, гуфт: «Кист, ки ёвари ман ба сўи Худо (барои таблиғи оини Ў) гардад?» Ҳавориён (шогирдони махсуси ӯ) гуфтанд: «Мо ёварони Худоем, ба Худо имон овардем ва ту (низ) гувоҳ бош, ки мо Ислом овардаем.
53 Парвардигоро! Ба он чӣ нозил кардаӣ имон овардем ва аз фириистодаи (Ту) пайравӣ намудем, моро дар зумраи гувоҳон бинавис!».
54 Ва (яҳуд ва душманони Масеҳ, барои нобудии ӯ ва оинаш нақша кашиданд) ва Худованд (барои ҳифзи ў ва оинаш) чораҷўӣ кард. Ва Худованд беҳтарини чораҷўён аст.
55 (Ба ёд оваред) замонеро, ки Худо ба Исо фармуд: «Ман туро бармегирам ва ба сӯи худ боло мебарам ва туро аз касоне, ки кофир шуданд, пок месозам ва касонеро, ки аз ту пайравӣ карданд, то рӯзи растохез бартар аз касоне, ки кофир шуданд, қарор медиҳам, сипас бозгашти шумо ба сӯи Ман аст ва дар миёни шумо дар он чӣ ихтилоф доштед, доварӣ мекунам.
56 Аммо онҳо, ки кофир шуданд (ва пас аз шинохтан ҳақ онро инкор карданд), дар дунёву охират онҳоро муҷозоти дардноке хоҳам кард ва барои онҳо ёвароне нест.
57 Аммо онҳо, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд, Худованд подоши ононро ба таври комил хоҳад дод. Ва Худованд ситамкоронро дӯст намедорад».
58 Инҳоро, ки ба ту мехонем, аз нишонаҳо (-и ҳақонияти ту) аст ва ёдоварии ҳакимона аст.
59 Масали Исо дар назди Худо ҳамчун Одам аст, ки ӯро аз хок офарид ва сипас ба ӯ фармуд: «Мавҷуд бош!», ў ҳам фавран мавҷуд шуд. (Бинаобар ин тавллуди Масеҳ бепадар, ҳаргиз далел бар улуҳияти ӯ нест).
60 Инҳо ҳақиқате аст, аз ҷониби Парвардигор ту, бинабар ин аз шаккунандагон мабош!
61 Ҳар гоҳ баъд аз илму донише, ки (дар бораи Масеҳ) ба ту расидааст, (боз) касоне бо ту ба муҳоҷҷа ва ситез бархезанд, ба онҳо бигў: «Биёед мо фарзандони худро даъват кунем, шумо ҳам фарзандони худро, мо занони худро даъват намоем, шумо ҳам занони худро, мо аз нуфус худ даъват кунем, шумо ҳам аз нуфуси худ, он гоҳ мубоҳила кунем ва лаънати Худоро бар дурӯғгуён қарор диҳем.
62 Ин ҳамон саргузашти ҳақиқии (Масеҳ) аст. (Ва иддиоҳое ҳамчун улуҳияти ӯ ё фарзанди Худо буданаш беасос аст). Ва ҳеҷ маъбуде ҷуз Худованди Ягона нест. Ва Худванд Тавонон ва Ҳаким аст.
63 Агар (бо ин ҳама шоҳидҳои равшан, боз ҳам аз пазириши ҳақ) рӯй гардонанд, (бидон ки толиби ҳақ нестанд ва) Худованд аз муфсидон огоҳ аст.
64 Бигў: «Эй аҳли китоб! Биёед ба сӯи сухане, ки миёни мо ва шумо яксон аст, ки ҷуз Худованди Ягонаро напарастем ва чизеро ҳамтои Ў қарор надиҳем ва баъзе аз мо баъзе дигарро – ғайр аз Худои ягона – ба худоӣ напазирад». Ҳар гоҳ (аз ин даъват) саркашӣ кунанд, бигўед: «Гувоҳ бошед, ки мо мусулмонем!»
65 Эй аҳли китоб! Чаро дар бораи Иброҳим гуфтугў ва низоъ мекунед (ва ҳар кадом ӯро пайрваӣ оини худатон муаррифӣ менамоед)?! Дар ҳоле, ки Тавроту Инҷил баъд аз ӯ нозил шудааст! Оё андеша намекунед?!
66 Шумо касоне ҳастед, ки дар бораи он чӣ нисбат ба он огоҳ будед, гуфтугӯ ва ситез кардед, чаро дар бораи он чӣ огоҳ нестед, гуфтугӯ мекунед?! Ва Худо медонад ва шумо намедонед.
67 Иброҳим на яҳудӣ буд ва на Насронӣ, балки ягонапарасти холис ва мусулмон буд ва ҳаргиз аз мушрикон набуд.
68 Сазовортарини мардум ба Иброҳим, онҳо ҳастанд, ки аз ӯ пайравӣ караданд ва (дар замон ва асри ӯ ба мактаби ӯ вафо дор буданд, ҳамчунин) ин Паёмбар ва касоне, ки (ба ӯ) имон овардаанд (аз ҳама сазовортаранд) ва Худованд, валӣ ва сарпарасти мӯъминон аст.
69 Гурӯҳе аз аҳли китоб (аз яҳуд) дӯст доштанд (ва орзу мекарданд) шуморо гумроҳ кунанд, (аммо онҳо бояд бидонанд, ки наметавонанд шуморо гумроҳ созанд), онҳо гумроҳ намекунанд, магар худашонро ва намефаҳаманд!
70 Эй аҳли китоб! Чаро ба оятҳои Худо кофир мешавед, дар ҳоле, ки (ба дурустии он) говоҳӣ медиҳед?!
71 Эй аҳли китоб! Чаро ҳақро бо ботил (меомезед ва) муштабаҳ мекунед, (то дигарон нафаҳманд ва гумроҳ шаванд) ва ҳақиқатро пўшида медоред, дар ҳоле, ки медонед?!
72 Ва гурӯҳе аз аҳли китоб (аз яҳуд) гуфтанд: «Биравед дар зоҳир) ба он чӣ бар мӯъминон нозил шудааст, дар аввали рӯз имон биёваред ва дар поёни рӯз кофир шавед (ва бозгардед)! Шояд онҳо (аз оини худ) боз гарданд! (Зеро шуморо аҳли китоб ва огоҳ аз башоратҳои осмонии гузашта медонанд ва ин тавтиа кофӣ аст, ки онҳоро ба шак андозад).
73 Ва ҷуз ба касе, ки аз оини шумо пайравӣ мекунад, (воқеан) имон наёваред!» Бигў: «Ҳидоят ҳидояти илоҳӣ аст! (Ва ин тавтиаи шумо дар баробари он беасар аст)»! (Сипас илова карданд: «Тасавур накунед) ба касе монанд шумо (китоби осмонӣ) дода мешавад ё ин ки метавонанд дар пешгоҳи Паравардтгоратон бо шумо баҳсу гуфтугӯ кунанд, (балки нубувват ва мантиқ, ҳар ду назди шумост!)» Бигў: «Фазл (ва мавҳибати нубувват ва ақлу мантиқ дар инҳисори касе нест, балки ба дасти Худост ва ба ҳар кас бихоҳад (ва шоиста бидонад) медиҳад. Ва Худованд восеъ (дорои мавоҳиби густарда) ва огоҳ (аз мавриди шоистаи он) аст.
74 Ҳар касро бихоҳад, махсуси раҳмати худ мекунад ва Худованд дорои мавоҳиби бузурге аст.
75 Ва дар миёни аҳли китоб касоне ҳастанд, ки агар сарвати зиёде ба расми амонат ба онҳо бисупорӣ, ба ту бозмегардонанд ва касоне ҳастанд, ки агар як динор ҳам ба онҳо бисупорӣ, ба ту бознамегардонанд, магар то замоне ки болои сари ноҳо истода (ва бар онҳо мусаллат) бошӣ! Ин ба хотири он аст, ки мегўянд: «Мо дар баробари умиййин (ғайри яҳуд) масъул нестем». Ва бар Худо дурўғ мебанданд, дар ҳоле, ки медонанд (ин сухан дурӯғ аст).
76 Оре, касе, ки ба паймони худ вафо кунад ва парҳезгорӣ пеша намояд, (Худо ӯро дўст медорад, зеро) Худованд парҳезгоронро дӯст дорад.
77 Касоне, ки паймонҳои илоҳӣ ва савгандҳои худ (ба номи муқаддаси Ў)-ро ба баҳои ночизе мефурӯшанд, онҳо баҳрае дар охират нахоҳанд дошт ва Худованд ба онҳо сухан намегўяд ва ба онон дар қиёмат нигоҳ намекунад ва онҳоро (аз гуноҳ) пок намесозад ва азоби дардноке барои онҳост.
78 Дар миёни онҳо (яҳуд) касоне ҳастанд, ки дар вақти тиловати китоби (Худо) забони худро чунон мегардонанд, ки гумон кунед, (он чиро мехонанд), аз китоби (Худо) аст, дар ҳоле, ки аз китоби (Худо) нест! (Ва бо равшанӣ) мегӯянд: «Он аз тарафи Худост!» бо ин ки аз тарафи Худо нест ва ба Худо дурӯғ мебанданд, дар ҳоле, ки медонад!
79 Барои ҳеҷ башаре сазовор нест, ки Худованд китоби осмонӣ ва ҳукму набуват ба ӯ диҳад, сипас ӯ ба мардум бигӯяд: «Ғайр аз Худо маро парастиш кунед!», балки (сазовори мақоми ӯ ин аст, ки бигӯяд:) Мардуми илоҳӣ бошед, он тавре, ки китоби Худоро меомӯхтед ва дарс мехондед! (Ва ғайр аз Худоро парастиш накунед!).
80 Ва на ин ки ба шумо дастур диҳад, ки фариштагон ва Паёмбаронро Парвардигори худ интихоб кунед. Оё шуморо пас аз он ки мусулмон шудед, ба куфр даъват мекунад?!
81 Ва (ба хотир биёваред) замонеро, ки Худованд аз Паёмбарон (ва пайравони онҳо) паймони муаккад гирифт, ки ҳар гоҳ китобу дониш ба шумо додам, сипас Паёмбаре ба сӯи шумо омад, ки он чиро бо шумост, тасдиқ мекунад, ба ӯ имон биёваред ва ӯро ёрӣ кунед! Сипас (Худованд) ба онҳо гуфт: «Оё ба ин мавзўъ иқрор доред? Ва бар он паймони муаккад бастед?!» Гуфтанд: «(Оре), иқрор дорем!» (Худованд ба онҳо) гуфт: «Пас гувоҳ бошед! Ва ман низ бо шумо аз гувоҳонам».
82 Пас касе, ки баъд аз ин (паймони маҳкам) руй кардонад, фосиқ аст.
83 Оё онҳо ғайр аз оини Худо металабанд?! (Оини Ў ҳамин Ислом аст) ва тамоми касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд, аз рӯи ихтиёр ё аз рӯи иҷбор дар баробари (фармони) Ў таслиманд ва ҳама ба сӯи Ў бозгардонида мешаванд.
84 Бигў: «Ба Худо имон овардем ва (ҳамчунин) ба он чӣ бар мо ва бар Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқ ва Яъқуб ва Асбот нозил гардидааст ва он чӣ ба Мўсо ва Исо ва (дигар) Паёмбарон, аз тарафи Паравардигорашон дода шудааст, мо дар миёни ҳеҷ як аз онон фарқе нмегузорем ва дар баробари (фармони) Ў таслим ҳастем».
85 Ва ҳар кас ҷуз Ислом (ва таслим дар баробари фармони ҳақ), дине барои худ интихоб кунад, аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва ӯ дар охират аз зиёкорон аст.
86 Чӣ гуна Худованд ҷамъиятеро ҳидоят мекунад, ки баъд аз имон ва гувоҳӣ ба ҳаққонияти Расул ва омадани нишонаҳои равшан барои онҳо, кофир шуданд?! Ва Худо Ҷамъияти стамкоронро ҳидоят нахоҳад кард!
87 Кайфари онҳо ин аст, ки лаън (ва тарди) Худованд ва фариштагон ва мардум, ҳамагӣ бар онҳост.
88 Ҳамвора дар ин лаън (ва тарду нафрин) мемонанд, муҷозоташон сабук намегардад ва ба онҳо мўҳлат дода намешавад.
89 Магар касоне, ки пас аз он тавба кунанд ва ислоҳ намоянд (ва дар мақоми ҷуброни гуноҳони гузашта бароянд, ки тавбаи онҳо пазируфта хоҳад шуд), зеро Худованд Омурзанда ва Бахшанда аст.
90 Касоне, ки пас аз имон кофир шуданд ва сипас бар куфри (худ) афзуданд (ва дар ин роҳ пофишорӣ карданд), ҳеҷ гоҳ тавбаи онон, (ки аз рўи ночорӣ ё дар остонаи марг сурат мегирад), қабул намешавад ва онҳо гумроҳон (-и воқеӣ)-анд, (чаро, ки ҳам роҳи Худоро гум кардаанд ва ҳам роҳи тавбаро!).
91 Касоне, ки кофир шуданд ва дар ҳоли куфр аз дунё рафтанд, агарчӣ рӯи замин пур аз тилво бошад ва онро ба унвони фидя (ва каффораи аъмоли бади худ) бипардозанд, ҳаргиз аз ҳеҷ як аз онҳо қабул нахоҳад шуд ва барои онон муҷозоти дарднок аст ва ёвароне надоранд.
92 Ҳар гиз ба (ҳақиқати) некӯкорӣ намерасед, магар ин ки аз он чӣ дӯст медоред, (дар роҳи Худо) инфоқ кунед ва он чӣ инфоқ мекунед, Худованд аз он огоҳ аст.
93 Ҳамаи таомҳои (пок) бар Банӣ Исроил ҳалол буд, ҷуз он чӣ Исроил (Яъқуб) пеш аз нузули Таврот бар худ ҳаром карда буд, (монанди гўшти шутур, ки барои ӯ зарар дошт). Бигў: «Агар рост мегӯед, Тавротро биёваред ва бихонед! (Ин нисбатҳое, ки ба паёмбарони гузашта медиҳед, ҳатто дар Тавроти таҳрифшудаи шумо нест!)».
94 Бинобар ин онҳо, ки баъд аз ин, ба Худо дурўғ мебанданд, ситамгаранд! (Зеро аз рўи илм ва қасд чунин мекунанд).
95 Бигў: «Худо рост гуфта (ва инҳо дар оини поки Иброим набуда) аст. Бинобар ин аз оини Иброҳим пайравӣ кунед, ки ба ҳақ гароиш дошт ва аз мушрикон набуд!».
96 Нахустин хонае, ки барои мардум (ва ниёиши Худованд) қарор дода шуд, ҳамон аст, ки дар сарзамини Макка аст, ки пурбаракат ва сабаби ҳидоят ҷоҳониён аст.
97 Дар он нишонаҳои равшан, (аз ҷумла) Мақоми Иброҳим аст ва ҳар кас дохили он (Хонаи Худо) шавад, дар амон хоҳад буд ва барои Худо бар мардум аст, ки оҳанги хонаи (Ў) кунанд, онҳо ки тавоноии рафтан ба сӯи он доранд. Ва ҳар кас куфр варзад (ва ҳаҷро тарк кунад, ба худ зиён расонидааст). Худованд аз ҳамаи ҷаҳониён бениёз аст.
98 Бигў: «Эй аҳли китоб! Чаро ба оятҳои Худо куфр меварзед?! Ва Худо гувоҳ аст бар аъмоле, ки анҷом медиҳед!».
99 Бигў: «Эй аҳли китоб! Чаро ашхосеро, ки имон овардаанд, аз роҳи Худо боз медоред ва мехоҳед ин роҳро каҷ созед?! Дар ҳоле, ки шумо (ба дурустии ин роҳ) гувоҳ ҳастед ва Худованд аз он чӣ анҷом медиҳед, ғофил нест!».
100 Эй касоне, ки имон овардаед! Агар гурӯҳе аз аҳли китоб, (ки корашон нифоқафканӣ ва шўълавар сохатани оташи кина ва адоват аст), итоат кунед, шуморо пас аз имон ба куфр боз мегардонанд.
101 Ва чӣ гуна мумкин аст шумо кофир шавед, бо ин ки (дар домони ваҳй қарор гирифтаед ва) оятҳои Худо бар шумо хонда мешавад ва Паёмбари ӯ дар миёни шумост?! (Бинобар ин ба Худо чанг бизанед!). Ва ҳар кас ба Худо чанг бизанад, ба роҳи росте ҳидоят шудааст.
102 Эй касоне, ки имон овардаед! Он гуна, ки ҳаққи тақво ва паҳезгорӣ аст, аз Худо бипарҳезед ва аз дунё наравед, магар ин ки мусулмон бошед! (Бояд гавҳари имонро то поёни умр ҳифз кунед!).
103 Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо (Қуръон ва Ислом ва ҳаргуна василаи ваҳдат) чанг занед ва пароканда нашавед ва неъмети (бузурги) Худоро бар худ ба ёд оред, ки чӣ гуна душмани якдигар будед ва Ў миёни дилоҳои шумо улфат эҷод кард ва ба баракати неъмати Ў бародар шудед. Ва шумо бар лаби ҳуфрае аз оташ будед, Худо шуморо аз он наҷот дод, ин чунин Худованд оятҳои худро барои шумо ошкор месозад, шояд пазирои ҳидоят шавед.
104 Бояд аз миёни шумо ҷамъе даъват ба некӣ ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мунакар кунанд. Ва онҳо ҳамон растагоронанд.
105 Ва монанди касоне набошед, ки пароканда шуданд ва ихтилоф карданд, (он ҳам) пас аз он ки нишонаҳои равшани (Парвардигор) ба онон расид. Ва онҳо азоби бузурге доранд.
106 (Он азоби азим) рӯзе хоҳад буд, ки чеҳраҳое сафед ва чеҳраҳое сиёҳ мегардад, аммо онҳо, ки чеҳраҳояшон сиёҳ шуда, (ба онҳо гуфта мешавад:) Оё баъд аз имон (ва ухуввату бародарӣ дар сояи он) кофир шудед?! Пас бичашед азобро, ба сабаби он чӣ куфр меварзидед.
107 Ва аммо онҳо, ки чеҳраҳояшон сафед шуда, дар раҳмати Худованд хоҳанд буд ва ҷовидона дар он мемонанд.
108 Инҳо аятҳои Худост, ки баҳақ бар ту мехонем. Ва Худованд (ҳеҷ гоҳ) ситаме барои (ҳеҷ як аз) ҷаҳниён намехоҳад.
109 Ва (чӣ гуна мумкин аст Худо ситам кунад?! Дар ҳоле, ки) он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, аз они Ўст ва ҳамаи корҳо ба сўи Ў бозгардонида мешавад (ва ба фармони Ўст).
110 Шумо беҳтарин уммате будед, ки ба суди инсонҳо офарида шудаед, (зеро ин ки) амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред. Ва агар аҳли китоб (ба чунин барнома ва оини дурахшоне) имон оаваранд, барои онҳо беҳтар аст! (Вале танҳо) шумори каме аз онҳо имон доранд ва бештари онҳо фосиқанд (ва хориҷ аз итоати Парвардигор).
111 Онҳо (аҳли китоб, махсусан яҳуд) ҳаргиз наметавонанд ба шумо зиён бирасонанд, ҷуз озорҳои мухтасар. Ва агар бо шумо ҷанг кунанд, ба шумо пушт хоҳанд кард (ва шикаст мехўранд), сипас касе онҳоро ёрӣ намекунад.
112 Ҳар ҷо ёфт шаванд, мўҳри хорӣ бар онҳо хўрдааст, магар бо иртибот ба Худо (ва таҷдидиназар дар равиши нописанди худ) ва (ё) бо иртибот ба мардум (ва вобастагӣ ба ин ва он) ва ба хашми Худо гирифтор шудаанд ва мўҳри бечорагӣ бар онҳо зада шудааст. Зеро ки онҳо ба оятҳои Худо куфр меварзиданд ва Паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд. Инҳо ба хотири он аст, ки гуноҳ карданд ва (ба ҳуқуқи дигарон) таҷовуз менамуданд.
113 Онҳо ҳама яксон нестанд. Аз аҳли китоб гурӯҳе ҳастанд, ки (ба ҳақ ва имон) қиём мекунанд ва пайваста дар вақтҳои шаб, оятҳои Худоро мехонданд, дар ҳоле, ки саҷда менамоянд.
114 Ба Худо ва рӯзи вопасин имон меоваранд, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунанд ва дар анҷоми корҳои нек, пешӣ мегиранд ва онҳо аз солеҳонанд.
115 Ва он чӣ аз аъмоли нек анҷом диҳанд, ҳаргиз куфрон нахоҳад шуд! (Ва подоши шоистаи онро мебинанд). Ва Худо аз парҳезгорон огоҳ аст.
116 Касоне, ки кофир шуданд, ҳаргиз наметавонанд дар паноҳи молҳо ва фарзандонашон, аз муҷозоти Худо дар амон бимонанд. Онҳо асҳоби дўзаханд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.
117 Он чӣ онҳо дар ин зиндагии пасти дунявӣ инфоқ мекунанд, монанди боди сӯзоне аст, ки ба зироати қавме, ки бар худ ситам карда (ва дар ғайр маҳал ва вақти муносиб кишт намудаанд), бивазад ва онро нобуд созад. Худо ба онҳо ситам накарда, балки онҳо ба хештан ситам мекунанд.
118 Эй касоне, ки имон овардаед! Маҳрами асроре аз ғайри худ интихоб накунед. Онҳо аз ҳаргуна шар ва фасоде дар бораи шумо кутоҳӣ намекунанд. Онҳо дӯст доранд шумо дар ранҷу заҳмат бошед. (Нишонаҳои) душманӣ аз даҳон (ва калом)-ашон ошкор шуда ва он чӣ дар дилҳояшон пинҳон медоранд, аз он муҳимтар аст. Мо оятҳо (ва роҳои пешгирӣ аз шарри онҳо)-ро барои шумо баён кардем, агар андеша кунед.
119 Шумо касоне ҳастед, ки онҳоро дӯст медоред, аммо онҳо шумро дӯст надоранд. Дар ҳоле, ки шумо ба ҳамаи китобҳои осмонӣ имон доред (ва онҳо ба китоби осмонии шумо имон надоранд). Замоне, ки шуморо мулоқот мекунанд (ба дурӯғ) мегӯянд: «Имон овардаем». Аммо ҳангоме, ки танҳо мешаванд аз шиддати хашм бар шумо, сари ангуштони худро ба дандон мегазанд! Бигу: «Бо ҳамин ғазабе, ки доред, бимиред! Худо аз (асрори) даруни синаҳо огоҳ аст».
120 Агар некӣ ба шумо бирасад, онҳоро нороҳат мекунад. Ва агар ҳодисае ногуворе барои шумо рух диҳад, хушҳол мешаванд. (Аммо) агар (дар баробарашон) истиқомату парҳезгорӣ пеша кунед, нақшаҳои (хоинонаи) онҳо ба шумо зараре намерасонад. Худован ба он чӣ анҷом медиҳанд, иҳота дорад.
121 Ва (ба ёд овар) замонеро, ки субҳгоҳон аз миёни хонаводаи худ, ҷиҳати интихоби ҷойҳои ҷанг барои мӯъминон, берун рафтӣ. Ва Худованд шунаво ва доност (гуфтугӯҳои гуногунеро ки дар бораи нақшаи ҷанг гуфта мешуд, мешуниданд ва андешаҳоро, ки баъзе дар сар мепарваронданд, медонист).
122 (Ва низ ба ёд овар) замонеро, ки ду тоифа аз шумо тасмим гирифтанд сустӣ нишон диҳанд (ва аз миёнаи роҳ бозгарданд). Ва Худованд пуштибони онҳо буд (ва ба онҳо кўмак кард, ки аз ин фикр бозгарданд) ва ашхоси боимон, бояд танҳо бар Худо таваккул кунанд!
123 Худован шуморо дар «Бадр» ёрӣ кард (ва бар душманони хатарнок пирӯз сохт), дар ҳоле, ки шумо (нисбат ба онҳо) нотавон будед. Пас, аз Худо парҳез кунед (ва дар баробари душман мухолифти фармони Паёмбар накунед), то шукри неъмати Ўро ба ҷо оварда бошед.
124 Дар он замоне, ки ту ба мӯъминон мегӯфтӣ: «Оё кофӣ нест, ки Парвардигоратон шуморо ба сеҳазор нафар аз фариштагон, ки (аз осмон) фуруд меоянд, ёрӣ кунад?!»
125 Оре, (имрӯз ҳам) агар истиқомату тақво пеша кунед ва душман ба ҳамин зудӣ ба суроғи шумо биёяд, Худованд шуморо ба панҷ ҳазор нафар аз фариштагон, ки нишонаҳое бо худ доранд, мадад хоҳад кард.
126 Вале инҳоро Худованд фақт башорат ва барои ормиши хотири шумо қарор дода, вагарна пирӯзӣ танҳо аз ҷониби Худованди Тавонои Ҳаким аст.
127 (Ин ваъдаро, ки Худо ба шумо додааст), барои ин аст, ки қисмате аз пайкари лашкари кофиронро қатъ кунад, ё онҳоро бо хорӣ баргардонад, то маъюсу ноумед (ба ватани худ) бозгарданд.
128 Ҳеҷ гуна ихтиёре (дар бораи авфи кофирон ё муъминони гуреза аз ҷанг) барои ту нест, магар ин ки (Худо) бихоҳад онҳоро бибахшад ё муҷозот кунад, зеро онҳо ситамгаранд.
129 Ва он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Худост. Ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад), мебахшад ва ҳар касро бихоҳад муҷозот мекунад. Ва Худованд Омурзандаи Меҳрубон аст.
130 Эй касоне, ки имон овардаед! Рибо (ва суди пул)-ро чанд баробар нахўред. Аз Худо бипарҳезед, то растагор шавед.
131 Ва аз оташе бипарҳезед, ки барои кофирон омода шудааст!
132 Ва Худо ва Паёмбарро итоат кунед, то машмули раҳмат шавед.
133 Ва шитоб кунед барои расидан ба омурзиши Парвардигоратон ва биҳиште, ки паҳноии он осмонҳо ва замин аст ва барои парҳезгорон омода шудааст.
134 Ҳамонҳо, ки дар тавонгарӣ ва тангдастӣ инфоқ мекунанд ва ғазаби худро фурў мебаранд ва аз хатои мардум мегузаранд. Ва Худо некӯкоронро дӯст дорад.
135 Ва онҳо ки вақте мураткиби амали зиште шаванд, ё ба худ ситам кунанд, ба ёди Худо меафтанд ва барои гуноҳони худ талаби омурзиш мекунанд-ва кист ҷуз Худо, ки гуноҳонро бибахшад?- ва бар гуноҳ пофишорӣ намекунанд, бо ин ки медонанд.
136 Онҳо подошашон омурзиши Парвардигор ва биҳиштҳое аст, ки аз зери дарахтонаш наҳрҳо ҷорӣ аст, ҷовидона дар он мемонанд. Чӣ некў аст подоши аҳли амал!
137 Пеш аз шумо суннатҳое вуҷуд дошт (ва ҳар қавм тибқи амалҳо ва сифатҳои худ, сарнавиштҳое доштанд, ки шумо низ монанди онро доред). Пас дар рўи замин гардиш кунед ва бибинед оқибати инкор кунандагон (-и оятҳои Худо) чӣ гуна буд?!
138 Ин, баёне аст барои умуми мардум ва ҳидоят ва андарзе аст барои парҳезгорон.
139 Ва суст нашавед. Ва ғамгин нагардед. Ва шумо бартаред, агар имон дошта бошед.
140 Агар (дар майдони Уҳуд) ба шумо ҷароҳате расид (ва зарбае ворид шуд), ба он ҷамъият низ (дар майдони Бадр) ҷароҳате монанди он ворид гардид. Ва мо ин рӯзҳо (-и пирӯзӣ ва шикаст)-ро дар миёни мардум мегардонем (ва ин хосияти зиндагии дунёст), то Худо ашхосеро, ки имон овардаанд, бидонад (ва шинохта шаванд). Ва (Худованд) аз миёни шумо шоҳидоне бигирад. Ва Худо золимонро дӯст намедорад.
141 Ва то Худованд ашхоси боимонро холис гардонд (ва варзида шаванд) ва кофиронро ба тадриҷ нобуд созад.
142 Оё чунин пиндоштед, ки (танҳо бо иддиои имон) вориди биҳишт хоҳед шуд, дар ҳоле, ки Худованд ҳанўз муҷоҳидони аз шумо ва собиронро мушаххас насохтааст?!
143 Ва шумо марг (ва шаҳодат дар роҳи Худо)-ро пеш аз он ки бо он рў ба рў шавед, орзу мекардед, сипас онро бо чашми худ дидед, дар ҳоле, ки ба он нигоҳ мекардед (ва ҳозир набудед ба он тан дардиҳед. Чӣ қадар миёни гуфтору кирдори шумо фасила аст?!).
144 Муҳаммад (с) фақат фиристодаи Худост. Ва пеш аз ӯ фиристодагони дигаре низ буданд. Оё агар ӯ бимирад ва ё кушта шавад, шумо ба ақиб бармегардед? (Ва Исломро раҳо карда ба даврони ҷоҳилияту куфр бозгашт хоҳед намуд?). Ва ҳар кас ба ақиб боз гардад, ҳаргиз ба Худо зараре намезанад. Ва Худованд ба зудӣ шокирон (ва истиқоматкунандагон)-ро подош хоҳад дод.
145 Ҳеҷ кас ҷуз ба фармони Худо намемирад. Сарнавиште аст таъйиншуда. (Бинобар ин марги Паёмбар ё дигарон як суннати илоҳӣ аст). Ҳар кас подоши дунёро бихоҳад (ва дар зиндагии худ дар ин роҳ қадам бардорад), чизе аз он ба ӯ хоҳем дод. Ва ҳар кас подоши охиратро бихоҳад, аз он ба ӯ медиҳем. Ва базудӣ сипосгузоронро подош хоҳем дод.
146 Чӣ бисёр Паёмбароне, ки мардони илоҳии фаровоне ба ҳамроҳи онҳо ҷанг карданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ дар баробари он чӣ дар роҳи Худо ба онҳо мерасид, сусту нотавон нашуданд (ва тан ба таслим надоданд). Ва Худованд истиқоматкунандагонро дӯст дорад.
147 Суханашон танҳо ин буд, ки: «Парвардигоро! Гуноҳони моро бибахш! Ва аз тундравиҳои мо дар корҳо, чашмпушӣ кун. Қадамҳои моро устувор бидор. Ва моро бар ҷамъияти кофирон пирӯз гардон».
148 Аз ин рў Худованд подоши ин ҷаҳон ва подоши неки он ҷаҳонро ба онҳо дод. Ва Худованд некӯкоронро дӯст медорад.
149 Эй касоне, ки имон овардаед! Агар аз касоне, ки кофир шудаанд итоат кунед, шуморо ба гузаштаҳоятон бозмегардонанд. Ва оқибат зиёнкор хоҳед шуд.
150 (Онҳо такягоҳи шумо нестанд), балки валӣ ва сарпарсти шумо Худост. Ва Ў беҳтарин ёварон аст.
151 Ба зудӣ дар дилҳои кофирон ба хотири ин ки бидуни далел чизҳоеро барои Худо шарик қарор доданд, рўъбу тарс меафканем. Ва ҷойгоҳи онҳо оташ аст. Ва чӣ бад ҷойгоҳе аст, ҷойгоҳи ситамкорон!
152 Худованд ваъдаи худро ба шумо (дар бораи пирӯзӣ бар душман дар Уҳуд) таҳаққуқ бахшид. Дар он ҳангом, (ки дар оғози ҷанг) душманонро ба фармони Ў ба қатл мерасонед (ва ин пирӯзӣ идома дошт), то ин ки суст шудед ва (бар сари раҳо кардани сангарҳо) дар кори худ ба низоъ пардохтед ва баъд аз он ки он чиро дӯст медоштед, (аз ғалабаи бар душман) ба шумо нишон дод, нофармонӣ кардед. Баъзе аз шумо хоҳони дунё буданд ва баъзе хоҳони охират. Сипас Худованд шуморо аз онҳо мунсариф сохт (ва пирӯзии шумо ба шикст анҷомид), то шуморо озмоиш кунад. Ва Ў шуморо бахшид. Ва Худованд нисбат ба мӯъминон фазлу бахшиш дорад.
153 (Ба хотир биёваред) замонеро, ки аз кӯҳ боло мерафтед ва (ҷамъе дар васати биёбон парканда шуданд ва аз шидату ваҳшат) ба ақиб мондагон нигоҳ намекардед ва Паёмбар аз пушти сари шумо садо мезад. Сипас андўҳҳоро яке пас аз дигарӣ ба шумо ҷазо дод. Ин ба хотири он буд, ки дигар барои аз даст рафтани (ғаниматҳои ҷангӣ) ғамгин нашавед ва на ба хотири мусбатҳое, ки бар шумо ворид мегардад. Ва Худован аз он чӣ анҷом медиҳед огоҳ аст.
154 Сипас ба дунболи ин ғаму андўҳ оромише бар шумо фиристод. Ин оромиш ба сурати хоби сабуке буд, ки (дар шаби баъд аз ҳодисаи Уҳуд) гурӯҳе аз шуморо фаро гирифт, аммо гурӯҳи дигаре дар фикри ҷони худ буданд (ва хоб ба чашмонашон нарафт). Онҳо гумонҳои нодурусте — ҳамчун гумонҳои даврони ҷоҳилият — дар бораи Худо доштанд ва мегӯфтанд: «Оё чизе аз пирӯзӣ насиби мо мешавад?!» Бигў: Ҳама корҳо (ва пирӯзиҳо) ба дасти Худост!». Онҳо дар дили худ чизеро пинҳон медоранд, ки барои ту ошкор намесозанд, мегӯянд: «Агар мо саҳме аз пирӯзӣ доштем дар ин ҷо кушта намешудем!». Бигў: «Агар ҳам дар хонаҳои худ будед, онҳое, ки кушта шуданд бар онҳо муқарар шуда буд, қатъан ба сӯи орамгоҳҳои худ берун меомаданд (ва онҳоро ба қатл мерасонданд). Ва инҳо барои ин аст, ки Худованд он чӣ дар синаҳоятон пинҳон доред, биёзмояд ва он чиро дар дилҳои шумо (аз имон) аст, холис гардонад. Ва Худованд аз он чӣ дар даруни синаҳост, бохабар аст.
155 Касоне, ки дар рӯзи рў ба рў шудани ду ҷамъият бо якдигар (дар ҷанги Уҳуд) гурехтанд, шайтон онҳоро ба асари баъзе аз гуноҳоне, ки муртакиб шуда буданд, ба лағзиш андохт ва Худованд онҳоро бахшид. Худованд Омурзанда ва Бурдбор аст.
156 Эй касоне, ки имон овардаед! Монанди кофирон набошед, ки чун бародарашон ба мусофирате мераванд ё дар ҷанг ширкат мекунанд (ва аз дунё мераванд ва ё кушта мешаванд), мегӯянд: «Агар онҳо назди мо буданд намемурданд ва кушта намешуданд!». (Шумо аз ин гуна суханон нагўед), то Худо ин ҳасратро бар дили онҳо (кофирон) бигузорад. Худованд зинда мекунад ва мемиронад (ва зиндагӣ ва марг ба дасти Ўст). Ва Худо ба он чӣ медиҳед, биност.
157 Агар ҳам дар роҳи Худо куша шавед ё бимиред (зиён накардаед, зеро) омурзишу раҳмати Худо аз тамоми он чӣ онҳо (дар тўли умри худ) ҷамъоварӣ мекунанд, беҳтар аст.
158 Ва агар бимиред ё кушат шавед, ба сӯи Худо маҳшур мешавед. (Бинобар ин фонӣ намешавед, ки аз фоно ваҳшат дошта бошед).
159 Ба (баракати) раҳмати илоҳӣ дар баробари онҳо (мардум), нарм (ва меҳрубон) шудӣ. Ва агар хашину сангдил будӣ аз атрофи ту пароканда мешуданд. Пас онҳоро бибахш ва барои онҳо омурзиш биталаб ва дар корҳо бо онон машварат кун, аммо замоне, ки тасмим гирифтӣ (қотеъ бош ва) бар Худо таваккул кун, зеро Худованд мутаваккилонро дӯст дорад.
160 Агар Худованд шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо пирўз нахоҳад шуд. Ва агар даст аз ёрии шумо бардорад, кист, ки баъд аз Ў шуморо ёрӣ кунад?! Ва мӯъминон танҳо бар Худованд бояд таваккул кунанд.
161 (Гумон кардед, ки мумкин аст Паёмбар ба шумо хиёнат кунад?! Дар ҳоле, ки) мумкин нест ҳеҷ Паёмбаре хиёнат кунад. Ва ҳар кас хиёнат кунад рӯзи растохез он чиро дар он хиёнат кардааст, (бо худ ба саҳнаи маҳшар) меоварад, сипас ба ҳар кас он чиро фароҳам карда (ва анҷом додааст), ба таври комил дода мешавад ва (ба ҳамин далел) ба онҳо ситам нахоҳад шуд, (зеро маҳсули аъмоли худро хонҳанд дид).
162 Оё касе аз ризои Худо пайравӣ кардааст, монанди касе аст, ки ба хашму ғазаби Худо бозгаштааст?! Ва ҷойгоҳи ӯ ҷаҳаннам ва поёни кори ӯ бисёр бад аст.
163 Ҳар як аз онҳо дараҷа ва мақоме дар пешгоҳи Худо доранд. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳанд, Биност.
164 Худованд бар мӯъминон миннат ниҳод, (неъмати бузурге бахшид). Замоне, ки дар миёни онҳо Паёмбаре аз худашон барангехт, ки оятҳои ӯро бар онҳо бихонд ва онҳоро пок кунад ва китобу ҳикмат биёмӯзад ва албатта пеш аз он дар гумроҳии ошкоре буданд.
165 Оё ҳангоме, ки мусибате (дар майдони ҷанги Уҳуд) ба шумо расид, дар ҳоле, ки ду баробари онро (дар майдони ҷанги Бадр бар душаман) ворид сохта будед, гуфтед: «Ин мусибат аз куҷост?!». Бигў: «Аз ноҳияи худи шумост, (ки дар майдони ҷанги Уҳуд бо дастури Паёмбар мухолифат кардед). Худованд бар ҳар чизе Қодир аст. (Ва чунон чӣ равиши худро ислоҳ кунед, дар оянда шуморо пирӯз мекунад)».
166 Ва он чӣ (дар рӯзи Уҳуд), дар рӯзе, ки ду даста (мӯъминону кофирон) бо ҳам рў ба рў шуданд ба шумо расид, ба фармони Худо (ва тибқи суннати илоҳӣ) буд ва барои ин буд, ки муъминонро мушаххас кунад.
167 Ва низ барои ин буд, ки мунофиқон шинохта шаванд, онҳое, ки ба эшон гуфта шуд: «Биёед дар роҳи Худо набард кунед, ё (ҳадди ақал) аз ҳарими худ дифоъ намоед». Гуфтанд: «Агар медонистем ҷанге руй хоҳад дод, аз шумо пайравӣ мекардем. (Аммо медонем ҷанге намешавад)». Онҳо дар он ҳангом ба куфр наздиктар буданд, то ба имон. Ба забон худ чизе мегӯянд, ки дар дилҳояшон нест. Ва Худованд аз он чӣ мепўшонанд, огоҳтар аст.
168 (Мунофиқон), онҳо ҳастанд, ки ба бародарони худ — дар ҳоле, ки аз ҳимояти онҳо даст кашида буданд — гуфтанд: «Агар онҳо аз мо пайравӣ мекарданд, кушта намешуданд». Бигў: «(Магар шумо метавонед марги ашхосро пешбинӣ кунед?!), пас маргро аз худатон дур созед, агар рост мегӯед!».
169 (Эй Паёмбар!) Ҳагиз гумон мабар касоне, ки дар роҳи Худо кушта шуданд, мурдагонанд! Балки онҳо зиндаанд ва назди парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд.
170 Онҳо ба хотири неъматҳои фаровоне, ки Худованд аз фазли худ ба онҳо бахшидааст, хӯшҳоланд ва ба хотири касоне, ки ҳанўз ба онҳо мулҳақ нашудаанд, (муҷоҳидону шаҳидони оянда) хушвақтанд, (зеро мақомоти барҷастаи онҳоро дар он ҷаҳон мебинанд ва медонанд), ки на тарсе бар онҳост ва на ғаме хоҳанд дошт.
171 Ва аз неъмати Худо ва фазли Ў (нисбат ба худашон низ) масруранд ва (мебинанд, ки) Худованд подоши мӯъминонро зойеъ намекунад, (на подоши шаҳидон ва на подоши муҷоҳидоне, ки шаҳид нашуданд).
172 Онҳо ки даъвати Худо ва Паёмабр(с)-ро пас аз он ҳама ҷароҳатҳое, ки ба эшон расид, иҷобат карданд (ва ҳанўз захмҳои майдони Уҳуд, дармон наёфта буд, ба сўи майдони «Ҳамро-ул-асад» ҳаракат намуданд). Барои касоне аз онҳо, ки некӣ карданд ва тақво пеш гирифтанд, подоши бузурге аст.
173 Инҳо касоне буданд, ки (баъзе аз) мардум ба онҳо гуфтанд: «Мардум (лашкари душман) барои (ҳамала ба) шумо иҷтимоъ кардаанд, аз онҳо битарсед!», аммо ин сухан ба имонашон афзуд ва гуфтанд: «Худо моро кифоят мекунад ва Ў беҳтарин ҳомии мост».
174 Ба ҳамин ҷиҳат онҳо (аз ин майдон) бо неъмату фазли Парвардигор бозгаштанд, дар ҳоле, ки ҳеҷ нороҳатӣ ба онҳо нарасид ва аз ризои Худо пайравӣ карданд ва Худоаванд дорои фазлу бахшиши бузурге аст.
175 Ин фақат шайтон аст, ки пайравони худро (бо суханон ва шойеоти беасос) метарсонад. Аз онҳо натарсед. Ва аз ман битарсед, агар имон доред!
176 Касоне, ки дар роҳи куфр шитоб мекунед, туро ғамгин насозанд! Ба яқин онон ҳаргиз зиёне ба Худованд намерасонанд. (Ба илова) Худо мехоҳад (онҳоро ба ҳоли худашон вогузорад ва дар натиҷа) баҳрае барои онҳо дар охират қарор надиҳад. Ва барои онҳо муҷозоти бузурге аст!
177 (Оре), касоне, ки имонро доданд ва куфрро харидорӣ карданд, ҳаргиз ба Худо зиёне намерасонанд ва барои онҳо муҷозоти дардноке аст!
178 Онҳо ки кофир шуданд (ва роҳи туғён пеш гирифтанд), тасавур накунанд агар ба онҳо мўҳлат медиҳем, ба судашон аст. Мо ба онҳо мўҳлат медиҳем фақат барои ин ки бар гуноҳони худ бифзоянд ва барои онҳо азоби хоркунандае (омода шуда) аст.
179 Чунин набуд, ки Худованд мӯъминонро ба ҳамон гуна, ки шумо ҳастед, вогузорад, магар он ки нопокро аз пок ҷудо созад. Ва низ чунин набуд, ки Худованд шуморо аз асрори ғайб огоҳ кунад, (то мӯъминон ва мунофиқонро аз ин роҳ бишносед, ин бар хилофи суннати илоҳӣ аст), вале Худованд аз миёни расулони худ, ҳар касро бихоҳад, бармегузинад (ва қисмате аз асрори ниҳонро, ки барои мақоми раҳбарӣ ӯ лозим аст, дар ихтиёри ӯ мегузорад). Пас, (акнун ки ин ҷаҳон бўтаи озмоиши поку нопок аст), ба Худо ва расулони Ў имон биёваред. Ва агар имон биёваред ва тақво пеша кунед, подоши бузурге барои шумост.
180 Касоне, ки бухл меварзанд ва он чиро Худо аз фазли хеш ба онҳо додааст, инфоқ намекунанд, гумон накунанд ин кор ба суди онҳост, балки барои онҳо шар аст, ба зудӣ дар рӯзи қиёмат он чиро нисбат ба он бухл варзиданд, монанди тавқе ба гарданашон меафкананд. Ва мероси осмонҳо ва замин аз они Худост ва Худованд аз он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст.
181 Худованд сухани онҳоро, ки гуфтанд: «Худо фақир аст ва мо бениёзем», шунид. Ба зудӣ он чиро гуфтанд, хоҳем навишт ва (ҳамчунин) ба ноҳақ куштани Паёмбаронро (менависем) ва ба онҳо мегӯем: «Бичашед азоби сӯзонро (дар боробари корҳоятон!)».
182 Ин ба хотири чизе аст, ки дастҳои шумо аз пеш фиристода (ва натиҷаи кори шумост) ва ба хотири он аст, ки Худованд ба бандагони (худ) ситам намекунад.
183 (Инҳо) ҳамон касоне (ҳастанд), ки гуфтанд: «Худованд аз мо паймон гирифтааст, ки ба ҳеҷ Паёмбаре имон наёварем, то (ин мўъҷизаро анҷом диҳад:) як қурбонӣ биёварад, ки оташ (соиқаи осмонӣ) онро бихўрад!». Бигў: «Паёмбароне пеш аз ман барои шумо омаданд ва далелҳои равшан ва он чиро гуфтед, оварданд, пас чаро онҳоро ба қатл расондед, агар рост мегӯед?!».
184 Пас (агар ин баҳонаҷуён) туро инкор кунанд, (чизи наве нест), расулони пеш аз ту (низ) инкор шуданд, Паёмбароне, ки далелҳои ошкор ва навиштаҳои матину маҳкам ва китоби равшанибахш, оварда буданд.
185 Ҳар касе маргро мечашад. Ва шумо подоши худро ба таври комил дар рӯзи қиёмат хоҳед гирифт. Онҳо, ки аз оташи (дўзах) дур шуда ва ба биҳишт ворид шаванд наҷот ёфта ва растагор шудаанд ва зиндагии дунё чизе ҷуз сармояи фиреб нест.
186 Яқин (ҳамаи шумо) дар молҳо ва ҷонҳои худ озмоиш мешавед. Ва аз касоне, ки пеш аз шумо ба онҳо китоби (осмонӣ) дода шуда (яҳуд) ва (ҳамчунин) аз мушрикон, суханони озордиҳанда фаровон хоҳед шунид. Ва агар истиқомат кунед ва тақво пеша созед, (шоистатар аст, зеро) ин аз корҳои муҳимму қобили итминон аст.
187 Ва (ба ёд биёваред) замонеро, ки Худо аз касоне, ки китоби (осмонӣ) ба онҳо дода шуда, паймон гирифт, ки ҳатман онро барои мардум ошкор созед ва напўшонед, вале онҳо онро пушти сар афканданд ва ба баҳои каме фурӯхтанд. Ва чӣ матои баде мехаранд?!
188 Гумон набар онҳо, ки аз амалҳои (зишти) худ хушҳол мешванд ва дӯст доранд дар баробари кори (неке), ки анҷом надодаанд мавриди ситоиш қарор гиранд, аз азоб (-и илоҳӣ) барканоранд. (Балки) барои онҳо азоби дардноке аст!
189 Ва ҳукумати осмонҳо ва замин аз они Худост ва Худо бар ҳама чиз Тавоност.
190 Ҳатман дар офариниши осмонҳо ва замин ва омаду рафти шабу рӯз, нишонаҳои (равшане) барои хирадмандон аст.
191 Ҳамонҳо ки Худоро дар ҳоли истода ва нишаста ва онгоҳ, ки бар паҳлў хобидаанд, ёд мекунанд ва дар асрори офариниши осмонҳо ва замин меандешанд (ва мегӯянд:) Бор Илоҳо! Инҳоро беҳуда наёфаридаӣ! Муназзаҳӣ ту! Моро аз азоби оташ нигоҳ дор!
192 Парвардигоро! Ҳар киро ту (ба хотири амалҳояш) ба оташ афканӣ, ӯро хору расво сохтаӣ. Ва барои ашхоси ситагар ҳеҷ ёваре нест!
193 Парвардигоро! Мо содои мунодии (Ту)-ро шунидаем, ки ба имон даъват мекард, ки: «Ба Павардигори худ имон биёваред!» ва мо имон овардем. Парвардигоро! Гуноҳони моро бибахш. Ва бадиҳои моро бипўшон. Ва моро ба некон (ва дар роҳи онҳо) бимирон.
194 Парвардигоро! Он чиро ба василаи Паёмбаронат ба мо ваъда фармудӣ, ба мо ато кун. Ва моро дар рӯзи қиёмат расво магардон. Зеро ту ҳеҷ гоҳ аз ваъдаи худ тахаллуф намекунӣ.
195 Худованд дархости онҳоро қабул кард (ва фармуд:) Ман амали ҳеҷ амалкунандае аз шуморо зан бошад ё мард, зойеъ нахоҳам кард. Шумо ҳамнавъед ва аз ҷинси якдигар. Онҳо ки дар роҳи Худо ҳиҷрат карданд ва аз хонаҳои худ берун ронда шуданд ва дар роҳи ман озор дидаанд ва ҷанг карданду кушта шуданд, ба яқин гуноҳашонро мебахшам ва онҳоро дар боғҳои биҳиштие, ки аз зери дарахтонаш наҳроҳо ҷорӣ аст, дохил мекунам. Ин подоше аст аз тарафи Худованд ва беҳтарин подошҳо назди Парвардигор аст.
196 Рафту омади (пирӯзмандонаи) кофирон дар шаҳрҳо туро нафиребад!
197 Ин матои ночизе аст ва сипас ҷойгоҳашон дўзах ва чӣ ҷойгоҳи баде аст!
198 Вале касоне, (ки имон доранд ва) аз Парвардигорашон мепарҳезанд, барои онҳо боғҳое аз биҳишт аст, ки аз зери дарахтонаш наҳрҳо ҷорӣ аст, ҳамеша дар он хоҳанд буд. Ин нахустин пазироӣ аст, ки аз сўи Худованд ба онҳо мерасад ва он чӣ дар назди Худост барои некон беҳтар аст.
199 Ва аз Аҳли китоб касоне ҳастанд, ки ба Худо ва он чӣ бар шумо нозил шудааст ва он чӣ бар худашон нозил гардидааст, имон доранд. Дар баробари (фармони) Худо хозеъанд ва оятҳои Худоро ба баҳои ночизе намефурўшанд. Подоши онҳо назди Парвардигорашон аст. Худованд сари-ул-ҳисоб аст. (Тамоми амалҳои неки онҳоро ба суръат ҳисоб мекунад ва подош медиҳад).
200 Эй касоне, ки имон овардаед! (Дар баробари мушкилот ва ҳавсҳо) истиқомат кунед ва дар баробари душманон (низ) пойдор бошед ва аз марзҳои худ нигабонӣ кунед ва аз Худо бипарҳезед, шояд растагор шавед.

Ёсин

 

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...