ҲИКМАТҲОИ РАМАЗОН

Фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ба тамоми мусулмонон ба хусӯс шумо ҳамдиёрони азиз муборак бошад!

Дар ин моҳи шарифу муқаддас, аз Парвардигори олам қабл аз ҳама, тавфиқи бандагӣ, тинҷию амонӣ, тани сиҳатию баракат ва рушду камол ва пирӯзию мувафақиятро барои ҳамаи мусулмонон ва адолатхоҳони ҷаҳон таманно дорем ва Худованди карим ҳарчӣ зӯдтар дасти золимонро аз сари мазлӯмони олам ба хусӯс мардӯми Фаластин кӯтоҳ намояд.

Дар ин рӯзҳои мубораки Рамазон ҳар яки мо бояд кӯшиш кунем, ки бандаи хӯби Худо бошем, ризояти Худованд ва бандагонашро ҳамеша сарлавҳаи корамон қарор диҳем, парҳезкору саховатманд бошем, дар иҷрои корҳои хайру дастгирӣ лаҳзае сустӣ ва кӯтоҳӣ накунем, ки ин вазифаи мӯҳими ҳар як аз мусулмон аст. Бо ингӯна амалҳои солеҳ ва нек қалби инсон нарм гардида ва маҳали раҳмату шафақати Парвардигори олам қарор мегирад ва инсон метавонад ба осонӣ ба тарафи корҳои одилона ва адолатхоҳӣ ҳаракат намояд ва дурӣ аз зӯлму бепарвоӣ кунад ва саҳми хӯдашро дар ободии дӯнёву охират ба хӯбӣ бигзорад ва фақат тамошобини ҳодисаҳаои олам набошад…. .

Худованди Мутаол дар сураи Бақара ояти 185 дар бораи ҳикмату азамати моҳи Рамазон мефармояд:

شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانِ…

 Моҳи Рамазон азаматаш ба ин аст, ки Қуръон дар он нозил шудааст, ки барои ҳидояту роҳнамоии мардӯм бо далелҳои равшан ва ончунон хӯб роҳнамоӣ мекунад, ки ҳақ аз ботил ва хӯб аз бад ҷӯдо гардад ва шинохта шавад.

Бионбарин аз ҳикматҳои мӯҳими моҳи Рамазон рӯза гирифтан аст, ки инсон бояд хӯдро бо гурӯснагону фақирон наздик намояд ва аз исрофкорону золимон дӯрӣ ҷӯяд ва то битавонад дар роҳи барпоии ҳаққу адолат гом бардорад. Шинохтани ҳақ ва ҳақгароёну адолатхоҳон ва ҳамчунин шинохтани ботил ва ботилгароёну золимон аз ҳидоят ва таъкидҳои зарӯрии Қуръонист, аз ҳикматҳо ва самараҳои моҳи мубораки Рамазон мебошад. Дар як калом огоҳӣ ва хӯдсозӣ барои сохтани ҷомеъаи одилона аз мӯҳимтарин ҳикматҳо ва паёмҳои моҳи шарифи Рамазон аст,ки бояд ҳар мусулмон онро дарк ва пайгирӣ намояд то хӯдро дар дӯнёву охират сарбаландона аҳли Рамазону Қуръон бидонад на ғофил аз он.

Худоё! ба баракати ин моҳи бузӯрг ва ба баракати китобе ки дар ин моҳ нозил кардӣ, моро аз хоби ғафлату ҷаҳл бедор кун, ба вазоифамон ошно кун, аз бандагони басиру мухлисат бигардон, моро қадрдон ва аҳли Қуръону Рамазон қарор бидеҳ!

Ё рабал оламин!

Охирин матолиб

ҲИКМАТҲОИ РАМАЗОН

Фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ба тамоми мусулмонон ба хусӯс шумо ҳамдиёрони азиз муборак бошад! Дар ин моҳи шарифу муқаддас, аз Парвардигори олам қабл аз...

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...

Дини Ислом ва пешрафт

Пурсиш:Агар дин, зиндагии инсонро беҳтар мекунад, пас чаро ҷавомеи исломӣ пешрафти чандоне намекунанд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *