Агар ҳар вақт шумо ба ёди дӯстатон афтода ва бихоҳед бо ӯ сӯҳбат намуда ва бо ӯ иртибот барқарор намоед чӣ кор мекунед?
Агар роҳатон дур бошад бо телефон ва ё нома ва ғ. бо ӯ иртибот барқарор намуда ва ба ӯ мегӯед: “ба ёди ту ҳастам, туро дӯст медорам….” ва ҳамин тавр дигар ҷумлаҳое, ки баёнгари эҳсосот бошад.
Аммо барои иртибот ва сӯҳбат бо Худои субҳон, ки холиқу розиқи мо бандагонаш аст, чӣ роҳеро бояд интихоб кунем?
Дар байни роҳҳои иртиботи дӯстона, беҳтарин роҳ барои ин ки ба ёди Худованд бошем ва Ӯро фаромӯш насозем ва дӯстӣ ва муҳаббати хешро ба Ӯ нишон диҳем ва барои итоат ва бандагӣ аз Ӯ кӯмак бихоҳем, ҳамон роҳе аст, ки худи Ӯ ба мо омӯхта аст ва он “Намоз” аст, ки фармуд:
… أَنَا اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدْنِي وَأَقِمِ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي ﴿۱۴﴾
… Ман Худое ҳастам, ки ҷуз ман худое нест, пас маро парастиш кун ва ба ёди ман намоз бар по дор.[1]
Агар дорӣ эй банда бар ман ниёз, Ҳамеша ба ёдам ба по кун Намоз.
Чаро Намоз беҳтарин роҳи иртибот бо Худост?
Иснони оқилу болиғ барои расидан ба ҳадафи хеш аз беҳтарин ва бартарин роҳу равиш истифода мекунад. Худованди маннон низ барои бандагонаш беҳтаринҳоро офарида ва ононро ба сӯйи беҳтарину комилтарин даъват намуда аст.
قال الله العظیم فی کتابه:
وَأَقِمِ الصَّلَاةَ إِنَّ الصَّلَاةَ تَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاء وَالْمُنكَرِ
Ва Намозро бар по дор, ки намоз аз кори зишту нописанд боз медорад.[2]
Баракоту фоидаҳои намоз дар зиндагии инсон чист?
Осору баракоти намоз дар зиндагии инсон фаровон аст, зикри онҳо дар ин мухтасар намегунҷад ва аз боби тазаккур ба чандтои онҳо ишора мекунем.
1. Ҷалби ризояти Худованд бо иҷрои дастури Ӯ. (намоз василаи наздикӣ ба Худованд аст)
الصلوة قربان كل تقي
2. Дурӣ аз корҳои зишту нописанд. (намоз инсонро аз корҳои нописанд дур мекунад)
3. Боиси мустаҳкам шудани имон мешавад. (намоз утуни дин аст)
4. Пок шудан аз гуноҳ ва олӯдагиҳои гузашта.
5. Раҳоӣ аз азоб ва фишори қабр. (ваъдаи Худованд ба бандагонаш)
مَن اَتَمَّ رُکوعَهُ لَم تَدخُلهُ وَحشَةٌ فی القَبر.
6. Расидан ба хушбахтӣ ва саодат. (ваъдаи ҳатмии Худованд барои аҳли намоз)
7. Пирӯзӣ бар сахтиҳо ва мушкилот.
8. Дурӣ аз худпарастӣ ва худхоҳӣ. (одами намозхон худро бандаи кӯчаки Худо медонад)
9. Расидан ба болотарин дараҷаи бандагӣ. (орзуи инсонҳои хуб)
10. Ҷалби муҳаббат ва дӯстии мардум.(намозгузор дар назди мардум азиз аст)
11. Нишот ва шодобии рӯҳ ва ҷисм. (назофати зоҳирӣ ва саломати бадан аз фавоиди вузӯ ва намоз аст)
12. Ба даст овардани калиди Биҳишт. (намоз калиди Биҳишт аст)