Маҳҷӯрияти Қуръони Карим калима ва истилоҳи арабӣ аст, ки ба маънои тарк ва ҷудо шудан аз Қуръони Карим аст[1], ки ҳарчанд ҳам инсон бо он иртиботи зоҳирӣ дошта бошад.[2]
Хабари дур шудани мусулмонон ва уммати исломӣ аз маъориф ва таълимоти Қуръони Карим дар хӯди китоби Қуръони Карим омада аст. Ин хабар аз пешгӯиҳои аҷиби Қуръони Карим аст, ки мусулмононро дар рӯзи қиёмат бо ин корашон ба тавбих ва ҷавобгарӣ мекашонад. Худованди Карим дар сураи Фурқон аз забони Пайғамбари акрам (с) аз саҳлангорӣ, ғафлат ва бетаваҷҷӯҳии мусулмонон ва умматаш ба Қуръони Карим ва каломи Илоҳӣ назди Худо шикоят мекунад ва мефармоянд:
وَقَالَ الرَّسُولُ يَا رَبِّ إِنَّ قَوْمِي اتَّخَذُوا هَٰذَا الْقُرْآنَ مَهْجُورًا
Дар рӯзи қиёмат Пайғамбари Акрам(с) чунин шикоят мекунад ва мегӯяд: Парвардигоро ту шоҳидӣ, ки уммати ман Қуръони Каримро тарк ва раҳо карданд.( Сураи Фурқон, ояти 30)
Маҳҷӯрият ва раҳо кардани Қуръони Карим ва маъорифаш дар миёни мусулмонон ва уммати Пайғамбари Акрам(с) ҳам марҳалаи илмӣ ва ҳам дар марҳалаи амалӣ иттифоқ афтода аст. Маҳҷӯрият ва дӯр шудани илмии Қуръони Карим, яъне ба маънои надонистани маънои оятҳои он ва дарки дуруст надоштан аз роҳнамоӣ ва маъорифи мушкилкушои Қуръони Карим мебошад.
Аммо маҳҷӯрият ва раҳо кардани амалии Қуръони Карим, яъне ба ҳикматҳои фардӣ ва иҷтимоъӣ ва ронамоиҳои роҳгӯшои он аҳамият надодан ва амал накардан аст.
Мусулмонон ҳама медонанд, ки Қуръони Карим сӯханони Парвардигори Олам ҳаст ва барои наҷоти башарият аз ҷаҳлу бадбахтиҳо омада аст. Хӯди Расули Худо(с) низ ҷомеъаи онрӯзи араби ҷоҳилиро, ки аз бесаводӣ фарзандони хӯдро зинда ба гӯр мекарданд ва дар бадбахтию фақр буданд, дар муддат замони кӯтоҳе наҷоташон дод. Расули Худо(с) дар муддати камтар аз 20 сол ҷомеъаи ибтидоӣ араби онрӯзро, ки бесаводу хӯрофотпараст ва қишлоқнину биёбонӣ буданд, ба василаи ҳамин илму маъорифи Қуръони Карим ба як ҷомеъа ва кишвари пешрафта, мутамаддин ва пурқудрати он замон табдил кард. Қуръони Карим ва каломи Илоҳӣ онқадар уммати Пайғамбари Акрам(с)-ро босаводу иззатманду обрӯманд гардонд, ки мусулмонон ва уммати Пайғамбари Акрам(с) дар он замон дар баробари императориҳои бузӯрги Рум(Ғарбиҳо) ва Эрон сарбаланд буданд ва кам намеоварданд ва як ваҷаб аз хокашонро бегона наметавонист бигирад. Хӯлоса инсонсозӣ, хонаводасозӣ ва ҷомеъасозию тамаддӯнсозии Қуръони Карим ва каломи Илоҳиро дӯсту дӯшман медонад ва дар таърихи дӯрахшони қарни аввали зӯҳӯри ислом сабт аст ва метавон ба он муроҷиъа кард ва андеша намӯд.
Лекин ин рӯзе, ки мусулмонон ба он гирифтор шудаанд ва ҷойгоҳу азамати хӯдашонро аз даст додаанд, хеле ҷои афсӯсу таасӯф ва андеша дорад.
Диққату кунҷковиҳои дақиқу дилсӯзона, ҳар инсони боинсоферо ба андеша вомедорад, ки чӣ сабаб шуд, ки мусулмонон ва уммати тарбиятшудаи Қуръони Кариму Пайғамбари Акрам(с) ба ин рӯзу ҳол расиданд.
Ончизе, ки мо аз хӯди Қуръони Карим ва сӯханҳои Пайғамбари Акрам(с) ва таърихи суқӯт ва пошидани тамаддӯнҳои гӯзашта бадаст овардем, фақат ҷаҳлу нодонӣ будааст.
Имрӯза ба хӯбӣ метавон нигоҳ, бовар ва бархӯрдҳои сатҳӣ ва ҷоҳилонаро дар миёни мусулмонон дид, ки нисбат бо Қуръони Карим ва каломи Илоҳӣ доранд. Ба қироъат ва хондани зоҳири лафзи Қуръони Карим басанда мекунанд ва дар паи маъно ва мазмӯни пӯрмаънӣ ва роҳгӯшои он нестанд. Вақте мусулмонон бо лафзи зоҳирии Қуръони Карим кор дошта бошанд вале бо маъно ва мазмуни роҳгӯшо ва мушкилкӯшои он коре надошта бошад, медонед чӣ иттифоқ меафтад. Ин вазъияти ҳайратовару гӯмроҳкунандае ба вуҷӯд меояд, ки мусулмонон роҳнамоӣ ва ҳалли мушкилоти зиндагии хӯдро дар ғайри Қуръони Карим ҷустӯҷу мекунанд. Дар натиҷа Қуръони Каримро ҳалоли мушкилот ва роҳнамои зиндагии фардӣ ва иҷтимоъии хӯд намедонанд ва наметавонанд ҳам баҳрае аз он бибаранд, ин он масали ҷаҳле аст, ки ташнае дар лаби дарё дар ҷустҷӯи об бошад…. .
Бале баҷост, ки мегӯянд; Қадри зарро заргар бидонад, масали мардӯмист, вале ҳикматест пандомӯз. Арзиш ва аҳамияти илму маъорифи Қуръони Карим ва каломи Илоҳиро касе медонад, ки маъно ва мазмуни ҳикматомӯзу роҳгӯшои он хабар дорад. Инсоне ки такрори лафзи зоҳирии Қуръони Каримро илм ва таклиф хӯд медонад ва коре ба маънову илмаш надорад, дар асл аз ҳадафи нозил шудани Қуръони Карим ва каломи Илоҳӣ бехабар аст. Худованди Карим дар сураи Юсуф мақсад ва ҳадаф аз фиристодани Қуръони Каримро аҳли фикру андеша ва хирадманд шудани инсонҳо дониста ва мефармоянд:
إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ قُرْآنًا عَرَبِيًّا لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ
Мо ин Қуръонро ба забони арабӣ фиристодем, то шумо дар(маъно, ҳақиқат ва маъорифи) он андеша кунед ва хирадманд гардед.(Сураи Юсуф, ояти 2)
Бинобарин маҳҷӯрият ва дӯр шудан аз Қуръони Карим ва маъорифу ҳидояти ҳаётбахшаш аз сари бефикрӣ ва ҷаҳл аст, ки инсонро хору залил мегардонад ва арзишу эҳтироми Қуръони Каримро ҳам нодида мегиранд ва ин кор азоби дунёӣ ва охиратиро дар пай дорад. Аммо бакоргирии ақл ва тадаббӯр дар маъно ва маъорифи фардӣ иҷтимоъи Қуръони Карим ва пайравии аз роҳнамоиҳои ҳикматомӯзаш хӯдкифоӣ ва сарбаландии дунёӣ ва охиратиро дар пай дорад, ки ҳамчунон Пайғамбари Акрам(с) ва мусулмонони қарни аввал ба он даст ёфтанд.
[1] — Фахриддини Турайҳӣ, Маҷма ул-баҳрайн , ҷ.3, саҳ.517
[2] — Мустафавӣ, Ат-таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон, ҷ.11, саҳ.240





