Мабонии мудирият дар Қуръон (1)

Муқаддима

Дар мабонӣ ва сохтори мудирият, панҷ рукн матраҳ мегардад, ки  оёти муносиб бо ҳар як дастабандӣ шудааст:

1.     Барномарезӣ

2.     Манобеъ ва имконот

3.     Созмондеҳӣ ва идоракунӣ

4. Раҳбарӣ

Ҳамчунин мабҳаси тасмимгирӣ ба далели аҳаммияти фаровонаш  мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.

Дар ин қисмат, оёт бидуни тавзеҳ зикр гардида ва танҳо бо баёни тарҷума иктифо шудааст.

Қисмати аввал

Барномарезӣ

Барномарезӣ иборат аст аз тарроҳии фарояндҳои иҷроӣ ва фаъолиятҳои лозим барои расидан ба ҳадаф.

Ҳорулд Кунтез мегӯяд: Барномарезӣ навъе тааҳҳуд аст, ба анҷоми фаъолиятҳои муайян барои таҳаққуқи ҳадаф.

Зарурати илм барои барномарезӣ ва қудрат барои иҷрои барнома

يُدَبِّرُ الْأَمْرَ ذَلِكَ عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ

Тадбири низоми олам бар асоси илми Худованд аст ва Уст, ки аз зоҳиру пинҳон огоҳ аст. (Сураи Саҷда, оятҳои 5 -6)

Интихоби беҳтарин ва муносибтарин барнома барои иҷро

… ‏لِكُلِّ شَيْءٍ فَخُذْهَا بِقُوَّةٍ وَأْمُرْ قَوْمَكَ يَأْخُذُوا بِأَحْسَنِهَا

Дар лавҳҳо ба Мусо дар ҳар мавриде панде додем ва ба ӯ гуфтем: Эй Мусо онҳоро бо қувват иҷро кун ва ба қавми худ фармон бидеҳ, ки беҳтарини онҳоро интихоб кунанд ва иҷро намоянд. (Сураи Аъроф, ояти 145)

Таваҷҷӯҳ  ба тамомии абъод ва осори барномаҳо

وَلَوْلَا رِجَالٌ مُؤْمِنُونَ وَنِسَاءٌ مُؤْمِنَاتٌ لَمْ تَعْلَمُوهُمْ أَنْ تَطَئُوهُمْ فَتُصِيبَكُمْ مِنْهُمْ مَعَرَّةٌ بِغَيْرِ عِلْمٍ…

Худованд дар сулҳи Ҳудайбия иҷозаи ҳамла ба Маккаро надод ва фармуд, ки дар Макка иддае аз занону мардони боимон ҳастанд,

ки  мумкин аст дар ҷараёни ҷанг аз сӯи шумо надониста мавриди зарару зиён қарор гиранд ва ё кушта шаванд. (Сураи Фатҳ, ояти 25)

Ҷомеънигарӣ дар барномарезӣ ва мудирият

وَمَا كَانَ الْمُؤْمِنُونَ لِيَنْفِرُوا كَافَّةً…

 Пас аз нузули оёти ҷиҳод ва сарзаниши мунофиқоне, ки ба ҷанг нарафта буданд ва ба кор бурдани  сиёсатҳои  бойкути онон тавассути Паёмбар, барои ҷангҳо ҳама мехостанд раҳсипори набард шаванд, ки Худованд мутазаккир шуд: Сазовор нест, ки ҳамаи муъминон ба ҷиҳод раванд ва шаҳрро холи бигузоранд ва тамоми умури дигарро таътил намоянд. (Сури Тавба, ояти 122)

Зарурати илм барои барномарезӣ ва иҷро

فَالِقُ الْإِصْبَاحِ وَجَعَلَ اللَّيْلَ سَكَنًا وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ حُسْبَانًا ذَلِكَ تَقْدِيرُ الْعَزِيزِ الْعَلِيمِ

 

Худованд хуршеду моҳро асбоби шумориши айём қарор дод. Ин аст андозагирӣ ва барномарезии Худованди Қудратманду Доно. (Сураи Анъом, ояти 96)

Анҷоми марҳала ба марҳала ва  тадриҷӣ

إِنَّ رَبَّكُمُ اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ…

Парвардигори шумо Худое аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид. (Сураи Юнус, ояти 3)

Дафъи афсад ба фосид ва тарҷеҳи аҳам бар муҳим дар тарҳҳо ва барномаҳо

أَمَّا السَّفِينَةُ فَكَانَتْ لِمَسَاكِينَ يَعْمَلُونَ فِي الْبَحْرِ فَأَرَدْتُ أَنْ أَعِيبَهَا وَكَانَ وَرَاءَهُمْ مَلِكٌ يَأْخُذُ كُلَّ سَفِينَةٍ غَصْبًا

 

Ҳазрати Хизр ба ҳазрати Мусо гуфт: Ин кишти мутааллиқ ба чанд ятим аст, аммо хостам киштиро айбдор кунам, чун подшоҳе дар камин буд, ки киштиҳои солимро ғасб кунад(ба зур мегирифт). (Сураи Каҳф, ояти 79)

Таваҷҷӯҳ ба унсури замон ва таъсири он дар муваффақияти барномаҳо

فَأَسْرِ بِعِبَادِي لَيْلًا…

 Эй Мусо! Бандагони маро шабона аз сарзамини Миср куч бидеҳ. (Сураи Духон, ояти 23)

Пешгирӣ  қабл аз дармон

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ جَاءَكُمْ فَاسِقٌ بِنَبَإٍ فَتَبَيَّنُوا أَنْ تُصِيبُوا قَوْمًا بِجَهَالَةٍ فَتُصْبِحُوا عَلَى مَا فَعَلْتُمْ نَادِمِينَ

Эй  касоне, ки имон овардаед, агар касе барои шумо хабаре овард таҳқиқ кунед ва мабодо аз рӯи  беиттилоӣ тасмим бигиред ва ба қавме осиб бирасонед ва сипас аз кардаи худ пушаймон шавед. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 6)

Риск(хатарпазирӣ) дар анҷоми тарҳҳо

قَالَ لِفِتْيَانِهِ اجْعَلُوا بِضَاعَتَهُمْ فِي رِحَالِهِمْ لَعَلَّهُمْ يَعْرِفُونَهَا إِذَا انْقَلَبُوا إِلَى أَهْلِهِمْ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ

Ҳазрати Юсуф ба ғуломони худ гуфт: Ончиро ба унвони баҳои гандум пардохтаанд дар борҳои худашон бигузоред то ҳангоме, ки ба хонаи

худ баргарданд ва борҳояшонро мегушоянд он маблағро боз шиносанд ва ба умеди такрори дубораи ин иттифоқ, ба Миср боз гарданд. (Сураи Юсуф, ояти 62)

Касби таҷриба аз шикастҳо барои расидан ба муваффақият

وَلَا تَهِنُوا وَلَا تَحْزَنُوا وَأَنْتُمُ الْأَعْلَوْنَ…

Пас аз шикаст дар ҷанги Уҳуд, Худованд хитоб ба мусалмонон мефармояд: Сустӣ накунед ва ғамгин набошед, ки шумо бартар аз ҳама ҳастед. (Сураи Оли Имрон, ояти139)

Пайгирӣ ва тадовуми барномаҳо барои ҳусули натиҷаи ниҳоӣ

وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ وَقَفَّيْنَا مِنْ بَعْدِهِ بِالرُّسُلِ…

 

Худованд ба Мусо китоби Тавротро дод ва пас аз он паёмбароне пушти сари ҳам фиристод, то дини илоҳиро таблиғ кунанд. (Сураи Бақара, ояти 87)

Идома дорад…

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,