Гӯшае аз фазилатҳои Имом Ҳусейн(р)

Гӯшае аз фазилатҳои Имом Ҳусейн(р)

Ҳусейн ибни Алӣ(р) вориси илми Паёмбар(с)

Ҳусейн ибни Алӣ(р) вориси илми Паёмбар(с) аст ва ба эътирофи дӯсту дӯшман, дар ин замина дар даврони ҳаёташ ҳаммонанде барои ӯ набудааст. Рӯзе Нофеъ бин Азрақ раҳбари фирқаи Азориқаи хавориҷ дар бораи худошиносӣ аз Имом Ҳусейн(р) суолҳое пурсид. Имом Ҳусейн(р) чунон посухҳои маҳкам ва муносибе дод, ки Ибни Азрақ аз шигифтӣ ва ҳайрат гирист ва сипас гӯфт: Чӣ некӯ посух додӣ!

Имом Ҳусейн(р) ба ӯ фармӯд: Ба ман расидааст, ки ту ба ман ва падару бародарам нисбати куфр медиҳӣ?

Ибни Азрақ гӯфт: Ё Ҳусейн, агар ин носазо аз ман содир шудааст, ба Худо савганд, акнун эътироф мекунам, ки ба яқин чароғи ислом ва ситорагони аҳкоми Худовандед. Мардум бояд аз нури улум ва маорифи шумо равшанӣ биҷӯянд ва аз торикиҳои нодонӣ ба ситораҳои вуҷуди шумо ҳидоят шаванд.

Ибодати Имом Ҳусейн(р)

Эҳтимоми Имом Ҳусейн(р) ба ибодати Худованд забонзади мардум буд.

Дар тӯли умри муборак ҳудуди 25 бор пиёда барои адои маросими ҳаҷ аз Мадина ба Макка рафтанд. Он ҳазрат ҳамвора ба ёди Худо буданд ва осори хашят дар чеҳраи мубораки эшон намоён буд. Рӯзе шахсе аз эшон пурсид: Иллати ин ҳама хавфи ту аз Худо чист?

Имом фармуд: Касе, ки дар дунё аз Худо натарсад, дар рӯзи қиёмат аз азоби ӯ эмин нахоҳад буд.

Имом Ҳусейн(р) ба намоз алоқаи зиёде дошт. Нақл шудааст, ки он ҳазрат дар рӯзи тосуо ба бародараш Аббос ибни Алӣ фармуд: Ба душман бигӯ имшабро ба мо мӯҳлат диҳад то ба намоз ва розу ниёз бо Худо ва тиловати Қуръон бипардозем. Худованди Мутаол медонад, ки ман намоз ва тиловати Қуръон ва дуову истиғфорро дӯст дорам.

Шуҷоати Имом Ҳусейн(р)

Вақте Имом Ҳусейн рӯзи Ошуро ва пас аз ба шаҳодат расидани тамоми ёронаш ба сипоҳи душман ҳамла кард, касе ёрои истодагӣ ва мубориза бо он ҳазратро надошт. Ҳамид ибни Муслим мегӯяд: Ба Худо савганд, дар умрам ҳеҷ мардеро надидаам, ки ҳамаи азизон ва ёронаш кушта шуда бошанд ва монанди Ҳусейн ибни Алӣ бо диловарии тамом бо душман ба мубориза бипардозад. Душманон аз ҳар тараф ба ӯ ҳамла мекарданд, аммо ӯ бидуни тарс бо тамоми вуҷуд бо онҳо меҷангид ва ба ҳар тараф, ки ҳамла мекард, сипоҳиёни Язид ҳамчун рӯбоҳ аз баробари ӯ мегурехтанд; ҳатто нақл мекунанд, ки Умари Саъд аз мушоҳидаи навъи ҷанги тан ба тани Имом шигифтзада ва ҳаросон шуда буд. Дар натиҷа ба лашкариёни худ дастур дод, ба таври дастаҷамъӣ ба Имом Ҳусейн(р) ҳамла бибаранд; чун медонист, дар ҷанги тан ба тан касеро тавони муқовимат дар баробари он ҳазрат набуд.

Расидагӣ ба ятимон ва камбағалон

Шуъайб ибни Абдурраҳмони Хузоъй ривоят мекунад, ки: Дар рӯзи Ошӯро осори захме дар пӯшти мубораки Имом Ҳусайн (р) дида шуд. Вақте аз Имом Зайнулобидин (р) дар бораи он захм пурсиданд, Имом Зайнулобидин (р) фармӯд: Ин таъсири халтаҳои хӯроквориест, ки онҳоро ба китфашон ба бевазанону ятимон ва камбағалон мебурданд.1

1-Мунтаҳул-омол, ҷ.2, саҳ. 674

Охирин матолиб

Нақши Форсҳо дар Ислом аз манзари Расули Худо(с)

Расули акрам(с) дар бораи Форсҳо мефармоянд: ‏لَوْ كَانَ الدِّينُ عِنْدَ ‏الثُّرَيَّا‏ ‏لَذَهَبَ بِهِ رَجُلٌ مِنْ فَارِسَ ‏أَوْ قَالَ مِنْ أَبْنَاءِ فَارِسَ ‏حَتَّى يَتَنَاوَلَهُ Агар дин...

ҲИКМАТҲОИ РАМАЗОН

Фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ба тамоми мусулмонон ба хусӯс шумо ҳамдиёрони азиз муборак бошад! Дар ин моҳи шарифу муқаддас, аз Парвардигори олам қабл аз...

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...